Духтари омӯзгор ва корманди телевизион будан дар тарбияи вай нақши боризе бозидааст. Ӯ аз пешаи волидон бисёр чизҳоро омӯхт, аз модар забондониву аз қиблагоҳ пешаи рӯзноманигориро. Аз хурдӣ духтараки кунҷкову ҳозирҷавобе буд. Ҳамин буд, ки миёни ҳамсолон дурахшид, дар тамоми озмунҳову чорабиниҳо иштироки фаъол дошт. Мисли номаш Мартаба мартабаи хосеро миёни ҳамсолон касб кард. Омӯзгорону толибилмони мактаби №2-и шаҳри Кӯлоб аз доштани чунин хонанда фахр мекарданд.
Мартаба Султонзода ҷавонест саропо ҷӯёи илм, таълимдидаи риштаи филологияи хориҷӣ ва магистранти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Бо ин қаноат накарда, зарфи се сол чун доктори PhD –и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайи илмомӯзӣ ҷадал кард. Ният дорад ба наздикӣ рисолаи илмиашро дифоъ намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолият, зарурати сиёсати давлатии ҷавононро пазируфт. Баъди 6 моҳи соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», 13 марти соли 1992 сурат гирифта буд. Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда дар бораи сиёсати ҷавонон санад қабул кардааст.
Ҳамасола таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, таъин гардидани кадрҳои ҷавон ба зинаҳои роҳбарикунанда аз таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳанд. Мартаба низ ба ин андешаҳо розӣ буда, иброз медорад, ки Пешвои ҷавонпарвари миллат баҳри ҷавонони тоҷик як зумра ҳавасмандиҳо, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон ва муҳимтар аз ҳама барои ҳар фард ин амну амонӣ аст, ки ин ҳамаро мо - ҷавонон бояд қадр намоем.
Мартаба иқрор меояд: «Ҳар гоҳ дастоварди ҷавонеро барои сомона менависам, хеле хушҳол мешавам, эҳсосам ҳамин гуна аст, ки ин муваффақият аз ман низ ҳаст. Модарам мегӯянд, ки инсон бояд дили пок, чашми некбин ва дӯсти хуб дошта бошад. Насиҳату маслиҳати волидонро ҳамеша чун ҳалқа бар гӯш дораму аз рӯи он кор мегирам».
Тоҷикистон яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин (70 дарсади аҳолӣ шахсони то 30-сола) дар дунё ба шумор меравад. Онҳо неруи бузурге ҳастанд, ки дар пешрафти кишвар саҳм мегиранд.
Хушбахтона, эҳсос мешавад, ки сафи ихтиёриён афзуда, ҷавонон барои саҳм гирифтан дар чорабиниҳо, ободкориҳо бетараф нестанд.
- Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» самти фаъолияти ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон рушд намуд. Соли 2016 волонтёрон ангуштшумор буданд, ҳоло бошад, сафи онҳо ба беш аз 15000 нафар расидааст, ки ин худ далели равшани таваҷҷуҳи ҷавонон ба фаъолияти волонтёрӣ мебошад. Ҳоло волонтёрон фаъолияти хешро ба самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарзи ҳаёти солим, банақшагирии оила, экология, муҳити зист ва ғайра равона месозанд. Фаъолияти волонтёрӣ ба шахси комил шудани наврасону ҷавонон мусоидат намуда, онҳоро инсони башардӯст ба камол мерасонад. Муттаҳид ва сарҷамъ будани волонтёрон дар доираи мақсадҳои хайрхоҳона, кумакрасонӣ, ҳамоҳангсозӣ, мусоидат ба ҳалли мушкилиҳои гуногун, аз ҷумла иттилоотӣ, экологӣ, фаҳмондадиҳӣ лоиқи аҳсану дастгирӣ мебошад. Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии волонтёрон – аъзои ташкилоти Пайравони Пешвои миллат аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ мунтазам иқдомҳои нав рӯйи кор оварда мешаванд, - мегӯяд Мартаба Султонзода.
Хурсандибахш аст, ки имрӯз ҷавонон дар ҳама самт фаъоланд, вақте назди табибе меравед, ӯ ҷавон аст. Муаллим, тарҷумон, муҳандис ва саришта кардани як шаҳру ноҳия бар зимаи ҷавон. Франклин Рузвелт ба маврид фармудааст: «Мо наметавонем ҳама вақт барои ҷавононамон ояндаеро бунёд кунем, вале метавонем ҳамеша онҳоро барои оянда омода созем». Имрӯз давлат, ҷомеа, падару модарон имкониятҳои иқтисодии хешро барои рушди маънавию ҷисмонии насли наврасу ҷавон равона месозанд. Онҳо наслеро месозанд, ки барои замони оянда ҳамчун парчамбардори миллат омода бошанду зиндагии хешро мутобиқ ба диду назар, хоставу ормони хеш бунёд намуда, обрӯву эътибори Ватани худ - Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоранд ва мояи ифтихор бошанд.
Мартаба худро хушбахтарин ҷавони замони Истиқлол шумурда, мекӯшад дар пешравии кишвар саҳм бигирад. Ҳар гоҳе, ки ӯ дар чорабиние сухан меронад, аз муаррифии тоҷик буданаш мефахрад ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, кору пайкори Сарвари давлатро дарси ибратангез барои худ ва барои тамоми ҷавонони кишвар медонад.
Фарзонаи ШАЪБОН