Муносибати
эҳтиёткорона бо оташ
Ба маълумоти шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳру ноҳияҳо ҳодисаҳои сӯхтор ва хисороти воридшуда аз он ба амволи хусусӣ ва давлатӣ сол ба сол камтар мешавад. Хушбахтона, пурзӯр шудани назорат дар мавриди риояи талаботи зиддисӯхтор дар иншооти давлатӣ ва хусусӣ ва самаранокии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба чораҳои пешгирии сар задани сӯхтор натиӌа доданд.
Дар пешгирӣ намудани оташсӯзӣ кормандани хадамоти давлатии оташнишонӣ, махсусан бонувон саҳми арзанда дошта, дар арафаи Рӯзи касбии оташнишонҳо фаъолияти самараноки нозири қисми 16 - уми ҳарбикунонидаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Хоруғ Умеда Қосумбекзода аз ӌониби роҳбарияти шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонии вилоят қадр гардид.
Шаҳри Хоруғ зиёда аз 30 ҳазор ӌамъият дошта, дар ин ӌо 661 идораву муассисаҳои шакли моликияташон гуногун ӌойгиранд. Умеда дар хадамоти оташнишонӣ таӌрибаи 18 - солаи корӣ дорад. Масъулиятшиносӣ, ӌиддият ва кордонӣ дар иӌрои вазифаи касбӣ ва ботамкину хушмуомила будан дар муошират бо атрофиён, боис гардиданд, ки ин бонуи тозакору хушсимо ба эҳтироми ҳамкорон ва шаҳрвандон сазовор гардад. ӯро дар ҳар манзил ва идораву муассиса хуш истиқбол мекунанд. Зеро медонанд, ки ин бонуи сахтгир нисбат ба худ ва дигарон ба фоидаи умум риояи қоидаҳои бехатарии сӯхторро фаҳмонда, иӌрояшонро зери назорати ӌиддӣ мегирад. Вале дар сурати бартараф нашудани камбудиҳо бедиранг расиди ӌарима пешниҳод менамояд ва ислоҳашонро талаб мекунад. Ба манзури тарғибу ташвиқи чораҳои пешгирии сӯхтор ӯ ба матбуоти маҳаллӣ ҳамоҳангӣ ва ҳамкории хуб ба роҳ мондааст.
Таҳлилҳои шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонӣ нишон медиҳанд, ки сӯхторҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти хусусӣ аз беэҳтиётии моликони он сар мезананд. Бе назорат мондани таӌҳизоти барқӣ ва газӣ, ки барои пухтупаз ва гармкунӣ истифода мешаванд ва ҳамчунин расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ сабабҳои асосии сӯхтор гардидаанд. Дар ҳудуди шаҳр тайи шаш моҳи соли равон 5 ҳодисаи сӯхтор ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ амволро нобуд сохт. Ба шарофати амалиёти фаврӣ ва касбияти баланди оташнишонҳо сӯхторҳо тез хомӯш ва ба маблағи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ амвол аз оташ наӌот дода шуд.
Ба гуфтаи сардори хадамоти давлатии оташнишонии вилоят Ӌаъфар Ризо, ӌузъу томҳои қисмҳои шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо дастгирии роҳбарияти давлат бо таӌҳизоти зарурӣ ва муосири оташнишонӣ муӌаҳҳаз гардида, ҳайати шахсӣ ва роҳбарикунандаи сохтор, иборат аз 213 нафар, шабонарӯзӣ дар ҳолати омодабош ба иӌрои вазифаи касбианд. Адади мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ аз 12 ба 20 адад расонда шуд.Таъминоти моддӣ ва омодагии хуби касбии оташнишонҳо ва фаврият дар амалиёти сӯхторнишонӣ боис шудаст, ки ҳодисаҳои оташсӯзӣ ва оқибатҳои зарари он кам гарданд.
Роҳбарияти кишвар ба рушди минтақаҳо, аз ӌумла шаҳри Хоруғ таваӌӌуҳи зиёд зоҳир мекунад. Шаҳр босуръат симои меъмориашро дигар мекунаду ӌойи биноҳои якранги ду ва чорошёнаро манзилҳои истиқоматии аз лиҳози меъморӣ зебо ва замонавии нуҳ ва дувоздаҳошёна мегиранд. Пешрафт ва тараққиёт дар назди хадамоти оташнишонӣ мушкилоти нав пеш гузошт. Қисми оташнишонии шаҳр ба мошини сӯхторхомӯшкунии зинадор ниёз дорад, то дар мавриди эҳтимолияти рух додани сӯхтор дар биноҳои баландошёна оташнишонҳо имконияти баромадан ба иншооти баланд ва кӯчондани одамони дар банди оташмондаро ба ӌойи бехатар дошта бошанд. Мақомоти иӌроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят ваъда доданд, дар ҳалли ин масъала, ки ба таъмин намудани бехатарии шаҳрвандон вобаста аст, ёрӣ мерасонанд. Интизор меравад шуъбаи хадамот ба раёсат табдил шуда, мақоми раёсат ба таҳкими бештари фаъолияти хадамоти давлатии оташнишонӣ мусоидат менамояд.
