Чун сухан аз афроди машҳур меравад, одатан мегӯянд, ки фарзанди замони худ буд, фарзанди замони худ ҳаст. Дар идомаи ин андеша, метавон гуфт, ки арбоби маъруфи сиёсӣ, давлатию ҷамъиятӣ Биҳоҷал Раҳимова аз зумраи он фарзандони фарзонаест, ки дар таърихи Тоҷикистони маҳбуб ҳамчун шахсияти барҷаставу маъруф сабти ном гардидааст.
Ҳангоми наворбардории барномаи телевизионӣ бо Биҳоҷал Фатҳиддиновна мувофиқ ба хати сужет аз кӯчаи марказии шаҳри Хуҷанд мегузаштем. Сари ҳар қадам таваққуф мекардем. Хурду калон бо дидани ӯ даст пеши бар, бо эҳтиром салом дода, самимона ҳол мепурсиданд. Бо ҳазл аз муаллим пурсидам:
- Шумо ин нафаронро мешиносед?
- На ҳамаашонро, - гуфтанд ва суҳбатро идома доданд. - Аксар вақт дар кӯчаҳо пиёда мегардам. Мавридҳое ҳам мешавад, ки баъзе шахсон дар роҳ аз хусуси мушкилоташон сухан карда, ёрӣ мепурсанд. Албатта, то метавонам дар ҳалли масъалаи душворашон ёрӣ мерасонам…
Дар маҳфили пуршукӯҳи адабию фарҳангии дар маркази вилоят доиршуда чун сухан аз мақоми шоистаи занон дар ҷомеа рафт, Биҳоҷал Раҳимоваро ном гирифтанд. Дар идома таманниёти пурмеҳр, номаи шодбошии як зумра афроди номвари давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла Раиси Шурои федератсияи Россия Валентина Матвиенко низ садо дод. Ин ҳангом эҳсос намудам, ки муаллим на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ шинохта ҳастанд ва ин боиси ифтихору ҳамзамон арҷгузориҳои ҳамватанон шуда метавонад.
Ҳар вақте саҳифаи зиндагии ибратбахши Биҳоҷал Раҳимоваро рӯнамоӣ мекунем, бешубҳа, аз таҷрибаи бою рангинашон ба худ бардоштҳо мегирем. Воқеан, мактаби бузурги ин гуна фарзонафарзандони диёр барои наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар намунаи ибрату шоистаи пайравӣ мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арҷгузорӣ ба шахсиятҳои маъруф зикр мекунанд: «Таҷрибаи бой, маслиҳатҳои муфид ва насиҳатҳои собиқадорон аҳамияти хоссаро доро буда, барои наслҳои имрӯзу фардои миллат чун беҳтарин дастури зиндагию фаъолият хизмат мекунанд».
Биҳоҷал Раҳимова дар бораи масъалаҳои зан-модар, рисолати зан, мавқеи занон дар ҷомеа бо мамнуният гуфтанд, ки, хушбахтона, занон имрӯз дар ҳама бобат мавриди таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. Бо ибтикори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидани барномаи баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа яке аз дастовардҳои пурарзиши даврони истиқлолият мебошад. Имрӯза имкониятҳоро зани тоҷик дар ягон давру замон надошт.
- Бароям осон набуд ҳам дар вазифаи роҳбарӣ кор кардану ҳам дар оила ба тарбияи фарзандон машғул шудан, - мегӯяд Биҳоҷал Фатҳиддиновна. –Албатта, пеш аз ҳама, вақтро дурусту босамар истифода кардан, бо сабру тоқат зиндагии якҷояро пеш бурдан маҳаки асосӣ барои расидан ба ояндаи нек буд.
Биҳоҷал Раҳимова зодаи шаҳри Хуҷанд, аз ҷумлаи насли даврони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 -1945 мебошад ва ҳама маҳрумияту мушкилоти ин айёми барои мардуми кишвар душвор дар хислат, тафаккур, тарбияву камолоташ таъсири амиқ гузоштааст.
- Вақте ман таваллуд шудам, - ба хотир меорад Биҳоҷал Фатҳиддиновна, - аллакай як соли Ҷанги Бузурги Ватанӣ сипарӣ шуда буд. Падар ва бародари калониам ба ҷанг рафта буданд. Бародарам маъюб баргашт. Падарам баъди Ғалаба омаданду пас аз се сол вафот карданд. Он замон вазъият хеле душвору шароит вазнин буд. Қатъи назар аз сахтиҳои айём кӯшиш мекардем, ки соҳиби донишу саводи комил гардем. Маҳз ба туфайли раҳнамоии модари мушфиқамон соҳиби маълумот ва касбу кор шудем.
Яке аз арбобони маъруфи давлатию ҷамъиятӣ Низорамоҳ Зарифова, ки Биҳоҷал Раҳимова дар қатори даҳҳо шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ аз мактабашон баҳра бардоштаанд, он солҳоро ба ёд оварда мегӯянд, ки аз давраи ҷавонӣ Биҳоҷал Раҳимова фаъол буд. Забони русиву тоҷикиро хуб медонист, баробари дониши комил ҷасорат дошт. Дар маҷлису машваратҳо бе коғаз фикрашро баён карда метавонист. Аз пушти вазифа талош намекард. Бо донишу кордониаш зина ба зина сабзида, то вазифаҳои баланди сатҳи умумииттифоқӣ расид. Ибтидои солҳои 90-ум муовини Сарвазири Иттиҳоди Шуравӣ таъин гардид. Хело хурсанд шудам, фахр ҳам мекардам, доимо дар алоқа будем. Боре телефонӣ гуфт, ки дар Новосибирск ҳастам. Бисёр шод шудем, ки зани тоҷик дар Сибир ба ҳайси роҳбари ҳукумати умумииттифоқ масъала ҳал мекунад. Албатта, ин фахри мост, ки бонуи тоҷик тавонист, то ба ин вазифаи баланд бирасад, дар ҳукумати марказӣ фаъолият намояд.
Бонуи некамал Биҳоҷал Раҳимова тавонист ба дарёфти баландтарин манзалат дар сохторҳои давлативу ҳизбӣ, сиёсиву ҷамъиятӣ мушарраф шавад. Аз ҷумла, котиби Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон, котиби якуми Кумитаи ҳизбии ноҳияи Фрунзе (ҳоло Сино)-и шаҳри Душанбе, муовини мудири шуъбаи корҳои ташкилию ҳизбии КМ ҲК Тоҷикистон, котиби Кумитаи ҳизбии вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд), котиби КМ ҲК Тоҷикистон, муовини Сарвазири Совети Вазирони Иттиҳоди Шуравӣ, ҳамзамон, депутати Шурои Олии Тоҷикистон ва депутати Шурои Олии СССР, муовини раиси Кумитаи Шурои Олии СССР оид ба кори занон, ҳифзи модару кӯдак фаъолияти босамар намуд, ки бозгӯи заковати беназир, донишу хиради воло, маҳорату малакаи олии роҳбарӣ ва сиёсатмадории сатҳи байналмилалии Биҳоҷал Раҳимова мебошанд.
- Соли 1989 аз байни занҳои Осиёи Миёна Биҳоҷал Раҳимова депутати Шурои Олии СССР интихоб шуду дар Москва фаъолият намуд, - ба хотир меоварад ходими намоёни давлатию ҳизбӣ Гулафзо Савриддинова. - Баъзан дар ҷамъомадҳои умумииттифоқӣ иштирок мекардем, муаллимро дар сафи бузургони давр, амсоли Валентина Матвиенко, Валентина Терешкова медидему фахр мекардем, ки зани тоҷик то ин дараҷаи баланди роҳбарӣ расидааст.
Биҳоҷал Раҳимова пас аз парокандашавии Иттиҳоди Шуравӣ соли 1991 ба диёри худ баргашт. Муовини вазири саноати ҷумҳурӣ таъин шуд. Дар баробари фарзандони садоқатманди кишвар дар омодаву доир шудани Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Тоҷикистон дар қасри Арбоб саҳм гирифт.
Имрӯз он лаҳзаҳоро ба ёд оварда, Биҳоҷал Фатҳиддиновна мегӯяд, ки маҳз талошу ҷонбозиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар Тоҷикистон фазои оромӣ, дӯстӣ ва ваҳдату муттаҳидӣ фароҳам омад. Мардуми тоҷик имкон пайдо кард, ки давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро поя гузорад ва устувор гардонад, ки аз беҳтарин дастовард дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик мебошад.
Биҳоҷал Раҳимова дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вазифаҳои муовини вазири саноати Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мушовири раиси вилоят, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо мутахассисони мақомоти вилоят, директори генералии корхонаи «Садаф» босамар кор кард.
Сездаҳ сол (1970 - 1983) аъзои раёсати Шурои занони Тоҷикистон буд. Имрӯз ҳам муаллим аз ҳаёти ҷомеа дар канор нест.
Хизматҳои бисёрсолаву пурсамари Биҳоҷал Раҳимова бо ордени «Нишони фахрӣ», унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ифтихорномаи Совети Олии Тоҷикистон ва ғайра қадр шудаанд. Биҳоҷал Раҳимова шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд буда, дар китоби «Ҳазор занони маъруфи дунё» мақом ёфтааст.
Муслима Раҳимова
рӯзноманигор