Тули тамоми давраи ҳунарӣ сароянда ва ё гӯяндаи номвар бо як–ду суруди марғубу дилнишини хеш дар лавҳи хотири ҳаводоронаш мемонад. Ба ками дар ками ҳофизон иттифоқ меафтад, ки мухлисон 4–5 ва аз он каме таронаи сарояндаи маҳбуби худро аз ёд медонад. Аммо ин дафъа аз баракати суруде ҳарф мезанем, ки айни нобасомониҳои солҳои 90-уми асри пеш чандин ҳунарманди ниёзманд¬ро дар шаҳри Душанбе соҳиби хонаи 1 ё 2-ҳуҷрагӣ гардонда, рӯзгори қисми дигарро беҳбудӣ бахшидааст. Бале, чунин ҳам ҳаст.
Моҳи майи соли 1995 пешвои исмоилиёни дунё Шоҳзода Карим - Оғохони IV бори нахуст ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Ба шарафи меҳмон дар «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе консерти калони ҳунармандони варзидаи мамлакат баргузор гардид.
Дар ин барнома як номери консертӣ ба Ансамбли фолклорию этнографии «Ганҷина» ҷудо шуд. Суруди «Лаби дарё» (бо рақсаш, 6+6) дар иҷрои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Чилахон Холов дилнишин садо дод. Шунавандаҳои зирак пай бурданд, ки ин суруди халқии тоҷикӣ ба меҳмони олишон писанд омад…
NO… «ЛАБИ ДАРЁ!!!»
Аз миён ду сол сипарӣ шуд. Тахминан моҳи сентябри соли 1997 аз Фаронса ба унвони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон номае расид. Он даъватномае буд, аз номи Оғохони IV ҷиҳати иштироки дастаи ҳунарӣ аз Тоҷикистон дар чорабинии фарҳангие дар шаҳри Париж.
Бехабар аз сирру савдо Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ансамбли «Лола»-ро муваззаф намуд, ки ба ин сафар омодагии хуб бубинанд. Ҳофизону рақсандаҳои ансамбл бо фараҳу ҳавасҳои зиёд беш аз як моҳ тамрин намуда, барномаи мукаммали консертӣ соз карданд.
То рӯзи муқарраргардида 20–25 рӯз монда буд, ки аз Фаронса ҷаноби Паскал (тарҷумони он ҷониб) озими Душанбе шуд. Ӯро бо чеҳраи шод ва қаноатмандии зиёд ба машқгоҳи ансамбли «Лола» бурданд, Пас аз тамошои барномаи ҳунарӣ меҳмон бо аломати инкор, норозиёна сар ҷунбонда, садо кард: «no, no… «Лаби дарё!!!»…
Масъулону ҳаводорони сафар ҳайратзада шуданд. Сабзаалӣ, ҳунарманди зираку огаҳ, хандида гуфт, ки ин кас суруди акаи Чилахонро дар назар доранд…
Мутасаддиён дар шигифт монданд. Табъи ҷаноби Паскал низ хира гашт. Онҳо баҳри дарёфти «Лаби дарё» роҳи Филармонияи давлатии Тоҷикистон (воқеъ дар бинои «Кохи Борбад»)-ро пеш гирифтанд. Ҳангоми ба машқгоҳ ворид шудан, ҷаноби Паскал сарояндаи болобаланди хушнаворо дида хандон шуд (ҳофизро аз соли 1995 дар хотир дошт) ва аз ғояти фараҳ садо дардод: «Вот он, вот… «Лаби дарё!»…
Тарҷумон, духтараки зеборухи тоҷик ба масъулони Вазорати фарҳанг фаҳмонд, ки ҷаноби Пас¬кал ҳамин ҳунарманд – Чилахон Холовро меҷӯяд.
Дастаи ҳунарии «Ганҷина» бори дигар дар назди меҳмон суруди «Лаби дарё»-ро пешкаш намуд. Паскал сурудро бо рақсаш тамошо карда, аз фараҳ меболид. Ва, дафъатан, афзуд, ана ҳамин суруд дар барномаи чорабинии Париж мақом ёфта…
«Ганҷина» дар тамрин шуд. Аз рӯи фаҳми даст¬андаркорони Вазорат (ба ҳар сурат) барномаи мукаммали консертӣ тарҳрезӣ шуд, ки он 1 соату 20 дақиқаро фаро мегирифт.
ФАРАНГ
Миёнаҳои моҳи ноябри соли 1997 ҳунармандони тоҷик дар ҳайати Зафар Нозимов, Чилахон Холов, Муродбек Насриддинов, Амон Мӯсоев (сарбалетмейстер), Зебо Ризоева (сароянда), Абдураҳмон Мадхолов (тори қошғарӣ), Давлат Одинаев (най), Музаффар Шарифов (тори бадахшӣ), Ҳасан Ғафуров (дутор-бас), Қузрат Муродов (таблак), Покиза, Нас¬рина, Аслия (овозхонҳо), Давлатмоҳ, Олмахон, Фирӯза, Санавбар, Шаҳло, Шаҳодат (раққосаҳо) ва намояндаҳо Хушназар Майбалиев, Аҳрор Ҷалолов ва дигарон аз Душанбе ба Москва парвоз намуда, шабро дар меҳмонхонаи «Россия» рӯз карданд. Субҳи дигар дар Париж ҳунармандонро дар майдони ҳавоӣ хуш истиқбол гирифта, ба қароргоҳи Оғохони IV бурда, дар меҳмонхонаи қашанги аълоҳазрат ҷо намуданд.
Дар Париж маълум шуд, ки дар чорабинии мазкур аз кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Малайзия, Кения, Шри - Ланка, Индонезия, Покистон (ду даста) ҳунармандон ҳузур доштаанд. Ҳама пайи тамрин ва дар такопӯ ғалтиданд…
Он рӯзҳо воқеаи ғайричашмдоште ҳамаро моту мабҳут гардонд. Мизбонон маҳз барои ҳамин маърака дар зарфи 4–5 рӯз, дар майдони васеъ болои сабзазору ҳавои кушод барои 700 нафар ҷойи нишаст, толори зебое, бо тамоми шароит рост карданд.
Ансамбли «Ганҷина» ба мутасаддиён барномаи хешро пешкаш карданӣ шуданд (дар ҳаҷми 1 соату 20 дақиқа). Аммо, бо дидани 3–4 номери консертӣ боз ҳамон ибораи ошно садо дод:
«No, no… «Лаби дарё»…
Ба онҳо бори дигар фаҳмонданд, ки барои шумо буду шуд 5 дақиқа вақт ҷудо шудааст ва он ҳам барои суруди «Лаби дарё»…
Аҷабо, барои як суруди «Лаби дарё» ин қадар ташвишу ин қадар тараддуд.
«ОВОЗИ ЗИНДА»
Мутасаддиён таъкид намуданд, ки сурудхонӣ бо тарзи маъмулӣ, бо «овози зинда» (бе фонограмма) қабул шудааст. Чилахон Холов бо қаноатмандӣ гуфт: «Боке не, мо як умр дар тамоми чорабиниҳо, сар аз маъракаҳои мардумӣ то ба саҳнаҳои баланд, «зинда» мехонем…».
Аз рӯи нақша ҳайати Тоҷикистон дар барнома 6-ум буд. Аммо, як рӯз қабл, ҳангоми тамрини дастаҳо Оғохони IV барномаро пурра тамошо карда, ба режиссёр фаҳмонд, ки навбати Тоҷикистонро ба қисми ҷамъбастии чорабинӣ (ба ҷойи ҳунармандони Ҳиндустон) гузаронанд…
ДИДОР БО МИЗБОН
Рӯзи панҷуми сафар мизбон намояндагони давлатҳои иштирокчиро алоҳида-алоҳида (аз ҳар давлат 1 кас) ба ҳузур пазируфт. Роҳбарии ҳайати ҳунармандони тоҷикро, ки Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Чилахон Холов ба зимма дошт, ба ин мулоқот мушарраф шуд. Чилахон Холов аз номи ҳайати Тоҷикистон ба аълоҳазрат тоқии чакан, ҷома ва миёнбанд пӯшонд.
Лаҳзаи муколама мизбон гуфт, ки ҳангоми сафари нахустин ба Тоҷикистон (соли 1995), дар консерте, ки дар «Кохи Борбад» тамошо карда буданд, суруди «Лаби дарё»-ро писандидаанд. Фитаи он консертро бо худ доранд. Барои ин маърака суруди «Лаби дарё»-ро шахсан интихоб ва иштироки шуморо тақозо кардем…
Рӯзи асосии чорабинӣ санъаткорон аз 9 мамлакати дунё ҳунарнамоӣ намуданд. Консерти ёдмоне доир шуд. Маърака бо суруди дилангези «Лаби дарё»-и сарояндаи хушовоз Чилахон Холов ва рақси мавзуни духтарони ансамбли «Ганҷина» хотима ёфт. Ҳини садо додани оҳанги марғуб толор дар нишот шуд. Раққосаҳои тоҷик ончунон зебо хиромиданд, ки аҳли толор ба шӯр омад. Ҳозирин аз ҳама зиёд дар ҳунарнамоии пешаварони тоҷик қарс заданду хушҳолӣ намуданд. Садои хушу хурсандӣ ва кафкӯбӣ дар толор то дер ғулғула афканд.
Аз гӯшаву канори толор садои «Лаби дарё!», «Лаби дарё!»… садо медод…
БАРАКАТ
Шоёни зикр аст, ки ба шарофати таронаи «Лаби дарё» ҳайати ансамбли «Ганҷина» тули 8 рӯз дар Фаронса, шаҳри зебову афсонавӣ, маликаи шаҳрҳои олам - Парижро ба қавле «шикамсерӣ» тамошо карданд. Мизбонон онҳоро бенасиб намонданд. Ҳар рӯз, барои ҳар яке дар ҳуҷраи хоб аз номи олишон туҳфае мемонданд.
Ҳангоми хушбошӣ маъракадорон ба ҳар як иштирокчӣ 600 (+400 доллар аз номи бонуи солманди ин авлод, ки танҳо бо ҳунармандони тоҷик вохӯрӣ ва лутф зоҳир карданд – У.Ш.), 1000 - долларӣ ҳақмузд доданд. Аз ин меҳрубонӣ ҳама хурсанд буданду шодон. Баъд аз як ҳафтаи бозгашт намояндаи фонди Оғохон дар шаҳри Душанбе ба ҳар як иштирокчии чорабинии мазкур боз 200 - долларӣ тақдим кард.
Шояд азизе пурсад, ки мурод аз ин гуфтаҳо дар чист? Посух: он замон, возеҳтараш соли 1997, дар шаҳри Душанбе бо 600–700 доллари амрикоӣ кас соҳиби хонаи якҳуҷрагӣ ё дуҳуҷрагӣ мешуд. Ҳамин тавр, қисме аз ҳунармандони ҳамсафар бо баракати суруди «Лаби дарё»-и овозхони пуровоза Чилахон Холов соҳиби хона шуда, чанде дигар шароити зисти хешро беҳтар намуд.
Хуллас, ба бузургии ҳунар ва истеъдоди сарояндаи хушзавқи тоҷик қоил бояд шуд. Бубинед, як таронаи мардумии «Лаби дарё» дар иҷрои Чилахон Холов 26 нафарро ба Фаронса бурду соҳиби 1200 - долларӣ гардонд, ки аз он ҳама хуш гаштанду шодмон ва ҳам соҳиби хонаву дари обод…
Боз чи ҳам метавон гуфт. Аҳсант ба Чилахон Холов ва ҳам дастаи ҳунарии «Ганҷина» ва садҳо офарин ба ҳунари волою ҳам суруди «Лаби дарё»-яш!…
Умари ШЕРХОН