01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Раҳраве дар олами маънӣ

 

Bonu 10_2022__mengliev_fmt

  Солҳои донишҷӯӣ давраи интихоби бошууронаи касб ва ояндаи хеш аст. Донишҷӯёне, ки дар бораи маълумоти олӣ орзу мекунанд, дар ниҳоди худ неруи хеле имконпазирро мениҳанд, то ки ба қуллаҳои баланди дониш комёб шаванд. Ман ҳаяҷону ҳиссиёт ва интизориҳои зиёдеро дар ёд дорам, ки чӣ тавр бори аввал ба остонаи факултети ҳуқуқшиносӣ қадам ниҳода будам. Ман – ҳуқуқшинос! Банда ин суханони одиро чандин бор вирди забон меовардам, ҳар бор, бо дарку фаҳмиши душвориҳо барои худ нақшаҳои пешравӣ, нашъунами ояндаро таҳия намуда, дар дил сабт менамудам. Вале он замон, дар 17-соли баҳори умр, олам бароям чун дар саҳифаҳои қомус гӯё бекарон ва ташвиш-ангез буд. Ҳар омӯзгор тадриҷан саҳифаҳои ин қомусро кушода, моро ба андешаронӣ водор мекард, то биомӯзему ба ҳар суоли худ посух ҷӯем. Дар шоҳроҳи зиндагии хеш омӯзгори ҳақиқиро вохӯрдану бо роҳи тайкардаи ӯ ва масири донишу ҳикмати ӯ рафтан басо қимат аст.

Бахти мо-донишҷӯён, омад кард. Ҳайати омӯзгорони факултет бо олимону ходимони барҷаставу намоёнаш ҷилобахшанда буд.

Ман ва боз чанд нафари дигар аз ҳамсабақон, бисёр мехостем, ки ба кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ шомил шавем, ки мудирии онро доктори илми ҳуқуқшиносӣ Шоҳмурод Менглиев ба уҳда дошт. Ҳамон лаҳзаҳо ин кафедраро на барои он интихоб кардем, ки соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле аҷиб аст, балки ба он хотир, ки аз омӯзгори шинохтаву номдор сабақ гирем. Афсӯс, ки шомили кафедра нашудам.

Аммо тақдир маро баъдтар, пас аз хатми Донишгоҳ саодатманд гардонд. Аспиранти профессор, устод Менглиев гаштаму дар кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ фаъолият намудам.

Номи олими намоён, дар соҳаи илми ҳуқуқи гражданӣ (сивилистика), асосгузори илми ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Менглиев дар доираҳои илмию академӣ ва ҳуқуқшиносии на танҳо Тоҷикистон, балки дар кишварҳои хориҷии дуру наздик низ маълуму машҳур аст. Ӯ Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илму техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор ва бемуҳобо, олим, омӯзгор ва ниҳоят инсони бузург мебошад.

Профессор Менглиев устоди боадолат, серталаб, ба илм дилсӯз ва, ҳамзамон, дорои эҳсоси хуби қабули ҳазлу шӯхӣ буданд. Дар паҳлуи ин олими бузург будан, таҳти роҳбарии ӯ илм омӯхтан ва дарк кардани он як давраи воқеан фаромӯшнашаванда ва пурарзиш дар фаъолияти ман дар ҷодаи илм ва омӯзгорист. Хусусияти хоси устод ҳадафмандӣ, муҳаббат ба илм, садоқат ба принсипҳо ва ғояҳои илмию омӯзгории ӯ, инсондӯстӣ, ахлоқи ҳамида, хирадмандӣ дар муносибат бо одамон ва некбинии бузург буд.

Дар рӯзе аз рӯзҳои аввали кор аз устод пурсидам:

- Шоҳмурод Менглиевич, метавонед барои мақолаи аввалини ман чанд дастуру тавсия диҳед. Оё ягон талаботе ҳаст, ки бояд риоя кунам?.

Бодиққат ба ман нигариста гуфт:

- Шумо нависед, он гоҳ мебинем, ки матлабатон чӣ арзише дорад ва мефаҳмед, ки ман аз шогирдонам чӣ мехоҳам…

Шоҳмурод Менглиевич устодест, ки тавонист дар ниҳоди ман ва ҳазорон шогирдонаш шавқу рағбатро ба илм тарбия намояд.

Бешубҳа, пешравии илми ҳуқуқшиносии тоҷик, махсусан, дар соҳаи ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ ба заҳматҳои профессор Менглиев марбут мебошад. Арзиши онҳо дар он аст, ки ҳанӯз ҳам садҳо наслҳои ҳуқуқшинос ҳуқуқдонҳои гражданӣ (сивилистон), ҳуқуқшиносони байналмилалӣ осори илмии донишмандро меомӯзанд ва ҳамчун дастури раҳнамо истифода мебаранд

Ифтихори устод шогирдони ӯст. Дар раванди таълим ба шогирдони худ бо ифтихор метавонем гӯем, ки мо-шогирдон ворис ва давомдиҳандагони мактаби профессор Шоҳмурод Менглиев ҳастем.

             Нигина АЛИЗОДА,

Муовини якуми вазири адлияи ҶТ

Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

 

 

 

:.  Чеҳра 28.10.2022 13:13 638

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz