- Он замонҳо духтарони деҳот барои идомаи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо кӯшиш намекарданд. Хондан барои духтар айб дониста мешуд. Волидон ҳам барои таҳсили онҳо иҷозат намедоданд. Тахминан 5 - 6 сол доштам, ки хоҳари калониамро ҳамроҳи 8 духтари дигар пас аз хатми мактаб маҷбурӣ ба омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент бурданд. Духтарон баъди хатми омӯзишгоҳ дар мактаби деҳа муаллима шуданд. Шояд таъсири ҳамин ҳодиса буд ё эҳтирому дӯстдории омӯзгори аввалинам Амонҷон Нобобова, ки ман ҳам орзуи муаллима шуданро дар қалби кӯчак парваридам, – ба ёд меорад бону Фотима Ҳоҷиева.
Бонуи дилдодаи касб дар деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст (1957). Аз овони кӯдакиву наврасӣ дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзид. Хондани китобҳои бадеиро дӯст медошт.
Дар мактабе, ки қаҳрамони мо таҳсил мекард, камии омӯзгорони фанни забони русӣ баръало эҳсос мешуд. Чун таваҷҷуҳ ва ҳавасмандӣ ба омӯзиши забон зиёд буд, баъди хатм бо исрори директори вақти мактаб - Аҳрорқул Нуъмонов Фотима ҳуҷҷатҳояшро барои идомаи таҳсил ба факултаи филологияи руси Институти педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров супурд. Ҳамин тавр як духтари кӯҳистон соли 1974 унвони баланди донишҷӯиро соҳиб гашт.
- Барои ман солҳои аввали таҳсил дар донишкада мушкил буд. Аз деҳаи дурдаст, боз мудаии омӯзиши забон ва адабиёти рус. Бо вуҷуди он ки дар назди ҳамсоязани русзабонамон Елена Андреевна солҳои мактабхонӣ каму беш забонро омӯхта бошам ҳам, аз устодону донишҷӯёни шаҳрӣ, ки хеле равону зебо бо забони русӣ ҳарф мезаданд, шарм медоштам. Маънии калимаву ҷумлаҳоро хуб сарфаҳм равам ҳам, дар сухангӯӣ душворӣ мекашидам. Метарсидам, ки ногоҳ калимаеро хато талаффуз карда, мавриди мазоқу масхараи ҳамсабақон қарор мегирам.
Дар гурӯҳ аксар ҷавонони шаҳрӣ бо забони русӣ озодона ҳарф мезаданд. Чун дидадарову дилёб будам, оҳиста-оҳиста бачаҳо бо ман дӯст шуданд, ба тарзи талаффузам касе эрод намегирифт. Баръакс, ҳамсабақон ғайратамро дида, дасти ёрӣ дароз мекарданд. Омӯзгорон кӯшишҳоямро ба инобат гирифта, баҳои аъло мегузоштанд. Баъди дарсҳо ба китобхона мерафтам. Китобҳои бадеӣ зиёд мутолиа мекардам, то забонам равон бошад, - бо табассум мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Соли 1979 Фотима Ҳоҷиева бо сари баланду рӯи сурх донишкадаро ба итмом расонда, бо роҳхат ба мактаби зодгоҳаш баргашт. Дигар ӯ дар забони хурду бузург бо эҳтиром «муаллима» буд. Соле кор карду бо хости волидон оиладор шуд. Ҳамсари низомиаш Фотимаро ба шаҳри Норак бурд. Ҳамин тавр муаллимаи ҷавон се сол дар мактаби таҳсилоти умумии №9-и шаҳри Норак фаъолият кард.
- Вақте шавҳарамро барои идомаи фаъолият ба шаҳри Душанбе гузарониданд, зарурати кӯч бастани оила пеш омад. Осон набуд замони хайрухуш бо норакиён. Дар ин давраи кӯтоҳ хеле бо мардум унс гирифтем.
Дар пойтахт корро ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ аз мактаби таҳсилоти умумии №1 шурӯъ кардам. Фаъолиятамро ба инобат гирифта, аз соли дуюм мудири синфҳои ибтидоӣ таъйинам карданд. Чун дабистон аз номдортаринҳои пойтахт аст, ин ҷо зуд-зуд конфронсу ҷамъомадҳои сатҳи гуногун доир мекардем. Шогирдон дар озмунҳои мактабиву шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъол ва номбардорамон буданд. Дар ин даргоҳ 25 сол кор кардам ва он макони муқаддасест барои ман ва фарзандонам, - бо эҳсос зикр мекунад, муаллима.
Зиндагӣ пастиву баландиҳо дорад, ҳаёт ҳамеша якранг нест. Дарди ҷонкоҳе, ки аз қисмат насибаш гашт, даргузашти нобаҳангоми фарзанди аввалинаш, шоҳдухтараш Нилгуна буд. Аз он рӯзҳои сангин ёдовар шуда, дар чашмонаш ашк ҳалқа мезанад, дарди куҳнааш хуруҷ мекунад ва дар худ мепечад.
- Нилгунаам дар синфи нуҳ мехонд. Шоҳдухтарамро дар садамаи нақлиётӣ аз даст додам…
Он солҳои барои оилаамон бениҳоят вазнин шоири равоншод, дӯсти оилавиамон устод Гулназар Келдӣ диданд, ки ба ҳайси модар хеле дилафгору рӯҳафтодаам, як шеъри ирфонии таскинбахше иншо намуданд, ки мақтааш чунин буд:
Нилгунаи гулгулкафан,
Чун гул бирафтӣ аз чаман…
Он рӯзҳо воқеан будани дӯстон ва одамони хубро дар зиндагӣ эҳсос кардам, дарк намудам, ки танҳо нестам, - оби чашмашро тоза карда ба ёд меорад, муаллима.
Пас аз як соли ин ҳодиса оилаи онҳо дар қатори се гулдухтари соҳибҷамол, боз соҳиби як писарчаи дӯстрӯе мегардад. Модар дигар худро пурра барои тарбияи фарзандони худу мардум бахшид. Дар баробари омӯзгорӣ, ҳамкориҳои эҷодиро бо радиои ҷумҳурӣ ба роҳ монд. Барномаи фарҳангӣ-фароғатии «Нилуфар»-ро роҳандозӣ намуд.
- Соли 2009, дар чорабиние вазири вақти маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода маро наздашон хонда гуфтанд: «Муаллима, агар имкон дошта бошед, дар донишгоҳ барои донишҷӯён дарс гӯед, хуб мешавад». Гуфтам: «Ба чашм». Ҳамин тавр бо тавсияи инсони донишманду шариф барои идомаи фаъолият ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ гузаштам. Мутахассис, сармутахассис, мудири шуъбаи тарбиявии донишгоҳ таъйин шудаму аз фанни фалсафа ба донишҷӯён дарс мегуфтам. Донишгоҳ як муҳити наву хиёбони кашфношуда, ки буд, аз роҳнамоиву дастгириҳои устодону ҳамкасбонам - Муҳиба Маҳмадҷонова, Раҷабгул Қосимова, Шоҳназар Бердиев, Қобилҷон Зикиров дар ин давра баҳраманд гардидам, ки арзи сипос ба ҳар яки онҳо нисор бод, - иқрор мешавад бо меҳр ҳамсуҳбатам.
Муаллима Фотима Ҳоҷиева соли равон таҳти роҳбарии профессор Бобоҷон Самеев рисолаи илмиашро дар мавзӯи «Мушкилоти оила дар таълимоти файласуфони тоҷик» анҷом дод. Ба андешаи коршиносони соҳа мавзӯи пажӯҳиши ин бону барои ҷавонону мутахассисон ба сифати адабиёти нодир ва роҳнамо солҳои зиёд метавонад хидмат намояд. Новобаста аз ташвиши рӯзгор ва унвони баланди бибиро соҳиб шудан, муаллима бо ҳамин корҳои илмиро хотима доданӣ нест. Мехоҳад мавзӯи рисолаи докториашро низ зудтар ба поён расонида, дар пешрафти илми тоҷик саҳме аз худ ба ояндагон гузорад.
- Барои расидан ба ин рӯзҳои офтобии зиндагӣ ва паси сар намудани рӯзҳои тира шавҳарам дар канорам мисли кӯҳи Қофе қарор гирифтанд. Ман инсони таваккаливу эҳсосиам, шавҳарам баръакс марди оромтабиату бисёр вазнин. Дар тамоми оғозҳо маро дастгирӣ мекарданд ва дилпур месохтанд, ки ҳатман анҷоми ин кор хуб мешавад. Шукр бо ҳам фарзандонро ба воя расонидем, ҳама таҳсилдида ва соҳиби кори худанд,- ба суҳбат хотима мегузорад қаҳрамони ман.
Зимни иншои матлаб бори дигар пеши худ иқрор мешавам, ки воқеан омӯзгорӣ пешаи пуршараф аст ва омӯзгор пеши наслҳои имрӯзу оянда ва Ватану миллат рӯи сурху сари болое дорад. Исми бону Фотима Ҳоҷиева, ки зиёда аз 40 соли ҳаёташро баҳри саводнок намудани фарзандони ин меҳан бахшидааст, дар радифи ҳазорон омӯзгорони сарбаланд, дар ҳар мавриде аз забони шогирдон баланду бурро садо медиҳад.
Шаҳноза АҲМАДЗОДА