Таърих ва воқеияти сиёсии муосир собит месозанд, ки яке аз омилҳои муҳими таъмини ҳастии миллат ва давлатҳои миллӣ мавҷудияти ваҳдати миллӣ ҳамчун фазои ифодакунандаи ҳамгироӣ ва муттаҳидию ягонагии миллат мебошад.
Аҳамият ва зарурати воқеии ваҳдати миллиро таҷрибаи давлатдории тоҷикон тасдиқ менамояд. Раванди мазкур дар ҳар як ҷомеа ба таври хос шакл мегирад. Мавҷудияти зарурати иҷтимоию сиёсӣ, таърихию фарҳангӣ, эҳтиёҷоти гуногун, чи моддӣ ва чи маънавӣ, дар дараҷаи муайян метавонанд ба раванди ташаккул ва рушди ваҳдати миллӣ таъсири худро расонанд.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта, ифодагари мавҷудияти мушкилиҳои ҷиддӣ дар масъалаи ваҳдат ва ягонагии миллӣ дар Тоҷикистони ҳамонвақта маҳсуб меёбад. Хусусиятҳои ҳамзистии миллату халқиятҳои гуногун дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ, тарғиби ҳамаҷонибаи ғояҳои интернатсионализму маҳкумсозии миллатгароӣ то дараҷаи муайян таъсири худро ба раванди ташаккули худшиносӣ ва ифтихори миллӣ расонда буд. Дар масъалаи муайян намудани ҳувият дарки мансубият ба давлати шуравӣ аз дарки мансубият ба миллати худ бештар эҳсос мегашт. Созмону ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар замони бозсозӣ зуҳур карданд, василаи мазкурро фаъолона истифода карданӣ мешуданд, вале амалҳои анҷомдодаи онҳо то як дараҷа хусусияти хаотикӣ доштанд.
Дар заминаи халои идеологии бавуҷудомада пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ, шӯрандозии қувваҳои берунаю фаъолияти неруҳои нав ба сиёсат воридшудаи дохилӣ миллати тоҷикро ба арсаи ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд. Ин фоҷиа миллатро ба даҳсолаҳо қафо партофта, давлатро дар вартаи нестӣ қарор дод…
Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат ҷараёни минбаъдаи фалаҷи ҳокимиятро пешгирӣ ва ҳокимияти конститутсиониро барқарор кард. Шурои Олӣ ҳамчун мақоми қонунгузори кишвар идораи давлатро бар дӯш гирифта, тағйирпазирии минбаъдаи муносибатҳои сиёсиро роҳандозӣ намуд. Дар натиҷа қонунмандии ҳокимият аз ҷониби дигар субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол соли 1992 ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, истиқлолияти давлатии моро давлатҳои ҷаҳон пайи ҳам эътироф карданд. Ҷараёни мазкур собит месохт, ки ҳокимияти сиёсӣ дар Тоҷикистон дорои қудрат ва захираҳои зарурие гашта истодааст, ки барои амалӣ намудани иродаи сиёсӣ имконият медиҳанд…
Ҷомеаи ҷангзада ва парешонгаштаи тоҷик дар баробари дигар бохтҳо ба буҳрони эътимод ҳам дучор шуда буд. Набудани эътимод дар муҳити иҷтимоӣ ҳамчун зуҳуроти манфӣ маънидод мешавад. Эътимод аз сатҳи одии маишӣ сар карда, то сатҳи сиёсат хеле коҳиш ёфта буд. Дар чунин вазъи мураккаб маҳз Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимоми идораи давлатро дар даст дошт, тавонист тавассути талошҳои пайвастаи худ эътимоду бовариро дар ҷомеа пойдор гардонад.
Таърих борҳо собит намудааст, ки маҳз шахсиятҳои таърихӣ сабабгори наҷоти миллатҳо ва ҳатто тамаддунҳои алоҳида гаштаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории навини тоҷик маҳз ҳамон наҷотгарест, ки тавонист тавассути азхудгузариҳо миллатро наҷот диҳад, мушкилеро ҳал ва амалеро анҷом диҳад, ки дигарон натавонистанд ҳатто шиддаташро паст намоянд.
Ба ҷараёни музокирот ворид шудани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба натиҷаи дилхоҳ расидани раванди муколамаи байни тоҷикон такони ҷиддӣ гашт. Зеро ин нишонаи иродаи сиёсӣ ва майли Сарвари сиёсии давлат дар роҳи ба даст овардани сулҳ маҳсуб меёфт.
