- Тарбияи хуб аз дили кас оғоз меёбад. Он қадре, ки тарбиятдиҳанда қалби меҳрубон дошта бошаду иродаи қавӣ, бечунучаро ба руҳияи кӯдакон нақш мегузорад. Дар тасаввури фарзанд волидон шахси хеле қавӣ, доно ҳастанд ва бояд чунин бошад. Дар ҳама ҳолатҳо мушкилкушову роҳнамои онҳо бошем. Бузургтарин туҳфае, ки волидон ба фарзанд медиҳанд, фазои муҳаббат сохтан аст. Зеро дар чунин фазо тифл афзалтару комил ба воя мерасад, - мегӯяд Тоҷиниссо Раҳимова.
Модар ба ҷуз узви оила, ҳамчунон, руҳу қалби хонадон аст. Хонаро муҳаббати модару меҳрубонии падар зеб медиҳанд. Чунин дӯстдориву эҳтиромро холаи Тоҷиниссо дар хонаводаи хеш эҷод кардааст. Бонуест, ки тамоми сокинони маҳалла ӯро мешиносанду иззаташро ба ҷо меоранд. Зеро ин бонуи фаъол нафари даст ба кор асту зиёда аз 30 сол дар пешаи пизишкӣ заҳмат ба бор дорад. Сарнавишташ саҳифаҳои маҳзунонаву хушнудиро пайи ҳам чидааст. Ҳанӯз се сол дошт, ки қиблагоҳашро аз даст дод. Модари хонашинаш 5 фарзандро саробон гашт. Чун вай дар дил пешаи пизишкиро мепарварид, барои расидан ба мақсадаш талош варзид.
Соли 1973. Аз деҳаи Кушкаки Мазори ноҳияи Ҳисор ягон духтар барои таҳсил ба марказ наомада буд. Бо дастгириҳои хоҳарбузургаш, Тоҷиниссо аввалин духтаре буд, ки ба коллеҷи тиббӣ дохил шуд. Ва қоидаҳои ғайриимкони деҳаро имконпазир карду бо рафтору кирдори намунавиаш роҳро барои духтарони минбаъдаи деҳа ҳамвор намуд. Пас аз хатми коллеҷи тиббӣ соли 1977 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар риштаи духтури кӯдакона таҳсилашро идома дод. Дар курси чорум оила бунёд кард. Шавҳараш ҳам пешаи пизишкиро дошту дастгиру мададгори ҳамдигар шуданд.
Оилаи намунавӣ
Нависандаи амрикоӣ Ричард Дэвис мегӯяд: «Муҳаббат дар издивоҷ то замоне боқӣ мемонад, ки зану шавҳар ба андешаҳои ҳамдигар таваҷҷуҳ дошта бошанд». Ба ақидаи холаи Тоҷиниссо, садоқату поквиҷдонӣ, сабру таҳаммул решаҳои муҳаббатро дар оила мустаҳкам месозанд. Бо ҳамин андеша, ӯ тули 66 сол зиндагиро омӯхтаву сазовори ибрату ифтихори ҳамватанон гаштааст.
Ҳарчанд, ӯ пизишки кӯдакона буду баъзан то бевақтӣ бо беморон андармон мешуд, ба кору рӯзғори хонавода таъхир намекард. Барои хубтару беҳтар тарбия намудани фарзандон Тоҷиниссо Раҳимова боз таълими духтури пӯстро гирифт. Дар баробари таълиму тарбия ба фарзандон меҳнат карданро низ меомӯзонд. Се писару як духтараш то баргаштани падару модар аз кор, корубори хонаро анҷом медоданду волидонро бо хурсандӣ пешвоз мегирифтанд. Онҳо дар вуҷуди фарзандон ҳисси зебоипарастиву одамгариро мепарвариданд. Заҳматҳои волидон бенатиҷа намонданд. Имрӯз ду писарашон аз рӯи гуфтаи мероси падар хоҳӣ илми падар омӯз амал карда, касби пизишкиро ихтиёр карданд. Як писару як духтарашон дар соҳаи ҳуқуқ муваффақанд.
Ҳакиме ҳалим
Холаи Тоҷиниссо замони кор дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҳисорро ба ёд меорад:
- Лаҳзаҳое буданд, ки падару модарон умедашонро аз зинда мондани тифлашон меканданд. Вале мо мекӯшидем то тифлро наҷот диҳем. Пас аз сиҳат ёфтани кӯдак хотири мо низ болида мегашт. Зеро пеш аз оне, ки мо духтурем, аввалан модарем. Тамоми ҳиссиёти модарро дарк мекунем. Ҳоло ки бознишастаам, ҳанӯзам ба суроғам меоянд. Вақте инсон касбашро дӯст медораду сидқан кор мекунад, сазовори эҳтиром мегардад.
Номбурда дар тарбияи 14 набера саҳм дорад. Ҳар гоҳи ба аёдати бибӣ омаданашон, аввал аз таълиму тарбия сухан мегӯяду аз рафти таҳсилашон бохабар мешавад.
- Муҳаббати падару модар бениёзтарин чиз аст. Модарам бисёр зани меҳрубонанд. Зиндагии волидон барои мо-фарзандон як мактаб аст. Мактабе, ки дар он шуҷоату мардонагӣ, ростқавлӣ, накукорӣ, эҳтиром доштан аст. Мо мекӯшем дар партави ҳамин мактаб фарзандони худро тарбия намоем, то онҳо низ дар ҷомеа мавқеи худашонро пайдо намоянд,- мегӯяд писари хурдии хонадон Суҳроб.
Моми бузург келинҳои хонадонро дар қатори фарзандон ҳамеша насиҳату маслиҳат медиҳад. Модарам ба мо мегуфт, ки дар зиндагӣ вазнин бошед, санги вазнинро об намебарад,- мегӯяд модар.
- Боре дар кор будам, ки - ба ёд меорад холаи Тоҷиниссо, - келинам занг зад. Ман, салом дугона, нағзед, гуфта пурсидаму гап задем. Нафаре аз ҳамкорам пурсид, шумо бо кӣ гап задед, гуфтам бо келинам. Ҳайрон шуду шумо бо келинатон ҳамин хел гап мезанед, гӯён ҳайрон монд. Гуфтам, бале келин ҳам фарзандам аст.
Ба андешаи Тоҷиниссо Раҳимова хушбахтии оила дар он аст, ки зану шавҳар ҳамдигарро бесухан бифаҳманд. Эҳсос намоӣ, ки ӯ чӣ мушкилӣ дорад, чӣ гуфтан мехоҳад, то ёриаш расонӣ.
Хушбахтона, холаи Тоҷиниссо алҳол дар иҳотаи шавҳари меҳрубону фарзандони қадрдонаш рӯзгори осуда дорад. Даст ба дуост, ки дар Тоҷикистони азиз сулҳу субот пойдору фарзандони диёр баҳри хизмати Ватан доим дар ҳолати омодагӣ қарор дошта бошанд.
Фарзона ВОСЕЕВА