01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Дурӣ аз тоҷикият маро нафастанг мекунад

 

m 2888

Исми Гулҳаё Мадимарова барои бисёриҳо ошност. Ӯ миёни ҷомеаи журналистӣ соҳибэҳтиром аст. Аз гоҳи ба майдони қаламкашӣ ва воқеънигорӣ гом ниҳоданаш, мавзуъҳои доғи рӯзро пайгирӣ менамояд. Нахус¬тин маводи журналистиаш, ки фарогири мушкилоти мардум буд, таҳти унвони «Рошорвиҷбӯхч, ё азоби сахти беҳезумӣ» дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» соли 2014 аз чоп баромад. Матлаби дигараш таҳти унвони «Бартанги Боло ба барқ ниёз дорад» дар рӯзномаи «Минбари халқ» нашр шуд. Баъдан, ӯ дар соли 2015 ҳамчун хабарнигор фаъолияташро дар рӯзномаи «Минбари халқ» оғоз бахшид. Дар миёни матлабҳояш, инчунин, мавзуъҳои марбут ба мушкилоти ҷойдоштаи бонувон, ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо, пошхӯрии оилаҳои ҷавонро пайдо кардан мумкин аст. Гулҳаё аз нуқтаи назари журналистӣ мавзуъро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлилу баррасӣ менамояд.

-Журналист бояд фидоии касбаш бошаду дарди ҷомеаро чун дарди худ бипазирад. Мавзуъро хуб баррасӣ намуда, аз зиёдаравӣ бипарҳезад ва аз доираи этикаи касбии журналистӣ берун наояд, -мегӯяд Гулҳаё.

Ӯ аз кӯҳистони баланди баланди тоҷик пайи донишандӯзӣ гом ниҳодаву имрӯз миёни ҳамдеҳаҳо намунаи ибрат аст. Гулҳаё Мадимарова ягона бону аз водии Бартанг аст, ки рисолаи номзади илмро ҳимоя намудааст. Яъне, нахустин бонуеаст, ки унвони илмиро соҳиб гаштааст. Барои вай ин ҳама комёбиҳо осон ба даст наомада, азму иродаи қавӣ, заҳмату талош ӯро ба кӯи мақсуд расондаанд. Ӯ мехоҳад минбаъд сафи бонувони дар ҷодаи илм қадамгузошта аз ин водӣ зиёд шавад, то дар пешрафти ҷомеаву Ватан саҳми назаррас гузоранд. Гарчанде дар Бартанг ҳунармандбонувони зиёде ба сар мебаранд, бигзор олимҳо низ қадамҳои устувор бимонанд.

Гулҳаё дар деҳаи Рошорви ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст. Дирӯзу имрӯзи зодбумро қиёс намуда, шод аст, ки ҳоло зиндагӣ дар водии Бартанг рангӣ дигар дорад. Ӯ мегӯяд, ки кӯдакони имрӯз дар шароити беҳтар ба сар мебаранд. Фарқияти ин замону он замон аз замин то осмон аст. Диду назар, сатҳи донишу маърифати наврасон хуб аст.

- Дар 11 соли мактабхониам дар деҳа неруи барқ набуд. Бо ёди он рӯзҳо ҳанӯзам бар димоғ дуди чароғҳоро ҳис мекунам. Хотираи он рӯзҳо, ки мардум дар фасли дай барои овардани ҳезум фарсахҳоро тай менамуданд, ҳамеша бо мост. Сардӣ ва азоби бебарқӣ мушкилоти рақами яки водист, - мегӯяд ӯ.

Сарфи назар аз ин, Гулҳаё чароғро дармегиронду дар он рӯшноии минбаъдаи роҳи худро меҷуст, пеши он чароғ китоб мехонду роҳи ояндаро рӯшан мегардонд. Волидон, ки аҳли зиё буданд, дар таълиму тарбия ва ташаккули фардии ӯ нақши бузург бозидаанд. Ҳамин буд, ки мактабро аъло хатм кард ва Донишгоҳи шаҳри Хоруғро низ бо дипломи сурх поён бурд. Волидон барои идома додани роҳи илм барояш дуои нек доданд. Аз соли 2014 то 2016 аспиранти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд ва ҳамзамон, мақолаҳояш дар нашрияҳои кишвар нашр мешуданд. Дар нишасти матбуотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз мушкилоту камбудиҳои водии Бартанг мегуфт. Бад-ин минвол рӯшноии неруи барқ ба водӣ расид, ки хурсандии мардумро ҳадду канор набуд.

