Гулу майсаҳои боғу гулгаштҳои пойтахт аҷаб назаррабоянд. Зебоиву бӯи муаттар ба қалбҳо оромиш меоранду хотирҳоро болида месозанд. Аммо кам касон мувоҷеҳ мегарданд, ки ин зебоиҳо аз тахайюли рангини кӣ об хӯрда, ба чӣ шева рӯи замин нақшпартоӣ шуда.
Густурдани қолинҳои махмалини гулҳои рангоранг дасткориҳои яке аз бонувони хушсалиқа Гулнигор Ғаффорова аст. Ӯ макони ҷойгиршавии гулҳоро муайян карда, рӯи замини нарм нақш мекашаду шабеҳи кошинкорӣ аз наврустаҳои гулҳо мусаввараҳои ирамӣ меофарад.
Гулнигор ҳоло масъулияти ҷиддиеро бар дӯш дорад – муовини директори Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигаҳдории ҷангал» асту корро аз агрономи кабудизоркунӣ дар ин макон ҳусни оғоз бахшидааст.
Сайри гули лола
Моҳи апрели соли 2021 дар озмуни шаҳрии «Сайри гули лола», дар номинаи «Гулпарвари беҳтарин» Гулнигор ҷойи аввал ва Дипломи дараҷаи 1-ро сазовор гашт. Ин бонуи зебокор дар 7 боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе ҳамчун гулпарвар – ороишгар корҳои назаррас анҷом дода, тарзи шинондан, парвариш, вояи дурусти бо пору ва маъданҳои органикӣ таъминсозии гулҳоро ба гулпарварон омӯзондааст.
- Гул аз обу пору бештар баҳра мегирад, баъдан аз нарм ва тайёр будани замин. Пору рутубати хокро нигоҳ медорад. Фасли солро низ мебояд мадди назар гирифт, чун гулҳои мавсимӣ бештар дар фасли муайян месабзанду нашъунамо меёбанд, яъне ҳар фасли сол гулҳои мутобиқ ба фасли худро дорад. Тарзи шинондан ва зичии байни гулҳоро ба инобат гирифтан муҳим аст, то баробар сабзанду тарҳи мусаввара возеҳу рӯшан аён гардад, - мегӯяд бонуи гулкор.
Ҳине доварони озмун барои санҷиш ба боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт рӯ оварданд, фараҳманд аз дасткориҳои рангину атрогини Гулнигор барояш ҷойи якумро лоиқ донистанд.
Ҷӯёи дониш
Гулнигор соли 1990 мактабро хатм карду хост дар донишгоҳе таҳсилро идома диҳад. Падар монеъ буд, аммо пофишориҳои зиёди духтарро диду ризоият дод. Овони нобасомонӣ оғоз шуду таҳсили ӯ ба таъхир афтод. Билохира, соли 2000 тариқи Квотаи президентӣ ба факултаи боғдории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур шомил шуда, онро соли 2005 поён бурд. Айёми таҳсил дар донишгоҳ домони таҷрибаи кӯчаки худро густурда кард ва боғдориву ниҳолу гулпарварӣ андӯхт.
Хонавода
Аз хурдӣ ба гулу гулкорӣ ҳавас дошт. Тубакҳои хурду бузурги рӯи ҳавлии онҳоро, ки саросар гулҳои рангини хонагӣ зеб медоданд, шаш хоҳари бузургаш мепарварид.
Боғе доштанд сарсабз, ки падар онро бо обилаи дастон зархез намуда буд. Духтарак паҳлуи қиблагоҳ бел ба даст бехи дарахтон нарм мекард, то ба дарёфти рӯзӣ ҳисса гузорад. Қаламчакуниро омӯхт. Ҳар ҳарфу нуктаи падар барояш дарси зиндагӣ буд.
- Падарам соле қабл дар синни 87 моро тарк гуфт. Доғи фироқ гарон будааст, ки дар сӯги ӯ то ҳол мегирям. Мегӯянд, ки падарат солдида буд ва давлати пирӣ дидану баъд даргузаштан инсонро ҷашн аст. Аммо дар кадом синне, ки набошад, ӯ сутуни хонадон буду ҳастиаш неъмати бузург. Баъди реҳлати модар ҳамчу модар заҳмат кашид, то фарзандон зиндагии шоиста бинанд. Ӯ хазинаи пурганҷеро мемонд, ки онро аз даст додем, - бо ҳасрат гуфт бонуи заҳматпеша.
Зан – агроном
Гулнигор соли панҷуми таҳсил ба шуъбаи ғоибона гузашту роҳи зодгоҳ, ноҳияи Муъминободро пеш гирифт. Тӯли як сол дар хоҷагии ноҳия ҳамчун агроном – боғпарвар фаъолият бурд. Ҳар рӯз то ҷойи кор 8 км роҳро пиёда мепаймуд. Дар хонаводаи серфарзанди падар, ки он овон вазъи мушкили иқтисодӣ дошт, соле зист, сипас, роҳи пойтахтро пеш гирифт, ба ҳайси агроном пайи кор шуд. Бо тинати мардонагӣ ва фурӯтанӣ миёни бонувони гулпарвар соҳибэҳтиром гардид. Ҳамроҳи бонувон гул мешинонд, обу пору медод, бо таҷрибадорон машварат мекард.
- Мегӯянд, ки барои зан агроном будан мушкил аст, аммо бароям ин пеша душворие надорад. Аз мушоҳидаҳоям аксари духтарон пас аз хатми донишгоҳи аграрӣ аз рӯи ихтисос фаъолият намебаранд, чунки аз мушкилоти соҳа меҳаросанд. Таҷрибаи зиёд ҳосил намоӣ, душворӣ худ аз худ рафъ мегардад. Агроном будани зан хуб аст, зеро ин ихтисос ризқу рӯзии фаровон меорад. Дар оянда, агар ба деҳа баргардам, метавонам ягон гектар замин гирифта, ба деҳқонӣ шуғл варзам, чун аз нозукиҳои ин пеша бохабарам, - иброз дошт ӯ.
Имрӯзҳо Гулнигор дар оғӯши боғи калонтарини пойтахт, ки 858, 1 гектар аст, ҳамроҳ бо 23 бонуи гулпарвар ва ҳавлирӯб ифои вазифа менамояд. Дар бинои маъмурӣ, ки дар як гӯшаи боғ ҷойгир аст, дафтари кории ӯ қарор дорад. Дар саҳни ҳавлии он мошинҳои обкаш, тракторҳо ва дигар таҷҳизоти зарурӣ барои сӯхторнишонӣ ва нигоҳубини боғзор мавҷуданд.
Манзили иҷораи ӯ ба боғ наздик ва боғ хонаи дувуми ӯст. Сукуту оромии ин чаманистонро бо садои дилфиреби андалебонаш дӯст медорад. Ба гоҳи ғамгинӣ зери сояи дарахтони чандинсола ва пистазор қадам мезанад, соатҳо рӯи гулҳои шинондааш, ки қад рост кардаву шукуфон гаштаанд, назар афканда, меболад. Ӯ хушбахт аст, ки дар ин гӯшаи биҳиштосои пойтахт мақом ёфтаву заҳматҳояш боиси болидарӯҳии ҳазорҳо гашта, ба қалбҳо оромишу осоиш меорад.
Ситора АШӮРОВА