Чашму рӯй оинаи дил аст. Чун дил поку беолоиш ва ҷилвагоҳи муҳаббат аст, яқин нури таҷаллии он дар чашму рӯй ба таровиш меояд. Ин аломатҳо аз сиришти аслии инсон гувоҳӣ медиҳанд. Ҳанӯз аз хурдӣ сурати зебою сирати накуяш боиси ифтихори наздикону пайвандон буд. Ҳама аз буди ӯ менозиданду дар қутби ояндааш фоли нек медиданд.Зодаи шаҳри бостонии Исфара аст. Литсейи забонҳоро, ки солҳои 1990–2000-ум дар назди МТМУ № 68 фаъолият менамуд, бо баҳои аъло хатм кард. Муҳаббати илм ӯро ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров овард. Дар риштаи суханшиносӣ таҳсил намуд.Дар дил орзу мепарварид, ки идомабахши кору номи неки бузургони шаҳри Исфара бошад. Суханони нависандаи шинохта Нозим Ҳикмат шиораш шуданд: «Агар ман насӯзам, агар ту насӯзӣ, агар мо насӯзем, пас торикиҳоро кӣ равшанӣ мебахшад».Мадина Бобоиён. Соҳиби ин номро имрӯз хурду бузурги Исфара мешиносанду эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Оре, номро соҳиби ном машҳур месозад, на ном соҳибашро. Суҳбати ӯ лаззати ангубин дорад.Касе боре ҳамнишини ӯ гардид, дергоҳ шаддаи марворидгуни ҳарфу ҳиҷояшро фаромӯш намесозад. Бонуи некхисол аст ӯ.
Малеҳ, балеғ, маҳин, нарм, гарм ва латиф сухан мегӯяд. Дар оини дӯстӣ устувор аст. Ба ҳар, ки дӯстӣ дорад, дар ин пайванд садоқатро дар мадди аввал мегузорад. Дасти сахо ва меҳру вафояшро аз сари касе кӯтоҳ намесозад. Дари ҳуҷраи кориаш ҳамеша ба рӯйи ниёзмандон боз аст. Маҳорати оромона гӯш намудани ҳоли корафтодагонро дорад. Масъалаҳоро дар доираи қонунҳои амалкунанда мутобиқ ба талабот дар муҳлати муайян ҳал менамояд. Ин ҳама фазилат дар замири ӯ натиҷаи тарбияи хонаводагӣ ва омӯзишҳои пайдарпайи ӯст. Дар пешорӯйи мушкилиҳои ҳамкорон монанди сипар асту чун устод барояшон раҳи ба мардум кор карданро меомӯзад. Ба касе намеситезад. Сабуру кони тамкин аст. Ҳунари касмаёби хашмро фурӯ бурдан дорад. Охир, ин хислат на дар ҳама ба чашм мерасад. Боре аз корафтодае нашнидаем, ки гуфта бошад: «Нописандиям кард». Пайраву давомдиҳандаи корномаи бонувони бузурги кишвар мебошад. Озодатабъу озодипараст аст. Ба адабиёту фарҳанг дилбастагии қавӣ дорад. Саъю талоши ҳамешагияш барои он аст, ки дар раванди кор дилеро дарёбад, чун ин кор муяссараш нагашт, ҷаҳд менамояд, ки ақаллан дилеро наёзорад. Ин сифатҳои ҳамидаро ӯ аз занони бомаърифату соҳибэҳтироми кишвар, сиёсатмадорони варзидаи миллат Низорамоҳ Зарифова, Гулафзо Савриддинова, Хайринисо Юсуфӣ, Махфират Хидирзода ва дигарон омӯхтааст.Мактаби телевизиони «Сафина», ки ӯ баъди итмоми Донишгоҳ он ҷо ба фаъолият оғоз намуда буд, барояш мактаби ҳаёт гашт. Зимни мураттаб сохтани барномаҳо ҳамеша ба ҷанбаҳои ҳаётӣ, ахлоқӣ ва тарбиявии онҳо эътибор медод. Андешаҳояш равшании фикр, покизагии ахлоқва риояи анъанаву рӯзгордории зани тоҷикро таҷассум дорад. То ҳанӯз барномаҳои мураттабнамудаи ӯ: «Хонадон», «Шоми шанбе»,«Фазилати инсонӣ» аз хотираҳо фаромӯш нашудаанд.Дар баробари фаъолияти эҷодӣ дар телевизиони «Сафина» Мадина Бобоиён дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи «Нақши таълиму тарбия дар оилаҳои ҷудошуда» кори илмиашро ба итмом расонд.Чандин муддат дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолият намудааст. Аз наздик ба маҷрои зиндагиномаи зани тоҷик, оини оиладории миллат ошно гардида, дар рушд, муҳофизат ва пойдории садҳо оила ҳиссаи бедареғ дорад.Соли 2018 ӯро муовини раиси шаҳри Исфара таъин карданд. Инак, панҷ сол аст, ки Мадина Бобоиён дар ин вазифаи масъул фаъолият дорад. Дар рушду нумӯи шаҳри азизаш ҳиссаи сазовор мегузорад.
Ҳусни САБОҲ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон