Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
«Бо нӯги қалам зиндагиро пеш бурдан» аз масалҳои дӯстдоштаи падари бузургвораш буд, ки ба гоҳи суҳбат атрофи расму оинҳои зиндагӣ дар тинати фарзандон завқу рағбат ба илму донишандӯзиро бедор мекард. Бо мурури солҳо аз он даричаи чӯбини остони устои маъруфи шаҳри Кӯлоб наслҳои барӯманде ба арсаҳои гуногун гомҳои устувор ниҳоданд.
Зебо, духтари хушзеҳну оромтабиати усто Ҷумъа ба муроди пешаи омӯзгорӣ шомили Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардида, баъди хатми он бо роҳхати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба яке аз дурдасттарин муассисаи таълимии деҳоти Шуғнови ноҳияи Ховалинг фиристода шуд. Ӯ дар хонаву мактаб ва донишгоҳи хатмнамудааш дар рӯҳияе тарбия ёфта буд, ки ҳаллу фасли мушкилоти норасоии омӯзгорон дар мактабҳои рустоҳо, ҷалби таваҷҷуҳи сокинон ба илму ҳунаромӯзии духтарон ва дигар масоили мубрами рӯзро вазифаи муқаддас ҳисобида, омодаи кор дар дилхоҳ минтақаҳои ба омӯзгорони ҷавон ниёзманд буд.
- Падари андешамандам бо итминону хушбинӣ аз азми оғози фаъолияти омӯзгориам аз ноҳияи дурдасти Ховалинг маро то МТМУ №1 деҳоти дурдасти Шуғнов ҳамроҳӣ кард. «Духтари номбардори падар, фаромӯшат мабодо, ки танҳо бо сабру таҳаммул дар пешорӯи мушкилиҳо ва қаноатмандӣ аз маоши омӯзгорӣ мақоми худро дар зиндагӣ хоҳӣ ёфт, - насиҳату таъкидҳои қиблагоҳашро ба хотир меорад Зебо. – Мушкилиҳои шароити таълиму тарбия дар дабистони дурдаст, ки дар як синфхона хонандагони синну соли гуногунро шинонда, бо навбат ба онҳо дарс мегузаштем, аз аввалин санҷишҳои садоқату устуворӣ ба пешаи омӯзгорӣ буд.
Сарфи назар аз ҷавонию бетаҷрибагӣ, азоби дурӣ аз зодмандон ва дигар мушкилиҳои он айём, орзуву мароми мисли устодони мактабиам номдору соҳибэҳтироми ҷомеа гардидан, оташи шавқу ҳаваси беандоза ба касби пуршарафи омӯзгориро дар қалби ман дучанд меафзуд. Аз рӯзҳои аввали фаъолият эҳсос кардам, ки барои мисли муаллимаи аввалинам дар ин ҷода муваффақ гардидан, мушкилоти сангине дар пай дорад, ки ба ҷуз заҳмати ҳарфу вожаомӯзию таълими ҳусни хат ба шогирдони навомӯз, бояд бо меҳрубонию навозишмандиҳои модарона маҳбубияти тифлаконро ба даст овард, то онон дар симои муаллимаи аввалини худ намоде шабеҳи модари худро тасаввур намоянд. Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ будан эҳсоси тасвирнопазир дошта, дунёи беғашу пуршавқуни кӯдакон ба омӯзгор рӯҳияи созандагию эҷоди навовариҳо ва афкору андешаҳои ояндасоз мебахшад.
Дар муносибат бо хонандагони камфаъолу душвортарбия дарси устодони овони мактабхониашро пеши назар меовард, ки чӣ гуна меҳри мактабу завқи илмомӯзиро дар қалби ӯву ҳамдарсонаш ҷой мекарданд. Аз солҳои аввали фаъолияти омӯзгориаш дар ин ноҳияи дурдаст ҳамзамон вазифаи муовини директори мактаб оид ба таълиму тарбияи синфҳои ибтидоиро низ ба зимма дошт.
- Соли 1988 бо ҳукми сарнавишт ба журналисти телевизиони давлатии Кӯлоб Холмурод Ниёзӣ, ки аз овони донишҷӯӣ якдигарро мешинохтем, оила барпо намудам. Фаъолияти минбаъдаи омӯзгориам дар МТМУ №8 деҳаи Бештигирмони шаҳри Кӯлоб 10 сол идома ёфт,- ба ёд меорад рӯзҳои гузаштаро муаллима. - Дар ин давра илова ба тақозои такмили донишу таҷрибаи пешрафта, усули нави таълим рӯи кор омаду мо, тарбиятдиҳандагони даврони тозаистиқлолии Тоҷикистон, кӯшиши ба меъёрҳои замонавӣ баробар намудани сифати дониш дар муассисаҳои таълимиро доштем.
Соли 2002 шавҳари Зебо Файзуллоеваро ба Телевизиони вилоятии «Хатлон» ба кор даъват намуданд ва онҳо ба маркази вилояти Хатлон, имрӯза шаҳри Бохтар кӯчиданд. Аз шароити иҷоранишинӣ дар шаҳру макони нав то соҳиби манзили истиқоматӣ шудан, ин ҷуфти рӯшанфикр бо сабру қаноатмандӣ аз каму беши зиндагӣ рӯзу рӯзгорони пуримтиҳонеро паси сар карданд, ки қиссаи он барои насли имрӯз афсонаро мемонад.
Муҳити рӯҳафзои хонаводагии ин ҷуфти зиёиён, ки рӯзгори пурнишоташон аз баракати пешаи омӯзгорӣ ва фаъолияти эҷодии шавҳари рӯзноманигораш сарчашма мегирад, на танҳо мояи ибрати дигарон, балки дар тарбияи фарҳангию маънавии фарзандони ин хонавода нақши ниҳоят бузург дошт. Ҳолиё 18 сол боз дар МТМУ №11 шаҳри Бохтар фаъолият дошта, дар ин миён як давра масъулияти муовини директор оид ба синфҳои ибтидоӣ ба зиммааш буд.
Омӯзгори соҳибтаҷриба иллати паст шудани сатҳи илму донишандӯзии насли наврасро на танҳо ба бетафовутии зодмандон ба таълиму тарбияи фарзандон, балки дар коҳиш ёфтани сатҳи таълим дар муассисаҳои олӣ, беаҳамиятии омӯзгорони ҷавон нисбат ба бозомӯзию ташаккули донишу ҷаҳонбинии онҳо мебинад.
Ба андешаи ҳамсуҳбатам, дар радифи ҳалли мушкилиҳои мавҷуда бояд мактаб ва оила ҳамкориҳои муштаракро дар самти ҳифзи маънавиёти наврасон аз таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ, ба вижа, паҳншавии беҳудуди синамои хориҷӣ, дастрасии оммавӣ ба воситаҳои компутерӣ, телефону интернет ва дигар воситаҳои дилхушӣ густариш диҳанд. Бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол масъалаи норасоии китобҳои дарсӣ, ҷойи нишасту дигар камбудиҳои риштаи маориф бартараф шуда истодаанд, вале то кунун баъзе наврасон бе дафтару қаламу ручка ва дигар ашёи хониш ба мактаб омада, ҳатто дар рӯзномаҳои онҳо имзои зодмандонашонро намебинем.
-Насли ҳамсоли мо айёми донишҷӯӣ ба ҷуз илмомӯзию соатҳои фориғ аз таҳсилро сипарӣ намудан дар китобхонаҳои оммавӣ саргармиҳои дигар надошт. Маҳз савияи саводнокию дараҷаи баланди донишмандии омӯзгорони солманду соҳибтаҷриба буд, ки дар чаҳор давраи гузариш ба усулҳои гуногуни таълим сифати дарс дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ осебпазир нагаштааст. Маорифчиёни замони кунунӣ сарфи назар аз шароиту имкониятҳои маҳдуд дар раванди гузариш ба усули таълими салоҳиятнокӣ низ то ҳадде муваффақ шуда истодаанд. Гарчанде мо дарсҳоро тибқи усулҳои таълими салоҳиятнокӣ ба роҳ монда бошем ҳам, бинобар норасоии ҷойи нишаст ва шумораи аз ҳад зиёди хонандагон тарзи нишасти муҳити таълимро ба меъёрҳои замонавӣ фароҳам оварда наметавонем.
- Бо ҳама бурду бохти соҳаи таълиму тарбия мо - маорифчиён, итминони комил дорем, ки боқӣ масъалаҳои ҳалталаби риштаи таълиму тарбия ҳалли худро ёфта, илму дониш чун неруи пешбарандаи ҳаёт ва сарчашмаи рушду нумӯи кишвар моро ба пешрафту дастовардҳои бузург мерасонад, - иброз дошт дар фарҷом Зебо Файзуллоева.
Ҷ. УСМОН,
шаҳри Бохтар