Соли 1979 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи журналисти шинохта Мақсуди Ҳусайн чашм ба дунё кушодааст. Номгузории ин тифлак низ таърихчаи аҷиб дорад. Мақсуд Ҳусейн аз шогирдон ва дӯстони хонаводагии нависандаи номвар устод Сотим Улуғзода буд. Рафт назди адиб ва аз таваллуди духтаракаш паём дод. Устод Сотим Улуғзода ҳамоно гуфт: «Бигзор номаш Ҷамила бошад, қаҳрамони асари нависандаи машҳур Чингиз Айтматов». Соли 1996 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 - и ноҳияи Фирдавсӣ ва соли 2002 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуровро бо тахассуси филолог - тарҷумон (русӣ - тоҷикӣ) хатм намудааст.
Фаъолияти кориашро соли 2000 - ум, аз замони донишҷӯӣ ҳамчун хабарнигор дар рӯзномаҳои «Чархи гардун» ва «Вечерний Душанбе» оғоз намуда, аз соли 2015 хабарнигор ва алҳол муовини сардабири ҳафтаномаи «СССР», ҳамзамон, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мебошад.
Агар дар Донишгоҳ таҳти роҳбарии донишмандони варзида Абдуманнон Насриддинов, Шарифҷон Тоҷизода ва Матлуба Хоҷаева таълими назариявӣ гирифта бошам, амалияи журналистиро аз устод Акбари Саттор андӯхтаам, - мегӯяд Ҷамила.
Соли 2015, пас аз даргузашти Акбари Саттор, дар «Чархи гардун» муҳити эҷодӣ ранги дигар гирифт ва ӯ маҷбур шуд ҳафтаномаро, ки 15 соли умри хешро ба он бахшида буд, тарк намояд.
- Вақте кӯлбор дар китф аз идора баромадам, дар ҳавлии маҷмааи «Шарқи озод» бо журналисти номвар Сайёфи Мизроб вохӯрдам, пурсид, ки чаро мегирйӣ? Гуфтам, аз «Чарх…» рафтам. Лаҳзае хомӯш монду пас калидеро аз ҷайб берун оварда ба ман дод ва гуфт: «Ту дигар бекор нестӣ, дар ошёнаи 4-ум ҳуҷраи холӣ ҳаст…» Соли 7-ум аст, ки бо ҳафтаномаи «СССР» ба пеш раҳ мепаймоям. «СССР» сабк ва услуби хоссаи худро дорост ва ман зуд ба назми идора мутобиқ шудам. Мавқеи ҳафтавор дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат, марзу бум ва муқаддасоти миллӣ буду ҳаст. Дар қатори ҳазорон сарбози шуҷои Ватан, ки марзу буми Тоҷикистони азизро ҳифз менамоянд, мо низ ҳамчун сарбози сангари иттилоотӣ, дар саргаҳи набардҳо ҳамеша устуворона истодагарӣ мекунем, - иброз медорад Ҷамилабону.
Меафзояд, ки, пеш аз ҳама, фазои озоди эҷодӣ ва демократӣ дар идораи рӯзнома танинандоз аст. Барои мо эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар навбати аввал меистад. Сардабир Сайёфи Мизроб хеле сахтгиранд. Ин, албатта, хуб аст, зеро талаботи қатъии роҳбар дар иҷрои вазифа кормандро обутоб ва донишу нигоҳашро ба зиндагӣ сайқал медиҳад.
Дар бораи шарту шароити имрӯзаи кори соҳа ва рақобатпазирии расонаҳои чопӣ бо шабакаҳои иҷтимоӣ мусоҳибам иброз намуд: - Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ имрӯз барои рушди журналистикаи тоҷик беҳтарин шароит фароҳам омадааст. Дар ин самт, дар кишвар қонуну қарор ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалиро дорем. Имрӯз дилхоҳ нафар имкон дорад, ки сомонаи хабарӣ, нашрия ва ё маҷаллаву рӯзномаи худро созмон диҳад. Дар дилхоҳ бино ҳуҷраи корӣ бигирад, аз муосиртарин шароити техникӣ бархӯрдор бошад. Ин таҷрибаро дорем ва айни замон дар фазои маҷозии кишвар даҳҳо сомонаи нав фаъоланду хонандаи хешро доранд. Агар дар бораи рақобатпазирӣ ҳарф занем, ба назари ман, ҳеҷ сомона ҷойи маҷаллаву рӯзномаҳоро гирифта наметавонад, зеро ба даст гирифта, хондани матбуоти даврӣ, ба қавле зинда, кайфияти хосса дорад.
Дар баробари андешаҳо оид ба рушди матбуот вай нисбат ба журналистони ҷавон, ки пас аз хатми донишгоҳу донишкадаҳо ба редаксияҳо меоянд, назари худро дорад.
- Ҷавононе, ки имрӯз ба идораи рӯзномаҳо барои кор меоянд, ҳавсала надоранд ё даррав мехоҳанд шинохта шаванд. Кам ҷавонон тавони кори таҳрир, мақоланависӣ доранд. Ё бархе бо нашри як - ду матлаб худро шуҳратманд меҳисобанд. Ёд дорам, вақте бори якум ба идораи «Чархи гардун» омадам, пас аз ду соли рӯзноманигорӣ як хабари ман дар ҳафтанома нашр шуд. Он замон хурсандии маро ҳадду канор набуд. Имрӯз ин тавр нест. Ман аз журналисти собиқадори тоҷик Ҳабибулло Ёров барои гузаштан аз ин мактаб хеле сипосгузорам.
Ҳар вақт аз Ҷамилабону аз боби хотираҳояш аз қадамҳои аввал дар журналистика пурсон шавед, ӯ қиссаи мусоҳибаи якуми худро ёд меорад.
- Мусоҳибаи нахустинамро бо Толеъ Холназаров, чемпиони ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг, писари адиб, журналисти шинохта ва ҳаҷвнигори маъруф Имомназари Холназар, дӯсту ҳамкори падарам дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият»), бо забони русӣ, барои рӯзномаи «Дайджест-пресс» (соли 2000-ум) ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Дар нигоштаам, дар чанд ҷой насаби Толеъро иштибоҳан, ҷойе Назаров, гоҳи дигар Холназаров навишта будам. Толеъ хафа шуд. Ба хонаашон, назди падараш (аз худаш тарсидам, боз маро накӯҳиш надиҳад…) устод Имомназари Холназар рафта, маъзарат хостам. Ӯ, ки маро аз хурдӣ хуб мешинохту бо хонаводаи мо рафтуомад дошт, гуфт, ки кори газета беғалат намешавад, хатоҳои аз ин бештару бадтар ҳоло дар пешанд. Шуруъ аз ҳамон вақт ҳамеша ному насаби қаҳрамонамро такрор ба такрор месанҷам, то хато наравад…
Имрӯз бонуи қобил, журналисти баҳавсала Ҷамила Ҳусейнова дар раддаи журналистони муваффақи кишвар устуворона гом мениҳад.
- Дар шаҳрҳои Москва, Санкт - Петербург, Екатеринбург, кишварҳои Эрон, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Белгия, Дания, Шветсия, Нидерландия, Олмон, Туркия, Украина, Афғонистону Чин ва боз даҳҳо макони дунёро гаштам, аммо монанди Тоҷикистони азиз ҷойи зебову озода, ободу хуррам, мардумони меҳмондӯсту меҳмоннавоз ва озоду саодатманд надидаам. Ман Ватани азизи хешро дӯст медорам, - иброз намуд дар фарҷом Ҷамилабону.
Ӯ доимо дар ҷустуҷӯст. Дар ҷодаи журналистикаи ватанӣ роҳу равиши худро дарёфтааст. Ҷамиларо алҳал ҷойгузини падар медонанд. Устод Мақсуди Ҳусайнро дар нимаи дуюми солҳои 80 ва оғози солҳои 90–уми асри рафта ҳамчун репортёр (хабарнигор) – и дараҷаи аввал мешинохтанду эҳтиромашро қоил буданд. Ҷамила Ҳусейнова низ дар ин раҳ мақоми шоистаро молик гаштааст.
Далер САФАР