Дугонаи субҳ
Бомдодон аз овози хуши парандаҳои саҳархез бедор шуда, лаҳзае ба тамошои боғистони саҳни ҳавлиашон меоғозад, ки дар анбуҳи шохсорони гуногунмеваи он дугонаҳои овони кӯдакиаш ошён гузоштаанд. Субҳи ӯ аз боздиди замини хоҷагии деҳқониаш оғоз ёфта, то ба қадри як найза баланд шудани офтоб саргарми корҳои саҳроӣ мешавад. Давоми рӯз то ғуруби офтоб ӯро аз киштзори пахтаву пиёз ва дигар анвои зироат метавон пайдо кард.
Тамара. Бо шунидани ин ном дар зеҳни сокинони деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродови ноҳияи Дӯстӣ симои духтари тилломӯи чашмиобӣ таҷассум меёбад, ки бо ошкорбаёнию ҳақталошиҳо ба ҳайси ҳомии ҳуқуқҳои бонувони зодбуми хеш эътироф шудааст. Маҳбубияти беандозаи мардум ба нозанини туркмантабор маҳз аз хислатҳои беҳини инсондӯстию дилсӯзиҳояш ба ниёзмандон, пиндору эҳсоси беолоиши қалби меҳрубонаш нисбат ба атрофиён манша гирифта, овозаи сирати накуву чеҳраи дилрабои ӯро то дуриҳо бурдааст.
Шаҷараи аҷдодии ӯ ба туркманҳои соҳибҳунаре мерасад, ки тақрибан панҷсад сол қабл тавассути роҳи абрешим ба ин диёри хушобу ҳаво кӯч баста, дар канори рудхонаи Ҷайҳун маскан гирифтаанд. Аз ибтидои сукунат дар ин сарзамини шодобу зархез туркманҳо пешаи боғдорию чорвопарвариро тараққӣ дода, дар заминаи маҳсулоти хоми маҳаллӣ шуғлҳои ресандагию қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои миллии хешро ривоҷ додаанд.
Падари Тамара дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун фаъолият дошта, модараш мураббияи яке аз кӯдакистонҳои ноҳияи Дӯстӣ буд. Баъди хатми омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Қубодиён солҳои 2007 – 2010 дар МТМУ №12 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ шуд. Як муддат сармутахассиси бахши дин ва ҷомеаи Ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродов буд. Донишу лаёқатмандии ӯро дар рафти ташкили суҳбату вохӯриҳои пешазинтихоботӣ миёни номзадҳо бо интихобкунандагон дида, пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 Тамара ба вазифаи муовини раиси деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродов пешбарӣ гардид.
- Айёми ҷавонӣ завқи беандоза ба илму таҷрибаомӯзӣ эҳсоси хушбинӣ мебахшид, ки аз уҳдаи ҳама кор баромада метавонам. Аз сӯи дигар, баъди маъракаҳои интихоботӣ маҳз ба соҳаи маънавиёт, робита бо мардум ва омӯзиши афкори ҷомеа шавқу ҳаваси зиёд доштам. Аммо бо мурури фаъолияти роҳбарии риштаи маънавиёт, эҳсос гардид, ки дар баробари ҷоннок намудани самтҳои гуногуни соҳа, боз ҳам мушкилу масъалаҳои нави иҷтимоӣ пайдо мешаванд ва ҳамин сон кори соҳаи тарғибот аввалу анҷом надорад, - табассумомез гуфт Тамара Чориева.
- Он шабу рӯз ба замми масъулиятҳои зиёди идориву супоришҳои мақомоти ноҳиявӣ мекӯшидам, то бо таҳияи барномаву идеяҳои нав ба нав тарзи идоракунии фазои идеологии ҷомеаро дар маҳалҳо тақвият бахшем. Вобаста ба вазъи иҷтимоию сатҳи маърифатнокии мардум ва ё омилҳои дигар буд, ки маъмурони идеологӣ дар воқифгардонии мардум аз моҳияти барномаҳои давлатӣ, ҷалби сокинон ба корҳои ободонӣ ва умуман дар мафкурасозии ҷомеа муваффақ буданд.
Баробари хатми ДДБ ба номи Носири Хусрав таҳсилро дар филиали Донишгоҳи байналмилалии Москва дар шаҳри Душанбе идома дод. Баъди анҷоми панҷ соли пурсамари роҳбарӣ фаъолияти худро ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ва муаллимаи фанни технологияи таълими меҳнати МТМУ №12 идома бахшид.
Тамараи бо кӯлбори собиқаи роҳбарӣ, ки бо забондонию сухани таъсиргузораш муаррифӣ шуда буд, дар доираи зиёиёну маорифпарварони ноҳия низ соҳибэҳтиром гардид. Ба дарки масоили умдаи соҳаи таълиму тарбия ӯ дар баробари беҳбудии сифати таълим омӯзиши забони давлатиро дар мадди аввал мегузошт. Бо тақозои замон ақаллиятҳои миллӣ ҳам ба муроди фароҳам намудани имкониятҳои бештари илму касбомӯзӣ таваҷҷуҳи фарзандонро ба омӯзиши забони давлатӣ нигаронда истодаанд.
-Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз бар намудани касбу ҳунарҳои гуногун ва такмили ихтисосу ташаккули ҷаҳонбинӣ аз амалҳои бисёр муҳимеанд, ки кас набояд онро ба вақти дигар гузорад. Гузашта аз ин, вазъи ба суръати кайҳонӣ тағйирёбандаи ҷаҳон моро водор месозад, ки ҳамқадами замона зиста, ҳикмати «Аз гаҳвора то гӯр дониш биомӯз» - ро шиори рӯзмарраи худ гардонем,- иброз дошт дар идомаи суҳбат Тамарабону. - Зеро инсоният замони гузариш ба як марҳилаи навро паси сар намуда истодааст, ки дар арсаи фаъолиятҳои зеҳнию ҷисмонӣ ва умуман, ҳама ҷабҳаи корзор танҳо беҳтаринҳо муваффақу комёб мегарданд. Бинобар ин, ба хотири фарогирии занону духтарони рустоҳои дурдасти ноҳияи Дӯстӣ бо шуғлҳои муздовар давоми солҳои 2017 - 2019 Тамара дар ҳамкорӣ бо идораи шуғли аҳолӣ ва маркази таълими калонсолони ноҳия чанд гурӯҳи бонувонро ба омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ фаро гирифт, ки имрӯз бештари онҳо ба василаи ин ҳунарҳо ба буҷети оилаҳои худ фоида меоранд.
Дар қатори омӯхтани маҳорати кешу дӯзандагӣ ва пухтупази маҳсулоти қаннодию ғизоҳои миллӣ барои духтарони туркман аз худ намудани ҳунарҳои аҷдодӣ, ба хусус қолинбофӣ амри ҳатмӣ мебошад. Замоне Тамара низ ҳамроҳи шогирдони модараш даври дукони қолинбофии саҳни ҳавлиашон мисли парвона буд. Дар баробари ҳунаромӯзии ҷавондухтарон пешаварони ин хонавода аз шуғли қолинбофӣ фоидаи хуб ба даст меоварданд. Бо гузашти айём духтарони маҳалла ба шавҳар баромада, пирони ҳунар дигар тавони сари дуконҳои қолинбофӣ нишастан надоранд, ин ҳунари аҷдодӣ аз ривоҷу равнақ монда истодааст.
Моҳи марти соли равон ӯ аз нав ба вазифаи муовини раиси деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродов таъйин шуд. Ба фарқ аз давраи аввали фаъолияташ дар ин вазифа ҳамакнун масъулиятҳои идорӣ дучанд гардида, ҳамзамон, масъалаҳои ҳалталаби деҳот ба қавле аз мӯйи сар зиёданд. Тамара корро аз ба тартиб овардани ҳуҷҷатгузории самтҳои асосии фаъолияти деҳот оғоз бахшида, бовар дорад, ки бо мурури таҳкими робитаи зичи мақомоти маҳаллӣ бо аҳолӣ масъалаҳои мубрами деҳот ҳалли худро меёбанд.
Баъди ба анҷом расидани маҳдудиятҳои иҷтимоии пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID - 19, мақсад дорад, ки баробари ба роҳ мондани нақша - чорабиниҳои оммавӣ, аз тариқи суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо фаъолони маҳалҳо мардумро ба корҳои ободонӣ ва рушди деҳот ҷалб намояд. Имрӯзҳо, ки мавсими ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳосили боғу роғҳо ҷараён дорад, маъмурони деҳот бо мақсади ҳарчи тезтар бардоштани ҳосил ва гузарондани кишти такрорӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда истодаанд.
- Барои таҳрик додани ҷомеа ба корҳои судманду иқдомҳои созанда бояд шахсиятҳои муваффақу обрӯманди маҳал намунаи ибрат бошанд, - иброз дошт ӯ дар идомаи суҳбат. – Бе шакку шубҳа ҳатто як сухани раҳнамо ва ё андешаи таконбахше метавонад дар амалӣ шудани нақшаву ҳадафҳои бузург таъсиргузор бошад.
Ба азми саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат соатҳои фориғ аз кори давлатӣ дар пешбурди хоҷагии деҳқонии оилавиашон ёрӣ мерасонад. Дугонаи субҳ Тамара ҳама ҳастии худро ба кори саҳрову масъулиятҳои ҷамъиятӣ бахшиданро ягона василаи расидан ба мақсад медонад.
Ҷ.усмон,
ноҳияи Дӯстӣ