Ҳар сол дар кишвар 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Дар арафаи ин ҷашни бошукӯҳ тасмим гирифтем бо Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбате ороем.
- Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Чанд сухан аз ин боб баён медоштед.
- Инак 30 сол мешавад, ки дар заминаи пойдории Истиқлолияти давлатӣ кору пайкор дорем. Дар лаҳзаҳои вазнин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди 70 рӯзи Сарвари давлат интихоб гаштан, бо намояндагони ҷавонони кишвар мулоқот намуданд. Дар он дидор зикр карданд: “Ҷавонони азиз, имрӯз вақти он расидааст, ки даст ба дасти ҳамдигар диҳем, ҳалол меҳнат кунем ва бо муттаҳидию сарҷамъӣ аз як гиребон сар бароварда бояд аз вартаи нобудиву маъюсии миллат раҳоӣ ёбем”.
Дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ мо аз вартаи нобудиву маъюсӣ, ноумедиҳо раҳо ёфтем, даст ба дасти ҳамдигар дода, заҳмат ба бор доштем.
Дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдории миллӣ бо қабул гардидани эъломияи Истиқлолияти давлатӣ ва расман эълон доштани 9 сентябр ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуданд, ки ин, албатта, баҳри дастгирӣ, ҳалли мушкилот ва ҳавасмандии ҷавонон равона шуда буданд.
Стратегияи сиёсати давлатӣ, ки муайянкунандаи дурнамои фаъолияти ҷавонон аст ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон қабул карда шуданд. Инчунин, то имрӯз вобаста ба ҷавонон 13 барнома, аз қабили “Барномаи ҷавонони Тоҷикистон”, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон”, “Барномаи солимии ҷавонон” қабул ва роҳандозӣ гаштааст.
Аз ҳама падидаи муҳимтарин барои ҷавонони кишвар дар соли 1997 ташкили муассисаи босалоҳият - Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ буд, ки он дар муаррифии имконият ва дастовардҳои ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар нақши басо назаррас дорад.
- Талошҳои пайвастаи ҷавонон ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушди кишвар хеле назаррасанд. Барои амалӣ намудани ғояву дастовардҳои нав онҳо чӣ гуна дастгирӣ меёбанд?
- Як зумра озмунҳои маърифативу зеҳнӣ, оммавӣ - варзишӣ, фарҳангӣ - фароғатӣ, ки заминаи бедорсозӣ ва дарёфти ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод аст, маҳз аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар роҳандозӣ мегарданд.
Барои ҳавасманд намудани ҷавонони болаёқат - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз соли 1998 ба онҳо идрорпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Теъдоди гирандагони ин стипендия дар марҳилаи аввал 100 нафар буд, имрӯз то ба 3000 нафар расидааст. Ин далели хуби тараққии иқтисодиёти кишвар буда, инчунин, бозгӯи таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҷавонон аст.
Дар баробари ин, барои дастгирии ҷавонон дар ҷодаи илм, анҷом додани тадқиқотҳои илмӣ, дарёфти навгониҳои илмӣ ва рушди соҳаи илм Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои назаррас анҷом додаанд, таъсис дода шуд. Имрӯз зиёда аз 170 нафар олими ҷавон соҳиби ин ҷоиза гардидааст. Ҳамасола дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ олимони ҷавон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадр мешаванд.
Падидаи некутарин барои ҷавонон таъсис ёфтани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 мебошад. Дар қиёс бо шӯроҳои дигар роҳбарии онро Сарвари давлат ба зимма доранд ва роҳбарони аввали вазорату идораҳо аъзои он буда, ташкилотҳои ҷамъиятии бо ҷавонон ҳамкоридошта низ ба он шомиланд. Тамоми масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, беҳсозии он, ҳалли мушкилоти ҷойдошта, дар ин шӯро матраҳ мешаванд.
- Барои афзудани сафи ҷавондухтарони роҳбар чӣ тадбирҳо амалӣ шуда истодаанд?
- Давлат ва Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҷавонон, алалхусус ба занону духтарон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Фаъолияти мақомоти босалоҳияти давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила, таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат барои баланд бардоштани мавқеи ҷавондухтарону занон ва, ҳамзамон, аз минбари баланд зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар гуфтани он, ки: “То ман ҳастам, зиндагии шоиставу арзанда барои занону духтарон дар кишвари мо дар фазои соҳибистиқлолӣ таъмин карда мешавад” исботи дастгириҳои Ҳукумати кишвар мебошанд. Имкони фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар, сохти ҳокимияти конститутсионӣ, демократӣ будани давлат, ҳуқуқбунёдии он, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд имрӯз дар ҷамъият фаъол будани занону духтаронро таъмин намудаанд.
