Мунира Ғанизода:
Мунира Ғанизода дар хонадони аҳли илму маърифатпарвар зодаву ба воя расидааст, ки меҳру рағбати фарзандон ба донишҷӯӣ ва пажуҳиши мавзуъҳои гуногуни илми тиб, аз фарҳанги китобдориву донишварии падари бузургвораш, табиби ҳозиқ Худойдод Ғаниев сарчашма мегирифт. Дар баробари таваҷҷуҳи ҷиддии зодмандон дар тарбияву илмомӯзии фарзандон, таҳсили ибтидоии Мунира дар МТМУ №54 - уми ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рост омад, ки дар ҳама солҳо муддаиёни асосии медалҳои тилло маҳз дастпарварони ин таълимгоҳи овозадор буданд.
Ба гоҳи бозгашт ба хотираҳои овони мактабхонӣ сатрҳои зебохати дафтархотираҳои саршори розу ниёзҳои гуфтаву ногуфтаҳоям пеши назар таҷаллӣ мешаванд. Пас он, парвози назар андар саҳифаи орзуҳои ман қарор мегирад, ки замоне дар он бо ҳусни хату фаҳмишҳои наврасӣ нигошта будам: «Орзу дорам мисли падарам табиби номдору маҳбуби ҳамагон бошам. Шогирдони зиёд тарбия намуда, бо кашфи асрори табобати бемориҳои музмин даст ёфта, аз ворисони тибби Сино буданамро собит созам».
- Шукронаи дасти сарнавишт, ки бо гузашти садсолаҳои таърихи фоҷиабори миллат ва охирин ҳаводиси шаҳрвандӣ, халқи тоҷик меъмори сулҳу бунёдгарои Истиқлоли худ – Эмомалӣ Раҳмонро ёфт. Мурури начандон зиёди вақт мардум ба ҳаёти осоишта баргашта, остонаҳои худро ободу рӯшан намуданд, - изҳор дошт Мунира. – Соли 1994 бо ҳидояти зодмандон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, баъди хатм аз соли 2000 –ум ҳамчун табиби акушер - гинекологи таваллудхонаи вилоятии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар ба фаъолият оғоз намудам.
Мунира Ғанизода аз зумраи мутахассисони ҳирфаии самти танзими оила, солимии модару кӯдак ба ҳисоб рафта, давоми солҳои 2003–2012 дар вазифаҳои гуногуни марказҳои солимӣ-репродуктивии шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб фаъолият кардааст. Сипас, солҳои 2012–2015 мудири шуъбаи иттилоот ва робитаи воситаҳои ахбори оммаи Маркази миллии солимии репродуктивӣ буд. Аз соли 2015 директори Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Собиқаи тулонӣ дар ин ҷода, ки аз маърифатнокии модарон ҷиҳати риояи фосилаи таваллуд, истеъмоли дурусти ғизо, пешгирии ҳамли номатлуб то даҳҳо самтҳои муҳими вобаста ба солимии модару кӯдакро дар бар мегирад, аз табибон донистани илмҳои муосир, бозомӯзиву ҷидду ҷаҳди пайваста баҳри такмили касбиятро тақозо менамуд. Аз мушкилу монеаҳо пеши касе рози дил накушод, аз хатову камбудиҳо роҳи ислоҳ ёфту аз шикастурехти зиндагӣ дубора ба по шудан ва худшиносиву худсозӣ омӯхт.
Ҳосили завқу малакаи баланди ӯ ба корҳои пажуҳишӣ ин таҳияи 65 мақолаи илмиест, ки чун дастурамали таълимӣ барои донишҷӯёну олимони риштаи тиб хизмат ва дар татбиқи барномаҳои самти солимгардонии ҷомеа мусоидат менамоянд. Чун дигар ватандорони ҳувиятбаланд, ки Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд, Мунира Ғанизода дар ин соли фархундапай дар мавзуи «Муносибгардонии хизматрасонии солимии репродуктивии наврасон дар Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.
- Сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа бори дигар собит кард, ки дастгириву фароҳам овардани муҳити созанда барои таҳсилу фаъолиятҳои ҷамъиятии занону духтарони лаёқатманд кофист, то дар ояндаи наздик онон ба мартабаҳои лоиқ бирасанд, - мегӯяд Мунира.
- Тибқи таҳлилҳои оморӣ алҳол дар соҳаи тандурустии кишвар 75 ҳазор нафар табибу кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият доранд, ки 72 фоизи онҳо бонувонанд. Аз 652 нафар кадри роҳбарикунандаи соҳа 235 ё худ 36 дарсадро занон ташкил медиҳанд. Мавриди зикр аст, ки аз соли 1997-ум 1560 нафар духтари лаёқатманди кишвар ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино қабул шуд, 802 нафар донишгоҳро хатм намуд, ки аз ин 45 нафар дорандаи дипломи аъло мебошад.
Дар соли таҳсили 2020 дар аспирантураи донишгоҳ 43 тан ва дар докторантура 11нафар бону таҳсил дорад. Аз 891 мутахассиси унвони илмӣ доштаи соҳаи тандурустӣ 311 нафарро бонувон ташкил медиҳанд, ки аз ин теъдод 71 нафар доктори илмҳои тиб ва 240 нафар номзади илмҳои тиб мебошанд.
Дар доираи татбиқи санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ва барномаву стратегияҳои давлатии вобаста ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар соҳаи тандурустии кишвар низ барномаҳои муҳиме рӯйи кор омаданд, ки ба солимгардонии модару кӯдак ва беҳдошти шароитҳои иҷтимоии занону духтарон нигаронда шудаанд. Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ зодаи даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, имрӯз теъдоди марказҳои зертобеи он дар шаҳру навоҳии мамлакат ба 90 адад мерасад. Ба роҳ мондани муоинаи тиббии пеш аз издивоҷ, манъи никоҳи хешутаборӣ, ҷалби таваҷҷуҳи сокинон ҷиҳати ба таҳсилоти оливу касбӣ фаро гирифтани духтарон, аз байн бурдани хурофот ва дигар афкори қолабӣ, ки монеи раванди солимгардонии ҷомеа мешуданд, аз натиҷаҳои назарраси Маркази миллии солимии репродуктивӣ ва бахшҳои тобеи он дар ин давра ба ҳисоб мераванд.
– Агар ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар самти солимгардонии ҷомеа назар афканем, соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 2 ё 3 адад дастгоҳи ултрасадо буд, имрӯз шумораи онҳо ба садҳо адад мерасад. Нишондоди истифодаи маводи пешгирии ҳамли номатлуб солҳои пешин 19,5 фоиз буд, соли ҷорӣ он 40,5 дарсадро ташкил медиҳад. Исқоти ҳамл, ки дар он давра аз ҳазор зиндатаваллуд 159,6 танро дар бар мегирифт, айни замон ба 42,5 ба ҳазор зиндатаваллуд коҳиш ёфтааст. Умуман, қиёс ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ нишондодҳо дар самтҳои солимгардонии ҷомеа фарқият аз замин то осмон аст ва ин пешрафту беҳбудиҳо самараи замони Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар тамоми гӯшаҳои дурдасти Тоҷикистон муассисаҳои гуногуни тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор додаанд.
Ба ин хотир, фаротар аз фаъолияти касбӣ, ҳар нафар, ба хусус, фаъолзанони ҷомеаро мебояд, ки баҳри ҳифзи Истиқлоли кишвар, ки неъмати бебаҳост, саъю талош варзида, насли ҷавонро аз таҳдидҳои равониву фикриву идеологии неруҳои бадхоҳ, ки барои аз байн бурдани арзишҳои милливу фарҳангии кишварҳои тозаистиқлол дар фазои маҷозиву иттилоотии ҷаҳони муосир пайдо шудаанд, эмин нигоҳ дорем, - иброз дошт дар фарҷоми суҳбат олими шуҳратёр Мунира Ғанизода.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН