Омӯзгорӣ
рисолати муқаддас аст
Ба самти дуруст роҳнамун сохтани хонандагон, ифшои истеъдоди нуҳуфтаи мактаббачагон, ёрӣ дар интихоби касби оянда, бо маърифати баланду донишҳои замонавӣ мусаллаҳ намудани онҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгоронро Бахтинисо Ҷумъаева аз муҳимтарин вазифаҳои хеш медонад. Ӯ роҳбарии литсейи хусусии «Эҳсон»- ро тайи се сол аст, ки ба уҳда дорад.
Ин муассисаи таълимӣ дар маҳаллаи «Пахтакор»- и Ҷамоати деҳоти «Чимтеппа»- и ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ буда, соли 2004 ҳамчун гимназияи хусусии «Расул» ба фаъолият пардохтааст. Дар ин ҷо таваҷҷуҳ ба фанҳои дақиқ ва равияи табиӣ - риёзӣ афзунтар аст. Аз ин рӯ, соли 2015 баъди аккредитатсия мақоми литсейро гирифтааст.
- Муассиси литсей Абдурасул Муқумови соҳибкор аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф рӯҳу илҳоми тоза бардошта, саъй меварзад, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳм бигирад. Дар баробари бинои асосии таълимӣ моҳи ноябри соли 2019 бинои иловагӣ низ бунёд намуд, ки аз 11 синфхона, толори варзиш ва ошхонаи хуштарҳу замонавӣ иборат аст. Алҳол шумораи умумии синфхонаҳо ба 39 адад расидааст, - иброз дошт бону Бахтинисо.
Дар литсей 920 хонанда аз синфи 1 то 11 ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Бо дарназардошти шароити муосири фароҳамшуда ва роҳу равишҳои нави таълим ҳамасола хонандагон дар озмунҳои гуногунсатҳ ширкат варзида, ҷоизаҳо ба даст меоранд. Дар соли хониши 2019 - 2020 се нафар муҳассили литсей дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуд. Ҷаҳонгири Ҷалолиддин аз фанни физика, Саидалӣ Муқумов аз математика ва Муслиҳиддин Аминзода аз забони англисӣ зинаи сеюмро соҳиб гаштанд, ки ин дастоварди хеле назаррас аст.
- Аз 60 омӯзгор 38 нафар бонуст. Бештари онҳо компютер ва тахтаҳои электрониро моҳирона ба кор мебаранд. Омӯзгорони ҷавон ҳамагӣ 6 - 7 сол таҷриба андӯхтаанд, аммо тавонистанд, ки бо диди нав, ташаббускорӣ ва фаъолнокӣ чун омӯзгорони асил дар қалби хонандагон маъво гиранд, - афзуд муаллима.
Эътимоду ҳусни тафоҳуми роҳбарият, омӯзгорон ва хонандагон фазои мусоиди эҷодиву таълимиро дар ин даргоҳ ба вуҷуд овардааст. Устодону шогирдон дар симои муаллима Ҷумъаева, на ки як роҳбар, балки рафиқи дилогоҳеро шинохтаанд. Ӯ, ки худ беш аз сӣ сол ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои № 37 шаҳри Кӯлоб ва № 30 пойтахт ифои вазифа намудааст, аз шебу фарозҳои пеша бохабар асту ба моҳияти масъалаҳо сарфаҳм меравад. Дар литсей нахуст ҳамчун омӯзгор ба фаъолият пардохт. Баъдан ӯро ба ҳайси муовини директор оид ба кор бо духтарон таъйин намуданд.
- Ҳамкории литсей бо волидони хонандагон қавист. Вазифаи мо он аст, ки талошҳои ҳар ду ҷонибро муттаҳид сохта, шароите фароҳам оварем, то кӯдакон истеъдоди худро пурра ифшо созанд.
Ба андешаи ман, кӯдаке бидуни истеъдод вуҷуд надорад, ки бархе онро мекушоянду рушд медиҳанд ва ё баръакс. Маҳз вазифаи мо ва падару модарон аст, то дарк созем, ки дар ботини кӯдак чӣ истеъдоде нуҳуфтааст. Баъдан барои ташаккули он шароити мусоид фароҳам оварем, - иброз медорад муаллима.
Хонандагони литсей дар як баст таҳсил менамоянд, ки қисман то соати 15.00 бо дарсҳои иловагӣ фаро гирифта мешаванд. Ҳашт нақлиёт барои равуои хонандагон ба литсей ва манзили зист хизмат мерасонад.
Дар баробари равияи табиӣ - риёзӣ ба забонҳои русӣ ва англисӣ низ афзалият дода мешавад ва соатҳои иловагӣ барои омӯзиши ин забонҳо фароҳам аст. Литсей синфхонаҳои фанниву озмоишӣ, кафедраи математика, ҳуҷраҳои ёрирасон, 10 тахтаи электронӣ, 10 проектор ва ду синфхонаи компютериро доро буда, бо ҷорӣ кардани тарзи нави таълими салоҳиятнок хонандагонро тариқи блитс - пурсиш ва масъалагузорӣ ба дарсҳо ҷалб ва эҷодкориро дар онҳо ташаккул медиҳад.
- Омӯзгор ҳамонест, ки ба касби хеш содиқ асту навовариву эҷодкорӣ дорад, то фарзандони мардумро моҳирона бо дунёи рангини илму маърифат ошно созад ва шавқу ҳаваси онҳоро ба тадрис бедор намояд. Омӯзгорро равоншиноси хуб будан низ зарур аст, то хусусияту хислати ҳар хонандаро хуб бифаҳмад ва ба таври инфиродӣ бо онҳо кор барад. Дар ин маврид миёни онҳо иртиботи қавӣ пайдо мегардаду ба ҷараёни азхудкунии дарсҳои хонанда таъсири мусбат мерасонад, - меандешад муаллима Ҷумъаева.
Ҳаҷми солонаи пардохти ҳаққи таҳсил дар литсей 4750 сомониро дар бар мегирад, аммо бо назардошти вазъи оилавӣ ва дигар омилҳо чанд имтиёз ҷорӣ гардидааст. Аз ҷумла, якнафарӣ аз фарзандони омӯзгорон ва дигар кормандони литсей ба таври ройгон дар ин ҷо сабақ мегиранд. Ба оилаҳои мушкилдошта ва дигар хонаводаҳое, ки 4 - 5 хонандаи он муҳассили литсей мебошанд, беш аз 10 - 15 фоиз тахфиф ҷорӣ гардидааст. 14 нафар нимятим ба таври ройгон мехонад.
- Хонаводаҳое, ки қабл шароити хуб доштанду баъдан бо душвориҳои молиявӣ рӯ ба рӯ гаштанд, барои чунин оилаҳо муассис то 50 фоиз ҳаққи пардохти маблағи таҳсилро поён бурд. Ғамхориҳои соҳибкор нишон аз ҷавонмардӣ ва ҳимматбаландист, - ироа намуд муаллима.
Хатмкунандагони литсей соли сипаригашта тавассути Маркази миллии тестӣ пурра ба донишгоҳҳои мамлакат ва 8 нафар берун аз он дохил гаштанд. Муҳассили литсей Саидалӣ Муқумов барои санҷиши дониши хеш тариқи онлайн ба донишгоҳҳои ИМА ва Россия имтиҳон супурд. Бо дониши қавӣ тавонист тариқи буҷетӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил гардад. Дар ин росто, аз донишгоҳҳои кишварҳои номбурда ба унвонии ӯ барои таҳсил даъватнома расид.
- Замоне, ки дар МТМУ № 30 шаҳри Душанбе фаъолият мебурдам, писарам барои таҳсил ба ин литсей шомил шуд. Аз таҳсил ва ахлоқи ӯ бехабар намонам, гӯён гоҳ – гоҳ наздаш меомадам. Муҳити хуби корӣ, ҳайати кормандони ба ҳам дӯсту тифоқ писандам афтод ва хоҳони фаъолият дар ин даргоҳро кардам. Баъди аз санҷиш гузаштан, соли 2013 омӯзгори таълимгоҳ шудам. Писарам баъди хатми литсей ба Донишкадаи ҳавоӣ - кайҳонии шаҳри Самараи Россия дохил шуд ва алҳол соли панҷуми таҳсилро поён мебарад, - афзуд муаллима.
Бахтинисо Ҷумъаева ду писар ва як духтарро ба воя расонда, онҳоро таҳсилдида намудааст. Ҳамсари мушфиқаш шахси нек ва аҳли фаҳм асту дар ҳама лаҳзаи ҳаёт муттакои ҳамешагии ӯст.
- Бузурге гуфтааст, ки омӯзгорӣ на касб, балки рисолати муқаддас аст. Муҳим меҳру муҳаббат ба кӯдакон, ба таълим доштан аст. Агар шахс пешаи омӯзгориро аз рӯи ҳавову ҳавас ва ё рӯзгузаронӣ баргузида бошад, беҳтар он аст, ки тарки пеша намояд.
Шукр, ки мақому мартабаи омӯзгор рӯз аз рӯз боло рафта, сифати таълиму тарбия низ беҳ гаштааст, ки ин ҳама пешрафт аз саргаҳи ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон об мехӯрад, - гуфт дар фарҷом Б. Ҷумъаева.
Ситора Ашӯрова