- Устоди арҷманд, дуруд!
- Салом!
- Узр мехоҳам, вале аз чӣ сабаб аст, ки дар суҳбатҳо ва навиштаҳо аз модаратон сухан намегӯед. Дар миён чӣ асрорест?
- Дар ин маврид суол қариб, ки набуд ва ҳам ҷойи дардмандии дили ман аст. Барои ҳамин аз пеши худ чизе намегӯям. Симои модарамро дар ёд надорам. Мехоҳам чеҳраашро пеши назар биёрам, намешавад. Садояш, шеваи сухангӯӣ ва меҳрубониҳои модарам кудурати дилам монд. Хеле ҷавон аз дунё гузаштанд. Номашон Балхинисо, исми модаршон Маҳтонбӣ ва бобоям яке аз донишмандони замон Самӣ Шариф.
Мегӯянд модарам зани доное буд. Дар ёдам қаду қомат, либосҳои хушранг, қаламзанӣ, дарзу дукдӯзӣ, ресмонресӣ, риштаҳои рангхӯрдаи сари шоху чабраҳо ва бароям бозичаҳо сохтани модарам мондаанду сураташ не. Ё аз он, ки мудом рӯймолаш гирди занах баста буд. Намедонам. Замони охир дар бемористони ноҳияи Данғара мехобиданд ва падарам маро бо худ гирифт. Ҳини хайрухуш аз рухсораам бӯсида, ба дастам кулӯлақанд дода буд. Ширинии қандро дар хотир дорам, ки бори аввал ба даҳон зада будам, вале сураташ дар ёдҳо нест. Шояд ҳушам ба қанд шуд. Ман аз куҷо медонам, ки ба видоъ хонда буд маро, модарам.
- Падаратон усто Раҷабалӣ аз аҳли табор ва хислатҳои модар ёдовар мешуданд ё худатон мепурсидед?
- Модарамро бисёр дӯст медоштанд. Аз гапашон маълум буд. Падарам дар хонаи Самӣ Шариф кор мекарданд ва модарам дар пеши чашмашон бузург мешуд. Бо амри бобоям гаҳворабахш шуданд. Падарам ба Бухоро барои таҳсил рафта, пас аз чанд муддате, бо шунидани хабари фавти Самӣ Шариф ва овозаи ба шавҳар додани Балхинисо ба деҳа дар шитоб мешавад.
Ҳар гоҳ ки ба деҳа равам, ба чормағзу тут, ки ёдгори дасти модарам ҳастанд, ҳеваи бачагӣ мешиканам. Чанд тана ангури ҷавз ҳам буд, ки хотираашро зинда мекард. Алҳол нест.
- Чаро маҳз туту чормағз ва ангури ҷавз?
- Ба ҷойи дару погаи қаблӣ хонаҳои нав сохтаанд. Туту чормағз умри дароз доранд ва ёдам меояд, ки дар навдаҳошон халтаи чаккаву ҷурғот ва дар мелок сатили шир овезон буданд. Самарашон хеле ширину хушмаза буд. Барои бача ин муҳим аст. Қиссаи ангури ҷавз ҳам ғалатист. Падар ва ду бародарам: Ҳидоятулло ва Кароматулло дар бунёди роҳи Душанбе – Варзоб кор мекардаанд. Боре падарам ба сифати савғо ангури ҷавз меорад, ки ба модарам хуш меояд. Вале бори дигар аз ангур фаромӯш мекунад. Модари обистанам нохост аз ин хусус ошарф месозад. Падарам ҳарфе назада, аз хона баромада як шабонарӯз бедарак, бо ду сабад ангури ҷавз бармегардад. Пасон чанд тана қаламча оварда, дар поёни ҳота мешинонад. Ҳар сол ҳосили фаровон мебаст ниҳолҳо ва миёни ҳамсояҳо бо номи ангури Балхинисо машҳур буд.
Падарам назокат, латофати занона ва озодагии модарамро сифат мекарданд. Ба гуфташон, модарам ҳич гоҳ аз дарвоза берун намебаромад. Ба ҷуз аз лаҳзае, ки Ҳидоятуллоро ба ҷанг гусел мекард ва аз дами дар гардани Кароматуллои 16 - солаи ҷувонимаргашро оғӯш кашида буду се рӯзи дигар пеши дастниҳоли ӯ месӯхту мевреҷиду навҳа дошт. Гумонам, дарди ҷигарбандаш ӯро кушт. Модарам чашми хат дошт ва ҳуруфи кириллӣ ва лотиниро медонист. Ҳарфҳои нахустинро дар панҷсолагиам аз модарам омӯхтам.
- Сарнавишти фарзандони падар пас аз даргузашти модар дар чӣ раҳ буд?
