«Зиндагӣ кинаи кӣ буд, ки мӯямро сафед карду рӯямро пурожанг. Дидаам пурнам буду ба зарофати «Поёни шаби сияҳ сафед аст» дилро таскин мебахшидам. Ба умед зистам, ки шояд тақдирсози умр боре муждаи некам медиҳад. Аммо гузори умр такрор ёфту боз бадбахтиву ману дидаҳои пурнам. Оҳ, бо чӣ қалам қисмати талхи маро бинвишта…»
Ба ин монанд домани 200 таронаи маҳсули «Чашму чароғ» - и Сурайё, ки ба тозагӣ пешкаши хонандагон гардид, аксандозе аз рӯзу рӯзгорони пурасрори яке аз ровиёни маҳбуби барномаҳои дилафрӯзи радио ва телевизиони вилояти Хатлон мебошад, ки пайвандону ҳампешагон, дастпарварону дигар атрофиён дар симои ӯ бонуи хушгилу табиатан ором ва дар зиндагӣ хушбину муваффақро тасаввур мекунанд.
Аз тазоду тафовутҳои ҳаёти воқеӣ то мухотаби олами таронаҳояш ду дунёи монои шабу рӯз аз ҳам фарқкунанда дорад. Чуноне дар ҷодаҳои касбӣ ҳамеша пештозу хушҳол ва дар пайи расидан ба ҳадафҳои пешгирифтааш хушбину тавонманд ба назар менамояд. Аз мутолиаи таронаҳояш пеши назар мирзои ишқи бузурге таҷассум меёбад, ки дарду ғами ҳиҷронро бо сабр ва ранҷи интизориҳоро бо иншои андешаву эҳсосоти ниҳонӣ малҳам мебахшад.
- Дар талошу такопӯи зиндагӣ тарбияву ба воя расондани фарзандон ё чи дар анҷоми рисолати касбӣ азму иродаи устувор мебоист, то лаҳзаи мушкилу монеаҳои пешомад гирифтори эҳсосоти навмедиву нотавониҳо нагардам, - розҳои нуҳуфтаро мекушод ҳамсуҳбатам. - Баҳори умри мо бо ранҷу азоби нахустин санҷишҳои ҳаётӣ ва бардошти андуҳи орзуҳои барбодрафтаи ҷавонӣ сипарӣ гардид. Чун баъди хатми МТМУ №56 ва издивоҷи нокому бо ду тифли маъсум ба хонаи падар баргашта, тули шаш сол ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ба фаъолият пардохтам. Дар миён касби дӯзандагӣ ва баъдан курси шашмоҳаи ҳамшираи шафқатро хатм карда, ба хотири зеҳнамро ба коре банд намудан, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ пешкорӣ мекардам. Ҳамин сон, баъди иштирок ва сазовори баҳои баланд гардидан дар Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» яке аз ҳакамони озмун устод Муҳаммад Ғоиб, ки он вақт раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилоятии Хатлон буд, маро ба идораи радио ба кор даъват бинмуд.
Сурайё Мерганова соли 1997 фаъолияташро ба ҳайси нотиқи Радиои вилояти Хатлон оғоз намуда, ҳамзамон, таҳсилро дар шуъбаи ғоибонаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав идома бахшид. Аз соли 2003 нахуст ровии барномаҳои иттилоотии Телевизиони вилояти Хатлон, баъдан пуртамошобинтарин барномаҳои телевизионии «Чароғи маърифат» ва «Ҳунаромӯз» – ро пеш мебурд. Дар замони авҷи камолоти касбӣ, ки аз чеҳраҳои ҷавони барномаҳои иттилоотиву фарҳангии Телевизиони вилояти Хатлон ба ҳисоб мерафт, илова ба хонабардӯшиву мушкилиҳои иҷтимоӣ тарбияи фарзандону таъминоти хонаводаро ҳам бар дӯш дошт.
Ба гоҳи суҳбат чун кори таъҷилие пеш меомад ё лаҳзаҳои ба зангҳои телефонӣ ҷавоб гуфтанаш, ҳамоно ба дунёи таронаҳои дилангезаш рӯ меовардам: «Дар дили шаб маломати мардонаат диламро шикаст. Ба худ гуфтам: «Боз ҳам сабур бош, ки бомдод мерасад».
Бо мурури кору таҷрибаи ду даҳсола дар соҳаи радио ва телевизион, сипас, муҳаррири бахши «Субҳи Хатлон» таъин шуд ва аз соли 2018 бад - ин сӯ, вазифаи сармуҳаррири Радиои вилояти Хатлонро бар зимма дорад. Аз соли аввали роҳбарӣ пахши барномаҳои радиоро аз чаҳор ба 9 соат расонда, инак, як сол мешавад, ки ба пахши шабонарӯзӣ гузаштаанд. Имрӯзҳо ҳайати эҷодии радио бо таҳияву омода намудани 60 барномаи гуногуни иттилоотӣ, сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ – фароғатӣ, варзишӣ ва дигар очерку равзанаҳои ошноӣ, ҷамъ 24 соат дар робита бо шунавандагон қарор дорад.
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони радио 90-умин солгарди Радиои тоҷик ва 44-солагии таъсисёбии Радиои вилояти Хатлонро низ бо дастовардҳои арзандаи эҷодӣ истиқбол гирифтанд. Бо ташаббусу дастгирии раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон сол аз сол ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои беҳтари эҷодӣ ва, ҳамзамон, баланд бардоштани сатҳу сифати пахши барномаҳои радио иқдомҳои ҷиддӣ гирифта мешаванд. Ҷараёнҳои фарогири ҷаҳонишавӣ тақозо менамоянд, ки баҳри таъмини фазои иттилоотӣ ва мафкурасозӣ дар ҷомеаи гуногунмиллат бо хабару рӯйдодҳои саҳеҳ ва фароҳам сохтани минбари вокунишҳо алайҳи душманони идеологӣ ВАО-и кишварро мебояд чораҳои мушаххас биандешанд.
-Дар ин росто бо ҷалби кадрҳои ҷавони риштаи рӯзноманигор – тарҷумонӣ ба мо муяссар гардид, ки муҳимтарин рӯйдодҳои рӯзмарраи дохилӣ ва хориҷ аз кишварро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешкаши шунавандагон гардонем, ки ин аз самтҳои муҳими сиёсати идеологии ҳар кишвари соҳибистиқлол арзёбӣ мегардад, - изҳор дошт Сурайё Мерганова.
Аҳли эҷоди Радиои вилояти Хатлон ба хотири ҳифзи нуфузу эътибор ва тақвият бахшидани нақши радио дар тарбияву ташаккули афкори ҷомеа ҳамеша дар талошу заҳмати содиқонаанд, то дар пайравӣ ба собиқадорон ва қаламкашони пешини ин даргоҳи муқаддас, рисолати касбии хешро сарбаландона адо намоянд.
Ҷ. усмон,
шаҳри Бохтар