Раҷабгул Қосимова бо ҳунари нақшофариниаш дар санъати театрии тоҷик ситораи дурахшонеро мемонад. Дар зарфи 55 соли фаъолият дар театр дарду ғам, шодию нишот ва симои бузургии занро тариқи нақшҳои офаридааш таҷассум намудааст, ки то имрӯз аз лавҳи хотири тамошобини соҳибзавқу нозукбин сутурда нашудааст.
Ҳини суҳбат мекӯшид, то суҳбатамон на дар мавриди нақшҳои офаридааш дар театру кино сурат бигирад. Бештар аз замони кӯдакию наврасиаш ёдовар мешуд.
- Дар бораи ҳунарам бисёр гуфтаанд. Онҳое, ки санъатро эътироф мекунанд, солҳост маро мешиносанд. Кадом нақшҳоро офаридаам, аз кай завқи ҳунар дар дили ман пайдо шуд ва суолҳои ба ин монанд, кайҳо обшуста шудаанд. Беҳтараш аз рӯзгори гузашта сухан гӯем. Дилам ба ёди он рӯзҳо гум мезанад, - гуфт ӯ.
Раҷабгул Қосимова ба ёди даврони гузаштааш пайваст…
Ёди зодгоҳ, хонаву дари падар
-Ҳоло ки бознишастаам, хотираҳо аз замони кӯдакӣ то ба имрӯз пеши назар ҷилвагар мешаванд. Бахусус, ёди зодгоҳ бештар маро ба худ мекашад. Мардуми деҳа одоби хоси худро доранд, содадилу покандешаанд.
Шояд барои аксар бори аввал ба мактаб рафтан хотираи нахустин бошад. Вале маро пуштора карда, ба назди табиб бурдани модар, ки он кампираки меҳрубон ба таври худ гулудардамро табобат намуд, ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотирам дур намешавад. Муҳаббати он зан самимӣ буд, меҳрубониҳояш воқеӣ…
Ҳавлии падарро зуд – зуд ёд меорам. Вақте айёми гармо шабона дар рӯи ҳавлӣ хоб мекардем, субҳгоҳон бархӯрди чашмро ба аввалин шуоҳои офтоб, ки ҳаловати хосе дошт, фаромӯш намесозам. Аз он тарафи ҳавлӣ, ки харсанги азиме меистод, аз наздаш дарёчае мегузашт. Шилдирроси оби дарёча то ҳанӯз дар гӯшам садо медиҳад. Атрофи харсанг пур аз гули савсан буд. Руҳу чашм аз ин манзара роҳат дошт.
Ин муҳобот нест!
-Дар синни 5 - солагӣ ба мактаби деҳаи Заврони ноҳияи Панҷакент, зодгоҳам рафтам. Дар ин синну сол ба мактаб рафтанамро ба аксари рӯзноманигорон гуфтаам, вале касе аз онҳо дар навиштаашон инро зикр накардаанд. Шояд фикр мекунанд, ки ин муҳобот аст. Не, ин ҳақиқати ҳол мебошад. Дар ин давра аллакай китобу рӯзнома мехондам ва дар таълим аз ҳамсинфонам пешрафта будам. Муаллимон тавсифам менамуданд, ки дониши хубу зеҳни тез дорам.
Аз покдилии мардуми деҳ
- Омӯзгорони мактаб себародарон буданд. Онҳо бо донишу заковат ва маърифати баланди динӣ байни халқ эҳтироми хос доштанд. Дар баробари он ки аз илмҳои замона бархӯрдор буданд.
Дар забони хоҳарам захм баромад (ба истилоҳ даҳонпазак). Боре модар ба дастархон нони гарм печонда, косаи биринҷро ба ман дода, ба хонаи муллои деҳ фиристонд. Бояд он косаи биринҷро домулло дуохонӣ мекард. Аз пушти даричаи чӯбии мударрис садо кардам. Аз ҳавлӣ садое баланд шуд, то ки ман ба хонаамон баргардам ва падар ё бародарам ин ҷо ояд. Агар не, иҷозати духтарбачаро барои даромадани хонааш манъ кард.
Андешаҳо пок буданд, мардум нияти нек доштанд. Вале имрӯз бо паҳн шудани ҳар гуна овозаҳо дар мавриди бедарак шудани кӯдакону наврасон бархе аз калонсолонро парвое нест. Ҳол он ки медонанд, миёни ҷомеа бадандешаҳо, нопокон ва ваҳшисиратон кам нестанд!
Боз як хотираи дигаре дар мавриди поквиҷдонии мардуми деҳ.
-Падарам мудири ферма буданд. Боре 40 сар гӯсфанди ферма дар чарогоҳ гум шуд. Мебоист, ки маблағи гӯсфандонро падарам ба «давлат» мепардохт. Рӯзе падарам ботаассуф аз қарздориаш гуфт, ки агар дуи дигар писар медошт, қарзаш дар хиштрезӣ адо мешуд.
Аз он ки рустоҳои Андар, Чориф ва Завронро ба Вағаштон мекӯчонданд, барои сохтани работ хишт даркор буд. Бародарам дар шаҳри Самарқанд таҳсили илм менамуд. Ман 12 - сола будаму хоҳарам Рӯзимоҳ 9 сол дошт, хоҳарбузургамон соле аз мо калонтар буду бас. Тасмим гирифтем, то сехоҳарон қарзи падарро адо кунем. Падар моро ба дашти калоне бурданд ва сехоҳарон аз субҳ то шом лой мешӯридему хишт мерехтем. Ман як хиштрези дуқолаба доштам. Дар он ҷо аз хиштҳои тайёркардаамон барои зиндагии муваққатии мардуми кӯчбаста то обод шудани деҳаи Вағаштон бошишгоҳе сохтанд.
Ҳанӯз ҳам он бинои аз хишти лойӣ сохташудаамон дар деҳаи Марғедар бо номи бошишгоҳи Раҷабгул арзи ҳастӣ дорад. Ҳамин минвол, падарамро аз қарз наҷот додем. Баъдан хиштрезии мо чанд таътили тобистонаамон барои сохтани хона ва оғилу ошхона идома ёфт.
Мо ду духтарчаи наврас хишт мерехтем ва атрофамон ҳама ҷавонписарону мардон буданд, ки онҳо низ барои иморати хонаҳояшон хишт мерехтанд. Касеро ба касе кор набуд. Ин ҳам аз дилпокию некхоҳии мардуми деҳ дарак медод.
Чаро «актёр» шудам?
-Ба ин суол то ҳанӯз ҷавоби дақиқ нагуфтаам. То замони ҳунарманди шинохта шуданам, чӣ мушкилиҳоеро паси сар накардаам. Дар деҳае, ки ба воя расидам, мафҳуми «артист» ба касе маъқул набуд. Интихоби пешаам барои хонавода даҳшат буд. Касе аз бунаи авлод ҳунарманд шуданамро қабул надошт, бахусус, падарам.
Азбаски мактаби деҳаамон 7- сола буд, як гурӯҳ духтарон барои идомаи таҳсил ба мактаб – интернати деҳаи Колхозчиён омадем. Дар ин даргоҳ маҳфилҳои китобхонӣ, ҳунармандӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ ва раққосӣ амал менамуд. Пинҳонӣ аз волидон дар ин маҳфилҳо ширкат меварзидам. Аз минбарҳо қироати шеър мекардам, дар саҳнаҳо мерақсидам. Баъдтар падарам огаҳӣ ёфтанду бо ҳар мақолу ривоятҳо мехостанд, маро тарсонанд, то ба ин васила аз саҳнаи рақс дур шавам. Мегуфтанд, ки зане дар саҳна мечархид, ки замин кафиду ӯро фурӯ бурд. Баръакс, ҳангоми рақс гуфтаҳои падарро ба ёд оварда, чархзанон гирди саҳна мунтазир мешудам, ки замин чӣ хел мекафида бошад?
Ин шояд аз содагии як духтари деҳотӣ буд.
-Соли 1962 дар синни 15 синфи 10 – ро хатм намуда, бо маслиҳати ҳамкори падар ба Институти хоҷагии қишлоқ ба шаҳри Душанбе омадам. Аз он ки синну солам хеле ҷавон буд, ҳуҷҷатҳоямро қабул накарданд. Баргаштам ба деҳа.
Рӯзе дар сари роҳи деҳа бо кормандони театри халқии шаҳри Панҷакент вохӯрдам. Аз он ки аз маҳорату истеъдодам замони дар маҳфилҳо буданам ошно буданд, маро ба театр даъват карданд. Бонуи рақс, корманди театр Музаффара Муллошоева маро ба рақс даъват намуд. Баъдан, дар саҳнаҳои хурди театр нақш офаридам ва ниҳоят тақдири ман бо театр пайваст. Шояд ҷӯши ҷавонӣ буд, ки аз оқибати кор бо чӣ меанҷомад, фикр ҳам намекардам.
Ҳадафи ман танҳо амалӣ сохтани орзуҳоям буд.
-Вале он қадар нофаҳмиҳое, ки байни хонаводаамон шуд ва туҳмату буҳтоне, ки болои сарам рехт, то ҳанӯз зарбаи он вуҷудамро тарк накардааст.
Хушбахтона, имрӯз волидон фарзандонашонро барои омӯзиши нозукиҳои ҳунари рақс, навозандагию сарояндагӣ ба мактабҳо мебаранд. Аз пайи такмили истеъдоди ҷигарбандон мешаванд. Яъне, андешаи мардум нисбат ба ҳунару ҳунармандӣ ба куллӣ тағйир ёфт.
Боз ба хотири саҳна
Соли 1966 ширкат дар фестивали ҳунарии ҷумҳуриявӣ боис шуд, ки дуюмбора шаҳри Душанберо бинам. Намоишномаи «Қиссаи Зайнаббибӣ» аз ҷониби ҳакамон баҳои сазовор ва соҳиби ҷоиза гардид. Соле пас бо ин намоишнома дар Даҳаи адабиёту санъати Тоҷикистон дар шаҳри Масква иштирок намудам. Он замон М. А. Горбунов ректори Институти театрии ба номи Луначарский буд ва аввалин вохӯрии мо бо ӯ дар шаҳри Душанбе сурат гирифта буд. Ӯро дар қатори тамошобинони театр дар шаҳри Москва дидам. Пас аз анҷоми намоишнома ба наздаш рафта, аз мақсадам огаҳ кардам. Фардои дигар ӯ маро ба донишкада бурд. Имтиҳон карданд ва якбора таҳсил дар курси дуюмро иҷозат доданд.
Давраи аввали таҳсил мушкил буд. Аз он ки бояд ба давраи хониши ҳамкурсонам баробар шавам, мебоист зиёдтар хонам, машқ кунам. Дар баробари он надонистани забони русӣ мушкили дигаре буд. Забонро дар се моҳ омӯхтам. Ҳар рӯз ба тамринҳои ҳаракати саҳна, оббозӣ, аспдавонӣ шуғл доштам ва хушбахтона, имтиҳонҳоро бомуваффақият супурдам.
Соле пештар аз хатм намудани донишкада Назрулло Муҳиддинов директори онвақтаи театри халқии шаҳри Панҷакент хостгорам шуд. Агарчи ӯ марди занмурда ҳам буд, вале ба хотири рӯи саҳна мондан розӣ шудам, ки ҳамсараш бошам. На барои он ки ӯро дӯст доштам ё дилам ба 5 фарзанди ятимаш сӯхта бошад. Ман аз қурбониҳои ӯ барои санъат чунин эҳсос менамудам, ки танҳо ҳамин мард метавонист, ки маро чун ҳунарманд байни мардум шинохта кунад.
Ва воқеан ҳам, шавҳар ва аҳли хонаводааш дар пешрафти кори эҷодиам нақши созанда бозиданд.
Ва ниҳоят…
Соли 1971 як гурӯҳ ҳамкурсон Қурбон Ҳомидов, Соҳибсултон Алиназарова, Малика Ҷӯрабекова, Дилбар Умарова, Ғолиб Исломов, Тағоймурод Розиқов, Шодӣ Солеҳ, Маҳмадалӣ Муҳаммадиев ва дигарон Институти театрии шаҳри Москваро ба итмом расонда ба Душанбе баргаштем. Фаъолияти мо аз Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмуд Воҳидов оғоз ёфт ва беҳтарин нақшҳои намоишномаҳо маҳз дар ин даргоҳ офарида шудаанд.
Мутаассифам, ки ҳамкурсонам Мавлуда Обидова ва Амон Қодировро аз даст додем. Барои дӯстони имрӯзаам, ки дар ҳаётанд, ҷонам дар тан меларзад. Орзу дорам, боқии умр бо ҳам бошем…
АНОҲИТО