Соли 1992 аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба аҳли ҷомеаи Тоҷикистон сангин омад. Рӯз ба рӯз аҳолии ҷумҳуриро яъсу ноумедӣ фаро мегирифт. Кӯчбандии миллатҳои ғайр миёни аҳолӣ воҳимаи зиёдеро ба бор меовард. Сохторҳои давлатӣ фалаҷу фишангҳои роҳандозишуда самар намебахшиданд. Таъсиси ҳукумати муросои миллӣ дар ин раванд ягон беҳбудии чашмрасе оварда натавонист. Дар кӯчаву нақлиёт, дар хонаву бозор хурду калон аз пайомадҳои ногувори кишвар пешгӯӣ мекарданд. Вазъи сиёсии мамлакат то дараҷае хавфнок буд, ки ҷомеа дигар аз доиршавии ҳар гуна маъракаҳои сиёсӣ, гирдиҳамоиҳо, ҳатто аз иҷлосияҳои Шурои Олӣ ҷиҳати муътадилбахшии авзои диёр натиҷаи мусбатро интизор набуданд, зеро қарорҳои батасвибрасида татбиқи худро пайдо намекард. Рӯзҳои аввали моҳи ноябри соли 1992 дар бораи баргузории иҷлосияи Шурои Олӣ сухан мерафт ва овозаҳо ҳам пайдо шуданд, ки ин бор иҷлосия шояд берун аз Тоҷикистон, дар ҷойи ором ҷараён гирад. Пешгӯиҳо то андозае дуруст баромаданд, аммо иҷлосия на дар хориҷи кишвар, балки дар Қасри Арбоби Хуҷанд хоҳад гузашт.Он вақт корманди бахши барномаҳои «Ахбор»-и радиои Тоҷикистон будам. Дар арафаи доиршавии иҷлосия раиси вақти Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ Даврон Ашӯров мудирони шуъбаҳои «Ахбор»-и телевизион ва радиоро назди худ хонда, ҷараёни инъикоси иҷлосияро мавриди баррасӣ қарор дод.Раҳматшо Додихудоев, сармуҳаррири барномаҳои радио гуфт, ки шумо хабарнигори парлумонӣ ҳастед,инъикоси онро ба уҳда мегиред. Дар бинои Шурои Олӣ ба вакилони парлумон, аз ҷумла ба онҳое, ки бояд ба вилояти Ленинобод (Суғд) мерафтанд, чиптаи тайёра мефурӯхтанд. Рӯзи 12 ноябр ба хотири дастрасии чипта ба Шурои Олӣ омадам. Аҷоиб манзара ба мушоҳида мерасид. Назди даромади бино наздик 50 - 60 нафар шаҳрванди одӣ низ навбат меистод, то ки ба вилояти Ленинобод чипта бихарад. Бо мушкилӣ ба рӯзи 14 ноябр ба Хуҷанд чипта гирифтам.Вазъ дар фурудгоҳ тасвирнашаванда буд, ба қавле он қадар мусофирон гирд омада буданд, ки «сӯзан партоед, рост меистод». Масъулони фурудгоҳ як гурӯҳ хабарнигорон ва нафарони ба иҷлосия даъватшударо иҷозати гузаштан аз баромадгоҳи вакилон доданд. Бо душворӣ дохили тайёра шудам. Гурӯҳи масъули Шурои Олии Тоҷикистон, вакилон бо роҳбарии Акбаршо Искандаров, иҷрокунандаи вазифаи Раиси Шурои Олии Тоҷикистон, низ ворид шуданд. Агарчи ҳамсафарон дар муошират лутфу меҳрубонӣ доштанд, аз чеҳраи онҳо яъсу ноумедӣ, изтироб бештар ҳувайдо буд. Боду ҳаво дар Ленинобод (ҳоло шаҳри Хуҷанд) то андозае сард буд, шамол мевазид. Тирамоҳ ҳукм меронд. Шаҳр шабонгоҳ басо орому осуда ба назар мерасид. Вакилони парлумон, меҳмонони даъватшуда қаблан дар бинои Комиҷроияи Шурои вакилони халқи вилояти Ленинобод ҷамъ омаданд ва ин ҷо шумори иштирокчиён муайян мешуд. Хабарнигорон дар якҷоягӣ бо гурӯҳи вакилон дар меҳмонхонаи «Хуҷанд», воқеъ дар шаҳри Чкалов (ҳоло Бӯстон) ҷо гирифтем.
