Дилам мехоҳад рӯзгори рафтаро миёни коғазҳои безабон пайдо кунам. Чӣ қадар коғазро тӯли солҳо сурху сиёҳ кардаам ва наметавонам аз онҳо дил кандан. Шумораи рӯзҳои умри рафта, заҳматҳои кашида, номҳои шиносу ношинос, қиссаҳои гуфтаву ногуфта… ҳама андаруни бастаи коғаз хуфтааст. Ва ман оҳиста - оҳиста навиштаҳои солҳои ҷавониро варақ мегардонам. Нишони умри рафта ва дӯстони тарки дунёи фонӣ гуфтаро меҷӯям. Билохира нигоҳи кунду хираам болои саҳифае қарор мегирад. Сатрҳои саросема навиштаамро бо мушкилӣ мехонам:
«Бо қарори Шӯро - комиҷроияи ноҳияи Тоҷикобод роҳбарии хоҷагии «Ҳаёти нав» ба зиммаи депутати халқии СССР, мудири фермаи № 1 Сониябибӣ Муҳаббатова гузошта шуд. Ҳоло хоҷагӣ дар ихтиёри худ 1800 сар гов, 5 ҳазор гӯсфанд дорад. Кишоварзон дар майдони 160 гектар картошка, 50 гектар сабзӣ , 160 гектар ғалла кишт намудаанд.»
Аз дуриҳо шиҳаи саманди ҷавмаст ба гӯшам мерезад ва дар паҳнои беохири хотираҳо ӯро мебинам, савори саманди бодпо, бо чеҳраи хандон, телпаки мардона дар сару мӯйҳои сиёҳи панҷарааш парешон. Саманди ҷавмаст бозигарӣ мекунад, сари по мехезад, шояд аз саворӣ халос хӯрдан мехоҳад, аммо ӯ бепарво, ба ҳоли саманди дӯстдоштааш механдаду механдад…
Овозаи ҷавонзани заҳматкашу шердили ҳамдиёрамро барвақт шунидам. Мардум дар бораи корномаҳояш бо ифтихор қисса мекунанд. Мегуфтанд, ки қатори мардҳо, балки беҳтар кор мекунад. Фермааш на танҳо дар ҳудуди ноҳия, балки берун аз марзи он машҳур шуда буд. Аз афзудани саршумори говҳои ширдеҳ ва равғаннокии шири дӯшидааш, аз кордониву истеъдоди роҳбарии як зани одии тоҷик мегуфтанд.
Ҳанӯз омӯзгор будам дар мактаби миёнаи деҳа. Ба суроғаш рафтам. Гуфтанд, ҳамроҳи кормандони фермаи говҳои дӯшои хоҷагӣ ба девлох (чарогоҳи тобистона) ба дараи Ясмани Ҳоит рафтааст. Мехостам аз наздик бубинамашу бо ӯ суҳбат ороям. Аз раҳам нагаштам. Шавқи дидори бонуи заҳматқарин оромам намегузошт.
Дараи Ясман замоне хеле обод ва мардуми зиёд он ҷо истиқомат дошт. Сиюҳашт деҳаи дара аз фарзанди одам пур буд. Аммо… соли 1949 заминларза деҳаҳои зеборо ба хоки сияҳ яксон кард. Одами зиёд таки хок монд. Се даҳсола Ясман сокит буд. Ба қабристони бузурге шабоҳат дошт. Фарзанди одам ҳай сарсахт будааст. Мурури солҳо дигарбора зиндамондаҳо аз навоҳии пахтакор баргаштанд ва хокдони бобоиро обод, чароғи хонаи бобоиро рӯшан карданд…
Ӯро дар дараи Навободи Ясман дарёфтам. Савори саманди ҷавмаст тарафи ферма мерафт. Маро диду аз асп пиёда шуд. Гуфтам, ба дидорбинии шумо омадам, табъаш болида буд. Суҳбатамон сари роҳ оғоз шуд. Дар бораи дастовардҳои ҳамкоронаш бо фахр сухан мегуфт. Ба қароргоҳ омадем. Занҳо ба пешвозаш баромада, ба навбат роҳбари хешро ба оғӯш кашида мебӯсиданд.
Аз рӯзе, ки апаи Сония ба корхонаи мо омад, баракат зиёд шуд. Худо умрашро дароз кунад, ки зани ғамхору меҳрубон ва роҳбари оқилу доност,- гуфт ҷавонзани хушсурате.
Ва аз нахустин вохӯрӣ бо духтари ҷасури кӯҳистонӣ лавҳае шогирдона навиштам ва он дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» чоп шуд…
Рӯзгори хуше дошт Сониябибӣ . Соҳибэҳтиром буд. Танҳо як чиз, фарзанд надошт. Агарчи пеши касе лаб намекушод, дилаш пур аз ғаму дард буд… Ва рӯзе, ки дар хонаи додараш Дониёр писар ба дунё омад, ба ҷои ҳама хурсандӣ кард. Ашки шодӣ рӯи рухсораҳояш мавҷ мезад. Ба писарак Дӯстмурод ном гузоштанд ва тарбияашро ӯ ба зимма гирифт. Падару модари тифл ҳарфе нагуфтанд. Ба хотири Сониябибӣ тифлаки навзодро ба оғӯшаш доданду рафтанд ба хонаи худ. «Худо ба ӯ фарзанд надод, бигзор Дӯстмурод ба ҷои фарзандаш бошад, гуфтанд пирони рӯзгордида. Армону ҳавасашро бо ин тифлак бишканад…».
На! Қисмат бори дигар иродаи оҳанини ин занро санҷиданист. Бо он ҳама сабру бардошт оё ба дарду ғами нав тоб меорад? Ва ҳоло дами дари шифохона сукут варзидааст. Дар зоҳир ором аст, аммо аз нигоҳаш пайдост, ки андарун вуҷудашро оташе месӯзад. Оташи дарду ҳасрат, чанд рӯз боз Дӯстмурод бемор аст. То Душанбе рафт, аммо табибон оҷиз монданд. Ҳоло ӯ яқин медонад, ки Дӯстмуроди вай аз чанголи гирои марг наметавонад раҳо ёбад. Медонад, ки бачаи хушрӯяки вай, ки аз сад гул як гулаш ҳанӯз нашкуфтааст, дигар сари по намехезад. Аммо худро тасаллӣ медиҳад: фанд мекард.
Соли таҳсили нав оғоз ёфт. Бачаҳо дар бар либоси озода ҷониби мактаб раҳсипор буданд. Дарс ҳанӯз оғоз наёфта ӯ омад. Дари синфи ҳафтумро кушод. Бачаҳо бо тааҷҷуб ба чеҳраи рангпарида ва рухсораҳои тари вай менигаристанд. Ҳамаро аз як сар бӯсид ва дастагули тозаро ба партаи холии Дӯстмурод гузошту хомӯш аз синф баромад. Ба назари бачаҳо намуд, ки дар лабони аммаи Дӯстмурод ханда гул кард. Шояд хандид, ба ҳоли худ, ба бозии тақдир ва ё ба хотири хурсандии бачаҳо дар рӯзи аввали таҳсил. Вале дар хона ҳай нола кард. Барои тамоми ғаму дарди хеш гирист.
Он рӯз, ки аз роҳбари хоҷагӣ таъйин шуданаш дарак ёфтам, дилам хост ба табрикаш биравам, вале ҷуръат накардам. Қудрати онро надоштам, ки ӯро зери бори ғаму дард бубинам. Оқибат ба қарор омадам.
Қабулгоҳ пури одам буд. Муддате он ҷо таъхир кардам. Нохост овози шиносе боз сӯи хеш хонд.
Раисаро меҷӯӣ ?
Ба қафо баргаштаму чашмам ба ҷавони шинос уфтод. Ӯро мешинохтам, дер боз дар ин хоҷагӣ кор мекунад. Ҷавони заҳматкашу оқил аст. Бо ишораи сар «оре» гуфтам.
Ҳозир аз сари заминҳо баргашт. Аз Душанбе омадаанд, барои харидани картошка. Бо онҳо суҳбат дорад.
Ҷавон ба дафтари кории сардор даромаду як дақиқа пас маро даъват карданд. Ӯ пушти мизи корӣ нишаста буду атрофаш чанд нафар. Дар чеҳрааш нишоне аз андуҳ набуд. Меҳмонҳо мекӯшиданд, ки илоҷе ёфта, аз роҳбар бо нархи арзон бештар картошка гиранд. Овозаи картошкаи хушсифати хоҷагӣ ба дуру наздик паҳн шудааст. Вале раис истодагарӣ мекард.
- Барои ман пули бисёр лозим не, - бо ханда мегуфт ба онҳо.- Раиси комиҷроияи шаҳр омада буд. Ба вай ҳамаи гапро гуфтам. Ҳоли кишоварзонро бо чашми хеш дидед. Бо ин ҳама заҳмат на либоси бутун доранду на хӯрока. Як ҷуфт калушро даҳсӯмӣ мехаранд. Ба ҷои пул, агар мол меовардед, ман як умр аз шумо хурсанд мешудам.
Оқибат онҳо розӣ шуданд, ки агар аз нархи муқаррарӣ арзонтар шавад, онҳо як миқдор маҳсулоти саноатӣ ва қанду орд мефиристанд.
Баъди рафтани харидорон фурсати суҳбат нашуд. Корафтодагон ба наздаш даробаро мекарданд.
- Ҳамин рӯз ҳамроҳи ман сари заминҳо мегардем, - хомӯширо халалдор кард раис. – Деҳқонбача бошӣ ҳам, аз кори деҳқонӣ бехабарӣ . Биё додар, заҳмати кишоварзонро аз наздик бубин.
Мошин бошаст дар роҳҳои пур аз пастиву баландиҳо метохт. Ӯ ғарқи андешаҳои хеш буд ва дар симои вай боз аломати ғаму дарди беинтиҳо ҳувайдо гашт. Даме, ки мошин аз назди гӯристони деҳа мегузашт, нохост ҳис кардам, ки пайкараш такон хӯрд. Ашк ҳалқаи чашмони зебояш шуд. Рӯяшро ба он сӯ гардонда, бо овози дардолуд пичиррос зад.
- Ту маро обу адо кардӣ , Дӯстмуроди ҷон. Гӯри ту аз ҳамин ҷо ҳам ба чашмам мехӯраду ҷигари дардмандро пора-пора мекунад.
Мехостам сухани тасаллибахше дарёбаму ӯро таскин бахшам. Аммо куҷост он зӯру тавон. Забонам дар комам часпида буд ва наметавонистам ҳарфе ба забон биёрам. Бо дилсӯзӣ тарафаш дида дӯхтам. Ҳанӯз аз паси тирезаи мошин ба он тараф чашм дӯхта буд. Чун ҷониби ман рӯй гардонд, аз он ғам осоре набуд. Гӯё андешаҳои ботинии маро пай бурда бошад, табассум дар лабонаш шукуфту байте ба забон овард:
Хуш, ки мехондӣ Ҳилолирову мерондӣ ба ноз,
Дар дарун пеши ту механдиду берун мегирист.
Мактабро хатм ва анъанаи оилавиро вайрон намуд. Барои кор ба ферма нарафт, агарчи айёми мактабхонӣ таътилро ҳамроҳи хоҳарони калониаш мегузаронд. Ин касб дар дили вай низ ҷой дошт. Аммо сабаби нарафтанаш дигар буд. Аз ҳисоби ҷавонҳо дар хоҷагӣ бригадаи махсус ташкил карданд, бригадаи комсомолӣ . Ва ӯ бо тавсияи кумитаи комсомоли ноҳия ба бригада аъзо шуд. Ӯ дастпарвари комсомол ва дар мактаби ин ташкилоти бонуфузи ҷавонон тарбият гирифта буд… Онҳо ба боғдорӣ машғул буданд, вале гоҳи ҷамъоварии хошок фаъолона ба чорводорон ёрӣ мерасонданд. Бригада баъдтар ба картошкапарварӣ рӯ ниҳод. Нишондодҳои беҳтаринро дар ноҳия ба даст оварданд. Сониябибӣ даҳ соли умри хешро дар ин бригада сарф кард. Ва оқибат меҳри чорводорӣ ӯро маҷбур намуд, ки ба пайроҳаи хоҳарони калонии хеш қадам гузорад.
