01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Деҳи орзуҳо

 

v 1666

  Дар солу замоне, ки мардуми рустои Зарнисори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ идомаи таҳсилоти олии духтарбачаҳоро дар муҳити шаҳру дур аз канори хонавода куҷо, ҳатто хондани онҳоро дар омӯзишгоҳҳои маҳаллӣ қабул надоштанд, ашкҳои духтарон зери чодари арӯсӣ, орзуҳошон дар дилҳо доғ мегирифт. Андар ин деҳи мардумони дорои фарҳангу расму оинҳои хоси маҳаллӣ, ки ба гумони ғолиб афкори хурофотӣ ҳам таъсиргузор буд, як духтар аз дудмони коргар зодаю мактабро бо баҳои аъло хатм намуд. Аммо дар арафаи хатмкунӣ зодмандон мунтазири ба синни издивоҷ расидани духтарон ҳисоб мекарданд, на ин ки ба умеди илму ҳунаромӯзии онҳо дасти дуо бардоранд.

 

Дар олами орзуву ҳавасҳои рӯзноманигор шудан, ҳатто дар фикри он набудам, ки баъди реҳлати падар, дигар касе таваҷҷуҳ ба давомоти ман ба дарсҳо нахоҳад дошт, ки ҳатто мактаб¬ро бо медали тилло хатм карда, хонашин мешавам, - табассумомез риштаи суҳбатро кушод Саломатподшо. – Духтарам бо хониши аъло ва идомаи таҳсил дар донишгоҳ маро ба орзуву ормонҳои бачагиам мерасонад, гӯён қиблагоҳӣ ҳамеша бо панду насиҳатҳои мондагораш ба ман ҳисси ифтихору фараҳмандӣ мебахшид. Аммо, ӯро ки надоштем, баъди як соли хатми мактаб ва гулкориҳои ормонҳои ҷавонӣ дар шерозаву зардевориҳои арӯсӣ, бузургони хонавода маро ба ҳаёти мустақилона гуселонданд.

Ба бахти духтари доно ҳамсафари ҳаёташ бо хулқу атвори ҳамида меҳру муҳаббати варо ба даст овард ва мурури ба дунё омадани фарзандон зиндагии онҳо ранги дигар гирифт. Дар тарбияи маънавӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи насли ояндаи хеш ба илму ҳунар, инсондӯстиву муҳаббат ба Меҳан ва дигар муқаддасот ӯву ҳамсараш афкору арзишҳои муштарак доштанд. Валекин, дар баҳори амалисозии орзуҳои фарзандон Саломатподшо ҳамсари худро аз даст дод, ки ин ҳодиса вазнинтарин имтиҳони рӯзгораш буд. Бо кумаку дастгирии бародарони шавҳари ҷавонмаргаш аз мушкилоти иқтисодӣ азият накашида бошад ҳам, дар паҳлуи онҳо даст ба кор шуда, аз ҳисоби саҳмияҳои пайвандон хоҷагии деҳқонии муштарак таъсис доданд. Ҳамин тавр, медалдори мактаби миёна бо донишҳои ҳисобу китобу илми табиатшиносӣ, забондониву фарҳанги волои муошират ва ҳунару маҳорати аз зодмандон омӯхтааш, дар пешбурди корҳои хоҷагӣ нақши меҳварӣ дошт. Бо мурури дастовардҳо ва андешаву пешниҳодҳои судмандаш дар корҳои заминдорӣ, хешовандон дар симои ӯ соҳибкори навоварро диданд, ки бо дарёфтҳои ҷолиби бозоргонӣ хоҷагиро даромадовар ва заминро ба манбаи асосии пешбурди рӯзғор табдил дода метавонад.

-Бо дарёфти таҷрибаи кишту парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва дастрасӣ ба қарзҳои бонкиву ҳамкориҳо бо сармоягузорон азм гузоштем, ки дар пешбурди хоҷагии деҳқонӣ аз лиҳози моддӣ худкифо бошем, - ба ёд меорад Саломатподшо Ғолибова. - Ба ин хотир писаронам ба муҳоҷирати корӣ рафта, ҳолиё бар замми имкониятҳои сармояи худӣ дар ҷодаи кишоварзӣ, боз аз ҳисоби даромади онҳо дар корҳои ободонӣ, ба хусус, сангфаршу мумфаршкунии роҳҳо, гузарондани оби ошомиданӣ, таъмиру барқарорсозии истгоҳ ва хатҳои барқи деҳаи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ саҳми худро гузошта истодаем.

Саломатподшо ободии диёр, масъулият дар ҳифзи оромиву осоиштагӣ ва ёриву дастгириҳои моливу амалӣ ба ҳамсояву дигар сокинони деҳаро масъулияти шаҳрвандии соҳибкорону фаъолони маҳалла мешуморад.

Ба маънии ин нукта, нахустин пасандози хонаводаро ба сементпӯш кардани ҷӯйбори маҳалла масраф намуда, аз ин амали хайр баракати зиёд дид.

Дар баробари ҳосили фаровони пахта ҳамасола аз кишти гандуму картошка, сабзиву пиёз ва бедаву дигар зироатҳо эҳтиёҷоти дусолаи худро захира намуда, барзиёди онро ба бозорҳо мебарорад. Аз тамоми навъҳои сабзавоту полизиҳо ва мева барои зимистону баҳор зиёда аз 300 қуттӣ нӯшобаву хӯришҳои лазизро таҳия намудааст, ки барои эҳтиёҷоти солонаи аҳли хонавода басанда аст. Хонашиниро қабул надорад, ба ин ваҷҳ ҳамеша саргарми тарҳрезии нақшаҳои ташкили фермаи хурди парандапарварӣ ва рушди бахшҳои афзалиятноки хоҷагидорӣ аст ва лаҳзаҳои фориғ аз кор саргарми таълиму тарбияи набераҳои дӯстрӯяки худ мебошад.

Дар партави сиёсати хирадмандонаву ташаббусҳои ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моро соҳиби замин ва зиндагии шоиста гардонда, ба ояндаи дурахшон ҳидоят месозанд, неруи тоза гирифта, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои Сарвари муаззами хешро рисолати ҳаётии худ мешуморем, - иброз дошт дар фарҷом Саломатподшо Ғолибова.

Ҷ. УСМОН,

ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

:.  Чеҳра 08.02.2023 08:22 523

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz