Тараннуми Ваҳдат бар лаб
Ҳар лаҳзаю ҳар сонияи умри ин бону мисли реӌае, ки бидуни тарҳрезӣ тартиб ёфтааст, пайи кор мегузарад. Бо такопӯи зиёд гоҳе ба гӯшӣ ӌавоб медиҳад, гоҳе ба маркази пахши барномаҳо ва гоҳи дигар сӯи садорат мешитобад. Фориғ аз кор, бахусус дар остони идвораҳо ҳам пайи ифои вазифа аст, то барномаҳои радиоӣ тибқи нақша сари вақт пахш гарданду дар ҳоли зарурат тағйирот низ ворид шаванд.
Маҳз заҳмати софдилонаи Нигина Ризвонова дар радиои Тоӌикистон ӯро аз муҳаррири хурди шуъбаи мактубҳо ва тадқиқоти иӌтимоӣ ба муҳаррири варзидаи яке аз шуъбаҳои муҳими радио – шуъбаи танзими радио расондааст. Инак, 28 сол аст, ки дар ин боргоҳи сухан бо масъулиятшиносӣ ва пайкори некаш соҳибобрӯст.
Баррасии афкори сомеон роӌеъ ба гуфторҳо дар барномаи «Мо ва шунавандагон», пахши тозатарин ахбор дар «Навиди кишвар», таҳқиқи вазъи пахши барномаҳои радио дар манотиқи наздисарҳадӣ дар гуфтори «Садои меҳр» маҳсули эӌоди ин бонуи ширинкалом аст.
Айёме, ки Тоӌикистон ба вартаи ҳалокатбори ӌанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуду ҳазорҳо нафар аз Ватан фирор кард, дар он шабу рӯз бидуни эътино ба норасоии маошу дигар мушкилоти печидаи зиндагӣ Нигина лаҳзае тарки пеша нагуфт ва дар таъсиси барномаи машҳури «Хоки Ватан» саҳм гузошт. Муддати як сол бе маош фаъолият бурд ва аз ғамхориҳои роҳбарияти вақти Кумитаи телевизион ва радиои ӌумҳурӣ Иброҳим Усмонов ва Бобохон Маҳмадов, ки ҳар рӯз ба ҳамаи кормандон 1 - 2 дона нон тақсим менамуданд, баҳравар гардид.
- Агарчи ин миқдор нон кам буд, дар он рӯзу шабон ёрии онҳо садҳо нафарро андак-андак аз вартаи гуруснагӣ раҳонд. Бо таъсиси барномаи «Хоки Ватан», ки заҳмати шодравонҳо Бобо Бекмуродов, Амонулло Одилов, журналистони варзида Сафаралӣ Нозимов, Юсуф Солеҳ, Сурайё Шуӌоат, гӯяндаҳо Абдурашид Хӯӌамқулов, шодравон Бурҳон Раҳмон ва даҳҳо нафари дигар ба чашм мерасид, беҳтарин василаи тамоси мардум бо пайвандони дар ғурбат афтода буд, - иброз намуд Нигинабону.
Он замон ҳар ҳафта халта -халта мактубҳо унвонии идора ирсол меёфт, ки вай онҳоро гурӯҳбандӣ намуда, ба назди Амонулло Одилов мебурд. Пушти ҳар пораи коғаз сарнавишти талху сангини ҳаёти инсонҳо, ки аз осори ӌанг доғгин гашта, ниҳон буд. Ӌавоб ба номаҳои гурезаҳо ҳамовозии зиёдро ба бор оварда, қалбҳои хешовандони аз ҳам дурафтодаро пайванд дод. Барномаҳои ҳадафрасу дархӯри Нигина мухлисони зиёде пайдо намуданд. Дар сангинтарин овони рӯзгор ӯ ба радио содиқ монду аз мутолиаи мактубҳо, ки паёмаке ба пайвандони дурафтодагон мефиристод, таскину оромиш меёфт.
-Даста-даста мактубҳоро мутолиа менамудем ва аз тақдири талхи аксарият буғзи гиря гулуямро мефишурду оби дидаҳо беихтиёр ӌорӣ мешуд. Модаре бо илтиӌои зиёд ҳар рӯз дари Хонаи радиоро мекӯфт ва аз сарнавишти се писари гурезааш дар Афғонистон пурсон мешуд. ӯ аз онҳо нома интизор буд. Рӯзе мактубҳоро гурӯҳбандӣ мекардам, ки ному насаби яке аз писарони он модар ба чашмам уфтод, ки аз номи рафиқонаш ирсол гардида буд. Зуд номаро кушодаму матлабро мутолиа карда, шах шудам. Се писари он модар бар асари таркиши норинӌак кушта шуда буд. Як писарашро қаблан аз даст дода буд. Рӯзи дигар он модар паси дар омад ва бо шуълаи умед дар чашмон сӯям нигарист. Тапиши қалб ва изтироби хешро фурӯ нишонда, гуфтам, ки ҳанӯз номае нарасидааст. Бароям гуфтани ин шумхабар даҳшатбор буд. Андешидам, ки хаёли нашъаи дидор бо фарзандон дили ӯро ба зиндагӣ гарм месозад ва аз вартаи нестӣ мераҳонад. То ҳол худро назди он модар гунаҳкор меҳисобам, - бо ҳаяӌон гуфт Нигинабону.
Шунавандагон ҳатто нишонии зисти ӯро ӌуста, бо мактубҳои хеш дари хонааш мекӯфтанду бо тавалло мехостанд ҳарчи зудтар матлабҳои эшон дар барнома пахш гардад, то нишоне аз пайвандон ба даст оранд. Бо гурезаҳои ба Ватан баргашта мусоҳибаҳо анӌом медод ва боре аз нақли фоӌиаи модаре сахт андуҳгин гашт. Ҳангоми убури дарёи Панӌ фарзанди хурдсоли ин модар аз бағалаш раҳида, ба мавӌҳои пуртуғён печиду бо панӌаҳои кӯчакаш сӯи модар ханӌол заду фарёд, аммо ба коми об фурӯ рафт. Талошҳои модар бенатиӌа буду дар охирин лаҳза буттаеро дошту аз об берун раҳид. Бо фиғони даҳшатбор нафрин ба ӌангӌӯён хонд. Ин рӯйдоди сангин якумрӣ ба ҳаёти модар рахнае гузошт.
Даҳ рӯз дар Туркманистон ва як ҳафта дар Москва, дар қароргоҳи гурезагон буд. Ба Ватан баргаштани онҳоро тарғиб карда, исрор менамуд, ки кунун инони давлат ба дасти марди нотарсу ғаюр ва сулҳовар Эмомалӣ Раҳмон - тараннумгари Ваҳдат асту мардум рӯ ба зиндагии осоиштаву пайи ризқу рӯзӣ мебошанд. Ашки пурсӯзи онҳо, ки аз дурии Ватан, аз фироқи пайвандон мерехт, мехушкиду шарораи умед дар чашмонашон медурахшид.
Нигина Ризвонова фаъолияти эӌодии хешро аз рӯзномаи «Садои мардум» шурӯъ намудааст. Сармуҳаррири вақти рӯзнома Муродулло Шерализода рӯзноманигорони таӌрибадорро ба кор ӌалб сохта, аз навқаламон низ канораӌӯӣ намекард. Нигинаро ба кор гирифт, тӯли як сол қалами ӯро рост карду ба сабзиши эӌодияш тақвият бахшид.
Даргузашти устод барояш зарбаи ногаҳонӣ буд, ки дигар натавонист фаъолиятро он ӌо идома бахшад. Муддате ӯ дар шабакаи телевизионии «Тоӌикистон» фаъолият бурда, барномаи «Дунё пур аз ӌавонист»-ро роӌеъ ба ҳаёти ӌавонон таҳия намуд. Баъдан бо радио ва барномаи «Хоки Ватан» пайваст. Шуъбаи мактубҳо барҳам хӯрд ва Нигинаро ба раёсати радио ба кор гузаронданд. Бо устоди зиндаёд Турсунпӯлод Аминов дар як ҳуӌра менишаст ва бо дастгирии ӯ барномаи «Арзи дил»-ро рӯи кор овард, ки дар он аз мушкили мардум ҳарф мезад. Боре арзи як гурӯҳ сокинони ноҳияҳои Айниву Панӌакентро сабт кард, ки дар ноҳияи Варзоб силоҳбадастон бунгоҳи ғайриқонунӣ созмон дода, аз мусофирону ронандагон маблағ талаб мекарданд. Оид ба пахши он аз устодаш Турсунпӯлод маслиҳат пурсид. «Замона нохуб, биринӌ оббардор нест, аз дасти силоҳбадастон ҳар кор меояд, эҳтиёт кун», - гуфт. ӯ шикояти мардумро дар мавӌ пахш кард. Рӯзи дигар он гурӯҳи силоҳбадастон дари Хонаи радио ба суроғаш омаданд. Директори собиқи радио Мансур Султонов ӯро аз дари эҳтиётӣ берун бароварду таъкид намуд, ки то ба эътидол омадани вазъ аз хона берун наояд. Пас аз ҳафтае ӯро М. Султонов ба ҳузур хонду ба ӌуръаташ офарин хонд ва таъкид намуд, ки дар ин кор зираку эҳтиёткор мебояд буд.
Нигинабону ёрмандӣ ва дастгирии ниёзмандонро рисолати хеш медонад, ки ин хислатҳои накуро аз волидонаш ба мерос гирифтааст. Модараш Моҳиширин Абдусаломова ва падараш, полковники мақомоти қудратӣ Нуъмон Ризвонов, марди шуӌоу адолатпеша, дар тарбияи фарзандон рисолати хешро ба хубӣ сомон додаанд. Имрӯз фарзандони ин хонадон дар самтҳои гуногуни хоӌагии халқ сарбаландона ифои вазифа менамоянд.
Нигина дар оила бонуи ҳалиму меҳрубон ва тарбиятгари чаҳор фарзанди накуст.
- Шоҳиди ҳодисаҳои мудҳиштарини айёми нобасомониҳо будам ва бо исрор мегӯям, ки аз ҳамаи офатҳое, ки имрӯз дар ӌаҳон рух медиҳанд, аз ӌанг дида, даҳшатноктар чизе нест. Бемориҳои ҳамагири сироятӣ даргузаранд, дер ё зуд давои онро хоҳанд ёфт. Аммо ӌанг ваҳшати гӯшношунид ва пайомадҳои нохуб дорад, ки кишвари шукуфонро дар кӯтоҳтарин фурсат ба харобазор табдил дода, сарсонӣ, гуруснагӣ, беморӣ, бехонагӣ, афсурдаҳолӣ ва ғайра меорад. Месазад, ки ба қадри оромиву осудагӣ ва хидматҳои таърихии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем ва тараннуми Ваҳдат бар лаб дошта бошем, - афзуд дар фарӌом Нигина Ризвонова.
Ситора АШӮРОВА