Густариши майл ва талоши созмонҳои байналмилалӣ, аз он ҷумла, СММ ва кишварҳои кафил – Федератсияи Россия, Қазоқистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва дигарон дар масъалаи ташкил ва баргузории раванди музокироти тоҷикон тақвият пайдо намуд. Дар натиҷа музокирот марҳила ба марҳила самараҳои навро соҳиб гашта, оқибат ба имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон замина гузошта шуд.
Имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, гузарондани ислоҳоти конститутсионӣ дар кишвар ифодаи ҷанбаи ҳуқуқии идеологияи сулҳ мебошад, ки тавассути ин амалҳо пояҳои субот боз ҳам устувортар гардонда шуданд. Ин нишонаи он буд, ки идеологияи сулҳ аз диди назариявӣ ба марҳилаи амалии худ ворид гашт.
Ҷанбаи фарҳангии идеологияи сулҳ дар мавқеъ пайдо намудани ғояи сулҳ ҳамчун рукни асосии идеология ифода ёфта, дар натиҷа ба ташаккули фарҳанги нави сиёсӣ дар ҷомеа мусоидат намуд.Фарҳанги нави сиёсии дар ин замина ташаккулёфта ба дасткашӣ аз зӯроварӣ, таҳаммулпазирӣ, гӯш карда тавонистани рақиби сиёсии худ, ташаккули муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва сиёсӣ асос ёфта буд.
Идеологияи сулҳ дар Тоҷикистон марҳилаҳои маъмулии ба шаклгирии идеологияҳои классикӣ хосро аз сар гузарондааст: марҳилаи назариявию консептуалӣ, ки фаъолият дар самти таҳия ва интихоби арзишҳо ва меъёру ғояҳои навро вобаста ба таҳкими сулҳ дар заминаи фалсафаи сулҳ дар бар мегирад; дар марҳилаи барномавию сиёсӣ арзишҳои зикргардида ба таркиби барномаҳои ҳизбӣ ва санадҳои дигари дорои хусусияти умумиҳатмӣ ворид шуда, баҳри раванди татбиқи онҳо замина гузоштанд; дар марҳилаи амалии он ғояҳо, арзишҳо ва меъёрҳои ташаккулёфта дар ҷомеа ва муносибатҳои ҷамъиятӣ татбиқи бевоситаи худро ёфтанд.
Таҳлили замина ва қонуниятҳои ташаккул ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки он дастоварди муҳиму таърихӣ буда, тавассути он миллати тоҷик ва беҳтарин анъанаву суннатҳои давлатдории он муаррифӣ гаштааст. Дар баробари ин, ба инобат бояд гирифт, ки ваҳдати миллӣ раванди давомдор буда, тақозо менамояд, ки он пайваста ҳифз карда шавад. Зеро омилҳои гуногуни дохилию беруние мавҷуданд, ки осебпазирии онро боло мебаранд. Аз ин рӯ, дар марҳилаи кунунии рушди равандҳои ҷаҳонишавӣ, қудратталабии факторҳои боиқтидори геополитикӣ ва талошҳо баҳри аз нав тақсим намудани ҷаҳон тақозо мегардад, ки чораҳои таъминкунандаи муқовимати устувор ба таҳдидҳо таҳия ва амалӣ карда шаванд.
Алҳол дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 созмону ташкилотҳои ҷамъиятии тамоюли гуногундошта ва 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият доранд. Ҳамаи онҳо ифодакунандаи манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ мебошанд. Фаъолияти онҳо дар доираи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мешавад. Онҳо дар навбати худ ҳамчун ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баромад мекунанд. Аксарияти онҳо аъзои Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Маҳз онҳо ба сифати механизми таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ дар ҷомеа баромад намуда, қудрат доранд дар таҳкими ваҳдати миллӣ таъсиргузор бошанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи тарҳи ваҳдатгароӣ дар ҷомеаи навини тоҷикон мебошанд. Иродаи устувори сиёсии ин шахсияти таърихӣ дар роҳи ҳалли низои таҳмилӣ ҳама монеаҳоро батараф сохта, масири субот ва ягонагию ваҳдатро равшан намуд.
Раванди ваҳдати миллӣ ҳамчун раванди доимӣ чораандешии пайвастаро ҷиҳати тақвият ва рушди минбаъда тақозо менамояд. Аз ин рӯ, дар ҳар як марҳилаи рушди ҷомеа зарур аст, ки дар самти устуворгардонии он чораҳои доимӣ андешида шаванд. Хусусан, замони муосири ҷаҳонишавии муносибатҳо тақозо менамояд, ки таҳдидҳои эҳтимолию рӯйирост, ки осебпазирии ваҳдати миллиро халалдор месозанд, бояд сари вақт ошкору бартараф карда шаванд.
Махфират ХИДИРЗОДА,
доктори илмҳои фалсафа,
профессор