Силсилаи қиссаю мақолаҳои хонданбобаш ба Саҳобахон Ҳусейнова аз рӯзгори занони соҳибдил – Зайнаббибӣ Шокирова, Гулафзо Савриддинова, Башорат Раҳимова, Муҳиба Ёқубова, Кубро Собитова, Ҳамрохон Олимбоева ва Гавҳар Мирҷумъаева рӯйи чопро дида, манзури аҳли фаҳм гардидааст. Қаҳрамонони қиссаю мақолаҳояш тахайюлӣ нестанд, балки онҳоеанд, ки умре чун ӯ дар вафои Ватану миллат ҳастии худро фидо намудаанд.
Барои комилу дар кӯраи зиндагӣ пухта гардидани ҳар кас воқеае сабаб мегардад. Соли 1975 сафари эҷодии аркони адаб Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Аминҷон Шукӯҳӣ ба шаҳри Исфара дар бунёди тафаккури ӯ гардиши куллӣ ба бор овард. Аз ҳамон овон ба шеъру шоирӣ, эҷодкорӣ дилбастагӣ пайдо намуд. Гоҳ - гоҳ лаҳзаи ҳаяҷонангези вохӯриро бо ин абармардони адабиёт ёдоварӣ менамояд:
- Дар синфи шаш ё ҳафт мехондам. Дар мактабамон (МТМУ № 12) бо шоирон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар пешорӯи онҳо шеъреро хонда, аз ғояти ҳаё ва изтироб сурх шудам. Аз шарм ҷабин ва рухсораҳоям арақшор гаштанд. Ҳолатамро дида, устод Боқӣ Раҳимзода бо меҳрубонӣ гуфтанд:
- Аҷаб шеъри пурмаъно хондӣ, духтарам! Ҳамаро бо лаҳни овозат мафтун сохтӣ. Исто, ки худат чӣ ном дорӣ?
- Аз таърифу тавсифи шоири бузург ҳам хурсанд шудаму ҳам ҳаяҷони ботиниам афзуд. Базӯр бо овози пасту ларзон гуфтам:
- Сабо…
- Ваҳ, ваҳ, чӣ номи зебо, чӣ исми пурмаъно. Сабо, насим, фасли гулу овози булбул ҳамагӣ бо ҳам тавъаманд. Ҳуснат ба номат менозаду номат бо ҳуснат. Ту ҳақиқатан ҳусни сабоҳ ҳастӣ, - гуфтанд бо табассуми меҳрубонона…
Ҳамон маврид ба ишораи устод эътибор надода будам. Бо гузашти солҳо боре ҳамин лаҳзаи ҳассос ба хотирам расиду дар навиштаҳоям исми мустаори «Ҳусни Сабоҳ»-ро гирифтам. Тавлиди ин номро метавон як хотираи ширин ё дасти дуои устод Боқӣ Раҳимзода унвон дод.
Ӯ роҳбари идораи бузургест, ки аз он ба ҳар як хонадони сокини шаҳри Исфара ламъаи нури маърифат ворид мегардад. Ин нур торикиҳоро дар чашму дилҳо, дар афкору ақидаҳо, дар сукути манзилҳо зудуда, назари мардумро ҷониби равзанаи ҳувияти миллӣ, таълиму тарбия, фарҳангу тамаддун, Ватану ватандорӣ, меҳру садоқат ҷалб месозад. То аз мутолиаи ҳар як ҳарфу ҳиҷои маводи рӯзномаю маҷаллаҳо чашми хирад гардаду аз неъмати истиқлол сар ба афлок афрозем.
Варо хурду бузурги шаҳри Исфара ҳурмату эҳтиром менамоянд. Зеро дар оини дӯстию дӯстёбӣ устувор аст. Аз дӯст ба ҷуз дӯст муроде намехоҳаду ҳаргиз нахостааст. Эҳтироми дӯст пешорӯи ӯ аз ҳама арзишҳо болою волост. Кордонию садоқати ӯро дар ҳамаи идораҳои сатҳи гуногун медонанду қадр менамоянд.
Шогирдони зиёд дорад. Назари мӯшикофу дили худогоҳаш аз ҳар як гӯшаю канори шаҳру деҳоти Исфара ҷавонони соҳибистеъдодро меҷӯяду меёбад. Онҳо зери офтоби меҳри ӯ тарбия меёбанду ба сӯйи қуллаҳои баланд боли парвоз мекушоянд. Аз шаҳрҳои Москваю Душанбе, Хуҷанд занг зада, бо лафзи ширин «очаҷон», «модарҷон» ва «бибиҷон» - аш мехонанд. Магар барои инсони соҳибхирад аз ин дида ифтихори бузурге ҳаст?! Ӯ низ онҳоро чун фарзандонаш дӯст медорад. Зимни сафарҳои корӣ ба Душанбею Хуҷанд аз ҳолу аҳвол ва хониши ниҳолакони навраси худ хабар мегирад. Аз пешравиашон меболаду менозад, барои фориғболиашон меҳрубононаю модарона коҳиш намуда, ба роҳи рост ҳидоят менамояд.
Саҳобахон ҳамаи зинаҳои мансабро дидаю ширинию талхии онро эҳсос намудааст. Фаъолияти худро нахуст аз мураббии боғчаи бачаҳо оғоз намуда, баъди хатми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун мушовири раёсати маориф, котиби масъули идораи кор бо ноболиғони мақомоти шаҳри Исфара, мудири шуъбаи ташкилӣ ва раиси комиссияи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара фаъолияти пурсамар бурдааст.
Мегӯянд, агар дар пушти ҳар марди муваффақ зани бузурге истода бошад, пас дар пушти ҳар зани комёб оилаи аҳлу тифоқ меистад. Ҳоҷӣ Юнусҷон бо фарзандону келину набераҳо дар ҳама ҳолатҳо мададгораш ҳастанд. Бе дастгирии онҳо дар зиндагӣ эҳтимол ӯ комёб намешуд. Оилаю оиладориро пояи устувори давлат ва муқаддасоти ҳар як инсон меҳисобад. Фарзандонаш Комилхон, Шаҳнозахон, Некрӯзхон ва Беҳрӯзхон соҳибмаълумоту номбардори падару модаранд. Шавҳари меҳрубон, чаҳор фарзанди дилбанд, ёздаҳ набера ва ду келини худро сидқан дӯст медорад. Аз буданашон шукр мегузораду мефахрад. Охир, онҳо пораи дилу ҷигараш мебошанд. Баъди ташвишу тараддудҳои сершумор ва масъулияти душвори роҳбарӣ, паҳлую канори аъзои оила макони фароғати ҳамешагии ӯст.
Аз моҳи марти соли 2006 ҳамчун роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази алоқаи почтаи Исфара» фаъолият мебарад. Дар ин мақому вазифаҳо боре дигар нашудааст. Ҳар қадар ба зинае баландтар баромадааст, вазни тавозуъ ва одамгариаш низ афзун гаштааст.
Фаъолияти пурсамари Ҳусни Сабоҳ бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм, Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Вазорати алоқа, раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Исфара қадр шудааст. Саҳобахон Ҳусейнова ҳамчунон бо нишонҳои Аълочии маориф, матбуот, фарҳанг ва устоди алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Исматуллои АБДУЛЛО,
рӯзноманигор, шаҳри Исфара