«Бонувони Тоҷикистон»: -Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд, мо бояд доим ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, дар ғафлат намонем ва барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва истиқлолу озодии кишвар омода бошем. Шумо дар ин маврид чӣ андеша доред?
Рухсора НУРЗОДА: - Дарвоқеъ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳолати имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳониро ба назар гирифта, шарҳ медиҳанд, ки «оташи ҷангҳои хурду бузург лаҳзае хомӯш нагаштааст. Сару садоҳои пуризтироб аз расонаҳои хабарии олам қариб ҳар рӯз ба гӯш мерасанд ва сайёраи Замин аз таркиши бомбаву гулулаҳои реактивӣ қариб ҳар соат меларзад. Ҷисми сабзи Замин оғуштаи хун мегардад, даҳҳо шаҳрҳои обод харобу валангор гардида, садҳо ҳазор одамони бегуноҳ қурбони ҷанги беамон мешаванд».
Имрӯзҳо бараъло мушоҳида менамоем, ки тақсимбандии геополитикии ҷаҳон дар интиҳои асри ХХ ва оғози асри ХХI вусъат мегирад. Марзбандиҳои минтақавӣ, мазҳабӣ ва иқтисодию сиёсӣ суръати тоза мегиранд. Талошҳои ошкору ниҳон баҳри ба даст овардани бозорҳои ҷаҳонӣ, захираҳои ашёи хом, манбаъҳои сӯзишворӣ ва боигариҳои табиӣ боло мегиранд ва дар ҳамин замина гоҳ дар машриқу гоҳ дар мағриб ҷангу низоъҳои қавмию мазҳабӣ доман мезананд.
Чанд сол пеш расми писарбачаи беҷони 5-солаи суриягӣ дар лаби баҳр, ки зимни гурехтан аз амалиётҳои ҷангӣ ба дигар давлат бо волидонаш дар баҳр ғарқ мешавад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, ки аз дидани ин лаҳзаи ҳузновар дили миллионҳо одамони дунё реш гардид ва ба ҷангҷӯёну ҷангхоҳон лаънат хонданд. Расми дигар, ки дар он кӯдаки дар ҷанг ҷароҳатбардоштаи суриягӣ дами ҷон супурдан ба духтурон мегуфт: «Ман ба Худо аз шумо шикоят мебарам!» оламиёнро ҷигархун кард ва онро наметавон бе оби чашм дид.
Табиист, ки дар чунин шароит аҳамият ва нақши худшиносии миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа беш аз ҳар вақти дигар меафзояд. Аз ин рӯ, дар навбати аввал бояд камбудиву норасоиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву сиёсиро дар баробари ваҳдати миллӣ қиёс намуда, бартарии ваҳдатро аз ҳама болову воло донем.
Мояи ифтихор аст, ки бо қадами мубораки фарзанди сарсупурдаву ҷонфидои Ватан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдату ризоияти миллӣ дар ҷомеа устувор гардид, тӯли 24 соли баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ азамати шаҳру деҳоти Тоҷикистон боз ҳам боло рафт, соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ рушд ёфтанд, мактабу маориф, илму маърифат мавқеи худро боз ҳам қавитар намуданд.
Дар арафаи иди Вахдату ризоияти миллӣ бояд барои дарку эҳтироми арзишҳои сулҳи бадастомада ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар нафароне, ки ҷони худро баҳри сулҳу ваҳдат дареғ надошта, аз сангар ба сангар, аз кишвар ба кишвар идеяи ваҳдати миллиро ташвиқу тарғиб менамуданд, изҳори сипос намоем.
Президенти мамлакат дар рӯзҳои вазнинтарин на танҳо кафили сулҳу салоҳ ва ризоияти миллӣ, балки сарвари сиёсии муваффақе дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафтанд, ки нагузоштанд оташи ҷанг дар ҳамсоякишварҳо аланга занад.
«Бонувони Тоҷикистон»: - Нақши занон дар таҳкими ваҳдати миллӣ назаррас аст ва имрӯз барои пойдории сулҳу субот чӣ бояд кард?
Рухсора НУРЗОДА: -Бале, барои занони тоҷик, ки сарчашмаи меҳранду аз азал тараннумгари ваҳдат ва машъалафрӯзи дӯстию ҳамбастагианд, ҷашни Ваҳдати миллӣ беҳтарин ид маҳсуб мешавад. Аз ҳама бештар занон ҷангро маҳкум менамоянд, зеро марги ҳамсару фарзанд, бародар, дӯстону ҳамсоягон онҳоро мутаассиру хунҷигар мекунад. Сӯзиши гум кардани пайвандон ва таҳаммули ин дард талху гарон аст. Ҳамин аст, ки бонувон низ пайваста баҳри таҳкими сулҳу ваҳдат талош меварзанд.
Солҳои ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон занон ягона неруи муттаҳид ва муташаккил ба шумор мерафтанд, ки ба гурӯҳҳо тақсим нашуданд ва чун қувваи ягона ба миён даромада, дар паҳлуи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ кӯшиш ба харҷ доданд.
Ба гурӯҳҳои террористиву иртиҷоӣ пайвастани бархе аз ҷавонон гувоҳи он аст, ки занону модарон ва омӯзгорон, аҳли ҷомеа ба таври зарурӣ ба насли наврас моҳияти ваҳдати миллиро то будаш нафаҳмондаем. Онҳо ҳанӯз ҳам дарк накардаанд, ки ин дастоварди хуҷаста ба осонӣ ба даст наомадааст, ба таври бояду шояд намедонанд, ки чӣ талошҳову ҷоннисориҳое аз ҷониби фарзандони наҷиби миллат амалӣ гаштааст.
Мо, модарон, ки бештар ба тарбияи фарзандон машғулем, бояд ҳидоятгар бошем, ки ин дастоварди беназири таърихии халқамон – Ваҳдати миллиро на танҳо ҳифз доранд, балки барои тақвияти он талош варзанд.
«Бонувони Тоҷикистон»: - Дар ин рӯзи барои ҳар як фарди кишвар саид – ҷашни Ваҳдати миллӣ чӣ таманниёте доред?
Рухсора НУРЗОДА: -Имсол мо дар арафаи Ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ба пешвозаш чи қадар корҳои созандагию ободонӣ ба анҷом расидаанд, ки симои шаҳру деҳоти Тоҷикистонро ба куллӣ тағйир додаанд. Ин ҳама пешравиву ободиҳо, пеш аз ҳама, аз шарофати Ваҳдати миллист.
Ҳар яки мо бояд ба қадри неъмати бузурги соҳибватанӣ ва соҳибдавлат будан, осоиштагию сулҳу ваҳдат расем, онро муқаддас донем, аз сабақу дастовардҳои нодири сулҳофариниамон ҷаҳониёнро баҳравар созем. Зеро то ҳанӯз халқу миллатҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди фарзандони фарзонаю мубориз доштанашон, давлати мустақили миллӣ надоранд.