01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Шедзоди шаҳри ёрон

 

  Bonu 10_2022__02_0_fmt

Аз овони мактабхонӣ дар муҳити мардумони миллатҳои гуногун тарбия ёфта, ба шарофати амакҳояш, ки дар матбаа кор мекарданд, ба бӯи чопхонаву рӯзномаҳои тозанашр хӯ гирифт. Аз эҷодкорони фаъоли рӯзномаҳои деворӣ буду фориғ аз дарс майл сӯи чопхона дошт, аз коргарон ба ҳама суолҳои худ ҷавоб меёфт. Овони донишҷӯӣ манбаи ғизои маънавиаш идораҳои радио буду нашрияҳои шаҳри бостонии Кӯлоб. Донишу маҳорати суханрониашро дида, устоди фанни забони русӣ Сергей Индюков ӯро барои қироати шеър ба радио овард. Солиён хабарнигори «Телевизиони Сафина» дар минтақаи Кӯлоб буд, бо барномаи «Аз шаҳри ёрон» миёни мардум маҳбубият пайдо кард.

Андар айёми хушиву нишоти зиндагӣ қисмат ҳамсафари зиндагиашро рабуда, варо бо ду тифли маъсум дар нимароҳи зиндагӣ танҳо гузошт. Ҳанӯз солгарди марги шавҳарро паси сар накарда, аз муҳити хурофотзада ҳазёни таънаву маломат мешунид, ки афроди бесавод ҳузури бонуи муҷаррадро дар корҳои ҷамъиятӣ қабул надоштанд.

Дар гирудори зиндагӣ, ӯ дар банди таъмини рӯзгору ояндаи фарзандон буду зодмандон ва ҳатто хусуру хушдоманаш хостанд, ки аз нав оиладор шавад. Аммо Шарофат, ки дар ҳамсоягии зодмандонаш зиста, ба дудмони падарӣ танҳо меҳмонӣ меомад, гуфтанӣ буд, ки бо хусуру хушдоманаш хоҳад монд, ки ӯро фарзандвор дӯст медоранд. Охир, ба ҷуз он хонаи пур аз хотираҳои ишқу муҳаббати самимӣ дигар макони мақбули дил надошт ва ҳар нафаси дар кулбаи маъмани орзуҳои тифлонаш ба вай эҳсоси иродатмандиву сабру таҳаммул мебахшид.

Дар нишеманҳои пайроҳаи танҳоӣ аз самимияти дӯстон неруи тоза гирифта, таънаву маломати нотавонбинонро сарфи назар мекард, то мақоми худро дар ҷомеа пайдо намуда, исбот созад, ки ҳаёти зан ба зодани наслу масъулиятҳои хонагӣ маҳдуд нашуда, баръакс, бонувон бартар аз мардон қудрату зарфиятҳои нокушода доранд. Мурури 24 соли баъди фавти шавҳар ду фарзанди ӯву даҳ кӯдаки хушдоманаш ба воя расида, имрӯз ҳар нафари онҳо дар иҷрои корҳои гуногуни ҷамъиятӣ номбардори хонаводаанд.

- Аз собиқаи зисту зиндагонӣ дар як хонадони музофоти дурдасти кишвар гуфтаниам, ки дар тарбияи насли ояндаи мо фарҳанги вижаи хонаводагӣ нақши ниҳоят муҳим дорад. Чаро ки маҳз арзишҳои муқаддаси оилавӣ ва ҳисси эҳтирому қадрдонии бузургони хонаводаи шавҳар нисбат ба меҳру самимияти оилаи навбунаи мо буд, ки бо вуҷуди ҷавонӣ баъди сафари охирати шавҳар ҳамроҳи хусуру хушдоман зистанро авло донистам, - қисса оғоз кард Шарофат Худойдодова. – Ба хотири он лутфу меҳрубониҳо ва одамияти баланди пайвандони ҳамсари ҷавонмаргам, ки солиён хушбахту саодатманд будам, дигар майлу иродаи тарки ин остони муқаддасро надоштам.

Аз мушкиливу муаммоҳои ҳаётӣ наҳаросид ва ҳини фаъолияти омӯзгорӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дарк намуд, ки сангинтарин имтиҳони зиндагӣ шинохти инсон будааст. Аммо бо ифтихор аз солиёни ҷаҳду талоши худкушоӣ фарҳанги зиндагии барои худу фарзандон ва шогирдон зис¬танро биомӯхт, кунун ба хубӣ медонад, ки оини хушбахтӣ ва миёни мардум маҳбубият пайдо кардан, аз ин маънӣ сарчашма мегирад, ки он чи барои худ дӯст медорӣ, барои дигарон ҳам бихоҳ.

Ҳамин сон, бо инояти дуои зодмандону хусуру хушдоман Шарофатбону фаъолияти хешро ба ҳайси омӯзгор ва ифои масъулиятҳои гуногуни роҳбарӣ дар Донишгоҳ идома бахшида, имрӯз бо дастовардҳои назарраси илмиву эҷодӣ муаррифгари симои зани тоҷик аз минбарҳои баланд аст. Ӯ аз зумраи олимони ангуштшумори кишвар аст, ки оид ба таблиғи молу маҳсулот дар ВАО пажӯҳишҳои муҳиме анҷом дода, ҷиҳати рушду такомули ин самти фаъолият, ки муҳаррики иқтисодиёт ба ҳисоб меравад, ҷидду ҷаҳд дорад. Баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзуи «Таҳлили таркибӣ - мазмунии забон ва услуби матнҳои рекламавӣ (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), мавзуи «Нақши ВАО дар тарғиби фарҳанги миллӣ»- ро мавриди таҳқиқот қарор дода, ният дорад рисолаи докторӣ ҳимоя намояд.

Аз соли 2019 ноиби ректори ДДК ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ оид ба муносибатҳои байналмилалист, ин муддат дар татбиқи чандин лоиҳаҳои ҷадид дар самти рушди таҳсилоти олӣ, ҷаҳонисозӣ ва аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузарондани баъзе ихтисосҳои Донишгоҳ саҳмгузор аст. Барои хизматҳои шоён дар рушди маориф, фарҳанг ва ташаккули журналистикаи муосир бо ҷоизаву ифтихорномаҳои соҳавӣ, медали Хизмати шоиста ва дигар унвонҳои ифтихорӣ қадр шудааст.

- Дар доираи лоиҳаҳои байналмилалӣ даҳҳо омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи мо дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар таҷриба омӯхтанд, ки ин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои рушди таҳсилоти олӣ ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ баробар намудани ихтисосҳо мусоидат менамояд, - иброз дошт Шарофат Худойдодова. -Дар ин самт бо донишгоҳҳои гуногуни кишварҳои дунё шартномаи ҳамкориву созишномаҳо ба имзо расонда, аз 30 номгӯи лоиҳаҳои дар самти рушди таҳсилоти олӣ пешниҳоднамудаи Бонки ҷаҳонӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мо дар се лоиҳа ғолиб омадем. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани малакаҳои ба кор таъминкунии духтарон» 280 нафар донишҷӯро ба омӯзиш фаро гирифта, ба корхонаҳои саноатӣ, бонку расонаҳои хабарӣ ва дигар муассисаҳои таълимиву фарҳангие, ки дар оянда фаъолият хоҳанд намуд, роҳнамун сохтем. Инчунин, тибқи лоиҳаи «Такмили барномаҳои таълимии ихтисоси биотехнология» аз ҳисоби коршиносони донишгоҳҳои мамолики Шведсия, Латвия ва Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази илмии боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб дар назди факултаи кимиё ва биология бо масрафи 1 миллиону 350 ҳазор сомонӣ ташхисгоҳи муосири биотехнологӣ муҷаҳҳаз бо таҳҷизоти парвариши бофтаҳо таъсис додем. Дар ин ташхисгоҳ илова ба тадқиқотҳои илмӣ ва корҳои лабораторӣ, таҳлили таркиби маводи ғизоӣ ва тухмии кишоварзӣ ҳам роҳандозӣ мешавад. Лоиҳаи сеюм ба самти ворид шудан ба фазои байналмилалии таҳсилот ва гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ нигаронда шудааст, то дар оянда дипломҳои Донишгоҳи мо дар сатҳи байналмилалӣ эътироф карда шаванд. Вобаста ба ин, Маркази таҳсилоти фосилавӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ муҷаҳҳаз гардонда шуд, ки ин имкон медиҳад машғулиятҳои фосилавиро тариқи онлайн ба роҳ монем.

Зимни суҳбат фаҳмидам, ки устод барои иштирок дар семинари рушди малакаҳои соҳибкории ихтисосҳои амалкунандаи Донишгоҳ ба сафари Австрия омодагӣ доранд. «Ҳадаф омӯзиши омилҳои истифодаи самараноки реклама ва медиасистемаҳо ба рушди соҳибкорӣ мебошад, ки имрӯз тарғиби соҳаи бозаргонӣ тавассути технологияи муосир ба меҳвари пешбарандаи соҳаи тиҷорат табдил ёфта истодааст», - гуфт дар хотимаи муколама олими шинохта Шарофат Худойдодова.

                                                                                                     Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

                                                                                                           шаҳри Кӯлоб

 

 

 

:.  Чеҳра 28.10.2022 11:51 757

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz