Кенҷамоҳ НУРАЛИЕВА:
- Аз ношукрии бархе, ки аз осудагӣ ва шароити фароҳамбудаи замони соҳибистиқлолӣ носипосӣ менамояд, ҳайратзадаам. Ҳоло ҳам байни мардум тарғибу ташвиқ кам аст. Чун солҳои баъдиҷангии замони шуравӣ деҳа ба деҳа гашта, ҳаёти осоиштаро тарғиб бояд кард, то мардум донанд, ки ин ҳама некрӯзиҳо осон ба даст наомадаанд, - бо эҳсоси баланд бо ин гуфтаҳо суҳбатро оғоз намуд муаллим.
Кенҷамоҳ Нуралиева 55 соли ҳаёти хешро сарфи пешаи омӯзгорӣ намудаву алҳол бознишаста аст. Қиссаҳо аз зиндагиномааш аҷиб ва бағоят омӯзандаанд. Лаҳзае чанд аз рӯзгори ин бонуи фидоии касб ва таҷрибаандӯхтаро пешкаши хонанда мегардонем.
Ҳарфҳои рӯи хоку рег
Давраи бачагиам, ки ба солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъди он рост омада буд, хеле душвор гузаштааст. Он лаҳзаҳоро бе оби чашм ба ёд оварда наметавонам. Замони барқарорсозӣ дар синфҳои 5 – 6 мехондам. Ба хотири серҳосил шудани заминҳои колхозӣ мо - наврасон аз дуриҳо хоку пору сари китф оварда, ба заминҳои кишт мерехтем. Бо шиори «Пахта боигарии мамлакат!» мардум ба по рост буд, то ҳар чи ҳосил зиёд шаваду зиндагӣ хуб гардад.
Зиндаятимӣ дидем. Чорхоҳарон бо «гуноҳ» - и бачазой набудани модар зиндаятим мондем. Падар хонадони моро тарк карду ба хотири писар ёфтан зани дигар гирифт. Вале ҳар боре падар ба дидорбиниамон меомад, модар таъкидамон мекард, то эҳтиромашро ба ҷо орем. «Падар қиблагоҳ аст. Аз чор пиру чор такбир якеш падар аст, беҳурматӣ накунед», - мегуфт модар.
Дарсхонӣ низ мушкилиҳо дошт. Китобу дафтар ва қалам фаровон набуд, ки ҳар соҳибзавқ аз он истифода барад. Навиштани ҳарфҳо ва ҳисобу китоби арифметикаро рӯи хоку рег омӯхтаам.
Бо хоҳиши худ ва розигии модар соли 1957 ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб дохил гаштам.
Омӯзгор шудам
Баъзан мепурсанд: кӣ боис шуд, ки пешаи омӯзгориро интихоб намудам? Ҳамаи омӯзгороне, ки бароям дарс гуфтанд, бо усули хоси худ тавонистанд меҳри касбро дар қалбам ҷой созанд. Аз ҳар муаллим кор ва маҳорат омӯхтам.
Сентябри соли 1962 фаъолияти омӯзгориамро аз мактаби зодгоҳ, деҳаи Танобчии ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик) оғоз намудам. Баъдан ҳамроҳи ҳамсарам Аҳмад Гулаков (равонаш шод бод), ки муаллими фанни физика буд, ба яке аз мактабҳои ноҳияи Ғарм ба кор рафтем. Аз соли 1966 фаъолияти омӯзгориамро дар Ҳисор идома бахшидам.
Солҳои 1977 - 1986 директори мактаб, раиси Иттифоқи касабаи соҳаи маориф ва илм, то соли 2012 мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҳисор будам. Дар баробари талабаҳоям 5 фарзанди худро низ ба воя расондам, ки имрӯз баҳри нафъи Ватану миллат заҳмат мекашанд.
Омӯзгор кист?
Модар омӯзгори аввалини инсон аст ва ӯст, ки ба фарзанд ёрии маънавӣ мерасонад. Ҳадаф аз ин гуфтаҳо ин аст, ки волидон набояд монеи таҳсили духтарон бошанд. Ё ин ки пеш аз хостгорӣ ваъдаи идома додани таҳсили арӯсшавандаро мекунанд, вале баъди тӯй иҷозат намедиҳанд, то духтар соҳибкасб шавад.
Аз он ки омӯзгорӣ пешаи мушкил аст, на ҳар ҷавон ин касбро интихоб мекунад. Пеш аз ҳама, маоши ками омӯзгорӣ ба ин боис аст. Баъдан, аксаран тасодуфӣ шомили донишкадаи омӯзгорӣ мешаванд, бахусус писарон ба хотири ба аскарӣ нарафтан ба донишкада меоянд. Омӯзгор ҳосили ширини меҳнаташро пас аз солҳои тулонию интизориҳо мебинад…
Овози омӯзгор низ ашёи дарсист
Усули фаъоли таълим дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр гардид. То соли 1924 ин усул дар мактабҳои шуравӣ ҷорӣ буд. Ин усули интерактивист, ки тариқи он ҳатто хонандаи сустхон иштирокчии фаъоли дарс мебошад. Табиист, ки яке бо сабаби беморие кундзеҳн аст ва ӯ гунаҳгор нест. Шояд дар азхудкунии дарсе суст аст, вале расмҳои зебо мекашад. Яъне, ҳар нафар бо истеъдоде таваллуд шудааст.
Баҳо ба хониши на ҳар хонанда таъсир мерасонад. Дар таҷрибаи корӣ дидам, ки барои ба кӯча нигоҳ кардан, китоб наовардан ё салом нагуфтан, ба хонанда баҳои «2» мегузоранд. Баҳои «2» низ бояд қимати худро дошта бошад. Интизом дигар аст, дониш дигар.
Баъдан, муаллим овозро эҳтиёт кунад. Он бояд нарму мулоим садо диҳад. Овоз низ дар омӯзишу таълими хонанда нақши муҳим дорад. Овози муаллим ашёи дарсӣ аст.
Табиист, ки бачаҳои фаъолро арҷ мегузорем, бачаҳои сустхон аз мадди назар дур мемонанд. Набояд хонандагонро ба гурӯҳҳо ҷудо созем, зеро онҳо низ узви ҷомеа мебошанд. Дар таҷрибаи корӣ хонандагоне буданд, ки бо баҳои қаноатбахш мактабро хатм карданд ва имрӯз нафъи онҳо зиёдтар ба ҷомеа мерасад. Рисолати омӯзгор тарбия намудани инсони комил аст.
4 нома ба 4 тараф
Мехоҳам чор нома иншо намоям ва ба чор тараф бифиристам. Номаи аввал ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:
- Муҳтарам Президенти кишвар, дар баробари он ки барои пешрафту рушди соҳаи маориф заҳматҳо кашиданд, мехостам, телевизиони махсусе бо ибтикорашон ба фаъолият пардозад, то тариқи барномаҳо дарсҳои муаллимони таҷрибадор намоиш дода шаванд. Омӯзгорони ҷавон аз ин барномаҳо баҳра гиранд ва дар ҷараёни фаъолият истифода баранд.
Номаи дувум ба вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ ва ба ҳамин маънӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мудирони маорифи шаҳру навоҳии мамлакат:
- Душворфаҳм будани китобҳои дарсӣ масъалаи рӯз аст, ки ҳатто муаллимони хатмкардаи донишгоҳҳо на ҳар вақт ба мазмуни он сарфаҳм мераванд. Супоришҳое, ки барои дар хона иҷро намудан ба хонанда дода мешаванд, ҳеҷ иртиботе ба мавзуи гузашта надорад. Пас, хонанда чӣ гуна метавонад, он амалҳоро мустақилона ба сомон расонад.
Ё китобҳое, ки дар гурӯҳҳои русӣ барои хонандагони тоҷикзабон тавсия шудаанд, ба талабот ҷавобгӯ нестанд Мисол, дар китоби адабиёти барои синфҳои 8 мероси нависандае қариб нисфи китобро фаро гирифтааст, вале дар саҳифаҳои баъдӣ ҳамагӣ чанд сатре ё саҳифае дар мавриди ҳаёту эҷодиёти адибони дигар гуфта шудаасту бас.
Баъзан барои вазифаи хонагӣ ба хонанда аз ҳад зиёд азёдкунии шеърро муаллим супориш медиҳад. На ҳар кӯдак қобилияти зуд аз худ намудани шеърро дорад ва ниҳоят дар анҷом додани дигар супоришҳои хонагӣ мушкилӣ мекашад. Ба василаи расмҳо (портрет, пейзаж) хонандаро ба эҷодкорӣ тарғиб бояд намуд. Он чизе, ки мебинад, иншо намояд. Ин усул низ хотираро қавӣ ва ҳисси эҷодии хонандаро бедор месозад.
Қ. НЕЪМАТУЛЛО,
шаҳри Ҳисор