Ӯ бар он ақида устувор аст, ки зан бояд дар ҳама ҳолат закӣ бошад.

- Бонувон дар ҳар ҷодае, ки бошанд, новобаста аз шароит, бояд таҳсил кунанду босаводу олим бошанд, чунки онҳо тарбиятгари насли миллатанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама имкониятҳоро ба бонувон фароҳам овардаанд ва мо бояд аз чунин ғамхориҳо самаранок истифода барем. Волидон муваззафанд, ки фарзандони солеҳ ва нафърасонро барои ҷомеа ва Ватан тарбия намоянд, чун тарбия аз хонавода оғоз мегардад.

‹ Ғурури миллӣ

Сарчашмаи ватандӯстӣ аз зодгоҳ шуруъ шуда, баъдан фарох мегардад. Гулҳаё, агарчанде ҷавон аст, ғурури миллӣ, ҳисси ватандӯстиаш волост. Донандаи хуби забонҳои русӣ ва англисист. – Ҳеҷ дар андешаам ҷо накардаам, ки тарки Ватан намоям. Барои таҳсил ё гоҳе тамошо ин ё он давлат рафтан бароям писанд аст, аммо ҳеҷ вақт қалбам иҷозат намедиҳад, ки маскуни ҳамешагӣ ё шаҳрванди ин ё он давлат бошам. Тоҷикистон бароям ҳама чиз аст ва набуди тоҷику тоҷикият маро нафастанг мекунад.

-Барои амалишавии орзуҳо мебояд қадами аввал гузошт, баъдан барои иҷрои ҳадафҳо саъю талоши хастагинопазир. Ба худ қавл додам, ки бояд кори илмиямро дифоъ намоям. Дар амалишавии ин ҳадаф волидонам доимо паҳлуям будану дастгиру мададгор. Барои ҳимояи кори илмӣ тули чор сол талош варзидам, ҷустуҷӯ намудам ва ниҳоят ба мақсад расидам. Инсон, ҳар гоҳ ки мақсади муайянеро дар дил мепарварад, баҳри иҷрои он бояд ҷадал намояд. Муҳим нест, ки мардум нисбат ба ту чӣ андеша дорад, муҳим он аст, ки ба мақсади неки худ бирасӣ, - андеша дорад Гулҳаё.

‹ Бонувони деҳа бешуғланд

- Мехоҳам дар деҳа коргоҳи бофандагӣ ё ресандагӣ бунёд намоям, чун он ҷо мардум бузу гӯсфандҳои зиёде доранд, гӯсфандҳои ангорӣ низ ҳаст. Ё шояд коргоҳи ҳунарҳои мардумӣ, чун аксари бонувони водии Бартанг ҳунарманданд, вале шуғли доимӣ надоранд. Аз ин рӯ, мехоҳам занону духтарон дар хона бекор нанишаста, пайи иҷрои коре гашта, зиндагии беҳтаре дошта бошанд. Ҳамчун як соҳибватан мехоҳам сайёҳон аз Тоҷикистон бо хотираҳои хуб раванд. Ба водии Бартанг сайёҳони зиёд меоянд, аз ин рӯ бунёди меҳмонхона, кошонаи ҳусни замонавӣ аз манфиат холӣ нест. Доимо рӯи ин андешаву ниятҳо фикр мекунам, ки кош тавонам ин ҳамаро сомон бидиҳам. Дар ин радиф, домони илмро низ сар додан намехоҳам ва нақша дорам, ки пайи ҳимояи рисолаи докторӣ камар бандам,- иброз медорад қаҳрамонам.

Водии Бартанг минтақаи сеҳрангезу афсонавӣ буда, пур аз розҳои нуҳуфта, саргузашту ривоёти гуфтаву ногуфта дорад. Ҳар як ашёи табиат, ҳар як сангу чашмаҳо, кӯҳпораю пиряхҳо, қалъаву оромгоҳҳо таърихи бостонӣ доранду ҳазору як қисса. Дар ин минтақа баландтарин қуллаҳои Помир, калонтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ, баландтарину зеботарин кӯлҳои дунё, олами бою ғанӣ ва беҳамтои наботот ва ҳайвонот мавҷуданд, ки диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд.

Гулҳаё Мадимарова миёни ин ҳама зебоиҳои табиат аз кӯҳҳо устуворӣ, аз дарёҳо таҳаммулпазирӣ ва аз волидон якрӯиву садоқатмандиро омӯхтаасту баҳри ободии диёр камари ҳиммат бастааст.

Фарзона ВОСЕЕВА

:.  Чеҳра 08.02.2023 08:04 606

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz