01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НЕРУҲОИ СОЗАНДА

 Ҳанӯз таҳсилоти миёнаи умумиро поён набурда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба кор даъват шуд. Зеро, дар он давраи гузариш ба ҳуҷҷатгузории электронӣ ӯ ба ҳайси нахустин хатмкардаҳои курси омӯзиши компютер барои идораву ташкилотҳо, ба қавле одами даркорӣ буд.

9qАз меҳру дилбастагии зиёд ба корҳои давлативу маъмурӣ, ки дар симои ходимонаш шахсиятҳои муҳими ҷамъиятро тасаввур мекард, Умринисо ба омӯзишгоҳи касбии техникии №9 дохил шуд, то ки фаъолияташро дар шуъбаи умумии дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар идома диҳад.

Дар баробари масъулияту сарбориҳои идорӣ омӯзишгоҳро бо баҳои аъло ва дипломи сурх хатм намуда, таҳсилро дар шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав идома бахшид. Баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси мутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдо ва сипас, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар фаъолият намуд.

Соли 2013 баъди таъсисёбии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар марказҳои маъмурии вилоятҳои кишвар – Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ шуъбаҳои таҷрибавии кор бо маҳаллаҳо таъсис дода шуд. Ба эътибори собиқаи беш аз даҳсолааш дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва малакаву истеъдодаш дар самти ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои мардум бо мақомоти маҳаллӣ, ӯро ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо маҳалҳои шаҳри Бохтар таъйин намуданд.

- Ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои давлатӣ бо аҳолӣ, мусоидат дар баррасии баҳсҳои молумулкӣ ва пешгирии муноқишаҳои оилавӣ, таҷлили идҳову чорабиниҳои фарҳангӣ, сафарбарсозии сокинон ба ободонии кӯчаву маҳал ва татбиқи қонуну қарорҳо дар сатҳи маҳал аз нахустин ҳадафҳое буданд, ки мо дар ин самт таҷриба мекардем, - аз таъсисёбии шуъбаи кор бо маҳалҳои шаҳри Бохтар ёдовар гардид Умринисо Толибова. - Бо амри тақдир аз декабри соли 2013 дар шуъбаҳои гуногуни дастгоҳи раиси шаҳр ифои вазифа намуда, аз августи соли 2017 ба симати сармутахассиси шуъбаи кор бо маҳалҳо фаъолият дорам.

Дар раванди тақвиятбахшии робитаи мақомоти маҳаллӣ бо ҷомеа ҷиҳати ободию нумӯи маҳаллаҳо, ҳамакнун эълон гаштани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» моро ба ҳадафҳои пешгирифтаамон наздик мерасонад. Солҳои аввал корҳои ободонӣ дар маҳалҳо тавассути бурдани чорабиниҳои тарғиботӣ ба анҷом мерасиданд, вале солҳои охир ҷиҳати хайру накукориҳои ватандӯстона худи сокинон, аз ҷумла фаъолзанону соҳибкорони маҳаллӣ ташаббус нишон медиҳанд.

Дар ҷараёни озмуни беҳ­таринҳо, ки ҳадаф аз баргузории он бедор намудани завқи зебоипарастии мардум ва бо суръат пеш бурдани корҳои ободонӣ дар маҳалҳост, тайи ду соли охир симои шаҳри Бохтар ҳусну латофати дигар ёфтааст. Натиҷаи заҳмати содиқонаву ташаббусҳои ободгароӣ ва гулкориҳои сокинони маҳаллаи Умари Хаёми шаҳр буд, ки дар даври шаҳрии озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» ғолиби ҷойи аввал ва дар марҳилаи вилоятии он ҷойи дувумро сазовор гардиданд.

Умринисо Толибова аз таҷрибаи ҳафтсолаи фаъолияти шуъба дар самти тарғибу ташвиқи сиёсати давлат дар маҳалҳо бовар ҳосил намудааст, ки бо дуруст ба роҳ мондани суҳбату вохӯриҳои мақсаднок имкон дорад то дар радифи ҷалби мардум ба ободонии хонаву маҳали хеш, ҳамзамон, тамоми мушкилоти иҷтимоии онҳоро дар сатҳи маҳал ҳаллу фасл намуд. Зимни натиҷагириҳо дар ҷаласаи сайёр, ки моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Бохтар доир гардида буд, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, дар қиёс бо шуъбаҳои пилотии кор бо маҳалҳои дигар вилоятҳои кишвар фаъолияту корбарии шуъбаи кор бо маҳалҳои шаҳри Бохтарро намунавӣ арзёбӣ намуд, - изҳор медорад Умринисо…

Бо ёдоварӣ аз нақши муассири фаъолзанон дар рушду нумӯи маҳалҳо ва анҷоми иқдомҳои хайрхоҳона, Умринисо Толибова мегӯяд:

-Татбиқи дастуру супоришҳо вобаста ба сарфакории неруи барқ, истифодаи самараноки заминҳои корам ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва иҷрои дигар ҳадафҳои созанда дар маҳалҳо аз бонувону модарони мо вобас­тагии зиёд дорад. Дар натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотие, ки аз 17-уми декабр вобаста ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ тариқи хона ба хона суҳбатҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд, ҳамакнун, дар як шабонарӯз дар ҳудуди шаҳри Бохтар то 7 ҳазор кВт неруи барқ сарфа шуда истодааст.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

шаҳри Бохтар

10q

:.  Чеҳра 16.02.2021 11:42 812

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz