Дар остони меҳрофарини ин оила ҳафт духтару ҳафт писар дар рӯҳияи инсондӯстию меҳру садоқати беандоза ба Ватан ва ҳисси баланди ифтихору ҳувияти миллӣ тарбия гирифтаву ба воя расидаанд. Зиндагии ошиқонаи зодмандони онҳо аз сангарҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарчашма мегирифт, ки дар ҷабҳа ба якдигар дилбаставу баъди бозгашт ба Тоҷикистон оилаи номбардоре бунёд намуданд, оини рӯзгордориашон намунаи ибрати як шаҳр мардум буд.
Бо вуҷуди сарбориҳои касбӣ, ки падар хизматчии давлатӣ ва модар дар боғи пионерони шаҳри Кӯлоб ба ҷавонон санъати рақс меомӯхт, ба таълиму тарбияи атфоли хеш аҳамияти ҷиддӣ медоданд. Ин буд, ки аз ин дудмони номбардори шаҳр 14 фарзанди ҳунарманду соҳиби маълумоти олӣ ба воя расида, дар ҷодаҳои гуногун ифои вазифа намудааст.
Тӯтихон, яке аз фарзадони ин оила баъди хатми МТМУ №1 ба факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии шаҳри Кӯлоб дохил шуд. Баъди соҳиби диплом гаштан бо роҳхат ба МТМУ №14 деҳоти навбунёди Гулистони ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) омад.
Аз саҳро то сиёсат
Дар ин миён, соли 1974 масъалаи ҷалби бонувон ба омӯзиши ронандагии мошинҳои пахтачинӣ ба миён омаду бо супориши роҳбари вақти вилоят Ғоибназар Паллаев дар пойгоҳи техникии собиқ совхози «Гулистон» курси омӯзиши механизаторӣ таъсис дода шуд. Тӯтихон Назарова, ки аз хурдӣ ба пешаи кишоварзӣ майлу рағбати бепоён дошт, нахустин шуда ба курси ронандаи мошинҳои пахтачинӣ пайваст. Дар пайравӣ аз ӯ гурӯҳе мақсаднок ташкил ёфту баъди омӯзиши кӯтоҳмуддат духтарони маҳаллӣ савори мошинҳои пахтачинӣ ба саҳро баромаданд. Ҳамин сон, дар баробари говдӯшони пешқадам корномаи механизатордухтарони водии Вахш низ дар сархати расонаҳои вақти кишвар ва берун аз он қарор гирифт.
Соли 1979 дар доираи пешбарии пешқадамони истеҳсолот ба вазифаҳои роҳбарӣ Тӯтихон Назарова муовини раиси комиҷроияи ноҳияи Колхозобод таъйин шуд. Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти пурсамараш дар самти роҳбарии дастгоҳи идеологӣ ва робита бо ҷомеа, ӯро шоистаи зинаҳои баланди роҳбарӣ дониста, барои такмили донишу таҷрибаи сиёсӣ ба мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд фиристоданд. Сипас, таҳсилро дар Академияи илмҳои ҷамъиятии шаҳри Москва идома бахшид. Баъди хатми мактабҳои олии сиёсатшиносӣ фаъолияти худро аз вазифаи сармутахассиси шуъбаи маънавиёти ҳизб оғоз бахшид, солҳои 1986 - 1991 котиби идеологӣ ва аз соли 1994 котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия буд.
Гардиши айём
Дар солу замони гузаштан ба шакли нави хоҷагидорӣ Тӯтихон Назарова дубора ба соҳаи кишоварзӣ баргашт. Нахуст муовини раиси Шӯрои хоҷагиҳои вилояти Хатлон ва баъдан ёвари сардори идораи кишоварзии Хатлон таъйин шуд. Сарфи назар аз мушкилиҳо дар ҷодаи барояш дилписанд бо шавқу рағбати бепоён корро пеш бурда, аз дастовардҳои кишоварзон меболиду аз мушкилоту ноомадиҳо таҷриба меандӯхт.
Ҷаҳду талошашро дар раванди ривоҷи самтҳои гуногуни кишоварзӣ дида, ӯро дар қатори 4 фаъолзани соҳа барои омӯзишу табодули таҷриба ба давлати Исроил сафарбар намуданд. Тӯтихон Назарова рисолаи илмиро дар мавзӯи «Обёрикунии қатрагии гандум дар минтақаҳои Тоҷикистон» ҳимоя намуд. Соли 2001 дар Форуми ҷаҳонии «Деҳқонзанон», дар Ҷумҳурии Молдова сазовори ҷоизаи «Беҳтарин корманди соҳаи кишоварзӣ» гардид.
Бемуҳобо, аз 48 соли собиқаи корӣ маҳз замони фаъолияташ дар арсаи кишоварзиро беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёти хеш мешуморад.
- Дилгармии беандоза ба пешаи деҳқонӣ буд, ки дар солҳои донишҷӯӣ, ҳамзамон, дар омӯзишгоҳи касбии техникаи №32 шаҳри Кӯлоб хондам. Ҳини фаъолияти омӯзгорӣ дар деҳоти Гулистони ноҳияи Колхозобод, курси механизаторӣ ва баъдтар шуъбаи ғоибонаи факултаи агрономии собиқ совхоз – техникуми ба номи Куйбишевро хатм намуда будам, - изҳор намуд Тӯтихон Назарова.
Ифтихор
Солҳои 2004 - 2008 роҳбари Департаменти «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон буд, сипас, дар вазифаҳои муовини раиси раёсати Иттифоқи ҷамъияти матлуботи вилояти Хатлон, раиси ҷамъияти матлуботи ноҳияи Кӯшониён, китобшиноси китобхонаи марказии шаҳри Бохтар кору пайкор дошт. Аз декабри соли 2018 раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар мебошад.
- Зимистони соли 2004 - ум барои ҷалби сокинони рустоҳои кӯҳистони Шӯрообод (ҳозира Шамсиддин Шоҳин), Ховалингу Муъминобод ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ корҳои тарғиботӣ мебурдем, - аз он рӯзҳо ёдовар мешавад Тӯтихон Назарова. – Ману сардабири рӯзномаи «Хатлон» Асалмо Сафарова бо борҷомаҳои пур аз матбуоти даврӣ пайроҳаҳои кӯҳистони барфаш то зонуро афтону хезон тай мезадем, то ин ки мардумони деҳкадаҳои дурдаст ба нашрияҳо дастрасӣ пайдо намоянд. Шукри суботу оромӣ, ки баробари дигар соҳаҳо имрӯз хизматрасонии алоқа ва дастгоҳҳои иттилоотӣ рушду пешрафтҳо дошта, сокинон тавассути рӯзномаву маҷаллаҳою воситаҳои муосири технологӣ аз рӯйдодҳои кишвар ва ҷаҳон бархӯрдоранд…
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
шаҳри Бохтар