Рӯзе сари дастархон ба аҳли оила фикрашро баён дошт. Ҳама хомӯш буданд. Падари рӯзгордида бо меҳр ба духтараш чашм дӯхт. Пирамард табассум мекарду сар меҷунбонд. Медонад, ки духтараш ба ҳар кор, ки даст занад, аз уҳдааш мебарояд…
Дар ҳама бригадаҳо кор ҷӯш мезад. Марду зан аз пайи ҷамъоварии ҳосил. Баъзе заминҳо ҳосили дилхоҳ надоданд. Ин ҳолат табъи раисро боз хира намуд. Дар бригадаи Қурбоналӣ Талбонов каме маътал шудем. Занҳо бо раис суҳбат кардан мехостанд. Дами бозгашт шӯхиомез гуфт:
- Ба роҳбарони мард беҳтар аст. Танҳо бо мардҳо сарукор доранд. Албатта, дар ноҳияи мо. Аммо аз рӯзе, ки корро қабул кардам, марду зан ба ман баробар ҳуҷум мекунанд. Ҳозир як ҷаҳон шикоят бурданд. Барои иҷрои супоришашон ба маркази ноҳия рафтанам зарур меояд.
Баъди суҳбат бо деҳқонон табъи раис хуш шуд ва бе ҳеҷ кунҷковӣ дар бораи нақшаҳои ояндаи хеш сухан оғоз кард.
- Агар умр боқӣ бошад, корҳои зиёдеро анҷом додан мехоҳам,- гуфт ӯ.- Пеш аз ҳама ният дорам чанд ҷуфт барзагови корӣ ташкил кунам. Дар мо замин бисёр. Агар заминҳои дар баландӣ ҷойгирифтаро ба аҳолӣ тақсим кунем, онҳо ҳам худро бо ғалла таъмин мекунанду ҳам як қисмаш дар анбори хоҷагӣ захира мешавад.
Алҳол ноҳияи навтаъсиси Тоҷикобод сарҳади муайян надорад. Чанд сол пештар роҳбарони «дилсӯзи» ноҳия як қисми ҳудуди ба собиқ ноҳияи Тоҷикобод тааллуқдоштаро барои хурсанд кардани ҳамсояҳо ба ноҳияи Ҷиргатол (ҳоло Лахш) доданд. Чарогоҳҳои дар ҳудуди Ясмандара буда ба ихтиёри ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) гузашт. Чорвопарварон аз ин рӯ имсол хеле азобу машаққат диданд. Кӣ медонад ояндааш чӣ мешавад? Ва боз барои беҳдошти рӯзгори мардум корҳои зиёдеро анҷом додан лозим аст, аммо шароит нест. Барои сохтани клубу театрҳо, хонаҳои истиқоматӣ , қироатхонаву масҷидҳо масолеҳи бинокорӣ ёфтан мушкил…
- Раиса, медонам вазъи рӯҳии шумо вазнин аст, - оҳиста гуфтам дами хайрухуш ба ӯ.- Дар зиндагӣ ҳар воқеа шуданаш мумкин. Дар урфият мегӯянд: «зиндагӣ бо талхиву шириниҳояш, бо ғаму шодиҳояш барои инсон лаззат дорад». Инсон дар ҳама ҳолат бояд шукрона кунад.
- Рост мегӯӣ , додар, - бо чеҳраи ғуборолуд посух дод ӯ. – Ҳамаашро медонам. Ва шукр мекунам, ки кор ҳасту ба он худамро андармон месозам, дар акси ҳол намедонам аҳволам чӣ мешуд. Бо вуҷуди ин дар байни мардум кӯшиш мекунам, ки касе аз ғаму дарди дилам хабар наёбад. Касбамро дӯст медорам.
Шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи аграриро хатм ва нозукиҳои касбро омӯхт. Барои хизматҳояш сазовори мукофотҳои давлатӣ шуд. Ду ордени «Шараф», ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 3 Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии СССР ва дигар мукофотҳои хотиравӣ подоши заҳматҳои як духтари деҳотист. Мардум ба ӯ бовар доштанд ва ӯро ду даъват депутати Совети Олии СССР интихоб карданд…
Соли 2000 шунидам, ки Сониябибӣ Муҳаббатова дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Ӯ ҳамагӣ 52 сол дошт…
Диловари МИРЗО