Порае чанд аз ҳаёти журналисти шинохта,
сармуҳаррири рӯзномаи «Маориф ва маданият» Бӯринисо Бердиева
Бо Бӯринисо Бердиева, журналисту муҳаррири варзида охирҳои садаи бист, замони донишҷӯиям дар маҳаллаи Лучоби ноҳияи Варзоб, он ҷое, ки ӯ мезист, ошно шудам. Се рӯз бо ҳам суҳбат доштем. Аз ҳар гуфтааш як ҷаҳон маъно мебардоштам. Имрӯз, ба назарам, он дидор лаҳзаи нотакрореро дар ҳаётам мемонад. Ӯ соҳаи журналистикаро жарф медонист, дар бораи бонувони машҳури кишвар ва минтақаю ҷаҳон, далелҳои ҷолиби зиёдеро ба хотир меовард. Солҳои сармуҳаррирӣ борҳо заҳри нокомиҳоро чашидааст, вале ҷасорати мардона ин зани муборизро ҳамеша ғолиб, яктану якрӯ нигоҳ медошт…
Пораи аввал
Аз идора бо хаёли парешон баромад. Боди газандаи шомгоҳи зимистон барфрезаҳоро ба сару рӯй зада роҳгардиро душвор мегардонд, вале ҳоло он қадар асабӣ аст, ки сардиро ҳис намекард.Фардо ба рӯи наздиконаш чӣ хел менигарад? Онҳо чӣ мегӯянд? Не, бовар нокарданист, ки дар бастани маҷалла ӯро гунаҳкор донанд. Охир, муҳаррири бефаъолият гуфта, маҷалларо набастаанд-ку? Баҳонаҳои дигар пеш оварданд. Аксар бархӯрдоранд, ки давраи муҳарририаш маҷалла нашрияи бонуфузе шуда буд. Пас, чаро нарасидани қоғазро баҳона карда, маҷалларо мебанданд? Аз ин дида нашрияҳои дувумдараҷа бисёранд- ку?! Андешаҳои муғлақ то чанд ӯро беҳолу бемадор мекарданд. Суръати роҳгардиаш суст мешуд.
Ҳамон бегоҳ гирди дастархон кӯшиш мекард, ки худро чун рӯзҳои пешин хушҳол вонамуд созад. Вале дар умқи дилаш кадом кулфате ноаён чун як пораи абри сиёҳе дар осмон тирагӣ мекард. Шаб ҳам хоби бароҳат нарафт.Нашрия акнун ба дили хонандагон роҳ меёфт, ки дарашро қуфл заданд.
Бӯринисо Бердиева аз охирҳои моҳи сентябри соли 1961 муҳаррири маҷаллаи «Тоҷикистон» таъин шуд. Шумораи даҳуми он бо имзои ин зани мубориз ба табъ расид. Воқеан, ӯро шиносу ношинос то лаҳзаҳои вопасини умраш «Журналисти мубориз» меномиданд. Аз рӯзҳои аввал ӯ ба қолабшиканӣ роҳ кушод. Рӯз аз рӯз мазмуну муҳтавои маҷалла бо мақолаҳои танқидӣ рангу ҷилои дигар мегирифт. Мекӯшид навиштаҳо бештар дарди мардумро ифшо созанд. Ҳарчанд барои ҳаҷву танқид аз ҳар ҷониб гап мешунид, хурсанд буд, ки бо ҳамин роҳ ҳеҷ ҳам набошад, қадре барои пойдории адолати иҷтимоӣ хидмат ба ҷо меорад. Дар муддати кӯтоҳ маҷалларо азизи мардум гардонд, муштариён афзуданд. Танқидҳои обдор бархе аз курсинишинҳоро хуш наомад, ки кӯшиши бастани маҷалларо карданд. Ибтидои соли 1963 онҳо ба мақсади худ расиданд. Нашри маҷаллаи «Тоҷикистон» қат гашт ва муҳаррир ҳам як муддат бекор монд.
Пораи дувум
-Рӯзе аз Кумитаи Марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон занг зада гуфтанд, ки ба газетаи «Маориф ва маданият» сармуҳаррир таъин мешавӣ, - ба ёд оварданд муаллим. - Рӯзи шиносоӣ ба идораи рӯзнома омада, шоҳиди манзараи аҷибе шудам. Баъзеҳо бо ман кор кардан намехостаанд. Ба газета омаданамро фаҳмида, ҳатто як-ду нафар аризаи истеъфо навишта буд. Агар Бӯринисо сармуҳаррир шавад, мо корро бас мекунем. Ё мо ё ин зан меистад, – мегуфтанд бархе аз кормандони газета. - Ман зуд моҳияти ин «бозиҳо»- ро фаҳмидам. Ҳамон рӯзи аввал хотиррасон кардам: «Хоҳед-нахоҳед, як моҳ бо ҳам кор мекунем. Баъд ихтиёратон, касе ки нахоҳад, албатта, ҷавоб медиҳам». Намояндаи КМ ҳам вақти аз идора баромадан таъкид кард: «Хоҳарам, як илоҷ карда дили бачаҳоро ба даст оред».
Принсипи худро, ки давраҳои сармуҳаррирӣ дар газетаи ноҳиявӣ ва маҷаллаи «Тоҷикистон» доштам, ҷорӣ намудам. Корро аз вазифаи касбии журналистон сар кардем. Мухбирони редаксия барои идорашинӣ ҳамеша коҳиш мешуниданд. Ба ғайр аз навбатдор дар идора касе намемонд. Ҳар журналист барои шумораи навбатӣ сари вақт маводи худро омода месохт. Дигар ин, ки системаи бо телефон факт гирифтани мухбиронро қатъиян манъ кардам. Медидам, ки атроф пур аз камбудӣ, вале дар матбуот ҳамоно таърифу тавсифҳо идома доштанд. Аз ин рӯ, таъкид кардам, ки аз таърифҳои хушку холӣ даст кашанд. Бештар камбудиву иллатҳои ҷомеаро ҷуста, мақолаҳои проблемавӣ нависанд. Журналистонро ба таълимгоҳҳо ва нуқтаҳои маданию маишии ҷумҳурӣ мефиристодам. Таваҷҷуҳи мардум ҳам ба газета дигар шуд. Рӯз аз рӯз ба почтаи редаксия мактуби зиёд меомад. Корафтодагон ба идора ҳам меомаданд. Хуб медонистам, ки ин ҳама фошгӯиҳо ба гурӯҳе писанд намеояд. Ба ҳар восита роҳи буғӣ кардани рӯзномаро меҷустанд. Ҳамин ки пайти муносиб меёфтанд, зуд ба ҳуҷум мегузаштанд. Вале ҳамеша ҳақ ба ҳақдор мерасид…
Муаллим лаҳзае сукут варзид. Шояд солҳои сармуҳаррирӣ дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» чун навори кино аз лавҳи хотирааш мегузаштанд. Хотираҳо чунон бисёр, ки намедонист кадомашро иброз дорад. Баъди як моҳи роҳбарии ӯ касе аз кор нарафт. Медиданд, ки ин зани ғамхор тамоми рӯзи худро барои кори нашрия, ба манфиати ходимони адабӣ сарф мекунад. Барои ҳар кори майда-чуйда эрод намегирад. Гапаш дар рӯи одам. Ғайбатро бадтарин хислати инсон мехонад, адабиётро дӯст медошт, мақомхонҳоро эҳтиром мекард ва бе театр зиста наметавонист. Вақте ки кори шумораи навбатии рӯзнома тамому ба рӯзи дигар матлабҳо омода мешуданд, бо ҳамкорон ба театр мерафт.
Сармуҳаррир истеъдоди хосаи роҳбарӣ дошт. Пагоҳӣ баробари ба кор омадан, аввал ба ҳамкорон во мехӯрду ҳол мепурсид, сонӣ ба ҳуҷраи кориаш мегузашт. Мухбирони редаксияро ҳамеша таъкид мекард, ки бештар мақолаҳои хабарнигорони ҷамъиятиро таҳрир ва ба нашр омода созанд. Дар 23 соли сармуҳарририаш Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе ду дафъа ба ӯ хонаҳои чорҳуҷрагӣ дод. Вале ҳар ду дафъа ҳам хонаҳоро ба мухбирони газета дод. Худаш дар хонаи куҳнаю фарсуда мезисту ҳамкорони серфарзандро дар хонаҳои нав ҷой мекард.
Пораи савум
Сармуҳаррир дар идора нақшаи кории ҳафтаро мекашид, ки ҷавони тахмин 27–28-солае дарро боз кард.