Имрӯз, ки рӯ ба рушди тамоми ҷодаҳо бо истифодаи техникаву технологияҳо дорем, мардум барои гирифтани ахбор аз шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр фаъоланд. Ҳангоме хабарномаи тасмими гузарондани семинарҳоро мегузорем, хоҳишмандони зиёд меоянд. Ҳарчанд аз рӯи нақша 30 нафар бояд иштирок мекард, бо назардошти дархостҳои зиёд семинарро барои 60 нафар дар давоми як ҳафта, дар идораи кумита роҳандозӣ намудем. Дар сатҳи ҷумҳурӣ низ хоҳишмандони иштирок дар чунин семинарҳои омӯзишӣ зиёд буданду имкон фароҳам омад, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳо барои занону духтарон чунин дарсҳо ташкил кунем.
Дар семинарҳои омӯзишӣ он нафароне, ки дар ҷодаи хизмати давлатӣ муваффақанд, ё зиндагиномаашон барои дигар бонувон намунаи ибрат аст, ҳамзамон, аз нуқтаи назари барномаи таълимӣ омода кардани кадрҳои ҷавон ва бедор намудани муҳаббаташон ба хизмати давлатӣ равона гардидааст, ҷалб карда шуданд.
- Норасоии ҷойҳои корӣ барои ҷавонон эҳсос мешавад. Дар мавриди ба кори доимӣ ҷалб намудани ҷавонон дар кумита чӣ корҳо ба анҷом расонда шудаанд?
- Дар қиёс бо кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон давлати ҷавон аст. Аз 9,5 миллион аҳолии Тоҷикистон зиёда аз 70 дарсади он, яъне тақрибан 6 миллионро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар меҳвари сиёсати давлат имрӯз мушкилоти ҷавонон масъалаи калидӣ маҳсуб меёбад. Шуғлнокии ҷавонон низ яке аз масъалаҳо асосии кумитаи мо мебошад. Дар назди кумита Корхонаи воҳиди давлатии биржаи меҳнатии ҷавонон амал мекунад. Фаъолияти ин коргоҳ дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо, аз созмон додани ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ватанӣ, бевосита бо муайян намудани ҷойҳои корие, ки барои фаъолият ва ҷалби ҷавонон ба шуғломӯзӣ заруранд, роҳандозӣ карда мешавад.
Инчунин, дар назди коргоҳ барои ҷавондухтарон аз оилаҳои камбизоату ниёзманд, ятимон курсҳои семоҳаи омӯзишии ройгон, ба монанди таббохӣ, маърифати оиладорӣ, кадбонугӣ, пардозгари мӯю ороишгари рӯй, дӯзандагӣ, атласу адрасу қолинбофӣ, рассомӣ амал мекунанд.
- Бобати фаъолияти ташкилоти волонтёрӣ чӣ андеша доред? Мақсад аз ташкили он дар чист?
- Волонтёрӣ (фидоиҳо, ихтиёриён) дар ҷаҳон як фаъолияти пурмасъул маҳсуб меёбад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» амал мекунад. Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамоҳангсози фаъолияти волонтёрӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мебошад. Дар ин радиф, кумита бо фароҳам овардани шароити хуб, барои бештар ҷалб намудани волонтёрон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Волонтёрӣ ин фаъолияти хайрхоҳонаи ихтиёрӣ мебошад, ки бе музд ба манфиати ҷомеа равона мешавад.
Барои он ки фаъолияти волонтёрӣ бо як низоми муайян ҷараён гирад, ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» созмон ёфт, ки дар заминаи он зиёда аз 20 ҳазор волонтёр дар сатҳи ҷумҳурӣ бо ташкили филиалҳо дар сатҳи маҳал фаъоланд.
Баҳри боз ҳам фарохтар нишон додани фаъолияти волонтёрӣ нақшаи чорабиниҳои 30 ҳафтаи ободкорию созандагӣ барои ҷавононро ташкил кардем. Дар ин доира зиёда аз 40 нафар волонтёр аз пойтахти кишвар ба ноҳияи Данғара барои боздид ба он мактабе, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таълиму тарбият додааст, сафарбар шуд.
Бо ин васила мекӯшем ҷавононро, ки насли ояндасозанд, дар рӯҳияи ватандӯстиву пос доштани арзишҳои миллӣ тарбият намоем.
-Ташаккур!
Гулноза БОБОМУРОДОВА