Роҳбарон ва кормандони идораву муассисаҳо ва шаҳрвандон ҳарчи бештар зарурати иӌрои талаботи қоидаҳои бехатарии сӯхторро дарк мекунанд. Вале, ба гуфтаи Умеда, иӌрои талабот ҳанӯз қонеъкунанда нест. Идораву муассисаҳое ёфт мешаванд, ки сипари зиддисӯхтор дар дохилашон шаклан мавӌуд буда, бо таӌҳизоти зарурии аввалияи сӯхторнишонӣ муӌаҳҳаз нагардидаанд. Дар лоиҳаҳои иншооти сохташаванда ба назар нагирифтани меъёрҳои муқаррарнамудаи зиддисӯхтор мушкилоти дигар аст. Дар шаҳр қариб 70 обанбор мавӌуд буда, мушкилоти обгирии мошинҳои сӯхторнишонӣ бартараф гардидааст, вале дар дохили коргоҳҳои таъйиноти иӌтимоӣ ва фарҳангу маориф ҳавзҳои дохилӣ ва ӌумакҳои обпошӣ вуӌуд надоранд.
Бархе аз сокинони беинсофи шаҳр ҳангоми деворбандӣ намудани гирду атрофи манзилҳояшон ва ё сохтмонҳои нав ҳудуди кӯчаву паскӯчаҳоро танг намудаанд, ки ин ҳолат дар сурати эҳтимолияти рух додани сӯхтор ба амалиёти оташнишонҳо халали ӌиддӣ эӌод мекунад.
Бехатарии сӯхтор дар бозори шаҳр ҳанӯз масъалаи доғ боқӣ мемонад.Бо дарси ибрат гирифтан аз оташсӯзиҳои гузашта, ки хисороти калони моддӣ дар пай доштанд, соҳибони нуқтаҳои савдо аз масолеҳи пластикӣ пурра даст кашиданд. Вале рафҳо ва нуқтаҳои фурӯш дар бозори серодам ҳанӯз ба таври пароканда ӌой гирифта, барои ворид шудани мошини сӯхторхомӯшкунӣ ба ҳудуди бозор қариб имконият вуӌуд надорад.
- Оё бону - афсар ҳамсари хубу кадбонуи хуб буда метавонад? - мепурсам аз ҳамсуҳбатам ва мавзӯъро сари мақоми бонувон дар хадамоти давлатии оташнишонӣ тамаркуз медиҳам.
- Ду фарзанд дорам, ки дар синфҳои болоӣ таҳсил менамоянд ва дар таълиму тарбияашон баробар бо шавҳари меҳрубонам саҳм мегузорем. Хушдоманам ёрдамчии боэътимодамон аст.Ғизоҳои болаззат омода месозам ва фикр мекунам, ки аҳи хонавода аз ман розианд. Вале ҳақиқат аст, ки ҳамчун корманди қисми ҳарбикунонидашуда вақти зиёдам дар кор мегузарад. Мекӯшам, ки ҳамсари хуб бошам ва агар дар оила ҳамдигарфаҳмӣ, осудагӣ ва хушбахтӣ ҳукмфармо бошад, пас зан - афсар ҳамсари хуб аст.
Бонувони хадамоти оташнишонӣ вазифаи касбиашонро содиқона иӌро мекунанд ва соҳибҳунар ҳастанд. Борҳо дар озмунҳои шаҳрӣ ва вилоятии «Кадбонуи беҳтарин», «Дастархонороӣ» ва «Канӣ духтарон?» дар қатори беҳтаринҳо қадр шудаанд. Дар ӌашнҳои миллӣ ва Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ вақте собиқадорони хадамот даъват мешаванд, чун нишонаи ҳурмату эҳтиром шириниҳо ва ғизоҳои бо дастони моҳирашон омодакардаро рӯйи дастархон мегузоранд. Бонувон бо дастони пурэъӌозашон дар гулзор намудани ҳавлии коргоҳ саҳм мегиранд ва тавре мебинед, ҳудуди шуъбаи хадамоти давлатӣ ва гирду атрофи он ба яке аз ӌойҳои зеботарини шаҳр табдил шудааст, посух дод Умеда ва илова намуд:
-Шоири маҳбуб Мирзо Турсунзода занро ба оташ ташбеҳ додааст. Мехоҳам, ки неруи созандаи оташ дар ҳар хонавода фурӯзон бошаду ҳар сокини кишварамон дар муносибат бо манобеи оташ бодиққат ва эҳтиёткор бошад. Соли бидуни сӯхтор орзу аст, вале кам шудани оташсӯзӣ ва талафоти ӌониву хисорот аз он беҳтарин баҳо ба фаъолияти кормандони хадамоти мост, - мегӯяд қаҳрамони мо.
М. ШОҲӋАМОЛ,
шаҳри Хоруғ