01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ИФТИХОР

 

Умре дар
хизмати фарзандони халқ


Қадамҳои устувори ин бонуи резапайкар тӯли 41 сол роҳи манзил ва дабистонро убур намуда, дар зеҳни хурду бузург чун махзани илму маърифат мақом ва тимсоли барҷастаи симои модар – омӯзгорро дар худ таҷассум намудааст.

 

33Овоне, ки Сайрам Бобоназарова мактабхон буд, гуфтори омӯзгорон барояш ширинтар аз ангубин, зеботар аз навоҳои дилангез ва фаротар аз саҳрои бекарон буд, ки зеҳни ташнаи донишаш аз онҳо чаман - чаман таровати нав мебардошт. Ба олами маонӣ беш аз пеш ғӯта задан мехост, бахусус дар дарси забон ва адабиёти тоҷик мафтуни қироати шеъри устодон мегашту фалсафаи зиндагиро аз онҳо дармеёфт. Қалби парвозхоҳаш мехост ба сони устодон ба ҷамъият манфиатовар бошад. Ёвари созмони пешоҳангони мактаби № 120 ноҳияи Ҳисор шуду муддате ба хонандагон роҳбарӣ намуд. Сарнавишт ӯро баъди хатми мактаб издивоҷро рақам зад. Ҳамсафари зиндагияш ҳушманд буду хонаводаҳояшон ба ҳам дӯсту ҳамдам. Ин иттифоқи комил ба ӯ имкон дод, ки пули душворгузари орзуро бо амал бипайвандад.

Соли 1979 Сайрам ҳуҷҷат­ҳояшро ба омӯзишгоҳи педагогии ба номи Н.К. Крупская, воқеъ дар шаҳри Душанбе, супурд ва ҳамзамон фаъолиятро дар МТМУ № 45 ноҳияи Фирдавсии пойтахт оғоз намуд. Бо ин иктифо накарда, соли 1982 барои сайқал додани маҳорати омӯзгорӣ донишҷӯи Институти педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко шуд. Фарзанддорӣ, ташвиши рӯзгор боис гардид, ки таҳсилро мавқуф гузорад ва танҳо соли 2002 маълумоти олиро бо ихтисоси муаллимаи синфҳои ибтидоӣ ба даст орад. Аз соли 1979 Сайрамбону ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, раиси иттифоқи касаба ва иҷрокунандаи вазифаи директори МТМУ № 45 ифои вазифа намуд. Солҳои 2009 - 2015 вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии № 37 дар ноҳияи Шоҳмансур буд.

Агарчи имрӯзҳо ақрабаки вақт сӯи синни нафақа моил бошад ҳам, ҳамоно ба кӯдаконе, ки бори аввал пой ба остони мактаб ниҳодаанд, дари дун­ёи сеҳрогини маърифатро боз менамояд ва аз ин дилаш тар мешавад. Баҳри ба хондан ҳавасманд кардани хонандагон дар гӯшае назди тахтаи синф лӯхтаку мошинча, хомаву қалам, конфету шоколад ва ғайра меовезад. Бо лаҳни ширин мегӯяд, туҳфа насиби ҳамоне хоҳад буд, ки дар дарс бештар фаъол ва баҳои аълоро сазовор гардад.

Бо истифода аз бозиҳои шавқовари «Курсии сеҳр­нок», «Ҳарфҳои пурзавқ», «Рақам­ёбак», кроссворду сканвордҳо шавқу завқи кӯдаконро ба донишандӯзӣ бедор менамояд. Хонандагонро ба гурӯҳҳои хурд ҷудо карда, аз рӯи мавзӯъ супориш ва имкон медиҳад, ки ҳар яки онҳо нуктаи назари хешро гӯяд. Барои ба ташаббуснокӣ таҳрик додани кӯдакони сустхон баҳои хубу аълоро ба онҳо лоиқ медонад.

Дар зарфи 21 соли фаъолият ба сифати муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ таҷрибаи хубу ғанӣ касб кард. Хулқу атвори хонандагонро дар мадди аввал гузошта, баъдан тай намудани зинаҳои таълимро ба хонандагон меомӯзонад, то қуллаи мақсуд фатҳ гардад. Аз ғайби кӯдаке дар дарс нигарон, дарҳол сим зада, аз волидон ҳол мепурсад, то мабодо раҳораҳ ҳодисае рух дода бошад. Ҳатто бедафтару бекитоб ва бе омодагӣ ҳозир шудани кӯдакро дида, аз волидон сабаб мепурсад.

- Қариб ҳамарӯза аз ҳама фанҳо мавзӯи нав мегузарем. Хонандае, ки аз дарсҳо ақиб мемонад, барномаи таълимиро наметавонад пурра фаро гирад. Бахусус дар ҳалли масъалаҳои математикӣ ба душвориҳо дучор мегардад. Вақт ва неру сарф мешавад, то кӯдак дар дарсҳои иловагӣ мавзӯи гузаштаро такрор кунад. Агар тарафайн робитаи зичро ба роҳ монанд, хонанда ҳеҷ гоҳ раҳгум намезанад. Баръакс, баъзан худи падару модарон наомадани фарзандро бардурӯғ ба беморӣ рабт медиҳанд. Ҳол он ки ҳамсабақон он кӯдакро дар кӯча машғули бозӣ дидаанд, – бо таассуф иброз дошт муаллима.

Муҳтавои дарсро ба кӯдакон фаҳмонда, саъй менамояд, ки онҳо гӯянда, ташаббускор ва фаъол бошанд, то ба ин роҳ фасеҳу равон нутқ кардан омӯзанд. Ба ин тариқ, муаллима зеҳни кӯдаконро ба нуктапардозӣ раҳ кардааст, ки ин ҳидоятгариҳо боис шуда, ки имрӯз аксарияти шогирдонаш обрӯманд ва дар сохторҳои гуногуни ҷомеа заҳмат мекашанд.

- Таҳкурсии дониши хонандагон аз синфҳои ибтидоӣ гузошта мешавад. Агар омӯзгор дар ҷодаи хеш ба хато роҳ диҳад, натиҷааш хуб намешавад. Ба шӯхиву беқарории хонандагон гоҳо омӯзгорон тоб наоварда, онҳоро аз дарс берун мекунанд, ки он баъдан ба оворагардӣ ва оқибатҳои нохуши талабаҳо оварда мерасонад. Табиати кӯдакон чунин аст, ки шӯху бебоку беқароранд. Неруи онҳоро метавон ба корҳои манфиатбахш равона сохт, - ироа намуд Сайрамбону.

- Хоҳони онам, ки ғамхории волидон нисбат ба фарзандон биафзояд. Дар хона реҷаи муайян барои кӯдакон тартиб ва супоришҳои хонагии мактаббачагон ҳамарӯза таҳти назорат гирифта шавад. Баъзан бачаҳо аз хона ҷувздонро ҳатто нокушода меоянд, ки аз бепарвоӣ ва беназоратии волидон дарак медиҳад. Хушбахтона, падару модароне низ ҳастанд, ки қариб ҳамарӯза аз таҳсили фарзандони худ дар ҷараёнанд, - мегӯяд муаллима.

Ҳаёти хубу омӯхтании муаллима ва тарбияи панҷ фарзанди наку ормоне дар дили ӯ нагузоштааст.

- Дар зиндагӣ ҳамсарам болу пари ман буд. Бо дастгириҳои ӯ ба чунин қуллаҳо расидам. Рӯзе ба ӯ гуфтам, ки ғайри хонаву мактаб ҷое сафар накардам. Гуфт, ки ҳар он чӣ мехостӣ, монеъ нашудам. Ин интихоби худат буд. Агарчи ҳусн, умр ва ҷавониат рафт, дар ҳалқаи фарзандони халқ будӣ ва ба онҳо хизмат намудӣ. Ин рисолати бузург аст, ки бо амри дилу виҷдон анҷом додӣ.

Агарчи айёми бознишастагӣ дарамро кӯбад ҳам, ба хаёлам, ки ҳоло пурра ба кӯи мақсуд нарасидаам ва аз пешаи омӯзгорӣ сер нашудаам. Ҳоло ҳам неру дорам, ки фарзандони миллатро чун ҷигарбандони хеш таълиму тарбия бидиҳам ва ба ҷомеа нафъе бирасонам, - гуфт Сайрам Бобоназарова.

Ситора АШӮРОВА

:.  Чеҳра 11.11.2020 07:03 946

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz