Бораву дари ин манзил оғуштаи рӯшаниву умеду эҳсони наку буду аз зеҳи дутори модар навоҳои фораму аз лаб таронаҳои дилнишин мешорид. Раҷабмоҳ медид, ки модар гоҳо дар хилват рӯи авроқи сафед шеъраке эҷод мекарду бо оҳанг ҷӯр меандохт.
Аз миёни шаш фарзанд – се бародару се хоҳар истеъдоди модарро бародари мобайнӣ ба мерос гирифт, ки баъдан бо лаҳни шевояш шуҳратёр шуду ҳамчун сарояндаи маҳбуби кишвар - Ҷамшед Исмоилов шинохта гашт.
Он овон насабгузорӣ ба зудӣ тағйир мехӯрд, ки се фарзанд номи бобо – Исмоилро гирифтанду сеи дигар исми падар Қосимро. Раҷабмоҳ Қосимова фарзанди дувуми ин хонаводаи фарҳангӣ буд, ки киштаҳову сариштаҳои умрашро аз умқи хотир берун меорад.
- Мо дар ноҳияи Ховалинг мезистем ва вақте ки ҳамагӣ се сол доштам, ба шаҳри Кӯлоб кӯчидем. Падарам директори мактаби миёнаи № 1 буд, баъдан мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ таъйин гардид. Дар омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 32 низ ба сифати директор фаъолият бурд. Модарам Гулнора Каримова - хатмкардаи омӯзишгоҳу Донишкадаи педагогии Кӯлоб омӯзгор буданд.
Баъди тавлиди фарзандон корро тарк гуфту умрро масрафи тарбияи мо кард. Зани зебое буд бо мӯйҳои дароз. Ёд дорам, ки матоъҳои атласу крепдешини сафедро дӯст медошт. Ҷамъи пироҳанҳояш аз ин матоъҳо буданд, ки бо завқу салиқаи хос ба бар мекарду тоқӣ ба сар, дар пой туфлиҳои локӣ олуфтасимо пеши назарам ҷилва мезад. Гоҳо куртаҳои модарро ба бар мекардаму пеши оина гӯё медурахшидам. Садафу гӯшворҳои қафасии зиёд дошт, ки ҳамсони пироҳанҳо интихоби баҷое менамуд, - хотирот рӯшан кард бону Раҷабмоҳ.
Ба гӯшворҳои заррини бари рухсораш, ки бо санги фирӯза оро ёфтаанд, ишора намуда афзуд:
- Инҳо бо ангуштаринаш аз модарам ба ёдгоранд. Хаёлам, ки порае аз ҳастии модар бо ман аст. Гирди сандалӣ бонувони маҳалро ҷамъ меоварду ба чигитаки пахта вақт мегузаронд. Дар суханпардозиву маъракаороӣ назир надошт. Сурудҳояш дар фазои хона танин меандохтанд, ки ба ин тобиш суханёбе, фарҳангиеро ёд надорам. Агарчи манзили хоксоронае доштем, он саршор аз ошноиву рӯшноиву хандаву муҳаббат буд.
Ҷамшед: «Модар – Ватан, ман омадам!»
- Чакомаҳои модар буд, ки додарам Ҷамшед, кӯдаки аҷаб хушрӯву сафедаку рухсораҳош арғувонӣ чӯберо ба сони асп савор мешуд ва байни ҳотаву ҳавлӣ зери лаб суруде замзамакунон аспашро «қамчин» мезад. Усто Ғуломи ховалингӣ, ҳунарманди созтарош, шаҳнабоз ва овозхони маҳбуб бо падарам дӯстӣ дошту мудом ба хонаи мо меомад. Гоҳе, ки суруд мехонд, зери чашм ба ҳаракатҳои Ҷамшед зеҳн мемонд. Боре ба падарам гуфт: «Бачаат ояндаи дурахшон дорад, ҳофизи хубе мешавад». Қиблагоҳ ханда бар лаб гуфтанд, ки падараш ба ин шуғл надорад, ӯ аз куҷо ҳунарманд мешавад.
Ҷамшед ҳанӯз аз солҳои аввали таҳсил дар мактаб чун ҳаваскор дар чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат меварзиду маҳфилоро буд. Бо баҳои хубу аъло мехонд. Истеъдоди Ҷамшед овоза шуд, ки аз мактаб – интернати мусиқии пойтахт намоянда омаду ӯро барои таҳсил ба он ҷо таклиф кард. Модар бачаи лахти ҷигарашро нахост аз худ дур созад. «Мактабро тамом кард, ҳарчи хоҳад, ихтиёраш»,- гуфт ӯ.
Солҳои охири мактабӣ базму маъракаҳои мардумро бо садои ҷаззобаш гарм мекард. Вақте бузург шуд, сарояндаи номӣ гардид. Боре модар гуфт: «Бачам, аз халқ шуд». Он давра на ҳама телевизор дошт ва мардуми атроф барои шунидани садои форами Ҷамшед ба ҳавлии мо меомаданд. Чор ҷӯяки тақрибан 1,5 метрӣ дарахтони себ доштем. Байни онҳо шолча мепартофтему телевизорро байни ҳавлӣ мемондем. Гоҳе ки Ҷамшед дар экран падид меомад, мардум тасхири садову симояш мегаштанд.
Аҳли фаҳм ва ҳамсуҳбати хубе буд ӯ. Ҳамин ки ба хона меомад, нидо дармедод: «Модар – Ватан, ман омадам» ва гоҳо «Хез, модар, ки мусофир писарат омадааст», - гӯён таронаи машҳурашро замзама мекард. Ӯ падар ва ҳамсари хубе буд, ки фавташ барои мо зарбаи ногаҳоние гардид…
Сафар ба Афғонистон
Раҷабмоҳ Қосимова бонуи боғайрату тавонманд ва ибратбахши садҳост, ки аз ҷавонӣ бо сару дили мардонавораш ба тобидан пар кашида, соли 1969 омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлобро бо баҳои аъло хатм кард. Муддате ҳамчун момодоя фаъолият бурда, баъдан факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро (1975 - 1980) поён бурд. Муддати як сол дар комиҷроияи ноҳияи Октябр (ҳоло Исмоили Сомонӣ)–и шаҳри Душанбе ба ҳайси котиби масъул оид ба масъалаҳои маъмурӣ буд. Соли 1981 ҳамроҳ бо ҳамсараш Халифабобо Ҳомидов (собиқ вазири адлияи кишвар) бо сафари хизматӣ ба Афғонистон рафт. То соли 1984 Раҷабмоҳ дар шифохонаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Кобул момодоя буду ҳамсараш дар донишгоҳи Кобул аз фанни ҳуқуқ дарс мегуфт.
- Ману ҳамсар ва писарам Сарвар дар як хона, дар ҳуҷраҳои алоҳида ҳамроҳ бо зану шавҳари русе аз Москва мезистем, ки аз забондонӣ, матонат ва хулқу атвори мо хушашон меомад. Дар ҳамсоягӣ афсарон ба сар доштанд. Ба ҳаққу ҳамсоягон, мардуми таҳҷоӣ ҳам ёрии тиббӣ мерасондам. Маҳаллаҳои наву куҳнаи шаҳри Кобулро пуле ба ҳам мепайваст. Мағозае, ки ба шӯравиҳо хизмат мерасонд, дар он сӯи пул воқеъ буд. Дасти писаракамро гирифта, сӯи мағоза раҳсипор мешудам. Сари ҳар одам аз ҳар анвои ғизоӣ яккилоӣ медоданд. Ҳарчанд ғизо барои оилаи мо зиёд буд, ҳаққамро пурра мегирифтам. Дар ду канори пул сарбозони шӯравӣ навбатдорӣ мекарданд ва қисме аз он ғизоҳоро ба онҳо ҳадия карда, як қисми дигарро ба ҳамсоягон мебахшидам. Ба бонувони омӯзгори афғон ҳаваси кас меомад. Костюму доманҳои шинам, мӯйҳои зебо орододашуда ва портфел дар даст ба дарс мерафтанд. Ҳурмату эҳтироми хурду калон зиёд буд. Хаёлам, ки он замон зиндагӣ дар Афғонистон беҳтар аз имрӯз буд.
Баъзан савори автобус моро ба маркази шаҳри Кобул баҳри харид мебурданд, ба мағозаи калон, ки молу колои зебо дошт. Сарбози русе хизматро адо намуда буду барои модараш ба суроғи савғо моро ҳамраҳӣ кард. Туҳфаҳоро интихоб менамуду аз ман маслиҳат мепурсид, ки барои модар кадоме писанд хоҳад омад. Ногаҳ тири нохалафе ба ӯ расиду пеши поям ба замин уфтоду ҷон дод. Туҳфаҳои дасташ ҳар сӯ пареш хӯрданд. Ба даҳшат омадаму сахт мутаассир гаштам. Ҳар дам ба хаёлам, ки ин ҳодиса дирӯзакак буд, - қисса намуд бону Раҷабмоҳ.
Бонуе тадбирҷӯй
Баъди бозгашт ба зодбум ҳамтои ситораҳои рӯшангари хоки неъматофарини диёр дар Вазорати нақлиёти кишвар, дар комиҷроияи шаҳри Кӯлоб ва баъдан дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ ба симати мушовири ҳуқуқӣ, пас дар Вазорати адлия ба ҳайси нотариуси давлатӣ ва сардори асноди ҳолати шаҳрвандии назди вазорат фаъолият бурд. То соли 2008 ҳамчун ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Вазорати адлия кору пайкор дошт.
Соли 2008 ба тариқи озмун мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ интихоб гардид. Ӯ омӯзгор, дотсенти кафедра, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, раиси Шӯрои занони донишгоҳ буд. Аз соли 2017 раиси Шӯрои ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ аст.
- Аз мактаби устод Абдуҷаббор Раҳмонзода, ректори вақти донишгоҳ, бисёр таҷриба андӯхтам. Нуъмонҷон Ғаффорӣ, ректори кунунӣ низ шахси бохираду адолатпарвар, моро зиёд дастгирӣ менамояд. Аз ҷумла, барои шӯро дафтари корӣ ва таҷҳизоти зарурӣ муҳайё намуд ва собиқадоронро зери назорати доимии раёсат вогузошт.
Алҳол дар ташкилот 122 нафар собиқадор дар қайд аст. Мутаассифона, аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 -1945 нафаре намонда. 12 нафар собиқадороне, ки дар Афғонистон ва дар садамаи Чернобил хизмат намудаанд, нафароне, ки дар ҳимояи сохти конститутсионии Тоҷикистон саҳм гузоштаанд, дар қайди ташкилотанд.
Ҳамчунин, 35 нафар бонувони омӯзгор, собиқадорон таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор доранд. Аз аҳволи онҳо ҳамеша дар ҷараёнем ва бо дастгирии раёсати донишгоҳ кумакҳои молию пулӣ мерасонем, - гуфт ҳамсуҳбатам.
Ахтарони қалб
Хоҳарбузургаш Қурбонгул Қосимова дар шаҳри Кӯлоб ба сифати пизишк, бародари хурдиаш Дилшод корманди соҳаи гумрук ва хоҳари хурдаш Файзигул равоншинос аст. Фарзандонаш Сурайёхон ва Ҳусейн ба роҳи паймудаи волидон қадам ниҳода, нозукиҳои фанни ҳуқуқ андӯхтаанд. Аввалӣ нотариуси давлатӣ ва дувумӣ ҳуқуқшинос аст. Нуҳ набера дар гирди бибии ғамхорашон парвонаанд.
Ҳамтои ситораҳои рӯшангари фазои диёр барои хидмати шоиста бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2011), медали 90-солагии адлияи Тоҷикистон (2014), медали 75-солагии Ғалаба дар ҶБВ қадр шудааст. Соли 2017 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардид.
Раҷабмоҳ Қосимова муаллифи 8 асар ва 16 мақолаи илмӣ ва илмию методист. Муаллима шефтаю гирифтори пешаи пуршарафи омӯзгорист, ки то расидан ба қуллаи шарафу маҳбубияти мардумӣ шебу фарозҳо паймудааст, то ибратбахши садҳо бонувон гардад.
Ситора АШӮРОВА