- Ҳамсояҳо дар ғами ман буданд, ки бачаи нозии усто Раҷабалӣ пеши пои моиндар мемонад. Хушбахтона, бад гуфтанд, нек пеш омад. Пас аз чили модарам аммаам Назрбӣ шарт мегузорад, ки ё хонадор мешавӣ ё ман бачаҳоро хонаи худам мебарам, ки «дастнигару дар ба дар» нашаванд. Аз деҳаи ҳамсоя зани аз чилсола болои шавҳар надидаро ба падарам хостгорӣ карданд. Бар хилофи гапи мардум апаи Қумрӣ бофазилат, меҳрубон ва боназокат баромад. Аз рӯйи хулқу хислаташ ба ӯ лақаби «дӯстдор» додам, ки тез паҳн ва то охири умраш монд.
Як маҳал аз ӯ сахт хафа, ба қавли мардум «сархаму нозеҳ» шудам. Вақте ки ӯ тамоми бозичаҳоямро аз дегу дегчаи гилӣ, лӯхтаку болиштчаҳоро шикасту ба оташ андохт. Акнун маҷбур будам ҳамроҳи ҳамсолонам алафу ҳезумёр ва шӯху бесар шавам. Пас аз муддате ба рафтори «ноаҳлонаи дӯстдор» сарфаҳм рафтам. ӯ бо ин амалаш роҳи тифливу бачагиамро баст ва тӯшаву талқон ба ҷодаи ҷавонмардӣ ва дарки асрори зиндагиам дод.
- Устод, мешавад хулқу хислат ва ҷаҳонбинии занону модарони солҳои ҷавонии шуморо бо бонувони даврони соҳибистиқлолӣ дар қиёс гирифт?
- Ҳар як давру замон ба инсонҳои сазовору мувофиқи худ ниёз доранд. Вале, ба гумони ман, зану модари тоҷик ба тағйироти сифатӣ дучор нашудааст. Ҳамон гуна ки буд, порсову поктинат, зебову боназокат, аммо андаке сода боқӣ мондааст. Ва боз ҳам зебо шудаву озодтар. Занони солҳои 30 – 40-уми асри ХХ тарсхӯрдаву побанди урфу одатҳои қавмӣ ва авлодӣ буданд. Ин замон, ки зани тоҷик мактабдидаву дунёдидаанд, намешавад ҳатто ду даҳсоларо ба ҳам қиёс кард. Дар ин маврид сухан бисёр аст, аммо мехоҳам аз рӯзгори он овон қиссае барои «Бонувон…» ҳикоя кунам. Ҳамон аммаи Назрбиам шавҳаре дошт бо номи Наскак. Намедонам, номаш воқеан Наскак буд ё мардум аз заифии ҷисм ва хулқу хислаташ унвонаш дода буданд, намедонам. Гапи ӯро касе намефаҳмид, ба таги биниаш, гӯё худ ба худ гап мезад, калимаҳо норӯшану нопурра мебаромаданд. Саис буд. Чор асп дошту ду ароба. Наскаки ростина буд. Дар қисми болои деҳа мазор буд, Гаҳворасанг меномиданаш. Алафаш хушрӯ месабзид. Наскаки мо як рӯз аспҳояшро барои чаро ба ҳамин мазор медарорад. Барои лангар кардан санг мекобад. Аз бехи кадом буттае як лӯндаи пур аз хоку гили ҳалқадорро пайдо карда, гулмехро мекӯбад ва дар рӯймоли миёнаш печонда хона меорад.
Наскак вақте ба хона бармегардад, ки ҳамсараш нон пухта истодааст. Он вақт танӯр дар даруни хона қарор дошт. Вазифаи гарм кардани хонаро ҳам адо мекард. Ғаниматашро аз рӯймолаш кушода ба танӯр мепартояд, ки тилло ё санги қиматбаҳое бошад, гарду зангаш сӯхта, намоён мешавад. Хайрият, ки аммаам нонҳоро аз танӯр гирифта, аз дар мебарояд. Дар ҳамин лаҳза як садои даҳшатноке замину замонро меларзонад. Худи Наскак баъд аз он воқеа нақл мекард, ки:
- Як ғот ҳушум дар сар мезанад, пеши чашмони торикум рӯшан шидан мегира. Фикр мекънм, ки ҳич гоҳ хонамон рӯшан намешид. Нигоҳ мекънм, боми хона нест.(Механдад).
ӯ норинҷакро, ки шояд аз кадом муҳориба мондааст, аз санги муқаррарӣ фарқ намебарад. Қиссаро ҳамчун шарҳ ба гуфтаҳои боло замима кардам, ки бонувони закӣ мақсадамро дарк менамоянд.
Дар фарҷоми суҳбат бонувони нозанини кишварро бо Рӯзи Модар, баҳори гулафшон ва Наврӯзи хуҷастапай табрику муборакбод мегӯям. Саодат ёрашон бод!
Ҷонибек АСРОРИЁН,
фарҳангшинос