-Мумкин, муаллим,-пурсид ҷавон. -Ҳа, марҳамат, - гуфта аз ҷояш нимхез шуд. -Ягона умедам ба газетаи шумост,- сухан оғоз кард ҷавони дар изтироб буда.-Бовар дорам, ки кумак мерасонед.Чанд моҳ аст, ки хонандаи синфи 8 Н. ба мактаб намеояд. Ман роҳбари синфи онҳо ҳастам. Н. толибаи фаъол. Ба хонаашон рафтам. Падару модараш мегӯянд, ки ӯро ба мактаби дигар фиристодем. Ҳатто справка ҳам пешниҳод каранд, вале ба гуфти дугонаҳояш ӯро маҷбуран ба шавҳар додаанд. Охир, беинсофӣ аз ин зиёд намешудагист. Илтимос, муаллимҷон, ёрӣ диҳед, ки дигар духтарон низ дар ҳамин хавф қарор доранд…
Рӯзи дигар Бӯринисо Бердиева ба мактаб мухбир фиристод. Муаллими ҷавон ҳақ баромад. Бо «ташабус»-и яке аз директорҳои мактаби миёнаи ноҳияи Ҳисор чандин духтарон таълимро пеш аз муҳлат тарк мегуфтанд.Ӯ духтарони ноболиғро ба воситаи падару модарашон аз деҳаи дигар оварда, ба шиносу ошноҳои худ никоҳ мекард.Ба замми ин боз ба мактабе, ки духтар дар он таҳсил мекард, маълумот пешниҳод менамуд, ки номбурда дар мактаби ӯ таҳсилро давом медиҳад. Кормандони рӯзнома сири директорро фош карданд…
Пораи чаҳорум
Соли 1965 - ро аз хотир дур карда наметавонист. Дар яке аз бюроҳои КМ ҲК Тоҷикистон барои ҳимояи рӯзномаи худ зиёда аз як соат сухан ронд. Дар хотироташ он лаҳзаҳо сахт нақш бастанд. Медонист, ки он рӯз як зумра мансабдорон ӯро аз кор озод карданианд, зеро онҳо тавассути рӯзнома сахт танқид шуда буданд. Вале ба мақсад нарасиданд. Котиби якуми ҲК Ҷ. Расулов Бӯринисоро ҳамеша ҳимоя мекард, зеро суханҳои вай саропо ҳақиқат ва адолат буданд. Аммо фишори онрӯза ба торҳои асаби бонуи ҳақиқатпараст таъсир кард. Се моҳ дар беморхона хобид.
Солҳои 60 -70-уми асри ХХ дар доираи Иттиҳоди Шуравӣ Бӯринисо Бердиева дуюмин зане буд, ки рӯзномаю маҷаллаи ҷумҳуриявиро сарварӣ мекард. Ҳодисаҳои таъқибкунии мухбирони фелетоннавис на як бору ду бор мушоҳида мешуданд. Вале рӯзномаи «Маориф ва маданият» ҷилави танқидро ҳеҷ гоҳ аз даст намедод.
- Аз ҳама муҳимаш он буд, ки маводи танқидӣ қурби худро дошт,- ба ёд меовард муаллим. - Мақолаҳои танқидиро ҳамоно ба муҳокима мегузоштанд. Байни мову танқидкунандагон баҳсҳои тулонӣ мерафт.Ҳар тараф худро ҳақ мешумурд. Вале мо мудом дастболо будем.
Ана ҳамин тавр ин зани ҳақҷӯю ҳақнигор барои он ки нашрия минбари омма бошад, аз шиносбозию воситабозиҳо гузашт мекард. Дар ҳамон солҳои вазнин, ки аз номи миллат ва дар бораи он сухан гуфтан ниҳоят душвор буд, «Маориф ва маданият» аз вазъи ҳаррӯзаи фарҳангу маданияти халқи тоҷик ва қадимӣ будани тамаддуни мо мақолаҳо чоп мекард. Шеъру мақолаҳои як зумра рӯшанфикрон, ки муаллим ба чопаш иҷозат медод, қадамҳои аввал дар ҷодаи худшиносии миллӣ буд. Вале, аз тарафи дигар, ин мақолаҳо боиси он мешуданд, ки сармуҳаррир дар ҷаласаҳои бузург сурху сафед мешуд.
- Ин ҳамаро бо имрӯз қиёс карда, фарқи зиёдеро мебинам,- гуфта буд дар охири суҳбаташ муаллим. –Мо журналистони касбӣ дорем. Ҳатто ба чанд нафари онҳо ихлосманд низ ҳастам. Вале аксар вақт маводи танқидии онҳоро намехонам, ки боиси нигаронист.
Анҷом
Ҳини суҳбат ӯ дигар он ҷавонзани болобаланд, он сармуҳаррири сахтгир набуд. Рухсораю пешонаашро ожангҳо мақом гирифта буданд. Вале ӯ ҳамон Бӯринисои хушсухану озодандеш монда буд. Ботини ӯ ҳамоне ки буд, ҳамон аст. Ҳанӯз ҳам аз навоқиси ҷомеа дилаш ба дард меомад…
Шукр, ки имрӯз мисли ӯ журналистон дорем, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон парчамбардори журналистикаи тоҷиканд.
Рустами НАЗИР