Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занону духтарони тоҷик шароит фароҳам овард, ки дар ҳайати кормандони сиёсии мамлакат дар баробари мардон фаъолона иштирок намоянд. Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардошти мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ, аз ҷумла вазифаҳои роҳбарӣ чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои мукаммал таҳия ва тасдиқ шуданд. Дар партави ин ғамхориҳо дар як муддати на чандон зиёди таърихӣ бонувони тоҷик дар тамоми соҳаҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.
Роҳкушоии як духтари деҳотӣ ба дигарон
Барои интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби бонувон, аз ҷумла духтарони деҳот нахуст Квотаи президентӣ таъсис ёфт. Дар ин замина то имрӯз ҳазорҳо нафар духтарони деҳот, ки қаблан бо сабабҳои гуногун аз идомаи таҳсил дур мемонданд, ба муассисаҳои олии касбӣ ҷалб гардида, баъди хатм дар шаҳру навоҳӣ ва деҳоти худ барои таъмини соҳаҳои хоҷагии халқ бо кадрҳои ҷавобгӯ ба бозори меҳнат мусоидат карданд.
Фарзона Изатуллозода аз ҷумлаи духтарони деҳотист, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 баъди хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 – и деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил гашта, соли 2011 онро муваффақона бо ихтисоси ҳуқуқшинос ба итмом расонд.
Ӯ бо ифтихор мегӯяд: «Дар миёни хешовандонам аввалин духтаре ҳастам, ки ба қавле қолабҳои куҳнаро шикаста, барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳ дохил ва соҳиби маълумоти олӣ гардидам. Баъди бо сари баланд муассисаи олиро хатм кардани ман, ба дигар духтарони пайвандон барои идомаи таҳсил иҷозат доданд». Фарзона бо шикастани қолабҳои куҳна ва асримиёнагӣ ба дигарон исбот сохт, ки духтарони деҳот ҳам метавонанд ва ҳақ доранд соҳиби касбу илм гардида, дар пешрафти ҷомеа дар баробари мардон саҳми арзанда гузоранд. Ӯ акнун ба дигар бонувон ҷиҳати гирифтани маълумоти олии касбӣ ва ёфтани мавқеи худ дар ҷамъият намуна аст.
Вақте, ки хонаводаи шавҳар дастгирӣ мекунад…
Дар замони донишҷӯӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷавоне аз хонаводаи зиёӣ ба шавҳар баромадам. Баъди хатми Донишгоҳ фаъолияти кориро соли 2015 дар китобхонаи илмии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мутахассиси пешбар бо дастгирии ректори вақти Донишкада Лутфия Абдухолиқзода шуруъ кардам, - тазаккур дод Фарзона. Ӯ дар баробари кор, инчунин, мақсад гузошт, ки барои гирифтани маълумоти дуюми олӣ таҳсилро дар ҳамин Донишкада ғоибона идома бахшад. Хонаводаи шавҳараш, махсусан хусураш Манзаршо Носиров дар ин самт ӯро роҳнамоӣ кард. Соли 2020 Фарзона Академияи идоракунии давлатиро бо ихтисоси менеҷер-иқтисодчӣ сомон бахшид. Дар давоми кор то ба вазифаи сардори шуъбаи корҳои тарбиявӣ ва муовини сардори раёсати корҳои тарбиявӣ расид.
Яке аз ҷавонтарин номзади илмҳои сиёсӣ
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои ҷавонони ҷӯяндаи илм имкониятҳои мусоид фароҳаманд, аз ин рӯ, сафи олимон ва номзадҳои илм беш аз пеш меафзояд. Тибқи маълумот дар соҳаҳои гуногуни кишвар шумораи докторҳои илм ва номзади илм, аз ҷумла дар соҳаи илмҳои дақиқ, аз ҳисоби бонувон ҳамасола зиёд мешавад. Дар хизмати давлатӣ, дар вазифаҳои роҳбарӣ ҳам теъдоди онҳо рӯ ба афзоиш аст, ки далели таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ба бонувон мебошад.
Фарзона Изатуллозода баъди талошҳои зиёд 28 майи соли 2021 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Хизмати давлатӣ ҳамчун ниҳоди иҷтимоию сиёсӣ ва рушди он дар замони муосир» (таҷрибаи Тоҷикистон) дар Шурои илмии диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии доктори илмҳои фалсафа, профессор Махфират Хидирзода ва дастгирии ректори Академия Абдухалил Ғафурзода ҳимоя намуд ва имрӯз яке аз ҷавонтарин номзади илмҳои сиёсӣ, аз ҷумла миёни бонувон маҳсуб меёбад.
Қадрдонӣ аз ҷониби Пешвои миллат
Боиси хушнудист, ки ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии олимону муҳаққиқони ҷавон, ки ба ҷодаи илм ворид шудаанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис доданд. Бунёд гузоштани Ҷоизаи мазкур намунаи олии таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон маҳсуб ёфта, ҷавобан ба ин ғамхориҳо олимону муҳаққиқони ҷавонро мебояд аз ин имкониятҳо мақсаднок истифода бурда, бо фаъолияти ҷӯяндагии хеш дар рушди илми кишвар саҳм гузоранд. Барои дарёфти Ҷоиза ҳар сол Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмун эълон менамояд ва ғолибон муайян ва қадр мешаванд. Бахшида ба истиқболи 31 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 августи соли равон Президенти Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар ҷабҳаи илму фарҳанг, меҳнат натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супурданд. Дар байни онҳо Фарзона Изатуллозода низ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гашт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди тақдими ҷоизаҳо бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ имконияту қобилияти зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат равона месозанд. -Сазовор гаштан ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ифтихор, масъулияти маро беш аз пеш мефизояд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо мекӯшам, то дар фаъолияти илмӣ – омӯзгорӣ аз худ садоқат ва натиҷаҳои зиёдтар нишон диҳам, - изҳор дошт барандаи Ҷоиза.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
журналист