Зимистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин тӯлонитар аз баъзе мавзеъҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аст, ки қариб ҳашт моҳ давом меёбаду барфи баланд монеи равуои нақлиёт ва мусофирон мегардад. Бо вуҷуди омодагиҳо дар самти нигоҳдории роҳҳои мошингард байни ноҳия ва деҳаҳо алоқа муддате қатъ мегардад, ки барои фаъолияти табибон мушкилиҳо эҷод мекунад.
Таҳмина Ашӯрова, табиби амрози занона ва момодояи маркази саломатии ноҳия, дар ёд дорад, ки чанд сол қабл аз деҳаи Сафедоб, ки дар пушти кӯҳ воқеъ аст, табибонро ба ёрӣ хостанд. Зане муддати ду рӯз дарди мухоз (зоиш) мекашид. Бо вуҷуди мавҷуд будани бунгоҳи тиббӣ ва бародари тибби оилавӣ, ӯ бо табиби эҳёгару ду нафар корманди миёнаи тиб аспсавор тақрибан 20 - 25 км роҳ паймуда, кӯҳро убур менамояд. Чашми зан равшан шуду гиряи тифл фазои хонаро печонд. Хушбахтии аҳли хонаводаро ҳадду канор набуд.
- Чунин ҳодисаҳоро 3 - 4 маротиба аз сар гузарондаам. Ба деҳаҳои дурдаст, мисли Лангардара ва Эмом Ҷаъфари Содиқ танҳо ба чунин тарз метавон раҳ паймуд. Ду мошини ёрии таъҷилии калон ва ду мошини сабукрав дорем, ки дар ҳолатҳои оҷил ҳамроҳ бо дастаи табибон ба ёрӣ мешитобем. То макони зарурӣ нисфи роҳро бо мошин ва ҷое, ки мошинногузар аст, пиёдаву аспсавор мепаймоем, - мегӯяд Т. Ашӯрова.
Таҳминабону соли 2003 факултаи умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва соли 2005 магистратураро дар таваллудхонаи № 2-и пойтахт аз рӯи ихтисоси духтури амрози занона ва момодоя поён бурд. Баъдан ба ноҳия баргашта, дар беморхонаи маркази Ҷамоати деҳоти Ёл (ҳоло Ҷамоати деҳоти Маҳмуд Нуриддин) ба ҳайси сардухтур фаъолият намуд. Соли 2001 оила бунёд кард ва дар маркази солимии репродуктивии № 2-и шаҳри Кӯлоб ба сифати духтури амрози занона ифои вазифа намуд. Соҳиби духтарчаи дӯстрӯе ҳам гардиду пас аз се сол ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баргашт. Корро ҳамчун духтури минтақавӣ бо занони қобили таваллуд ва ҳомила идома бахшид. Аз соли 2010 мудири шуъбаи тибби оилавӣ ва духтури амрози занонаи маркази саломатии ноҳия мебошад.
- Дар оғоз корбарӣ оид ба назорати давраи ҳомиладорӣ, таваллуд ва баъд аз таваллуд бо бонувони деҳот ниҳоят мушкил омад. Ҳатто дар мавриди зери назорати доимии духтур ва ҳамшираҳои қитъавӣ қарор доштани зани ҳомила, онҳо маълумот надоштанд. Тифл аз рӯзе, ки дар батни модар пайдо мегардад, бояд зери назорати доимии табибон бошад, то ҷараёни муътадили ҳомиладорӣ назорат ва оризаҳо сари вақт ошкор гарданд. Зодмандон ба муҳтавои эмкунии кӯдакон сарфаҳм нарафта, зиддият нишон медоданд.
- Чанд сол қабл ҳодисае рух дод, ки зани ҳомилае бо бемориҳои сил ва бронхит ба ҳолати вазнин гирифтор шуд. Мо бо гурӯҳи табибон назди ӯ ҳозир шудем. Хонаводаи зан фавти ӯро интизор буданду илоҷи корро дар даму дуо диданд. Падари зан намегузошт, ки ӯро ба беморхона барем. Раисони маҳаллаву ҷамоат ва ҳатто кормандони ҳифзи ҳуқуқро даъват кардем. Билохира занро дар беморхонаи шаҳри Кӯлоб бистарӣ намудем ва баъди ду рӯзи табобат ҳоли ӯ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод, ки баъдан ба беморхонаи бемориҳои сили Мачитони шаҳри Ваҳдат фиристода шуд. Он ҷо зан аз табобати пурра гузашта, сиҳат ёфт ва тифли солим ба дунё овард. Ҳоло шукр, ки волидон, шавҳар ва хусуру хушдоманҳо ба ин кор қариб ки монеъ намегарданд, саломатӣ муҳим аст, мегӯянд, - қисса намуд Таҳминабону.
Ин бонуи кордон тадриҷан корро дар самти аз байн бурдани хурофотҳо пурзӯр намуд. Ҳамроҳ бо дигар кормандони тиб дар манзилҳои зисти одамон, дар маъракаю ҷамъомадҳо миёни занон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва машғулиятҳои омӯзишӣ доир менамуд. Ба гуфти ӯ, ҳоло бонувон хеле фаъол гашта, ҳатто мардони хонавода ба ин масъала мароқ зоҳир менамоянд.
Ҷудо гардидани Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) аз тобеияти беморхона, бунёди марказҳои саломатии ноҳиявӣ, бунгоҳҳо ва марказҳои саломатии деҳот ва ҳамоҳангии фаъолияти онҳо бо КАТС, таъминот бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва бо курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифтани табибону кормандони миёнаи тиб аз дастовардҳои назарраси соҳаи тандурустии минтақа аст. Алҳол дар КАТС 14 табиби оилавӣ, ду духтури гӯшу гулу ва бинӣ, як табиби амрози занона ва ду дандонпизишк кор мекунанд. Дар бунгоҳҳои тиббӣ ғайр аз момодояҳо ҳамшираҳои шафқат ва бародарони тиб даст ба коранд.
- Алҳол дар ду деҳа – Раҳмонобод ва Саричашма бунгоҳи тиббӣ мавҷуд нест, ки дар ояндаи наздик бунёди онҳо дар назар аст. Мушкилоти асосӣ масофаи дури байни ноҳия ва ҷамоатҳост, ки қаблан зоишҳои хонагӣ ва фавти модару кӯдак ба қайд гирифта мешуд. Алҳол ёрии аввалия дар бунгоҳҳои тиббӣ расонда мешавад ва хушбахтона, аз соли 2010 фавти модару кӯдак ба қайд гирифта нашудааст. Зоишҳои хонагӣ ҳам қариб нест гӯем, хато нахоҳад буд, - мегӯяд Таҳмина.
Ин бонуи садоқатпеша дар тавлиди ҳудуди 300 кӯдак саҳм гирифта, дар ин росто, дар табобати бемориҳои амрози занона ва пешгирии ҳамли номатлуб эътибору эҳтироми бонувонро ба даст овардааст. Дар 41 рӯзи нигоҳубини баъди зоиш низ Таҳминабону дар мавриди истеъмоли ғизои солим, тозаву озода нигоҳ доштани модару кӯдак ва манфиати шири модар корбарӣ намуда, таъкид месозад, ки шири модар эми аввалини кӯдак аст ва орӣ аз хусусияти зараррасонист.
- Шералӣ Раҳматуллоев, мутахассиси соҳа аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар борҳо таъкид намудааст, ки шири модар орӣ аз ҳама чизи зараррасон аст, бахусус микробҳо. Баръакс, найчашишаҳое, ки ширро даруни он барои озмоиш мегиранд, микроб доранд, ки барғалат шири модарро нобоб мегардонанд, - бигуфт ӯ.
Дар 15 садяк замини наздиҳавлӣ Таҳминабону боғе тартиб дода, дарахтони себ, зардолу, гелос, нок ва олуболу парвариш менамояд. Ғайр аз ин, аз ду гектар замин ҳамасола то 2 тонна гандум рӯёнда, орди онро барои рӯзгор захира месозад. Нигоҳубини чанд сар гов, мурғ ва парвариши ғалладонагиҳо имкон фароҳам овардаанд, ки аз маҳсулоти худӣ рӯзгорро таъмин ва ғизои солими кӯҳистонро истеъмол фармояд.
Падари Таҳминабону, табиби силшинос, бо собиқаи 46 - солаи корӣ алҳол дар шаҳри Кӯлоб фаъолият дорад. Падар духтари ҳамтои худро борҳо ба шаҳр таклиф намудааст. Аммо ӯ боду ҳавои серун, табиати нотакрор, мардуми самимии деҳотро дӯст медорад. Ин ҷо хушбахттар аз ҳама ҷост, зеро дардшарики беморон асту гоҳе, ки дидагони тифлакеро ба олам боз менамояду рӯи даст мегирад, гоҳе, ки ба дарди беморе даво мебахшад, бо қалби саршор аз фараҳ оҳи сабуке мекашад. Умедвориҳои занонро баровардан барояш камоли хушбахтист.
Омина ХОҶАЕВА