Зумрат Ғайбуллоева:
Чанде пеш аз ҷониби Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO) олими тоҷик Зумрат Ғайбуллоева барои кори илмии беҳтарин ва дар амал татбиқ намудани ихтироот, саҳмгузорӣ дар иҷрои ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар бо медали тилло қадр шуд. Дастоварди ин бонуро коршиносони соҳа пирӯзии ихтироъкории тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ медонанд.
Даричаи ошноӣ:
Зумрат Ғайбуллоева соли 1981 мактаби миёнаи №53-юми шаҳри Душанберо бо баҳои аъло хатм намуда, ба факултаи механикию технологии Институти политехникии Тоҷикистон дохил шудааст. Аз соли 1986 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ фаъолият мебарад. Соли 1993 соҳиби унвони илмии номзади илмҳои химия гардид.
Солҳои 2004–2008 муовини вазири саноат ва энергетикаи ҷумҳурӣ, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии ҳамин вазорат буд. Айни ҳол дотсенти кафедраи «Технологияи истеҳсолоти химиявӣ» аст.
Муаллифи 120 мақолаи илмӣ, 18 ихтироот, 6 патенти АвруОсиё, 6 васоити таълимӣ ва 1 монография мебошад.
Дар паноҳи илм
Номи ӯ дар доираҳои илмии Тоҷикистон шинохта аст. Самти пажуҳиши ӯ коркарди маъдан мебошад, ки барои Тоҷикистон барин кишвари кӯҳсор муфид аст. Таҳқиқоти ӯ аз таркиби маъданҳо гирифтани металлҳо ва унсурҳои фоидаовар аст, ки баъди коркард онро метавон ба бозори ҷаҳонӣ баровард ва ҳамин тариқ дар рушди Тоҷикистон мусоидат намуд.
-Вақти он расидааст, ки илмро дар амал татбиқ карда, иқтисодиёти кишварро пурқувват гардонем. Вақте ки дар Тоҷикистон замина ҳаст, онро бояд истифода бурд. Барои мисол, ангиштро на фақат ҳамчун манбаи гармӣ истифода барем, балки тавассути коркард аз таркиби он тамоми газҳо, аз ҷумла гидроген, нитроген ва аргон гирем. Хокистари онро дар саноати сохтмонӣ истифода бурдан мумкин аст. Ин аз як тараф, ба рушди иқтисодиёт сабаб шавад, аз ҷониби дигар, ба тозагии муҳити зист, мусоидат мекунад, – мегӯяд, Зумрат Ғайбуллоева.
Феълан, натиҷаи таҳқиқоти Зумрат Ҳабибовна аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон татбиқ шуда, дар корхонаҳои марбут ба вазорат, корхонаҳои маъдантозакунии Исфара, инчунин, Маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.
Эътирофи ҷаҳонӣ
Чӣ сон ин бонуи тоҷик ба чунин ҷоизаи бонуфуз, яъне медали тиллоии Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ қадр шуд? Посухи ӯ чунин буд:
-Аз Маркази миллии патенту иттилооти ҷумҳурӣ даъват карда, гуфтанд, ки озмун баргузор мешавад, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва намунаи ихтироотро пешниҳод намоем. Мувофиқи низомномаи озмун ҳуҷҷатҳоро супурдам. Дар маҷмуъ, 51 нафар бо фарогирии 117 кори тадқиқотӣ довталаб шуд. Комиссия ҳар як корро омӯхт. Умед надоштам, ки кори ман баҳои баландро сазовор мегардад. Вақте ки ба номи ман ҷоиза тасдиқ гашт, шодии дӯстону ҳамкоронро ҳадду канор набуд, махсусан, фарзандонам хурсанд шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар Женева ҷойгир буда, 193 давлати ҷаҳон ба он шомил аст.
Ин медали тилло дастоварди нахустини Зумрат Ғайбуллоева нест. Ӯ узви Ассотсиатсияи олимони Аврупо ва Осиё (INTAS), Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи медали тилло барои ихтироот, ҷоизаи ҷаҳонии «Илм ва тандурустӣ» (кори илмии беҳтарин дар самти металлургия ва технологияи химиявӣ) мебошад.
Неруи зан
Дастоварди Зумрат Ғайбуллоева барин бонувон далели он аст, ки зани тоҷик метавонад дар ҳама соҳа муваффақ шавад, фақат азму иродаи қавӣ лозим аст.
Худи ӯ мегӯяд: -Албатта, чунин ҷоизаҳоро ба даст овардан осон нест. Дилхоҳ мукофоти баландро ба даст овардан барои зан хеле душвор аст. Пеш аз ҳама, мардҳо шабурӯз кор мекунанд. Онҳо талош меварзанд, ки натиҷа ба даст оранд, шогирд омода созанд, китоб нависанд, кори илмӣ кунанд. Барои зан, махсусан соҳиби фарзанду набера, душвор аст. Вале, ба хулосае омадам, ки зани тоҷик қобили ҳама гуна кор аст. Ҳам оиларо метавонад саришта кунад, ҳам фарзанди хуб ба воя расонад, ҳам оилаи хуб барпо созад, ҳам дар ҷомеа мақом ёбад. Ниҳоят, метавонад ба мукофотҳои баланд ноил гардад. Зеро мо – занон, пуштибони боэътимод дар симои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорем, ки ба бонувон бовар доранд, шароит муҳайё карда, нақши онҳоро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунанд. Вақте Президенти Тоҷикистон пуштибони бонувон ҳастанд, ин ба мо неру мебахшад.
О. СОҲИБЗОДА