Ҳамкорон ӯро бо меҳри беандоза «Нигини Бадахшон» меноманд. Рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» 90 - солагии таъсисёбии худ ва 30 соли фаъолияти пурсамари касбии котиби масъули нашрия Нигина Ёрмамадоваро таҷлил мекунад.
Бо гурӯҳи хабарнигорони хориҷӣ, ки ба расму русум ва тарзи ороиши арӯсу домод мароқ зоҳир намуданд, дар тӯйи арӯсу домодӣ ширкат доштем. Арӯс, ки бо дастони моҳири Нигина зинат ёфта буд, ба қавли шоир «нозанин буду нозанинтар шуд». Санъати ороишгарии миллӣ писанду мақбули ҳамагон уфтоду байни меҳмонон духтари ҷавоне изҳор дошт, ки мехоҳад бо тарзи ороиши арӯси бадахшонӣ издивоҷ кунад.
- Хоҳишатонро бо ҷон қабул дорам Кристина, соли оянда меоем ва тӯй баргузор мекунем, -
гуфт бо табассуми ширин дар ҷавоб яке аз меҳмонони ҷавон, ки дар паҳлуи духтар менишаст.
Маълум шуд, ки ин писару духтар солҳо боз мехоҳанд издивоҷ кунанд, вале фурсати муносиб намеёфтанду тамошои санъати миллӣ дар дили арӯс шавқи ҷомаи амал пӯшидани ин нияташонро доман зад.
- Акнун ба шарофати Нигина тӯйи помириро ҳам экспорт(содирот) мекунем, - изҳор дошт журналисти телевизиони Бадахшон Файз Мирасан ва аз шавқ дар пойгаҳ ба рақс даромад.
Нигина рӯзномаашро чун ҷигарбандонаш дӯст медорад. Ба ҳар як шумораи он, мисле ки духтари нозпарвардашро, ки бо дастони худ бо меҳру муҳаббати бепоёни модарона оро доду ба хонаводаи нав гусел кард, нури чашму гармии қалбашро бедареғ мебахшад ва чун арӯсаки нозанин ба хонанда пешкаш менамояд.
- Рӯзнома маҳсули эҷоди дастаҷамъӣ ҳасту барои ба афкору қалб ва чашми хонанда нишастани он дар баробари мазмуну мундариҷа ороиш ва тарзи дурусти пешкаш намудани матолиб муҳим буда, дар ин ҷода нақши котиби масъул Н. Ёрмамадова арзанда аст, - баён медорад сардабири рӯзномаи «Бадахшон» Раҳмонқул Раҳмонқулов.
Ҳангоме ки веростори электронии рӯзномаҳо роиҷ гардид, ба шарофати зеҳну салиқаи баланди ороишгарии Н. Ёрмамадова рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» зуд ба он гузашт. Бо саъю талоши вай шаклҳои нав дар рӯзномаи вилоятӣ амалӣ мешуданд.
- Ин бонуи самимӣ ва хоксор ҳамеша омодаи ёрӣ ба ҳамкасбон аст. Беподош тарзи нави веросториро ба кормандони рӯзномаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, ки ба ӯ муроҷиат мекарданд, меомӯхту дар пешрафти рӯзномаи мо низ Н. Ёрмамадова саҳм дорад, - мегӯяд С. Алиназаров, котиби масъули рӯзномаи ноҳиявии «Маърифати Шуғнон».
- Нигина бо забони сода ва фаҳмо тарз ва нозукиҳои веростори рӯзномаро омӯхту бароям устоди касб аст, - мегӯяд корманди техникии рӯзномаи вилоятӣ Дилрабо Сарадбекова.
Ба шарофати заҳмати аҳлонаи кормандони эҷодӣ ва техникӣ рӯзномаи «Бадахшон» ба нашрияи маҳбуб дар вилоят табдил ёфтааст. Чун ягона нашрияи вилоятӣ дар баробари радио ва телевизиони Бадахшон инъикосгари рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву иқтисодӣ дар минтақа боқӣ мемонад.
Котиби масъул аз кормандони эҷодӣ талаб мекунад, ки хабару гузоришҳоро бо забони сода ва кӯтоҳу фаҳмо таҳия кунанд, дар интихоби сарлавҳа шитобкор набошанд.
- Сарлавҳаи ҷолиб ними муваффақияти матолиб аст ва интихоби аниқу ҷобаҷогузории дурусти он дар баробари мазмуни матн муҳим аст,- таъкид меварзад котиби масъул ва бо истифода аз таҷриба пешниҳоди дигар намудани сарлавҳаро ба миён мегузорад. Котиби масъул иҷрои супоришҳо ва муқаррароти касбиро назорат мебараду талаб менамояд, ки ҳаёти шаҳру ноҳияҳои вилоят бояд ба таври яксон дар саҳифаи рӯзнома бозтоб ёбанду хабарнигорон ҳамеша дар ҷараёни рӯйдодҳои тоза ва дар тамос бо навоҳии дурдаст бошанд.
Журналист Саъдоншоҳи Ҷанобилшоҳ сабаби маҳбубияти рӯзномаи «Бадахшон» - ро байни хонандагони сершумор дар он мебинад, ки аҳли эҷодӣ ва техникии нашрия дар омода намудани ҳар шумораи он заҳмати фикрӣ мекашанд. Яке аз ин дилдодагони касб Н. Ёрмамадова мебошад. Ин аст, ки маҳбубияти рӯзнома меафзояду айни ҳол теъдоди нашраш ба 4 ҳазор нусха мерасад.
Фаъолияти Н. Ёрмамадова дар рӯзнома ба ҳайси ёвари мусаҳҳеҳ оғоз гардид. Дар вазифаи мусаҳҳеҳ одатан ба манзури пешгирии саҳву хатоҳо ашхоси соҳибтаҷриба кор мекарданд, вале ба ин нигоҳ накарда, ғалатҳо ба назар мерасиданд.
Фаъолияти касбии Н. Ёрмамадова ба солҳои шебу фарози рӯзнома рост омад. Давре буд, ки ҳамагӣ 500 нусха чоп мешуд. Вале дар ин давраи душвор ҳам, ки кормандони рӯзнома барои мақолаҳои танқидӣ аз ҷониби гурӯҳҳои гуногун мавриди фишор ва таъқиб қарор мегирифтанд, рӯзнома боре ҳам нашрашро қатъ накард.
Сардабирон иваз шуданд. Вале дар ин фикр ҳамаашон ҳамақида ҳастанд, ки дар таъмини нашри бонизоми рӯзнома ва беҳтар гардидани сифати он саҳми котиби масъул беназир аст. Ин бонуи хоксору меҳнатдӯст ва масъулиятшинос ҷойи корашро, ки сӣ соли фаъолияти касбиашро сарфи он намудааст, чун хонааш муқаддас мешуморад.
- Дар баробари риояи қатъии интизоми меҳнат дар лаҳзаҳои нашри оҷили рӯзнома ҳамеша метавон ба котиби масъул эътимод кард ва ӯ дар ҷойи кор ҳозир аст, - изҳор медорад сардабири рӯзнома.
Нигина ҳар гоҳе ба коргоҳ қадам мениҳад, рӯҳи поки падарашро ба ёд меорад, ки якумр дар ин идора заҳмат ба бор дошт ва талош меварзид, ки бо меҳнати ҳалолаш ба номи баланд сазовор бошад.
Вақте аз нафаре мафҳуми хушбахтиро пурсиданд, гуфт: «Хушбахт касест, ки ҳар субҳ дилаш ба кору бегоҳ сӯйи хонаводааш кашол бошад». Нигина дар ҳалқаи шавҳари меҳрубону фарзандон ва ҳамкорон, ки бо камоли эҳтиром ӯро «Нигини Бадахшон» меноманд, хушбахт аст.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ВМКБ