Рӯзгори мозӣ аз диди навамкурс ва дугонаам, шоирДонишкадаи адабии ба номи А.М. Горкий рафт.
Баъд чанде ҳамсоя будем. Зулфия бо дилсофии аҷиби худ ба хонаи мо гӯё накҳати деҳаашро меовард. Ин дилсофии тоҷиконаашро то охир ҳифз карда тавонистааст. На таҳсил дар Москва (он солҳо ин як комёбии нодире буд), на шуҳрати шоирӣ, на вазифаҳои баланди эҷодӣ инро аз тинаташ рабуда натавонист. Зулфия то ҳол дар замири худ ва назари ман ҳамон духтараки нозукандоми хаёлпарасте, ки ҳамеша ҳушу ёдаш ба шеър банд буд, мондааст.
Ҳамкориро бо Зулфия замоне оғоз бахшидам, ки се мактаби қавиро паси сар карда будам. Кумитаи гумрук ва ду нашрияе, ки моликонаш аз рафиқони замони донишҷӯиам буданд. Дар ин мактабҳо ман таҷрибаи шикасти тасаввуроти пешини мусбати худро паси сар кардам. Дидам, ки на ҳама чизе, ки медурахшад, тиллост. На ҳамаи ваъдаҳо бо нияти иҷро дода мешаванд, на ҳар кас виҷдону имону одамиятро тарзе мебинад, ки тасаввур мекардам. Ҳар кас даричаи худро дорад. Аз ин сабаб, ба хотири ҳифзи хотираҳои нек чандин бор даъвати Зулфияро барои ҳамкорӣ рад карда будам.
Ниҳоят маҷаллаи «Гуфтугӯ», ки маро ба он муаллима Ойниҳол Бобоназарова ва бонуи хушкор Зуҳро Ҳалимова даъват карданд, моро дар рафти кор бо ҳам пайваст. Баробари ба кор омадан ба Зулфия ду ариза навиштам. Яке барои ба кор омадан, дигаре барои аз кор рафтан. Ба дугонаам возеҳ фаҳмондам, ки бароям муносибати инсониву дӯстӣ болотар аз ҳама кор аст. Агар рӯзе шуду ҳамкорӣ барояш мақбул набошад, аризаи дуюми маро бигираду ба ман занг бизанад ва бигӯяд: «Марям, аризаи дуюматро аз миз гирифтам». Кофист. Вале ин ҷо ҳодиса ранги дигар гирифт. Зулфия роҳбари тамоман дараҷаи дигар баромад. Дар кор ҳам ҳамон самимияту дилсофӣ роҳбаладаш буданд. Аз он рафиқони манфиатпарасти ман ба куллӣ фарқ мекард. Ошиқи содиқи маҷаллаҳояш буд. Фидоии роҳи адабиёту журналистика ва дорои одамияти кӯдаконае.
Ёд дорам, як рӯзи баҳорӣ яке аз кормандон зери борон монда тар шуда ба кор омад. Туфлиҳои нимдошт, ҷӯробҳо ҷои хушке надоштанд. Он корманд бо кайфи ноҷӯр ин ҳамаро кашида назди печкаи коргоҳ гузошта буд то хушк шаванд. Аз дар Зулфия даромад, инро дида якбора ба ташвиш омад. Э касал мешавӣ ту, бо ин аҳвол. Туфлият об мегузарондааст. Ва ба муҳосиби идора фармуд. Бин, дар хазина пул ҳаст ё не? Бошад, пули як туфлӣ бароварда деҳ, баъд ҳуҷҷат тахт мекунӣ. Ва ин дар замоне буд, ки барои дарёфти маблағи нашри маҷалла Зулфия сар ба сад дар мезад.
Лаҳзаи дигари хотирмон. Ҳамон сол китоби шеърҳои шавҳарам Адҳам Бобозодаро ба чоп тайёр мекардам. Маблағи чопро надоштем. Шунидам, ки кадом матбаае бе пластина чоп мекунад ва арзонтар меафтад. Рафтем ҳамроҳи муаллим назди яке аз дӯстони ман, ки хешовандашон ҳам буд, то нишонии он матбааро пурсем. Он ҷо гуфтанд, ки сифати чопи он матбаа хуб нест, ҳамзамон он нафар ба муаллим ваъда кард, ки харҷи пластинаҳоро худаш медиҳад ва саргардон нашавем. Ва тамом. Баъди ин муаллим чандин бор рафтанду омаданд, то ҳол маблағ дар кадом роҳе ҳаст. Дар бораи тасмими чопи китоби муаллим Зулфия ҳам хабар дошт. Ва ҳанӯз ман як моҳ ҳам ҳамроҳаш кор накарда (бе он, ки ман хоҳиш карда бошам) Зулфия пластинаҳоро дастрас карда ба чопхона бурда супурд. Масъалаи коғазро ҳам ҳал кард ва бо ман ғурбат ҳам кард, ки чаро пластинаҳоро намегирам ва чопи китоби муаллимро ба таъхир андохтаам.
Кори дигаре, ки Зулфия ҳамеша бо он банд аст, сарпарастии навқаламон, хосса духтарони ҷавон аст. Коргоҳи Зулфия гӯё бахши Иттифоқи нависандагон буд. Ҳамарӯза он ҷо шоиршавандаҳои ҷавон бо дафтарҳои худ меомаданд, Зулфия онҳоро мехонд, байти сарае пайдо кунад, кӯдаквор шод мешуд, он дафтарҳоро таҳрир мекарду барои чопаш ёрӣ мерасонд.
Маъмулан, серкории бонувон ба рӯзгори оилавияшон халалҳо ворид месозад. Зеро инсон наметавонад 24 соат сари ину он кор бошад. Ғайр аз ин талаботи ҷомеа аз занон дар мавриди масъулияти оиладорӣ нисбат ба мардон хеле бештар аст. Дугонаи ман дар оилааш ҳам ҳамон гуна меҳрубону ғамхор ва масъулиятшинос аст. Хеле оилаи аҳле дорад. Аъзои ин оила дар ҳама маврид дар бари ҳамдигар буданду ҳастанд. Дастгирии ҳамдигарии зану шавҳар дар ҷанбаи эҷод хеле ҷолиб ҳам ҳаст. Ҳамчун мутахассиси масоили оила метавон гуфт, ки бунёди ин гуна муносибатҳои зебо, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, саҳми Зулфия, бонуи хонадон буду ҳаст. Натиҷаи ин ҳама заҳмати пурмуҳаббат аст, ки фарзандони хонадон инсонҳои бошарофату покизарӯзгор ва комилан муваффақанд.
Ҳоло шукр мекунам аз тақдир ва тазодҳои зебояш. Баъди дарсҳои шадид ба олами вафову сафои одамият андохтанҳояш. Зулфия воқеан сарсупурдаи шеъру одамият аст. Аз ин ду сиришта шудааст. Дар зиндагӣ ҳамеша ду роҳ мавҷуд асту мо ҳамеша дар ҳоли интихобем. Яке аз афтода хестанҳо (дар роҳи Зулфия низ ин шикасту рехтҳо кам набудаанд), сангдил мешаваду тарсуву ҷафокор, дигаре меҳрубонтар мешаваду ҷасур то дигаронро аз зарбаҳои тақдир ҳаддалимкон ҳифз намояд. Ҳамсабақ, дугона ва ҳамкори ман, Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ роҳи дуюмро интихоб кардааст. Дар бораи Зулфия метавон зиёд гуфтан. Вале ин ҷо мақсад ёди зебои он рӯзгор аст, аз ин рӯ, ин ҷо нуқта мегузорам.
Марям ДАВЛАТОВА