Субҳ, баъди наҳорӣ, аз шаҳри Чкалов озими Қасри Арбоб шудем. Нахустин манзарае, ки ба мушоҳида расид, техникаи зиёди ҳарбӣ, сарбозони мусаллаҳ ва кормандони зиёди Вазорати корҳои дохилӣ буд. Онҳо гирдогирди қасрро ба хотири амният ва бехатарии иштирокчиён печонда буданд. Барои аз қайд гузаштан сари ҳар қадам дар муоинаи хеле ҷиддии кормандониҳифзи ҳуқуқ қарор мегирифтем. Наздик се соати вақт гузашт ва мо, хабарнигорон, аз ҷумла шодравон Неъмат Очилов - хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ошёнаи дувуми маҷлисгоҳ ҷо гирифтем. Тасвири муфассали ҷузъиёти оғози иҷлосия ва ҷараёни кори он, бешубҳа,вақти зиёдро фарогир хоҳад шуд, аз ин рӯ, дар ин навишта чанд нуктаи муҳимро зикр менамоем. 15 ноябр бо назардошти он ки ба кори иҷлосия, ҳамзамон, намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар, арбобони намоёни сиёсиву давлатӣ ва илмӣ даъват шуда буданд, баъди мулоҳизаҳову пешниҳодҳо оид ба вазъи сиёсии кишвари соҳибистиқлол хулоса карданд, ки рӯзи аввали ин ҳамоишро Маҷлиси миллӣ унвон диҳанд, то баҳри кори босамари Иҷлосияи ХУ1 Шурои Олӣ бигзор намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷамъиятӣ фикру андешаҳои хешро иброз доранд. Ба гумонам, дар ҳамин рӯз аввалин қадамҳои ҳамдигарфаҳмӣ ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилиҳои сиёсии Тоҷикистони азиз гузошта шуданд, зеро ҳини танаффус иштирокчиён: вакилони халқ, олимон, адибон, хабарнигорон бо ҳам дар муоширати самимӣ қарор доштанд.
Журналистон, ки теъдоди онҳо хеле зиёду аз расонаҳои гуногуни ватаниву хориҷӣ буданд, басо кунҷковона ҷараёни кори иҷлосияро инъикос мекарданд. Хабарнигорони хориҷӣ аз мо мепурсиданд, ки фалон нафар ба чӣ мазмун сухан гуфту ҳарфҳои фалонӣ чӣ маънӣ доранд. 16 ноябр лаҳзаҳои ифтитоҳи иҷлосияи ХУ1, аз вазифаи Раиси Шурои Олии Тоҷикистон рафтани Акбаршоҳ Искандаров, истеъфои Ҳукумати Тоҷикистон, баъдан баррасии масъалаи муҳим - интихоби Раиси Шурои Олии Тоҷикистон, пешниҳоду мулоҳизаҳо дар атрофи номзадҳо хеле ҳассосу ибратангез сурат гирифтанд. Вакил Абдулвоҳид Мирзоев бо пешниҳод аз номзадии Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Комиҷроияи Шурои вакилони халқи вилояти Кӯлоб ба ҳайси Раиси нави Шурои Олии Тоҷикистон, иброз дошт, ки мавсуф аввалан чун вакили мардумӣ ҷиҳати ҳимояи манфиати интихобгарон дар ҳамаи иҷлосияҳо фаъол буда, дар таҳияи қарору қонунҳои муҳим баҳри рушди соҳаҳоигуногуни хоҷагии халқ саҳми муносиб гузоштааст.Дар шароити кунунии ҷумҳурӣ ба чунин нафари соҳибтаҷрибаи хоҷагидор ниёз дорем ва ӯ метавонад бо дастгирии фаъолонаи мову шумо вазифаашро сарбаландона ба иҷро расонад.
Вакил Ҷаҳон Набиев, аз ҳавзаи интихоботии Ғозиён, низ аз сифатҳои кордонии номзади арзанда ҳарф зада, аз ҳамкасбон дархост кард, ки Эмомалӣ Раҳмоновро дастгирӣ намоянд. Ҳамин тавр, бо аксарияти овозҳо - 197 овоз Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Шурои Олии Тоҷикистон, Сарвари давлат интихоб шуданд. Суханҳои қатъӣ, мушаххас, самимӣ ва пурмазмуни Раиси нави Шурои Олӣ, хосатан: - «Ман ба шумо сулҳ меорам» аҳли толорро хеле мутаассир сохту эътимод бахшид. Дар ҷараёни танаффуси кори иҷлосия борҳо мушоҳида кардам, ки Раиси нави Шурои Олии Тоҷикистон бо пирони кор дар машварат мешуду мутобиқ ба он амал мекард. Пас аз интихоби Раиси Шурои Олии Тоҷикистон, дар маркази матбуотӣ бо ширкати собиқ Раиси Шурои Олии ҷумҳурӣ Акбаршоҳ Искандаров нишасти хабарӣ доир шуд, ки журналистон бо суолҳои зиёд ба ӯ муроҷиат карданд. Ва яке аз суолҳо бар ин мазмун буд: - «Оё Раиси нави Шурои Олии Тоҷикистон дар шароити феълии сиёсиву иқтисодӣ ҷумҳуриро идора карда метавонад?». Иқрор бояд шуд, ки Акбаршо Искандаров ба ин суол мусбат посух дода буд, агар ҳама масъулони сохторҳои давлатӣ, вакилон ӯро дастгирӣ намоем, албатта, идора карда метавонад, зеро таҷрибаи зиёди корӣ дораду аз вазъи феълии сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон хуб огоҳ аст.Аллакай, дар рӯзҳои дувуму сеюм иҷлосия маҷрои муътадили худро ёфт, масъалаҳо фаъолона ҳал мешуданд. Дар баррасии масъалаи қабули Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон, дар баробари вакилон президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат фаъолона ширкат варзида, моҳияти ҳар рамзу ҳар рангро бо такя ба маъхазҳои таърихии давлатдориитоҷикон асоснок мекарданд. Дар яке аз рӯзҳои корӣ мавзуи асосии он ба ҳам овардани намояндагони сангарҳо, қумондонҳои саҳроӣ буд. Оши оштӣ эълон шуд, дар саҳни бинои Қасри Арбоб фаъолони ҷумҳурӣ гирд омада, сари як пиёла чой оид ба оташбас, сулҳу салоҳ, оғози зиндагии оромона ибрози андеша карданд. Ёд дорам, дар мизе, ки чанд нафар журналист ҳузур доштем, аснои суҳбат доир ба имрӯзу фардои Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси нави Шурои Олии Тоҷикистон вакил Малик Қурбонов аз ноҳияи Мастчоҳ ифодаеро пеш овард, ки то имрӯз аз хотираам дур намеравад. Ӯ гуфта буд: «Ман намедонам, тақдирҷунбони ин ҷавон кисту мурғи Ҳумо чӣ тавр болои китфи ӯ нишаст, вале дар давоми вакилӣ дар Шурои Олӣ Эмомалиро чун ҷавонмарди якрӯ, бо ғурури миллӣ дарёфтам. Қариб ягон ҷаласае нест, ки дар бораи беҳбудӣ бахшидани ҳаёти мардуми ранҷбар сухане нагӯяд. Аз симои сирф тоҷикона, китфони васеи баҳодуронааш ҳувайдост, ки ӯ ба Тоҷикистони мо файз меорад».
Ҷаҳон Набиев, вакили мардумӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, низ бо боварию эътимод нисбат ба Раиси Шурои Олии тозаинтихоб бо чунин мазмун ҳарф мезад. Мутаассифона, буданд нафарони табиатан сиёҳдил, ки вуҷудашонро яъсу ноумедӣ фаро гирифта, ба чизе ва ба касе бовар надоштанд. Мегуфтанд, ки Ҳукуматинав дер намепояд, аммо, имрӯз, хушбахтона, ба шарофати роҳбарии оқилонаву хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди рушду нумӯи Ватани азиз дар ҳамаи самтҳо мешавем. Таърих дигарбора тоҷиконро бо сарварии Пешвои муаззам ба ҷаҳониён чун халқи созанда, сулҳовар ва тамаддунсоз муаррифӣ кард. Солҳо сипарӣ хоҳанд шуд, вале аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХУ1 Шурои Олии Тоҷикистон боз ҳам дурахшанда ва мусаффо, ҷиҳати сулҳофарӣ мактаби таҷриба дар ҳар давру замон хоҳад монд.
Ҷовиди АШТӢ,
иштирокдори Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб