Тӯлқин Хоҷа. Ин ном дар доираи адабии тоҷик 33 сол қабл бо чопи маҷмуаи нахустинаш «Шамолдара» (1989) шинохта шуд. «Ҳарчанд шеъри аввалинам соли 1976 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») бо номи «Шогирди модар» ба табъ расида бошад ҳам, маҳз ҳамин шеър маро байни мардум ошно кард», - ба ёд меовард шоир. Вале чӣ гуна ошноӣ: номураттаб, пайдову нопайдо ва бас аҷиб. Ҳаёти ӯ гоҳо чун мавҷи пуршӯри рӯди хурӯшон талотум мезаду гоҳе чун баҳр ба паҳноҳо лапиш мехӯрд. Чопи «Шамолдара» аз боби мавҷудияти боз як шоири умедбахш дарак дод, аммо ин муждаи некро воқеаҳои номатлуби солҳои 90 – уми асри ХХ фурӯ нишонд. Ин ном то ба 12 соли дигар паспарто ва ин номуайянӣ то соли 2001, то замони рӯйи чоп омадани маҷмуаи шеърҳои шоир бо номи «Озар» идома ёфт. Дар ин миён номи ӯ як бор, ҳини пазируфта шуданаш ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли 1998 мисли чароғаке милтос заду бас…
Савобу самара
Яке аз рӯзҳои баҳорони соли 2001 дар даҳлези маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» бо шоири маҳбуб Муҳаммад Ғоиб вархӯрдам. Гуфт: «Умарҷон, як кори савоб кун. Дар чопи китоби Тӯлқин Хоҷа, шоири бисёр хуби мо, саҳм бигир. Аҳволаш вазнин, чанде пеш ду писари нозанинашро аз даст дод. Савобу самарааш насиб гардад».
То ба он рӯз шоире аз ҳамсоядеҳ, аз рустои Пушинги ноҳияи Данғара Тӯлқин Хоҷаро намешинохтам.Танҳо ғоибона аз вуҷудаш огаҳӣ доштаму халос. Баҳри иҷрои ваъда тавассути шоири ширинсухан Саид Ғоиб (1957 - 2007) дар суроғи дӯст камар барбастам. Таъин кардам, ки ба пойтахт биёяд.
Рӯзе марди резапайкари офтобхӯрдае дари ҳуҷраи кориамро кушод. Худро муаррифӣ кард ва суҳбати мо ба дарозо рафт.Ниҳоят дафтари шеърҳояшро наздам гузошт. Навад дарсади онро барои маҷмуаи навбатӣ писандидем. Ҳамчунон, се марсияи шоирро нисбати марги фоҷиавии писаронаш мақом додем, ки бас ҷигарсӯзанд:
Эй шуми замона, Ҳасану Озари ман ку?
Эй гуми баҳона, Ҳасану Озари ман ку?
Ҳуввас мазану ёд макун аз ватани бум,
Эй ҳавлию хона, Ҳасану Озари ман ку?…
Бар санг зада, пора шавад кӯзаи пуштат,
Эй пуштаву ёна, Ҳасану Озари ман ку?
Овоз маяндоз, ки овози ту гирад,
Эй чангу чағона, Ҳасану Озари ман ку?…
Дар коми маҳӣ рафт магар ҷумла расулат,
Эй фанду фасона, Ҳасану Озари ман ку?
То ҳастаму ҳастӣ, манаму мушту дари ту,
Эй зоти ягона, Ҳасану Озари ман ку?
Шоири хушгӯ
Дар ин солу замона на ҳар кас сухане нек ба пуштибонии нафаре мегӯяд ва ё аз касе илтимос менамояд. Аммо будани одамони хубро низ, сарфи назар кардан нашояд. Ба мисол, устод Муҳаммад Ғоиб. Ҳамин маслиҳат боис гашту бо яке аз шоирони хушгӯ қаробат пайдо намудам. Як сухани неку дӯстонаи устод, амали наҷибонаи Аскар Ҳаким ва ниҳоят чопи маҷмуаи дувуми шеърҳои шоир дар нашриёти «Шарқи озод» бо унвони «Озар» (2001) андаке Тӯлқинро аз банди ғам вораҳонд. Дили шоири ширинадо мисли пушти нохун ба зиндагӣ гарм шуд.
Ҳар бори ба пойтахт омаданаш (гоҳ бо ҳамсараш – духтари душанбегӣ, гоҳе бо дӯсташ Саид Ғоиб) сари қадам ба нашриёт меомад. Тӯлқин аз оғози соли 1979, аслан, ба як хотир ба пойтахт меомад, ин ҳам хабаргирии аҳли хонаводаи модарарӯсаш, баъдан аз соли 1999 ба сабаби тақозои вазифа – хабарнигори телевизиони Хатлон шуданаш…
Онҳо – Тӯлқин Хоҷа ва Саид Ғоиб, ду тан аз муаллимони забон ва адабиёти тоҷики музофотиро Муҳаммад Ғоиб, раиси вақти Кумитаи радио ва телевизиони вилояти Хатлон ба симати хабарнигори минтақаи Данғараву Балҷувон ба кор гирифт, зеро бо маоши онрӯзии омӯзгорӣ пеш бурдани рӯзгор коре буд на саҳл ва устод аз рӯи ҷавонмардӣ меҳрубонӣ арзонӣ доштанд.
Зарфи қариб 12 сол (2001 - 2012) онҳоро бо ягон баҳонае ба пойтахт мехондам, бахусус 5 июни ҳар сол. Дар рӯзи мавлуди инҷониб Саид Ғоиб (то соли 2007), то замони даргузашт ва Тӯлқин Хоҷа (то соли 2012) ҳамасола ба шаҳр меомаданд. Аз назари имрӯз, аз карда пушаймон нестам, зеро суҳбатҳои дӯстона, баҳсу мунозира, базлагӯиҳо дар лавҳи хотир нақш баставу чанде аз он нишастҳо дар тасмаи видео ба рамзи ёдгор сабт шудаанд. Инак, ду тан аз дӯстони қарин, шоирони мумтози тоҷик - Саид Ғоиб дар 50 – солагӣ (2007) ва Тӯлқин Хоҷа дар синни 57 (2012) моро тарк гуфтанд…Тӯлқин се тан аз мардони некройро мудом ёд меовард. Нахуст аз Муҳаммад Ғоиб, дувум аз низомии фарҳангӣ Ҷумъахон Футуров (генерал - майори хадамоти дохилӣ) ва шогирди номвараш Асадулло Раҳмон сипосгузор буд. Аз тамоми шогирдонаш (аз соли 1979 то 2012), аз ҳама беш Асадуллоро қобил ва пештоз мешумурд ва аз пешравиаш меболид. Аз ҳар бори омаданаш ба пойтахт огаҳӣ доштам (бахусус 8 - 9 соли охири ҳаёташ). Ҳар доим, ҳини хайрбод сари қадам Асадуллоро мебинаму баъд хона меравам, мегуфт. Шогирди дӯстдораш, фарди сахопеша дар чопи чандин маҷмуаҳои шеърӣ, ҳини беморӣ (ҷарроҳии устод дар Қарияи Боло), рӯзи марг ва пас аз он ҳам ёрии хешро аз аҳли хонаводаи шоир дареғ намедошт.
Мавҷи дарё
Соли аввали ошноӣ пурсидам, Тӯлқин ном аст ё тахаллус? Мусоҳибам хандон шуду гуфт: Тӯлқин номи бандаи камтарин аст. Онро қиблагоҳ муносиб донистанд. Этимологияи ин калима ӯзбекист, маънояш мавҷ аст, мавҷи дарё ё баҳр. Худ ҳам намедонам, зиндагии пурталотум боис шуд ва ё чизи дигар, ки ба табдил ва ё дарёфти тахаллус фурсат намонд. Имрӯз дигар ҳоҷат ба ивази ном нест. Маро, аллакай, бо ҳамин унвон мешиносанд. Маҷмуаҳои шеъриам низ бо ҳамин ном паҳн гаштаву бо ҳамин ном маро ба созмони адибони кишвар пазируфтанд. Падару модарам ӯзбеканд, то синфи чорумӣ бо забони модарӣ хондаам, аммо шоири зуллисонайн наям. Бо забони ӯзбекӣ шеър гуфта наметонам. Танҳо бо забони Рӯдакии Хуросонӣ месароям. Ба қавли Муҳаммад Иқбол:
Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.
Ва сипас бо ҳазл афзуд: - Аз ағлаби шоирони тоҷик
паст нагуфтаам?!
- Густохӣ ҳам зеб дорад, - ханда бар лаб ҳамроҳ шуд
Саид Ғоиб.
Ҳозиронро ҳазли дӯст хуш омад. Ман шоирро сутудам. Саид Ғоиб имтиҳонам кард: - Ку бигӯ, аз шоири
дӯстдоштаат чӣ медонӣ?
Хондам:
Рӯи чашми ман мақоми модарам,
Дар даҳони ман лаҷоми модарам.
Мон, маро бозонда гардад бо дилаш,
Сӯ ба сӯ тозонда гардад то дилаш.
Як нафас мондаст вақти монданаш,
Бар сари ман давру даврон ронданаш.
Як нафас мон, ҳар чи мехоҳад кунад,
Карда нороҳат маро, роҳат кунад…
«Қиссаи Ҳиндустон»
Ҳангоми дар синфи шашум таҳсил намуданаш, аз ҷевони падар китобчае ёфт, ки «Қиссаи Ҳиндустон» ном дошт. Тарзи баён, лаҳни шево, шеъри равону дилчасп ӯро мафтун сохт. Дар камтарин фурсат қиссаро пурра аз ёд кард. Аз ҳамон лаҳза забонаш гӯё шуд. Хушбахтона, дар ҳамин давра се маҷмуаи фолклорӣ дастрасаш гашт ва ӯ сурудаҳои мардумиро ба тамом аз бар намуд. Ҳамин тавр, «Қиссаи Ҳиндустон» - и устод Мирзо Турсунзода роҳкушои ӯ дар ҷодаи нозимӣ гашт… Ҷавони деҳотӣ бо сад орзуву ҳавас, пас аз итмоми мактаби миёна, соли 1973 роҳи пойтахтро пеш гирифт. Аммо ин навбат ба институт дохил шуда натавонист. Ба деҳа баргаштанро ор донист ва ҳунаристонеро пазируфт, соҳиби касби киномеханикӣ шуд. Баъди хатми омӯзишгоҳ чанде дар идораи кинонамоишдиҳии ноҳияи Данғара фаъолият бурд. Соли дигар иқболаш тофт. Ӯ муҳассили бахши шабонаи факултаи филологияи тоҷики Институти давлатии педагогии Душанбе гашт. Шабона дар Институт мехонду рӯзона дар истеҳсолот заҳмат мекашид. Ҳини таҳсил, дар курси савумӣ, рӯзе бародарони ҳамкор муждагонӣ гирифтанд. Аз чопи шеъри нахустин дар саҳфаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон»бо номи «Шогирди модар» сараш ба осмон расид. Аз ғояти хурсандӣ дар курта намеғунҷид. Чопи шеъраш дар зодгоҳ ва ҷойи кораш – заводи сементи Душанбе боиси баҳсу мунозираҳо шуд. Бар хилофи ин ҳама дар Институт аз ин навгонӣ касе лаб накушод… Роҳ ба манзили мурод Ҳар як нафар ба олами шеъру шоирӣ бо ҳар роҳу васила гом мениҳад. Қисме ба шоире монанд будан мехоҳад, гурӯҳе тақлидро мепазирад. Чанде аз рӯи ҳавову ҳавас ба ин ҷода ворид мегардад. Тӯлқинро аз ин боб рӯзе нороҳат сохтам. Завқиду гуфт, агар росташро гӯям, нахуст ба хотири ҷалби духтаракони хушрӯ, парирухони деҳотӣ ба ин шоҳроҳ гом ниҳодам. Мехостам бо ин васила дил бирабоям. Ин ҳама талотумҳо аз ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ буд. Баъдҳо чун ғаввос дар баҳри нопайдоканори шеъру шоирӣ ғӯта задам ва шиновари хуб ҳам шудам.
Шоир он нафас бо завқ суруда буд:
Дарёфтаам биҳиштро аз шаби зан,
Ҷӯи асалу анӯшаро аз лаби зан.
Берун нашавам ба ҳар гапе аз гапи зан,
Ман мардаму устувор дар мазҳаби зан.
Аз ғунчаи зан ғунчаи ширин набувад,
Аз кулчаи зан кулчаи ширин набувад.
Аз лаҳҷашиноси таҷриба фаҳмидам,
Аз лаҳҷаи зан лаҳҷаи ширин набувад.
Ту чидани бӯсаро чӣ медонистӣ,
Нӯшидани бӯзаро чӣ медонистӣ.
Гар ман набудам ту дар биҳиштат, эй ҳур,
Оғӯши бамаззаро чӣ медонистӣ.
*** Аз пушти ту Хайбарат нахобад шабҳо,
Ваҳми дили модарат нахобад шабҳо.
Дар даст таёқу дар даҳонаш сулфа,
Бобои бадахтарат нахобад шабҳо.
Тули се даҳсолаи охир, дар адабиёти тоҷик рубоиву дубайтиро ба пояи Тӯлқин Хоҷа касе насуруда. Ин ба он маънист, ки нафаре мисли ӯ рубоиву дубайтиро мардумитар нагуфта… Даврони шуравӣ чоп кардани китоб кори саҳл набуд. Навча шоиру навча адибро дар иттиҳодияи адибон, ба қавле аз ғирбол мегузаронданд. Чунин навбат ба Тӯлқин Хоҷа соли 1985 фаро расид. Шеърҳои ӯ дар шурои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар ҳузури шоирони давр Бозор Собир, Лоиқ, Гулназар, Гулрухсор, Раҳмат Назрӣ ва дигарон мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифта, ба чоп тавсия шуд ва маҷмуаи нахустини шоири шӯридадил бо номи «Шамолдара» баъди чаҳор соли интизориҳо (1989) рӯи чопро дид… Дархости дӯстона Аввали рӯз, 5 июни соли 2004 шоирон Саид Ғоиб ва Тӯлқин Хоҷа маъмулан ба ҷои корам омаданд ва домони шӯхиву суҳбати унс доман густурд. Рӯзи дигар меҳмонон ба шабакаи ТВ «Тоҷикистон» рафтанд ва нимрӯзӣ боз бо ҳам омадем.Аз кайфияти дирӯза дилҳо пурфараҳ буданд. Қабл аз хайрбод ба Саид Ғоиб гуфтам, ки тамоми ғазалҳоятро гирд меорӣ, як китобчаи кисагӣ месозам. Шарт ҳамин, дар мақтаи ғазалҳо ҳамаи «Саидқул» - ҳоро ба «Сайид» иваз мекунӣ (номи ҳуҷҷатии шоир Ғоибов Саидқул), як ғазалӣ дар бораи модар ва падар мегӯӣ. Гуфт, дар бораи модар шеъре дорам, гуфтам боз бигӯ. Хандиду қабул дошт. Ба Тӯлқин гуфтам, ака, шумо тамоми рубоиву дубайтиҳоятонро гирд биоред ва як шеър дар васфи модар биафзоед. Не нагуфтанду рафтанд… Онҳо «супориш» - ро то моҳи апрели соли 2005 ба сомон расонданд ва ман низ дар аҳд устувор мондам. Моҳи июни ҳамон сол китоби рубоиву дубайтиҳои Тӯлқин Хоҷа бо номи «Захми нигоҳ» ва ғазалиёти Саид Ғоиб бо номи «Шоҳи бутон» ба табъ расиданд, ки шодмонии дӯстонро ҳад набуд. Ҳар ду китобро худ унвон додам… Дӯстон пайи ҳам моро тарк гуфтанд. Пас аз даргузашти Саид Ғоиб Тӯлқин сахт андуҳгин ва пажмурда гашт. Бо кӣ дигар тундутез шӯхӣ кунам, мегуфт бо ҳасрат ӯ. Шоир бо ҳич кас он гуна ҳазлро намеписандид ва дигаронро иҷоза ҳам намедод, ки мисли Саид тунд бигӯяд… Ин пораи сурудаи Тӯлқин Хоҷа мудом ёдам меояд: Хор овехта бар тори дараш, Наъл кӯбида ба девори дараш. Наҳсро дур кунад аз бари ман, Бахтро ҳифз кунад модари ман…
Умари ШЕРХОН