Қуллаи ҳунарро Соҳибсултон зина - зина мепаймуд. Фатҳи ҳар зина ба ӯ мактаби наве буд. Ҳаргиз аз ранҷи ин фатҳ шиквае намебурду аз комгорияш ғуруре надошт.
Қадам ба қадам ба қуллаи ҳунар боло мерафт. Истеъдоди ирсӣ дошт. Машқҳои пайваста, талошҳои беохир барои офаридани ҳар нақш дар саҳнаи театр, омӯхтану андӯхтан ӯро болотар мебурданд. Ғуруру ҳавобаландиро намеписандид. Аз таҳти дил заҳмат мекашид, то дар нақши бозидаи модари ӯ мардум дили гарми пурмеҳри модарро эҳсос кунанд, дар нақши ашрофзода салобаташро бубинанд, дар нақши писараке шӯху бало бошад, дар нақши ошиқ аз ҳарфу гуфтораш бӯи вафо, бӯи васл ояд.
Зина - зина ба суроғи шуҳрат не, ба ҷустуҷӯи ишқ, меҳр ва муҳаббати инсонӣ мебаромад Соҳибсултон. То аз баландиҳо шаҳомати зиндагиро бубинад. Офтобро наздиктар эҳсос кунад, шукӯҳи қуллаҳоро васф намояд, ба бекаронаҳо бар ояд ва бигӯяд, ки дар баландии ҳунар зистан чи саодате дорад, ҳаловати ҳунар чист.
Аз рӯзе, ки ӯ худро шинохт, ошиқ буд. Ошиқи модар.
Модари болобаланду нозанин. Модари ба назараш беҳтарин ва меҳрубонтарин дар рӯи дунё, ки ба ҷуз болаззат хӯрондану зебо пӯшондан, овози дилкаш ва сеҳрангезе ҳам дошт. Субҳ бо суруди шево ба навозиш баррачаҳои масти худро бедор мекард:
Модаре, ки ҳаргиз ҳарфи дурушт ба ягон фарзанд нагуфта, чеҳраи чун себи хубон базеб, чашмони банураш ҳамеша хандон буд. Ҳазлу шӯхиҳо мекард. Хушрӯ мерақсид, хиромаш ба хироми кабку мавҷи дарё мемонд. Модаре, ки ӯро номи зебо ва нодире гузошта буд. Соҳибсултон.
ӯ сахт ошиқ буд. Ошиқи Меҳан. Фарзанди Меҳан бо номи Тоҷикистон.
Меҳане, ки баробари модар ба оғӯш гирифт. Ба ӯ табиати нозанин, кӯҳҳои баланди барфпӯш, офтоби гармрӯ, моҳу ситораҳояшро ҳадия кард. Барои нӯшидан чашмаҳои давобахш дод. Меҳане, ки ба фарҳангу адаб, ба хатту маърифати қадим ба дунё овоза дошт. Боми Ҷаҳони Тоҷикон буд.
Меҳане, ки ӯро ба канор парварид. Зина - зина ба ошёни баланди зиндагӣ бурд. Ҳомию пуштупаноҳаш шуд.
Ошиқ ба Меҳан буду мегуфт:
– Меҳан ин хуни гарм дар бадани ман аст.
Дар зодрӯзи шоира Норинисо шинос шудем. Чун маро муаррифӣ кард, дар хатти зебои лабонаш табассуми ширине падид омад. Бешак, фариштаи соҳибҷамоле буд, ки ба забони одамӣ сухан мегуфт. Аз каломаш навозишу меҳр мерехт. Дар навбати худ марди паҳлуяшро шиносонд.
Дигар дидори мо амри тасодуф набуд. Ошноии мо ба дӯстӣ, дӯстии мо ба ҳамдилӣ пайванд ёфт. Ба ҳар бор қаринтар, наздиктар будем.
Маҷаллаи «Истиқбол» тасмим гирифта буд дар муқоваи аввал ба хонандагони худ чеҳраи як зумра шахсиятҳои маъруфи илму адаб, санъату ҳунарро муаррифӣ намояд ва ном гузошта буд ин саҳифаро «Чеҳраҳои мондагори таърих». Шумораҳое бо аксу навиштаҳо дар бораи шахсиятҳои барҷаста Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор, Саъба Ҳакимова, Мукаррама Қосимова, Акбар Турсун, Фарзона ва дигар олимону рассомон, ҳунармандони машҳур ба дасти хонандагон расида буд. Дар шумораи навбатӣ акси Соҳибсултон чоп шуд.
– Мумкин дароям? – овози маҳину ҷарангдори Соҳибсултон маро аз сари дафтар бардошт.
ӯро ба симои дигар дарёфтам. Сарулибоси сабзфоми зебанда қадду қомати дилфиребашро боз ҳам зеботар ва чашму абрувони сип-сиёҳашро дилработар ҷилва медод. Чӣ табъи нозуку нафисе! Марҷону гӯшвора, ангуштарину даствона, ҳатто нохунҳои базеби рангзадааш, ҳама сабзфом буданд.
Мегуфтӣ, як пора мавҷи баҳри зумуррадгуне ба соҳил омада…
Китоби «Нома ба бародар» - амро ба Соҳибсултон туҳфа кардам. ӯ орзуи як бор дидани бародарамро дошт.
– Бовар намекунам, ки чунин одам вуҷуд дорад, дар рӯзгори мо. Медонед, шаб ин китобро хонда чӣ қадар гиристам. Шояд дар саҳна ин қадар нагириста бошам.…Аз Ғончӣ (имрӯз Деваштич) хабар расонданд, ки аввали моҳи ҷавзо дар ноҳия шаби эҷодии маро баргузор месозанд. Соли 2005 буду ман 55 - сола будам.
Бо шодмонӣ ба Соҳибсултон занг задам. Хурсандияшро ҳадду каноре набуд. Ҳамин тавр маҳфили эҷодӣ хеле бошукӯҳ гузашту сари як пиёла чойи раиси ноҳия ҷамъ шудем.
Аввалин коре, ки Соҳибсултон кард, ҳамаро ҳам ба ҳайрат гузошту ҳам ба риққат. ӯ тозон назди бародарам рафта, ба ихлос дастонашро ба дастони нозукаш гирифт.
– Акаҷон, иҷозат диҳед, ман ин дастони меҳнатии Шуморо бибӯсам, – ва интизор нашуда каме хам гашту дастҳояшро ба чашму лабонаш бибурд.
– Беҳтарин бародар дар рӯи олам шумо!
Бародари ҳайратзадаам аз ин рухдоди ғайриинтизор намедонист чӣ кор кунад. Ин меҳрубонӣ диламро об кард. Бо азобе ашк пинҳон кардам…
Чӣ одамшинос, дардошно, раҳмдил ва дилсӯз буд Соҳибсултон. Гӯё ҳар тори ҷисми наҳифи ӯро аз меҳр, аз вафо сиришта буданд… Муҷассамаи меҳр буд ӯ.
***
Модар офтоб… Офтобе, ки субҳ ба бӯсаҳои гарм истиқбол мегирад. Модар моҳ… Моҳи ягонаи шабафрӯз, ки сари бому тирезаи мо мунтазир мешинад. Модар қуллаҳои баланди докапӯш, ки таълим аз тамкину сабурӣ медиҳад. Модар оғӯши гулу гулзор, ки накҳати биҳишт ба машом орад. Модар обшори муҳаббат, ки дили сарди сангро ҳам об карда. Модар саодати ҳар нафас, ки мекашему зиндаем. На, модар барои Соҳибсултон дунё буд. Ҳа, дунё буд… Ҳастӣ буд… Маънии зиндагӣ буд… Вақте модараш Ғарибсултон бемор шуд, нахост бо дарди қотил танҳо, ғарибаш гузорад. Нахост рӯи болин ашки модар бичакад. Нахост дар фазои кулбаи падарӣ оҳи модар пар кашад. Нахост модари мушфиқ ба як лаб нон газидане, ба як қулт об фурӯ бурдане муҳтоҷ гардад. Нахост мустаманду бечора ба нигоҳи гарме шавад. Бархосту бирафт. Аз баҳри шуғли дӯстдоштаву орзуи якумрааш ҳам гузашт. Чизе ба чашмаш натофт. Аз театр рафт.Аз хонаи худ, ки театри дигаре буд барояш, рафт. Аз лонаи гарми умедҳо, аз бари шавҳар рафт. Зеро модар барояш аз ҳама азизтар буд. Аз молу дороии дунё… Аз хонаву дар… Аз симу зар… Аз ҳама, ҳама мавҷуде, ки дар рӯи олам буд. Аз ҷони ширин ҳам… Ба Хоруғ омад. Ҷони меҳрубон ба ҷони модар баст… Дарди модар гирифт, дармонаш дод… Нолаи модар шикаст. Нур шуд. Нури умед ба чашмони модар… Нури ишқ дар дили бетобаш… Неру шуд. Дамид ба ҷисми дардмандаш… Кашид ғаму озорҳояш.
Ҳафт сол. Ҳафт соли расо… Бемордораш буд… Ғамхораш буд… Шабҳо рӯз шуд рӯзҳо шаб. Ҳафт сол дар Душанбе Соҳибсултонро касе надид. ӯ дар паҳлуи модар буду худро ба ӯ бахшида буд. Бо марг панҷа мезад барои модар. Аз Худованд ба зориву ниёз шифо металабид, то модари ҳунармандаш як бори дигар ба по хезад. Як бори дигар садои дилангези ӯ дар кӯҳу камар акси садо диҳад. То як бори дигар ба по истаду бирақсад. Рақси бадахшонӣ. Ҳамон рақсе, ки худ бунёд гузошт ва барои мардум бахшид.
Аммо модар дигар аз бистар нахест…
Оҳи охирин ба Соҳибсултон гузошту рафт. Ҳафт соли бемордории духтарро хотир накард. Ва он охирин таронае буд, ки Соҳибсултон дар саҳнаи зиндагӣ пурсӯзу алам бисуруд.«Оҳ ҳафт сол чӣ, агар модарам сад сол ҳам бемор мебуданд, кош, зинда мебуданду парасторияшон мекардам» ба ҳасрат гуфт Соҳибсултон вақте аз Хоруғ, аз сари қабри модар ба Душанбе баргашт.
Латофат КЕНҶАЕВА