Пианинонавоз,
оҳангсоз, дирижёр
«Вақте 5 сол доштам, падарам ба хона пианино овард. Он солҳо дар бораи мусиқӣ тасаввурот надоштам. Рӯпӯши пианиноро боз намуда бо кунчкобӣ тугмаҳояшро оҳиста - оҳиста пахш кардам. Садое, ки аз он мебаромад, бароям хуш омад. Суолҳои гуногун дар сарам чарх мезад. Донистан мехостам, садо аз куҷо, чӣ тавр мебарояд. Ана ҳамин лаҳзаҳо тақдирамро ҳал намуданд. Пианино воситае шуд, то ҳаёти ман бо мусиқӣ бипайвандад,» - мегӯяд бо меҳру муҳаббат пианинонавоз, оҳангсоз ва дирижёри боистеъдод Ҷаннат Ҳусейнзода.
Брюссел – Белгия. 6 августи соли 2005. Дар ин рӯз дар хонаводаи сафири тоҷик тифлаке чашм ба олами ҳастӣ кушод. Падар ба кӯдаки навзод, ки фарзанди сеюми хонадон буд, номи модаркалон Ҷаннатро гузошт. Бале, ин ҳамон Ҷаннатест, ки садои нотакрори мусиқияш қалбҳоро тасхир сохта, марзҳоро убур намудааст. Ҷаннате, ки сарфи назар аз наврасиаш ҳамаро шефтаву тасхири ҳунари волояш гардонд…
«Мусиқӣ забони муоширати байналмилалист ва ниёз ба бозгардонӣ надорад. Дорои хусусиятест, берун аз шарҳи оқилона, қалбҳоро поку барафрошта месозад. Сирри офарандаи он муъҷиза аст. Номи ин муъҷиза - Ҷаннат мебошад, ки маънои «Биҳишт» – ро дорад», - гуфтааст, котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, соли 2017 ҳангоми муаррифии Ҷаннат Ҳусейнзода, дар консерти штаб – квартираи СҲШ дар шаҳри Пекин.
Қадамҳои нахуст
- Навохтани пианиноро дар назди Светлана Владимировна Братус, омӯхтаам. Пас аз як соли пианинонавозӣ, дар синни 6 – солагӣ аз устодам пурсидам: «Мусиқие, ки менавозем, чӣ гуна пайдо мешавад?». Ӯ ба ман фаҳмонд, мусиқиро композитор баҳри навохтан меофарад. Пурсидамаш: «Чӣ гуна мусиқӣ офаридан мумкин аст?». Светлана Владимировна гуфт: «Ба ин суолат посухи аниқ дода наметавонам, аммо нафароне, ки мусиқӣ эҷод менамоянд, нобиғаанд…» Ҳамин тавр нисбати офаридани мусиқӣ дар дилам меҳре аланга зад ва баъд аз чанде оҳанги аввалини эҷоднамудаамро ба муаллимаам пешниҳод намудам. Оҳанг ба устодам писанд афтод. Светлана Владимировна барои фаъолияти оянда маро ба омӯзгор Ирина Александровна Берлин шиносонд. Машғулияти минбаъдаамро ҳамроҳи ин омӯзгор идома бахшидам.
Илҳом
- Ҳангоми сайру гашт аз дидани муҳити атроф, зебоиҳои табиат, хондани китоб, шунидани оҳанги хуб илҳом мегирам ва асар меофарам. Мусиқии Мотсард, Бетховен, Прокофев, Зиёдулло Шаҳидӣ, Толиб Шаҳидӣ, Шарофиддин Сайфиддиновро гӯш мекунам. Овони кӯдакӣ ба санъати тасвирӣ шавқи беандоза доштам, расмҳои зиёд мекашидам. Ҳоло тамошои офаридаҳои рассомонро дӯст медорам. Менигарам,меомӯзам,меандешам, ки чиро тасвир намудаанд, чӣ тавр? Дар санъати тасвирӣ услуби эҳёи дер, импрессионизм, барокко ва рококоро меписандам. Бештар асарҳои адибони ҷахон аз қабили Ҷейн Остен, Теодор Драйзер, Волтер Скоттро мутолиа менамоям.
Дирижёр
- Пас аз се соли машғулият дар фортепиано ба хулосае расидам, то чанд асарро ҳамроҳи оркестр навозам. Дар рафти консерт ба ман ҷолиб намуд, ки чӣ тавр дирижёр оркестрро идора менамояд. Он ишораву дастафшониҳо чӣ маънӣ доранд, донистан мехостам. Бо ҳамин сабаб ба назди устоди ҳунар ва дирижёри номвар Муборак Лутфуллоева рафтаму якчанд муддат аз он кас сабақ гирифтам.
Ҳоло мефаҳмам, ки бо дасти рост дирижёр ба мисли муҳосиб ҳисоб мекунад, бо дасти чап монанди рассом тасвир месозад, ҳамаи ин ба хотири тобиш, пастиву баландии мусиқӣ. Тарзи садо додани асар дар оркестр аз дирижёр ва услуби кори ӯ вобаста аст.
Вақте аввалин бор ҳамчун дирижёр ба оркестр худро муаррифӣ намудам, онҳо дар ҳайрат афтоданд. Шояд бо сабаби хурд будани синну солам. Аммо дар интиҳо гуфтанд, ки дирижёри хубаму ҳама ишораҳоям барояшон фаҳмост.
Инак 5 сол мешавад, ки ба ҳайси пианинонавоз ва дирижёр дар Муассисаи давлатии Оркестри симфонии Дастгохи иҷроияи Президенти Тоҷикистон фаъолият дорам.
Дастовард
Ба синну соли худ нигоҳ накарда Ҷаннат дар озмунҳои зиёди байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Ӯ аввалин дастовардҳояшро аз иштирок дар озмунҳо дар Юнон, Британия, Фаронса, Россияву Ӯзбекистон дарёфт кардааст.
Имрӯз дафтари эҷодиёти Ҷаннат Ҳусейнзода беш аз 150 асарро дар бар мегирад. Алҳол ду китобаш бо номҳои «Асарҳои ман» ва «Тахайюлоти ман» пешкаши дӯстдорони мусиқӣ гаштаанд. Вай асарҳояшро барои асбобҳои мусиқии фортопиано, скрипка, флейта, фагот, виолончел, инчунин квинтет ва квартет офаридааст. Ӯ мегӯяд: «Вақте ягон мавзӯъро пешниҳод менамоянд, метавонам бе душворӣ оҳанг эҷод намоям. Чанде пеш мусиқии балет бар асари Антуан де Сент – Экзюпери «Шоҳзодаи хурд»-ро эҷод намудаму мувофиқи нақша бояд онро моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Пезарои Италия рӯи саҳна мегузоштанд, аммо бо сабаби бемории «coviD – 19» ин намоиш ба таъхир афтод».
Таҳсил
Ин навраси пурғайрату боистеъдод алҳол дар синфи 10 - ум мехонад. Ба омӯзиши фанҳои дақиқ, биология, анатомия, химия низ шавқ дорад.
«Вақте супоришро дар синф аввал иҷро менамояму дафтарамро месупорам, ҳамсинфонам ба ҳайрат меафтанд. Ба онҳо ҷолиб аст, ки ман чӣ тавр вақт ёфта, ба дарсҳо ва машғулиятҳо омода мешавам», - мегӯяд Ҷаннат.
Ҳунару истеъдоди Ҷаннат Ҳусейнзода намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва устодони коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқуловро водор намуд, то сарфи назар аз синну сол ӯро ба ҳайси донишҷӯ бипазиранд. Ҷаннат Ҳусейнзода, алҳол донишҷӯи соли чоруми бахши фортопиано мебошад. Устодонаш Парасту Саодатова ва Лариса Петровна ба ӯ сабақи мусиқӣ меомӯзанд.
Орзуи идома додани таҳсил дар Консерваторияи Милан ё Пезарои Италияро дар дил мепарварад.
Дастгирии волидон
- Ин ҳама дастоварду пешравиҳо бо ёриву дастгирии пайвастви волидон рӯи кор омадаанд. Онҳо мепурсанд, чӣ менависам, чӣ тайёр карда истодаам? Ба онҳо фикру андешаҳоям ҷолиб аст. Маслиҳатҳояшонро низ дареғ намедоранд. Дар консертҳоям иштирок менамоянд. Бояд зикр намоям, ки асарҳои офаридаи ман дар аввал бе номанд, пас аз эҷод онҳоро ҳамроҳ бо аҳли оила унвон медиҳем…
Шаҳноз