Њини тањсил дар курси якуми Университети давлатии Тољикистон ба номи В. И. Ленин (њоло ДМТ) соли 1980 бори нахуст, њангоми гузар ба њавлии Донишгоњ, дар намои бинои факултети геология барелйефи Сорољон Юсуфоваро дидам. Бароям боварнокарданї буд, ки бонуи тољик геолог, маъданшинос ва дар ин љода ба чунин ќуллањои баланд расида бошад.
Дар хусуси рўзгори ин шахсияти наљиб, машъали дурахшони илми геологияи ватанї баъдтар огањї пайдо намуда, дар дил ифтихор кардам, ки бонуе дар соњаи басо вазнин, ки њатто ќисме аз мардон ѓайрат намекунанд, муаллими азиз, пешсаф ва машъалбардор дар ин соња мањсуб меёбанд. Ва, хушбахтона, Сорољон Юсуфова ба ќуллаи баланди илмї – академикї расиданд.
Муаллим 5 майи соли 1910 дар шањри Бухорои шариф, дар оилаи косиб (пиллапаз) – и камбаѓали серфарзанд дида ба дунё кушудааст. Нав ба синни дањсолагї ќадам нињода буд, ки модараш аз дори дунё гузашт ва ў чанде дар хонаводаи оилаи пайвандон, сипас дар интернати давлатии њукумати нав маъво ёфт.
Соли 1925 онњо ба шањри Сталинобод (њозира Душанбе) кўч мебанданд. Њамон сол баъди хатми мактаби миёнаи нопурра аз байни се тан аз довталабон Сорољонро ба техникуми тиббии шањри Тошканд тавсия медињанд.
Ў бахши кимиёю дорусозиро пазируфт. Дар техникум бо бањои аъло мехонд. Устодон дар симои ў фотењи ќуллањои дурахшони илмро медиданд. Дере нагузашта Сорољон муњассили факултети кимиёи донишгоњи раќами яки Иттињоди Шуравї - Университети давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов мешавад.
Духтараки зираку чобук мањз дар Донишгоњ ба умќи пешаи интихобкардааш мерасад. Солњои тањсил, њини таљрибаомўзии истењсолї донишманди мумтоз, минеролог ва геохимики машњур академик А. Ферсман донишљў – шогирди фаъол ва хориќулодаро ба њайати экспедитсияи геологии худ шомил намуд. Онњо дар биёбони Туркманистон тањќиќот мебурданд.
Донишгоњро бо ихтисоси геолог – геохимик хатм намуда, аз рўи масали хуби тољикї «оњанро дар гармиаш мекўбанд» амал намуд. Барои идомаи корњои илмї ба шуъбаи аспирантураи Институти гилшиносии Академияи илмњои СССР ба номи В. Докучаев шомил гашта, ба омўзиши таркиби кимиёвию минералии илмњои навоњии Љумњурии Ўзбекистон шуѓл варзид. Соли 1939 рисолаи илмиашро муваффаќона њимоя кард. Шоёни зикр аст, ки Сорољон Юсуфова аз байни бонувони тољик аввалин номзади илмњои геологияю минералогия мешавад.
Соли 1939 дар Тољикистон институти геологї мављуд набуд. Аз ин рў, ўро ба Институти геологияи Ўзбекистон рањнамун сохтанд ва ў ба сифати корманди калони илмї ба фаъолият пардохт. Шуруъ аз њамон овон вай ба омўзиши соњаи кимиёю маъдан ва пайдоиши гилњо, намуди онњо ва хусусиятњои лёссњо (зардхок) рў меорад.
Боиси ифтихор ва шарафмандист, ки Сорољон Юсуфова дар миќёси Осиёи Миёна якумин шуда лабораторияи рентгению термикию литологиро асос гузошт ва аз соли 1942 роњбари он таъин гардид. Давраи душвортарин барои мамлакати пањновари шуравї – замони Љанги Бузурги Ватании солњои 1941 – 1945 Сорољон Юсуфова ба омўзиши сифат ва њолати майдонњои фурудгоњњои њарбии аќибгоњ мепардозад. Њамзамон, донишманди муваффаќ дар бозёфт ва истифодаи канданињои маъдании ба муассисањои њарбї иртиботдошта ёрї мерасонд. Нишони зањматњои ин бонуи донишманд дар ин љода Сипосномаи фармондењи округи њарбии Туркистон мебошад.
Пас аз њимояи рисолаи докторї Сорољон Юсуфова ба Љумњурии Тољикистон омада, роњбари сектори филиали Тољикистонии Институти геологияи АИ СССР, баъдтар соли 1949 бо фармони Совети вазирони ИЉШС роњбари кафедраи геологияю гилшиносї таъин мегардад.
Њамон сол, њангоми таъсиси кафедра њамагї ду тан омўзгори доимї дошт: профессор С. Юсуфова ва ассистент А. Шатская. Муаллим бомаром аз пайи таъсису пурра намудани њайати омўзгорон, профессорон ва дотсентон камар барбаст. Њамин тавр њайати кафедра аз њисоби донишмандон М. Кухтиков, А. Проскуро, Р. Баротов, В. Шестаков, О. Чедия, Д. Чедия, А. Данилов, Ш. Ќобилов, К. Янилов ва дигар мутахассисони соња мураттаб гашт.
Боиси ёдоварист, ки Сорољон Юсуфова муаллифи нахустин китоби дарсї дар соњаи геология ва маъданшиносї бо забони тољикї мебошад. Китоби «Геология ва элементњои минералогия ва петрография» (1963) аз дасти чоп баромада, барои донишљўёни техникуму донишгоњњо њадияи бебањое шуд.
Муаллим сар аз соли 1949 то охири умр мудири кафедраи минералогия ва петрография (маъданшиносї)-и Донишгоњи миллии Тољикистон буд.
Соли 1951 дар заминаи шуъбаи Тољикистонии АИ СССР Академияи илмњои РСС Тољикистон таъсис ёфт. Баробар бо олимон ва донишмандони барљастаи Тољикистон устод Садриддин Айнї, Бобољон Ѓафуров, Мирзо Турсунзода, А. Семёнов, Б. Ниёзмуњаммадов, Н. Смолский нахустин бонуи донишманди соњаи геология Сорољон Юсуфова аъзои АИ Тољикистон интихоб гардид, ки ин мояи ифтихор аст.
Он айёми фарањбахш муаллим, њамзамон, дар факултети географияи Институти педагогии шањри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ба донишљўён аз фанни геологияи маъданшиносї дарс мегуфт.
Тули фаъолияти мењнатї профессор Сорољон Юсуфова бо забонњои гуногун зиёда аз 100 монография, китобњо, маќолањои илмї ва публитсистї таълиф намудааст. Асарњои «Михаил Василйевич Ломоносов», «Ќуттичаи сењрнок», «Мафтуни санг», «Писараке аз кўњсор», «Хуни суѓдї» ва чанде дигар муште аз хирворро мемонанд.
Хидматњои шоёни С. Юсуфова бо ордени «Нишони Фахрї» (1950), медали «Барои хизматњои шоён» (1954), унвони «Ходими шоистаи илми Тољикистон» (1960) ќадр шудааст.
Асарњои илмии ў ба тадќиќи хусусиятњои минералогї ва таркиби кимиёвии гил, лёсс (хоки зард, зардхок) ва геохимияи элементњои људогонаи химиявї бастагї доранд. Профессор С. Юсуфова дар ду монография: «Хусусиятњои минерологии лёссњои Осиёи Миёна» (1951), «Хусусиятњои минерологии лёссњои водии Вахш» (1958) ва маќолањои илмиаш проблемањои мазкурро мавриди тадќиќи њамаљониба ќарор додаанд.
Соли 1987 техникуми геологию иктишофии шањри Душанбе (њозира Коллељи кўњї) номи Сорољон Юсуфоваро гирифт. Дар намои бинои факултети геологияи Донишгоњи миллии Тољикистон лавњасанги хотиравї (барелйеф) насб шудааст.
Сорољон Юсуфова аввалин доктори илмњои геология ва минералогия (1948), аввалин профессор (1950), академики соњаи геология ва минерологияи Тољикистон (1951), яке аз машъалафрўзони рушди соњаи геология мањсуб ёфта, дар љустуљўи боигарињои ќаъри замин сањми назаррас дорад.
Машъали соњаи геологияи ватанї, доктори илм, асосгузори мактаби минералњои Тољикистон, аввалин академики Академияи миллии илмњои Тољикистон аз байни бонувони тољик Сорољон Юсуфова 15 майи соли 1966 дар синни 56 – солагї аз дунё гузашт.
Имрўз мактаби бузурги машъалафрўзи соњаи геологияи тољик академик Сорољон Юсуфова побарљост. Кори муаллимро шогирдони ќобилаш идома мебахшанд ва дар рушди он сањм мегиранд.
Умари ШЕРХОН