Мутолиаи як матлаб оид ба корномаи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Турсуной Охунова дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» (ҳозира «Фирӯза») оташи меҳри ватандорӣ ба дили духтари деҳотӣ зад. Бо туғёни орзуҳои барҷаставу андешаҳои ояндасоз, сӯи идораи хоҷагӣ раҳсипор шуд. Баъди муколама бо раис Миралӣ Маҳмадалӣ арзи хешро ба унвонии роҳбарияти ноҳия расонд: «Чаро монои бонувони пешоҳанги замон набошем».
Ҳамин сон, ташаббуси ӯ дастгирӣ ёфту дар Омӯзишгоҳи касбии техникии ноҳияи Восеъ гурӯҳи духтарони механизатори мошинҳои пахтачинӣ таъсис ёфт. Баъди хатми омӯзишгоҳ санаи интизориҳои хотирмон фаро расид. Пиру барно корвони мошинҳоеро сӯи саҳрои пахтазор гусел мекарданд, ки дар паси чанбарак нахустин бонувони механизатор нишаста буданд.
Ғолибияти паёпай дар мусобиқаҳои меҳнатӣ, дастоварду пирӯзиҳо дар кишту парвариши маҳсулоти стратегӣ, пешбурду муваффақонаи бригадаи пахтакорӣ ва бо заҳмати хастанопазираш дар иҷрои нақшаҳои рекордии ҷамъоварии пахта соли 1965 механизатори пешқадам Гавҳарбӣ Пиракова ба унвонҳои Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ва «Механизатори хизматнишондодаи Тоҷикистон» сарфароз гардид. Пасон, бо дастоварду пешоҳангиҳо дар самтҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ, иштироки фаъолона дар ҷаласаву анҷуманҳои ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳои ҳамҷавор, суҳбату вохӯриҳо бо нахусткайҳоннавардон Юрий Гагарин, Валентина Терешкова ва дигар нухбагони сиёсиву қаҳрамонҳои машҳури собиқ шуравӣ тули даҳсолаҳо номи ӯ дар сархати расонаҳои хабарии мамлакат қарор дошт.
- Чанд рӯз пеш Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба аёдатам омада буд, як соат аз фаъолиятҳои меҳнативу рӯзу рӯзгоронам пурсон шуд, - иброз дошт Гавҳарбӣ Пиракова. – Агар ҳамаи достонҳоямро рӯйи сафҳа меовардам, он китоби бузурге мешуд, аммо афсӯс, ки бо гузори вақт бештари лаҳзаҳои фараҳбахши ҳаётро фаромӯш карда истодаам.
Гавҳарбӣ Пиракова соли 1942 дар рустои Бӯйдоқободи ноҳияи Муъминобод чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар яку ним - дусолагии ӯ қиблагоҳаш аз олам даргузашту модар бо се писару ду духтар дар нимароҳи зиндагӣ монд. Соли 1949 хонаводаи онҳо низ дар қатори даҳҳо сокинон барои азхудкунии заминҳо ба ноҳияи Восеъ муҳоҷир мешаванд. Гавҳарбӣ ҳамон сол ба мактаби деҳаи Меҳробод ба синфи якум рафт. Баъди хатми дабистон аллакай дар корҳои хоҷагӣ ёвари модар буд. Ҳисобро нағз медонист, аз ин рӯ, ӯро ҳисобчии бригадаи комсомолону ҷавонони хоҷагӣ таъин карданд.
- Соли 1960 дар маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ маро ба симати муовини раиси хоҷагӣ оид ба корҳои маданӣ - маърифатӣ пазируфтанд. Дар он давра ҳам ба истиснои номи вазифа дигар тамоми самтҳои фаъолияти муовин оид ба иҷтимоиётро иҷро менамудам. Орзуи механизатори мошинҳои пахтачинӣ шудан, гардиши муҳиме дар масири зиндагиам гардид ва баъди хатми таҳсилоти ронандагӣ соле то 150 тонна пахта ҷамъ меовардам. Ғолибияти бузург ва нақши пешоҳангиву парчамбардориҳои як панҷсола дар мусобиқаҳои меҳнатӣ ва сазовори унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гаштанам, боис гардид, ки акнун ба ҷаласаҳои сатҳи гуногун даъват мешудам. Зимни танаффуси яке аз чунин ҷаласаҳо котиби якуми ПК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов баъди тавсифу таърифи дастовардҳоям таъкид намуд, ки бо ташкили бригадаи механиконидашуда омӯзиши таҷрибаи пешқадамро барои дигар хоҷагиҳои пахтакор ба роҳ монам. Баъди бозгашт аз пойтахт дар заминаи 74 гектар бригадаи зарбдор таъсис дода, сар аз соли баъдӣ бо дастоварду натиҷаҳои беназири истеҳсолӣ намунаи ибрати дигарон будем.
Тайи се даҳсолаи мусобиқаҳои сотсиалистӣ 11 нафар заҳматкаши ноҳияи Восеъ сазовори унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гардид, 10 нафари онҳо узви хоҷагии ба номиЛенин буданд, ки роҳбариашро раиси номдор Миралӣ Маҳмадалиев ба уҳда дошт.
Дар авҷи камолоти касбӣ ва пирӯзиҳо Гавҳарбӣ Пираковаро ба мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд фиристоданд. Баъди чаҳор соли таҳсил ва азбар намудани илму таҷрибаи пешқадами сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба Восеъ баргашта, ба симати дастурдиҳандаи кумитаи иҷроияи ноҳия фаъолият бурда, солҳои 1975 - 1980 котиби ташкилоти ҳизбӣ ва муовини раиси хоҷагии ба номи Киров (ҳоло ба номи Худоёр Раҷабов), ҳафт сол раиси деҳоти Гулистон ва аз соли 1987 то соли 1992, раиси хоҷагии ба номи Худоёр Раҷабов буд.
- Баъди саҳибистиқлолии Ватан ва кӯшишу заҳматҳои бесобиқаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замин соҳиби аслии хешро ёфт ва имрӯз кишоварзӣ манбаи асосии пешбурди рӯзгори деҳотиёну таъмини амнияти озуқаворӣ ва омили ғанигардонии бозори истеъмолӣ мебошад. Илова ба таъсиси хоҷагиҳои инфиродӣ, инчунин, 75 ҳазор гектар ҳамчун заминҳои президентӣ ба сокинони деҳот ҷудо шуд, ки бо ин васила мардум аз қаҳтиву гуруснагӣ наҷот ёфта, ҳолиё ин қитъаҳои ёрирасон манбаи асосии таъмини рӯзгори халқ ба ҳисоб мераванд. Аз соли 1992 раиси қитъаи пахтакорӣ, солҳои 1999 - 2006 котиби Ҷамоати деҳоти Гулистон ва баъд то синни нафақа ҳамчун роҳбари бадеии маҷмуи мадании деҳоти мазкур фаъолият доштам, лаҳзаи фориғ аз масъулиятҳои ҷамъиятӣ дар замин кор мекардам. Беҳтарин айёми умр синну соли нафақа будааст, ки инсон бо кӯлбори таҷрибаи бузургу ибратомӯз барои некуаҳволии ҳамдеҳагони худ зиндагӣ мекардааст,- хандида изҳор дошт Гавҳарбӣ Пиракова. – Осудагии Тоҷикистон аз иқдомҳои бузурги созандагии фарзандони барӯманд аст. Сониян, меҳру муҳаббати беандоза ба замин дорам. Ману номзадам Қурбоналӣ Алиев зери савту навои як думбраву як сарояндаи маҳаллӣ тӯйи арӯсиву домодӣ гузаронда, савори асп ба хонаи бахти худ омадем. Тули ҳаёти хушбахтона шаш фарзанд ба воя расондем, ки имрӯз духтаронам Гулчеҳра, муаллпми забон ва адабиёт, Таҳмина омӯзгори Коллеҷи тиббӣ, Саида омӯзгори фанни кимиёву биология, Рустам дар Вазорати маориф ва илм, Хусрав дар МД «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, Саъдӣ соҳибкор асту дар корҳои хоҷагидорӣ дастёри падару модар.
Бо гузори баҳори ҷавонӣ, шояд мисли солҳои пешин чусту чолок набошад, аммо ишқу муҳаббаташ ба деҳқонӣ бештар буда, ҳолиё ҳам ризқи худро аз замин меҷӯяд.
- Чун дар бораи ман чизе навиштан хоҳӣ, албатта, қиссаро аз замин оғоз намову фарҷомашро ҳам,- зери андешае идома дод суханашро Гавҳарбӣ Пиракова. - Баъди Модар - Ватан муқаддастарин вожа барои ман замин аст, ки аз баёнаш дилам тар мешавад. Чаро ки хушбахтиву саодати зиндагиро аз замин ёфтаву ҳоло ҳам ҳамдаму ҳамрозам замин аст. Аз баракати саъю талошам дар ин ҷода ба унвону ҷоизаҳои гуногун, мошину мотосиклҳои гуногунтамға қадрдонӣ шуда, идораи тамоми намуд нақлиёту техникаҳои кишоварзиро таҷриба кардаам. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки дар он дидори таърихӣ бо кайҳоннаварди №1 – и дунё Юрий Гагарин ман аз ҷасорату пайроҳаи паси сар намудааш мепурсидам ва ӯ бошад, аз кору пайкори мо дар хоҷагӣ таваҷҷуҳ нишон медод.
- Баъзан, атрофиён аз ҳисси эҳтиром мегӯянд, ки дигар аз кори саҳро мураххас шуда, дар хона истироҳат намоям. Аммо чӣ чора, ки зиндагиро бе кору бори замин тасаввур карда наметавонам ва шукри шуғлҳои заминкорӣ, ки худро берун аз ҳаёти деҳот ҷудо эҳсос намекунам,- мегӯяд Гавҳарбӣ Пираковаи қаҳрамон.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Восеъ