Бо шавќу рағбати беандоза ба пешаи синоӣ ва илму донишҲои дар ин љода андӯхтааш Ҳатто дар гӯшаи хаёл надошт, ки бо таќозои ваќту гардиши рӯзгор бо амри дил ва азми хизмати бештар ба мардум пешаи дӯстдоштаашро канор гузошта, вориди сиёсат мешавад. Ҳанӯз то шурӯи кор дар соҲаи хизмати давлатӣ МеҲринисоро хурду бузурги ин водии зарнисор на танҲо чун табиби кӯдакон, балки ба унвони як модар, хоҲар ва ё духтари накукор, хайрхоҲи Ҳамагон дониста, нисбаташ эҲтирому маҲбубияти афзал доштанд.
МеҲринисо Раљабзода аз шахсиятҲои ангуштшумори воҲаи ШаҲритус аст, ки бо кору пайкори Ҳамидааш дар љодаҲои гуногун, хислатҲои шоиставу эҲсоси баланди меҲанпарастиаш, инсондӯстонааш барои мардумони гуногунќавму миллатҲои сокини ноҲияҲои Ќубодиёну ШаҲритус ва Носири Хусрав ќарин аст.
Дар олами орзуву руъёҲои љавонӣ ба воя расида, баъди хатми ДонишгоҲи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва анљоми муваффаќонаи интернатураи назди беморхонаи вилоятии Хатлон, фаъолияти касбии худро ба Ҳайси духтури кӯдаконаи маркази саломатии ноҲияи Ќубодиён Ҳусни оғоз бахшид.
- Баъди хатми мактаб, ки як сол ин љо ба симати сардори пешоҲангон фаъолият доштам, ба омӯзиши фарҲангу оини зиндагӣ ва афкору маънавиёти сокинони зодгоҲи бостониам шавќу рағбати зиёд пайдо намудам, - гуфт Раљабзода МеҲринисо. - Гарчанде ки љозибаи орзуву ҲавасҲои љавонӣ маро ба олами тиб ва асрору муъљизаҲои бунёну дунёи кӯдакон бурд, аммо аснои фаъолият ба Ҳайси духтури кӯдаконаи марказҲои саломатии ноҲияҲои Ќубодиёну Шаҳритус имкон фароҲам омад, ки бо пайванди робитаи ќавӣ бо мардумони ќавму миллатҲои гуногуни минтаќа аз вазъи зиндагӣ, урфу одат ва афкору маънавиёти сокинон огоҲии бештар ёбам…
Бахусус, баъди издивољ ва идомаи Ҳаёту фаъолияти касбӣ дар ноҲияи ШаҲритус бо инояти донишу маҲорати касбӣ, роҲу равиши кумаку ғамхорӣ ба модарону кӯдакон ва оилаҲои ниёзманд ва Ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар марҲилаҲои муҲими пешгирӣ аз ављи бемориҲои сироятии кӯдакона дар ноҲияҲои љанубии Хатлон мавриди эҲтироми сокинон ќарор гирифт. Касбияти баланду кордонӣ ва ќобилияти љалби љомеа ба иќдомҲои дастаљамъона ва дигар зарфиятҲои бонуи корозмударо мушоҲида намуда, дафтари намояндагони Созмони байналмилалии «Мубориза алайҲи гуруснагӣ» дар Тољикистон ӯро ба кор даъват намуда, самти монитори маркази хӯрокаи иловагиро ба уҲдааш вогузор намуд.
- Аснои фаъолияти ќариб Ҳафтсолаам дар самти расондани кумакҲои гуногун ба хонаводаҲои серфарзанду дорои кӯдакони гирифтори бемориҲои музмин, машваратҲои тиббӣ ва маърифатнокии занони Ҳомила, ташкили чорабиниҲои воќифгардонӣ оид ба пешгирӣ аз фаќру нодорӣ ва роҲҲои баланд бардоштани сатҲи некуаҲволии мардум, тариќи суҲбату вохӯриҲои хона ба хона аз Ҳолу аҲволи сокинони ноҲияҲои минтаќа огаҲӣ меёфтем, - ба ёд меорад бону МеҲринисо. - Ҳарчанд рисолати барномаи мубориза алайҲи гуруснагӣ расондани ёрии тиббию оммафаҲмонии оилаҲо љиҲати пешгирӣ аз хуруљи бемориҲои сироятӣ ва дигар касалиҲои мавсимӣ буд, мардум аз рӯи эътимоду боварӣ атрофи дигар масъалаҲои иљтимоӣ низ бо мо табодули назар дошта, дар Ҳалли мушкилиҲо ва пешгирӣ аз бисёр падидаҲои номатлуб омодагии худро изҲор медоштанд. Талаботи рӯзафзуни љомеа ба табибони оилавӣ боис гардид, ки соли 2008 шунавандаи барномаи тибби оилавӣ шуда, баъди азбар намудани донишу малакаи касбӣ ва низому нозукиҲои кор дар ин љода ба ноҲияи Ќубодиён баргаштам.
- Кор дар самти солимгардонии љомеа масъулиятҲои фаротар аз муоинаву табобат ва омӯзиши вазъи саломатии модару кӯдакро дар бар гирифта, дар ин љода аз сатҲи иќтисодию иљтимоӣ ва фарҲангу маданияти як хонавода то вазъи тарбияи фарзандону дигар асрору муносибатҲои оиладорӣ ошноӣ пайдо мекардам, ки ин таљриба дар фаъолиятҲои минбаъда ба Ҳайси муовини раиси ноҲияи Ќубодиён ва алҲол муовини раиси ноҲияи ШаҲритус кор дод. Ба хусус, замони ба вазифаи сардори шуъбаи тандурустии ноҲияи Ќубодиён пешниҲод шуданам, маҲз робитаи зич ва эътимоди Ҳамкории мардум бо бахшу муассисаҲои зертобеи соҲаи тандурустӣ ва ташкили суҲбату вохӯриҲои судманд бо табибону мутахассисони варзидаи кишвар имкон дод, ки дар якљоягӣ хуруљи бемории фалаљ миёни кӯдаконро дар ноҲияҲои ин зовияи ҲамсарҲад бо кишварҲои Афғонистону Ӯзбекистон пешгирӣ намоем.
Натиљаву дастовардҲо ва пешниҲоди тарҲҲои ќобили таваљљуҲ дар самти рушди соҲаи тандурустӣ ва эҲтирому обрӯмандиаш миёни мардумро дида, МеҲринисоро ба вазифаи муовини раис оид ба иљтимоиёт пешбарӣ намуданд. Бо Ҳама изтиробу эҲсоси дудилагӣ, ки љавобгӯи талаботи раиси ноҲия Абдулмуъмин Улфатов умури таблиғотиро пеш бурдан кори саҲлу осон наменамуд, вале дар суҲбати рӯ ба рӯ бо ин роҲбари сиёсатдор хулоса баровард: «Бояд малакаву зарфиятҲои нокушодаи худро дар ифои масъулиятҲои љиддитар санљида бошад». Бад - ин минвол солҲои 2011 - 2016 муовини раиси ноҲияи Ќубодиён ва сипас, аз моҲи апрели соли 2018 муовини раиси ноҲияи ШаҲритус фаъолият дошта, аз иртиботи доимӣ бо ќишрҲои гуногуни љомеа ва омӯзиши афкори мардум донишу таљрибаи худро дар љодаҲои роҲбарӣ ва риштаи љомеашиносӣ таќвият медиҲад.
– СулҲу ваҲдати пойдор, иттиҲоду сарљамъӣ ва Ҳамдилию Ҳамраъйии сокинони кишвар буд, ки дар интихоботи президентӣ номзади арзандаи худро интихоб намудем, ки ин рӯйдоди муҲими сиёсӣ дар радифи рӯзҲои хотирмони соли 2020 ба Ҳисоб меравад. Баъдан, аз лиҲози пешрафту дастовардҲои иќтисодӣ - иљтимоӣ ва муҲимтарин рӯйдодҲои сиёсӣ - фарҲангӣ, соли 2020 барои аҲли илму фарҲанг, коргарону хизматчиёни сохтору соҲаҲои хољагии халќ ва сокинони ноҲияи ШаҲритус соли рушду ояндасозиҲо арзёбӣ мешавад, - иброз дошт МеҲринисо Раљабзода. - Дар доираи омодагиҲо ба ташрифи Сарвари давлат муҲтарам Эмомалӣ РаҲмон шаҲрвандони ноҲия бо як рӯҲияи баланди меҲандӯстию Ҳисси ифтихору сарбаландӣ Ҳиссаи худро дар рушду ободонии маҲалҲо гузошта, наќшаву ҲадафҲои пешгирифтаро сари ваќт иљро намуданд. Зимни ин сафар дар маркази маъмурии ноҲия майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ифтитоҲ гардида, дар боғи фарҲангии ноҲияи ШаҲритус пайкараи Тус - ќаҲрамони «ШоҲнома» - и А. Фирдавсӣ ќомат афрохт. Ҳамчунин, биноҲои наву замонавии шуъбаи маориф, меҲмонхонаи «МарҲабо», чойхонаи «Чорбед» ва як майдончаи варзиш мавриди истифода ќарор гирифтанд.
Боиси хушнудист, ки дар ќатори 365 иншооти љашнӣ бахшида ба 30 - солагии Истиќлолияти давлатии ЉумҲурии Тољикистон имрӯзҲо бо ташаббусу дастгирии роҲбарияти Вазорати маориф ва илми ЉумҲурии Тољикистон дар ноҲияи Шахритус бунёди 7 муассисаи таҲсилоти миёнаи умумӣ идома дорад, ки дар ояндаи наздик љамъ дар Ҳамаи онҲо 1440 хонанда дар ду баст таҲсил хоҲад кард…
Љамолиддин САЙФИДДИН,
ноҲияи ШаҲритус