01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МОҲШАРИФИ «НАСИМИ СУБҲ»

 

Mohsharifi-nasimi-subh1Рӯзи корӣ дар радио тавре оғоз мегардад, ки назираш дар ягон идораи дигар нест. Кормандон рӯ ба рӯ меоянд, салом медиҳанд ва сипас, ҳар кадоме аз пайи ташвишу ҷустуҷӯ мешаванд.

Дар радио аз журналисти одӣ то сармуҳаррир ҳама пуркору серташвиш, вақти холӣ надоранд. Ҳамеша банди кореанд. Дар маҷлису мулоқот, суҳбату чапира ширкат меварзанд, назорати эфирро ба ҷой меоранд, барномаҳоро мешунаванд, навиштаҳои хабарнигорони ҷамоативу ҷавонони коромӯзро таҳриру такмил медиҳанд.

Сардори раёсати радиои ҷумҳурӣ Моҳшариф Холиқова низ аз зумраи онҳост. Замоне сармуҳаррир буд ва вазифаи мушкилу пурмасъулиятро ба уҳда дошту серкору пурташвиш буд. Сармуҳаррири аз ҳама ҷавон ва роҳбари идораи «Насими субҳ» буд. Вале, сарфи назар аз ҷавонӣ, ҳама кору масъулиятеро, ки ба уҳда дошт, софдилона ва аз рӯйи виҷдон ба ҷой меовард. Аз кори бисёр, ташвишу такопӯ ва супоришҳои зиёд ҳаросе надошт ва мондагиро эҳсос намекард. Баръакс, кораш пешраву муваффақият ёраш буданд.

Дар як фурсати кӯтоҳ тавонист худро ҳамчун роҳбари босалиқа, уҳдабаро, соҳибистеъдод муаррифӣ намояду барномаи «Насими субҳ»- ро ба яке аз беҳтарин барномаҳои Ра­диои Тоҷикистон табдил диҳад. Он овон дар ҷаласаҳои эҷодӣ аз фаъолияти хуби ин идора ва кормандонаш ёдовар шуда, намунааш мехонданд. Шореҳон барномаи мазкурро ҳамеша аз доштани сабку услуби хос, тарзи баён ва тариқи хуби пешниҳоди мавзуъҳо ва чандин афзалиятҳои дигараш таърифу тавсиф менамуданд. Эшон ин ҳама пешрафтро ба Моҳшариф нисбат медоданд ва мегуфтанд, ки бо омадани ӯ кор дар ин идора ранги тоза гирифт, мазмуну мундариҷаи барномаҳо тағйир ёфтанд ва дар онҳо эҷод, ҷустуҷӯ, бозёфт, навгӯию навҷӯӣ ва тозабаёнӣ ба мақоми аввал баромадаанд.

Сирри дастовардҳои Моҳшариф дар ин буд, ки ӯ корро аз усули одии таъсиррасонӣ, яъне роҳбар бояд худ намунаи ибрат бошад, оғоз кард ва ба ин васила, андеша, фикр ва мақсаду манзурашро дар амал ба ҳама кормандон нишон дода тавонист. Ҳамчун роҳбар барои беҳтар гардондани сатҳу сифати барномаҳо вақти зиёдеро сарф мекард. Аз ҳама бештар ба эфир мебаромад, бо донишмандон ва коршиносони соҳа суҳбатҳои мустақим анҷом медод…

Имрӯз ин ҳамаро ба хотир оварда, кас беихтиёр ба андеша меравад, ки воқеан, корҳоеро, ки сармуҳаррир дар як рӯз анҷом медиҳад, бемуҳобо, барои як нафар бас мушкил аст. Аммо он айём ӯ ин ҳамаро бо муҳаббат ва самимияте, ки нисбати касбаш дошт, саҳлу осон гардонда, ба як машғулияти дӯстдоштаи эҷодӣ табдил дода буд.

Моҳшариф вақти зиёдашро барои такмилу сайқал бахшидани маҳорати журналистии ҷавонон масраф менамуд. Дар радио ин бисёр муҳим аст, ки сармуҳаррир одилона, оқилона ва софдилона бо ҷавонон, хосса ба онҳое, ки нав ба кор омадаанд, дар муомилаю муошират бошад. Моҳшариф дар ҳалқаи ҷавонон буд ва ҳеҷ гоҳ муҳаббаташро аз онҳо кам намекард. Ҳамроҳашон ба эфир «мебаромад», имкон медод, ки садояшон мустақилона дар мавҷ мавҷ бизанад.

Моҳшариф Холиқова чун журналисти муваффақ то ба дараҷаи муовини директор ва сардори раёсати радиои Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ камол ёфт. Имрӯз, сарфи назар аз вазифа, барои барномаи дӯстдоштааш -
«Насими субҳ» маводи хубу шуниданӣ эҷод менамояд, суҳбатҳо анҷом медиҳад. Зеро рисолати эҷодкори воқеӣ чунин аст.

З. Ҷомї

Mohsharifi-nasimi-subh2

:.  Чеҳра 18.04.2022 10:28 650

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz