Мақсади бузургеро пайгирӣ дорад, нияте, ки дер боз ҳушу хаёлашро пурра банд сохтаву онро аз ормонҳои қиблагоҳи марҳумаш медонад. Яккадухтари ба ноз парвардаи волидон, ки раҳи илмро ихтиёр варзидааст, ҳоло пайи ҳимояи рисолаи доктори илм аст.
Осиёи гардони рӯзгор ва валодати фарзандон, сабзидану обутоб ёфтани Зарина Юсуфоваро дар ҷабҳаи донишандӯзӣ заррае кам накард, балки баландтолеъ буд, ки риштаи ҳаёташро бо хонадоне пайваст, ки хурду калон аз дӯстдорони каломи бадеъ буданд. Марҳум бибии Марям, модаршӯи Зарина, дар баҳори 30-юмини ҳаёт ҳамсарро ба хок супурду нуҳ фарзандро худ бузург кард. Бо касби пурмашаққати обмонӣ рӯзро дар саҳро кӯр мекарду ба тарбияи фарзандон ҳам фурсат меёфт. Ин бонуи заҳматкаш дар як гӯшаи ҳуҷрааш китобхонае созмон дода буд. Фориғ аз кори саҳро аҳли хонавода кӯфти хастагиро бо мутолиаи асарҳои бадеӣ рафъ месохтанд. Ҳине, ки Заринаи арӯс бори аввал ба ҷевони китобҳо назар андӯхт, асарҳои Мирзо Турсунзода, Максим Горкий, Николай Островский ва дигар адибонро диду мутаассир шуд. Фазои фарҳангии хонавода ба фарзандон муассир омад, ки нуҳ нафар ҳамагӣ таҳсилдида гашту ҳар кадоме ба мақоме сазовору ба пой устувор. Аз ҳусни тафоҳуми миёни аҳли хонавода Зарина меболид.
Имрӯзҳо Зарина Юсуфова дотсенти кафедраи забони русӣ ва таҳсилоти касбии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аст. Аллакай дар мавзӯи «Таҷзияи актуалии ҷумлаҳо» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Дар рисола аз типологияи муқоисавии забонҳои тоҷикӣ , русӣ ва англисӣ истифода бурдааст, ки барои корбарон, тарҷумонҳо, ровиёну наттоқони телевизиону радио муфид арзёбӣ мегардад. Домони мавзӯъро фарох намуда, 13 сол боз рӯи он кор бурда, ният дорад, ки рисолаи докториро низ дифоъ намояд. Аз соли 2020 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбест.
Ӯ аз зумраи чор донишҷӯи хушиқбол буд, ки соли 1988 факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакиро бо дипломи сурх хатм намуд. Соли 2005 ба ҳайси мудири кафедраи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Бохтар ифои вазифа намуда, соли 2009 ҳамчун директори коллеҷи назди донишгоҳи мазкур муддати 6 сол заҳмат кашид.
Соли 2015 муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таъйин гардид. Кунун фаъолияти педагогиаш 35 солро убур кард. Мавриди зикр аст, ки муаллима ҳамчунон муддате ба симати мудири бахши кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар низ ифои вазифа дошт.
Қиссаи ғалатии издивоҷи падарро духтар бо табассум ёд меорад:
- Баъди хатми донишгоҳ падарам дар беморхонаи ноҳияи Восеъ сардухтур таъйин мегардад. Рости ҳуҷраи кориашон ҳавлии модарам, ки он овон мактаб мехонду духтари қадрасу зебои деҳа буд, қарор дошт. Духтури ҷавон шефтаи гуларӯсак гашт, аммо аз тарси саги бадҳайбату бадҷаҳлашон касе ёрои ба зистгоҳи онҳо наздик шуданро надошт. Падарам ҳар рӯз ду килограммӣ гӯшт мехариду пеши саг меандохт. Саги зирак дар оғоз ба гӯшт наздик намеомад. Тайи як моҳ ӯ ин амалро такрор кард. Билохира бо саг «ошно» шуданд. Падарам ҳамроҳи рафиқаш вориди ҳавлӣ гашта, модарамро хостгорӣ кард. Ҷавонони деҳа ӯро «сағираи бекас духтари хушрӯи деҳаро мебарад» гӯён сӯяш дандон сафед карданд. Баъди ҷашни арӯсӣ онҳо ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва сипас, ба шаҳри Ваҳдат кӯч бастанд.
Бо дастгирии ҳамсари ташнаи илм модарам ба омӯзишгоҳи тиббӣ шомил шуда, онро хатм ва тайи 40 сол дар ҳуҷраи муолиҷаи беморхонаҳо софдилона хизмат карда, бо нишони Аълочии тандурустии Тоҷикистон қадр шуданд. Падарам аз сактаи мағзи сар тайи яку ним сол азият дид, аммо ба беморӣ тан надод. Мегуфт, ки кас набояд ба иллат тан диҳад, вагарна беморӣ ӯро мағлуб месозад. Ҳар рӯз гирди хона чарх мезаду дастаи дарро дошта, сад маротиба шишта мехест, то дасту пояш ба кор дароянд. Сарфи назар аз ин, ҳанӯз ҳам беморон наздаш меомаданд, муолиҷа мефармуд ва хоҳиши касеро рад намекард. Ҳамеша панд медод, ки ба духтарон илм диҳед ва касб омӯзонед, ки фардо ӯро чӣ интизор аст, касе намедонад. Хурдсол будам, ки доимо мегуфт: «Духтарам, ту бояд номзади илм шавӣ . Хон ва ояндаи худу фарзандонатро рӯшан намо».
Панд ва дуои неки падар буд, ки Зарина Юсуфова тайи 37 соли хонадорӣ 5 фарзандро бо дастгириҳои шоистаи таҳсини ҳамсари дилогоҳаш тарбияи хуб дод, таҳсилдида кард ва ҳоло аз самари заҳматҳояш 4 набераи дӯстрӯ айёми беғаши кӯдакӣ меронанду насли панҷуми авлоди фарҳангӣ ва соҳибмаълумотанд. Заринабону дар мақоми роҳбарӣ ҳам эҳтироми баландро мадди аввал гузошту сазовори эътибори ҳамагон гардид. Сар аз соли 2015 дар донишгоҳи технологӣ духтарони тариқи Квотаи президентӣ шомилшуда ва донишҷӯдухтарони дар хобгоҳбударо ба корҳои тарбиявӣ ва касбомӯзӣ ҷалб намуда, ифтихорманд аст, ки аксари онҳо дар баробари таҳсил соҳибҳунару соҳибэҳтироманд. Дар факултаи технология ва дизайни донишгоҳ духтарон аз рӯи ихтисосҳои тарроҳи либос, тарроҳи манзара (ландшафт) ва хонаороён (ороишгарони намои дарун ва беруни хона) таҳсил менамоянд ва хатмкардагон имрӯзҳо тарроҳони шинохтаанду дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саҳм доранд. Омӯзгорони тарроҳи донишгоҳ низ бар он мекӯшанд, ки ҳунари волои шогирдонро дар дохил ва хориҷи кишвар муаррифӣ созанд. Дар радио ва телевизиони «Маърифат»-и донишгоҳ, ки беш аз 10 сол боз фаъол аст, донишҷӯдухтарон низ ташаббусҳои назаррас доранд.
Бонуи саодатёр Зарина Юсуфова бо кормандони департаменти корҳои тарбиявии донишгоҳ, ки ҳамагӣ ҷавонанд, дар гузарондани чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва беҳдоштии муассисаи олӣ , ноҳия ва шаҳр ширкати фаъолона меварзад. Ҳоло дар кафедраи забони русӣ бо ҳамроҳии 12 омӯзгор ба донишҷӯёни соли аввали таҳсил дарс гуфта, аз усулҳои муосири таълим густурда корбарӣ менамояд. Тариқи чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ мекӯшад, ки шавқу майли донишҷӯён ба забономӯзӣ бедор гардад.
Заринабону шахсест зиндадилу хушбин, ҳунаре нест, ки ӯ бо он ноошно бошаду бомаҳорат иҷро нанамояд. Модараш, ки бо сад ҳавас барои пайвандон рӯи матои пурнақши чакан сӯзан зада, гулдӯзиҳои зебо меофарад, ба духтар ҳам ин ҳунарро омӯзондааст. Ҳунарҳои зебои занона чи ки Заринабону дар таъмиру тармими асбобу анҷоми рӯзгор низ моҳир аст. Даври лабонаш ҳамеша табассуми малеҳ шукуфосту чеҳраи гармаш нурпошу самимӣ .
Ӯ хушбахту саодатёр аст, ки аз шаҳди замони соҳибистиқлолӣ чашидан дораду аз дастгириҳои ҳамвораи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор, ки ба масъулиятшиносии бонувони кишвар эътимоди комил доранду барои рушди фаъолияти онҳо дар тамоми соҳаҳо имкониятҳои васеъро фароҳам овардаанд.
Ситора АШӮРОВА