Солеҳамоҳ Олимоваро дар шумори бонувони фаъол ва намунаи ибрату пайравӣ ном мегиранд ва маҳорату малака ва таҷрибаи кофии ӯро дар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, алалхусус, дар самти кор бо занону оила истифода мебаранд.
1-уми сентябри соли 1974, вақте ки нахустин қадамро ҳамчун донишҷӯ ба остони факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон гузоштам, моро ба се гурӯҳ тақсим карданд ва дар гурӯҳи мо ду духтари зебо ва дидадаро аз Канди бостон – Солеҳамоҳ ва Роҳат буданд, ки зуд бо онон унс гирифтам.
Ҳар ду нағз мехонд, интизоми намунавӣ дошт, дар ҷамъомаду маҳфилҳои гурӯҳ, факултет ва Донишгоҳ фаъолона ширкат меварзид. Роҳат кушодагӯй, шӯхтабъ буду Солеҳамоҳ оромтабиату камсухан.
Панҷ соли хониш мисли як мижа задан гузашт, аммо хотироти хуше барои панҷоҳ солу беш аз он дар дил гузошт. Мо, ки намояндагон аз тамоми гӯшаву канори кишвар ва тоҷикони Ӯзбекистон будем, дар ин панҷ сол мисли додару хоҳари ҷонӣ гардидем ва баъди хатми Донишгоҳ низ аз ҳолу аҳволи ҳамдигар бехабар набудему нестем. Чандин бор дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд мулоқоти ҳамсабақон оростем, ба дидори ҳам расидем. Дар яке аз вохӯриҳо Солеҳамоҳ ҳамроҳи шавҳари меҳрубонаш ширкат варзид ва муфассалан аз зиндагияш баъди фориғи таҳсил шудан қисса кард.
Солеҳамоҳ соли 1979 баъди гирифтани дип¬лом ба Конибодом омада, муддате омӯзгор будаасту моҳи феврали соли 1980 хонадор шуда, ба Душанбе баргаштааст. Дониши мукаммал, ки дошт, ба зудӣ дар идораи сарредаксияи Энсиклопедияи шуравии тоҷик ҷойи кор пайдо кард ва дар муддати кӯтоҳ дар ин боргоҳи илму дониш муътабар гашт.
Он насими гуворои озодию истиқлол ва худшиносиро, ки дар нахустин солҳои даҳаи охири садаи бист дар кишвар вазидан дошт, фитнаҳои душманони дарунию берунии халқи тоҷик ба боди самуме табдил доданд, ки ҷони ҳазорон-ҳазор инсонро бурд, чандин ҳазорро аз хонаву дар маҳрум кард, орзуву омолро ба хоку хун печонд.
«Мо то соли 1993 дар Душанбе мезистем. Хонаи чорҳуҷрагӣ доштем. Бачаҳо дар мактаб мехонданд. Зиндагиамон оромона пеш мерафт. Падару модаронамон хабаргирӣ меомаданд. Аммо ба хушбахтиамон чашм расиду ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ доман густурд.
Рӯзе ҳангоми бозии бачаҳо дар саҳни ҳавлӣ садои тире баромад ва ҳама монанди гунҷишкакони тарсон ҷониби хонаҳои худ давиданд… Нооромиҳо сар шуданд. Шавҳарам, ки дар Иттиҳодияи истеҳсолии «Нонпаз» муовини директор буд, ҳафтаҳо аз кор ба хона намеомад. Вазъ истеҳсоли зиёди нонро талаб мекард. Агар дар бораи ба мағозае нарасидани нон шикояте шавад, роҳбариятро зери қундоқи яроқ ба штаб, ба пурсиш мебурданд.
Маҳаллаамон низ шабҳо ноором буд. Бо баробари расидани торикӣ ҳама пардаҳои тирезаҳоро мепӯшондем.
Шабе як гурӯҳи яғмогарон ду хонаи ҳамсояамонро ғорат карданд. Фарёду даводавиҳо бисёриҳоро бедор карда бошад ҳам, касе ҷуръати берун баромаданро надошт. Ба милитсия занг задем, аммо набудани бензинро баҳона карда наомаданд. Аз тиреза қатори одамони бегонаеро дидам, ки яке дар пушт яхдону дигаре телевизор, сеюмин тафдон, чаҳорум бухчае бардошта метохтанд.
Баъди ин ҳодиса ба зодгоҳ кӯчидем, ки ҷойи амнтар буд. Шавҳарам дар пойтахт монданд.
Боазоб ба Конибодом расидем, акои азизам моро ба оғӯш кашида, «Ҳамааш нағз мешавад, ҳамааш нағз мешавад» гӯён тасаллӣ медоданд…
Дӯстони азиз, Ваҳдати миллиро бояд эҳтиёт кунем. Дар ин кори бузург хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат буд, ки Худованд моро ба чунин рӯзҳои неку осоишта расонд».
Солеҳамоҳ муддате бекор монд ва баъдан дар идораи хоҷагии об, радиои маҳаллӣ ва ниҳоят дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимити давлатии шаҳри Конибодом кор ёфт, аммо шодияш дер давом накард. Ӯ сармутахассиси шуъбаи умумӣ буд, вале ин воҳиди кор ихтисор шуд. Раиси шаҳр Бибихон Азизова ба ӯ сарварии бойгонии давлатиро бовар кард.
Баъдан бойгонии давлатии шаҳри Конибодом (ҳамзамон, бойгониҳои шаҳри Исфара ва ноҳияи Аштро низ дар ихтиёр дорад) яке аз беҳтарин бойгониҳои вилояти Суғд гардид ва дар ҷумҳурӣ ҳам онро қадр мекунанд. Ба дигар ҳамсабақонам ҳам хабар медодам, ки Солеҳамоҳи воқеан солеҳаи мо яке аз бонувони сарбаланди Канди бостон мебошад. Боиси хушнудист, ки духтари ӯ Таҳминахон давомдиҳандаи шоистаи кори модар дар ин идораи муҳим аст.
Чанд сол пеш бо Бибихон Азизова мусоҳибае доштам, ки мухтасари он дар маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ба табъ расида буд. Дар рафти суҳбат Бибихон Азизова дар бораи шогирдон маълумот дода, Солеҳамоҳ Олимоваро дар қатори аввалинҳо ном бурд ва арзи сипос намуд, ки ӯ баъди бознишаста шуданаш мудом хабар мегирад ва руҳашро мебардорад.
Солеҳамоҳ Олимова, сарфи назар аз бознишастагӣ аз фаъолияти ҷамъиятӣ дур нест. Дар аксари маҳфилу маъракаҳои сиёсӣ ва адабию фарҳангии шаҳри Конибодом гули сари сабад аст. Ҳамчун як бонуи кордон ба занони дар сиёсату роҳбарӣ навкор, ҳамчун модару модаркалони таҷрибадор ба модарони ҷавон маслиҳатҳои муфиду созгор медиҳад.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Конибодом