Имтиҳони давлатӣ ҷашне буд барояш, ки ороставу пироста, либоси расмиву куртаи оҳарӣ ба тан дар қиболи ҳайати комиссия бо боварӣ ба зеҳну маърифати худ ба минбар рост шуд.
Бо ҳарорат аз фалсафа ҳарф зад. Раиси ҳайат Юсуф Носиров кифоя гуфту ба умқи чашмони духтар нигарист. «Фаҳмидам, ки ҷавҳаре дорӣ, вале дигар чӣ гуфтаниям. Сипоси беҳад ба эҳтироми волоят ба ин боргоҳи таълиму ба устодон, ки чанд муддат донишҷӯеро бо чунин тараддуд ба имтиҳон надида будам». Духтарро саропо фараҳ печид, ки устоди бузургаш ӯро ситоиш намуда.
Мену Мамадюсуфова роҳи осони кор наҷуст, балки мушкилиҳоро баргузид, ки барояш кушодани гиреҳи онҳо писандидатар аст. Ҳанӯз овони донишҷӯӣ дар факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонадор буду тифлаке рӯи даст. Таҳсил, рӯзгордорӣ, ҳамзамон омӯзгорӣ дар мактаби миёнаи № 92-и пойтахт ӯро натавонист ба кӯи афсурдаҳолию парешонӣ бубарад, ки зани ҷавони нозукнамои лоғарандом тавонад чунин бори сангини зиндагӣ кашад.
Соли бистучоруми ҳаёт дари чанд коргоҳ кӯфту кор ҷуст. Муҳсин Раҳимов, профессори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дари имкониятро рӯяш боз намуд ва гурӯҳи 120 - нафарии донишҷӯёнро ба ӯ супурду гуфт: «Агар имрӯз аз уҳдаи кор бароӣ, тамоми умр уҳдабаро хоҳӣ буд». Ва ӯ масъулиятро бардошт карду муддате он ҷо фаъолият бурд. Бо тавсияи устодаш Фирӯза Носирова таҳсилро дар аспирантураи Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) идома дод ва тифлаки сеюмро ҳам ба дунё овард. Заҳмати ӯ рӯи рисолаи номзадӣ ҳафт сол идома ёфт, ки ба вақти хоби тифлаконаш анҷом медод. Билохира, соли 2014 дар мавзӯи «Хусусиятҳои биохимиявии нишонаҳои гандум ва навъҳои ёбоии он дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон» рисолаи номзадиро дифоъ кард.
Ба ҳар кор, агар даст мезад, бо сидқ ва самимият тамоми неруро масраф менамуд. Талошҳояш бор оварданд ва барандаи грант барои баргузории конфронси байналмилалии «Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технологияҳои нав» гардид. Ширкати беш аз 20 меҳмони хориҷӣ ва ба тасвиб расидани се меморандум бо кишварҳои Қазоқистон, Арманистон ва Молдова дар таърихи шӯро навгонии бузурге буд.
Мену аз соли 2015 раиси Шӯрои олимони ҷавони ИДМ аз Тоҷикистон пазируфта шуда, тӯли панҷ соли фаъолият дар шӯро бо олимони кишварҳои хориҷ табодули таҷрибаро ба роҳ монд. Баъдан, 7 меморандумро ба тасвиб расонда, дар баргузории чор конфронси байналмилалӣ дар Тоҷикистон саҳм гирифт.
Талошҳои пайвастаи бону зери таваҷҷуҳи масъулони Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии (ААЯР) АМИТ қарор гирифт. Аз ҳайати умумии кормандон ҳамагӣ 10 дарсадро бонувон ташкил медоданд ва директори агентӣ Илҳом Мирсаидзода саъю талош варзид, то шумораи бештари бонувон ба кор ҷалб гарданд. Алҳол аз 49 нафар корманди агентӣ 18 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.
Роҳбарии сектори хизматрасонӣ оид ба таълим ва омӯзиш дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ ва амнияти ҳастаӣ ба уҳдаи Мену Мамадюсуфова гузошта шуд, ки дар ин самт то ҳол фаъолият менамояд. Ҳамчунин, таҳти сектори мазкур соли 2018 Маркази омӯзишии минтақавӣ оид ба пешгирии терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва назорати содироти он дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Афғонистон таъсис ёфтааст, ки роҳбарии онро низ ин бонуи закӣ бар дӯш дорад.
- Фаъолияти Агентии байналмилалӣ оид ба неруи атом (АБНА) – ро дар ин минтақаҳо маркази мо ҳамоҳангсозӣ менамояд. АБНА ташкилоти ҷаҳонии истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои атомист, ки бо кишварҳои аъзо дар бораи паҳн накардани силоҳи ядроӣ созишнома ба имзо мерасонад ва Тоҷикистон низ узви он аст. Тоҷикистон, ҳамчунин узви протоколи Женева буда, истеҳсол ва истифодаи аслиҳаи биологӣ, химиявӣ ва радиатсиониро ба роҳ намемонад. Маврид ба тазаккур аст, ки дар Тоҷикистон асосан корҳои бехатарии радиатсионӣ тақвият ёфтаанд ва минтақаҳое, ки вазъи радиатсионии баланд доранд, зери назорати агентӣ қарор мегиранд, - иброз дошт Мену.
Нафароне, ки бо таҷҳизоти муосири рентгенӣ, бо вуҷуди афканишоти камтар доштан, сару кор доранд, ҳар семоҳа ба сектори хизматрасонӣ оид ба танзими шуохӯрии касбии агентӣ муроҷиат менамоянд. Табибон ва нафароне, ки бо дастгоҳҳои шуоафканӣ бештар кор мебаранд, махсус асбоби маъмул бо номи дозиметр доранд, ки онро ба ҷайби болои хилъат маҳкам менамоянд. Асбоб вояи афканишотро ба худ ҷамъ меорад ва баъди се моҳ дар сектори мазкур он мавриди санҷиш қарор гирифта, меъёри баланд ва пасти он муайян карда мешавад. Ҳамчунин, дар агентӣ секторҳои хизматрасонӣ оид ба назорати шуохӯрии тиббии беморон ва аҳолӣ фаъолият менамоянд ва вояи шуоафканӣ дар нафароне, ки муолиҷаи химиявӣ мегиранд ва аҳолие, ки аз афканишот зарар дидаанд, санҷида мешавад.
Маркази омӯзишии минтақавӣ, ки Мену роҳбарии онро бар дӯш дорад, бештар бо кормандони соҳаи гумрук ва марзбонон фаъолиятро ба роҳ мондааст.
- Бо дастгирии АБНА соли 2019 дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, аз ҷумла фурудгоҳ таҷҳизоти муосири махсусро дар даромадгоҳҳо насб намудем, ки ҳолати радиатсиониро муайян менамояд. Мошинҳои боркаши транзитӣ, ки дар сарҳади Тоҷикистон чунин гузаргоҳҳоро убур менамоянд, индикаторҳо огаҳ месозанд, ки то чи андоза молу колои дохили онҳо аз афканишот бехатаранд, - афзуд Мену.
Аз ҷониби сектори мазкури агентӣ миёни кормандони Хадамоти гумрук ва марзбонон, ки дар минтақаи тамоси аввал қарор доранд, оид ба пайдо кардани силоҳи биологӣ, истифодаи дурусти воситаҳои ҳифозати шахсӣ, муайян кардани беморони таби баланддошта, ки метавонанд бо эбола, вараҷаи зард ва дигар бемориҳои бактериявию вирусӣ вуруди сарҳад гарданд, машғулиятҳои омӯзишӣ доир гардид.
Бо ташаббуси агентӣ барои ба ҳам овардани бонувони дар соҳаҳои илм, инноватсия ва технология фаъолиятдошта клуби «Хонуми ядроӣ» таъсис ёфтааст, ки имсол аввалин Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши бонувони олим дар рушди илм, инноватсия ва технология» баргузор гашт. Конфронс дар шакли сиғаи маҷозӣ ва расмӣ (онлайн ва офлайн) баргузор гардида, бонувони олим аз пажӯҳишгоҳҳо ва сохторҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо намуданд.
Зиёд суолаш намудаанд, бонуро оила волост ё кор? Ӯ, ки оҳанинирода асту пеши мушкилиҳо сарболо, мегӯяд: ҳар ду муҳим, мисле, ки ба ду шоҳроҳ баробар гом ниҳодану ба анҷоми ҳама корҳо фурсат ёфтан. Кор агарчи вақт, неру ва натиҷа мехоҳад, муҳим аст, ки хастагиро аз худ дур созему барои хонавода вақт ҷудо намоем. Вақт бебозгашт аст, кӯдакӣ ҳам. Бояд, ки фарзандон ин давраро сазовор сипарӣ намоянд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки хати заррини мобайниро дарёбему ба ҳама кор чорагару раҳёб бошем.
Ситора АШӮРОВА