Ба бонувон арҷ мегузоранд
Мусоҳиба бо муовини раиси ноҳияи Шаҳринав Шоиста Неъматуллозода
- Шукр, ки ба бањори нав расидем. Воќеан, моњи аввали ин фасли муборак пур аз љашнвораву сурур аст. Њамагон бо фарорасии Рўзи Модар ва Наврўзи хуљастапай бо шукўњу шањомати хосса ба љашн гирифтани ин идњои бањорї омодагї мебинанд. Мардуми ноњияи Шањринав дар баргузории ин чорабинињо чї наќша доранд?
- Дар иртибот ба љашни Рўзи Модар дар ноњия озмунњои «Кадбонуи бењтарин», «Аллахони бењтарин» ва «Бењтарин њунарманд» гузаронда мешаванд. Агар маќсади баргузории чорабинињо љалби бонувон ба эњёи њунарњо ва анъанањои ниёгон бошад, њадафи дигари он пешгирї аз хушунати хонаводагї, эњтироми волидон ва пос доштани суннатњои оиладорї мебошад.
Бонувони шањринавї барои таљлили Наврўз аллакай аз охири моњи феврал бо сабзондани сабзаи бањорї бањри сумалак, ки рамзи сарсабзию хуррамист, омодагї мебинанд. Дар ноњия чун дигар минтаќањои кишвар навъњои гуногуни суманак, ба монанди атолагї, њалвої ва кулчагї аз љониби кадбонуњои њунарманд пухта мешавад. Омода намудани таомњои ќадимаи бањорї, ки бо номи «Деги дарвешон» маъруф аст, анъанаи дигари љашни бањорї мебошад. Бонувони атласпўш, ки аслан ба бар намудани ин навъи матоъ хоси мардуми Ќаратоѓи бостонист, ба идгоњ меоянд, раќсу бозї мекунанд. Албатта, анъанањои наврўзии њафтсину њафтшин дар он риоя мегарданд.
Яке аз дастурњои Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дастгирии камбизоатону маъюбон пайваста дар мадди назар аст. Дар кулли иду љашнњо ба ќавле «хўроки сари дег» аввал насиби хонаводањои ниёзманд ва маъюбон мешавад.
- Бонувони ноњия дар пешрафту ободонии он, чї сањме доранд?
- Аз он ки бо таќозои вазифа бо мардуми зањматкаш ошної дорам, эњсос мекунам, ки онњо аз иќдомњои Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон бахусус, дар мавриди дастгирии њунармандону соњибкорон хушњоланд. Мардуми минтаќањои Ќаратоѓу Шањринав аз ќадим бо њунармандони маъруфаш ном баровардаанд. Бо эълон шудани Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї њар нафаре такя ба ќудрату тавоноии хеш њунари солњо нуњуфтаашро бо дилгармию хушнудї аз нав гардон намуд.
Соли сипаришуда бонуи соњибкор Мавлуда Назарова боѓчаи бачагонаро сохта, ба истифода дод, ки дар он аллакай кўдакон бо се забон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Боѓчаи бачагонаи соњибкор Мављуда Њакимова низ рўзњои наздик ба рўи тифлакон дари худро боз хоњад кард.
Њамчунин, бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати љумњурї 3 бонуи њунарманд соњиби гранти давлатї шуд, ки имрўз њамчун роњбар корхонањои хурди худро таъсис додаанд. Алњол бонувони хонашин дар ин коргоњњо бо љойњои корї таъмин гаштаанд.
- Дастгирии бонувони љавон дар самти пешбарї намудан ба корњои роњбарї чї гуна ба роњ монда шудааст?
- Эњсоси зебопарастии зан табиатан зиёд буда, дар кадом муассиса ё корхонае, ки зан роњбар аст, зуд ба чашм мерасад. Ин аст, ки Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон нисбат ба бонувон эътимоди хосса доранд ва алалхусус, барои дар самтњои роњбарї пешбарї шудани онњо дар њар суханронињои хеш таъкид менамоянд.
Њар сол тибќи Квотаи президентї духтарон шомили донишкадаю донишгоњњои кишвар мешаванд ва баъди хатми он омада, дар корхонаю муассисањо фаъолияташонро идома медињанд. Алњол 70 дарсади роњбарону кормандони соњаи маорифу тандурустиро дар ноњия бонувон ташкил медињанд. Њар њафта дар љамоату шањракњо ва назди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия дарсњои сиёсї гузаронда мешаванд, ки барои омода намудани бонувон ба корњои роњбарї мусоидат менамоянд.
- Шумо дар баробари модар будан, масъулияти роњбариро низ ба уњда доред. Аз ин рисолатњо кадомеро пештар мегузоред?
- Албатта, њар зан рисолати модар ва њамсар буданро дар љойи аввал мегузорад. Ба воя расондани фарзанди солиму солењ орзуи њар модар аст. Ба зинањои роњбарї расидан ва ба эътимоду боварии мардум сазовор гаштан њам ба осонї ба даст намеояд. Барои чун зани роњбар шинохта шудану соњибэњтиром гаштан зањмат бояд кашид. Фаъолиятамро аз омўзгори синфњои ибтидої оѓоз намудаам. Он давраро чун замони тиллоии њаётам ёдовар мешавам. Муњити мактаб ба куллї аз кори роњбарї фарќ дорад. Дар њалќаи кўдакон будан ва ба даст овардани ќалби кўчаки онњо бароям хеле гуворо буд.
Баъдан, дар Љамоати дењоти Сабо ба њайси котиби љамоат муддате кор кардам ва 7 сол раиси ҷамоати дењоти мазкур будам. Њар рўзи бо мардум будан ќариб маро узви њар хонаводаи дењот намуд. Гоње субњи барваќт аз хона баромада, баъди шом ба назди фарзандонам бармегаштам. Воќеан, роњбар будан масъулияти дигарест, ки мебоист бо дасту дили пок ва самимияти хос онро ба анљом расонд. Танњо бад – ин васила ба дили мардум роњ меёбї. Бо њама мушкилињо байни мардум буданро одат кардаам.
Лањзањои душворе, ки ба зинањои роњбарї гом менињодам, модарам ягона муттакоям буд. Волидонам шахсони одї, вале фарњангдўсту маърифатпарвар буданд. Онњо барои муваффаќ шудани фарзандон зањмати зиёд кашиданд.
Шавњарам омўзгор аст. Њамдигарфањмї аз оѓози рўзњои аввали оиладорї сархати кору зиндагиамон буд. Агар дастгирию розигии шавњарам намебуд, то ба ин зинањо намерасидам. Сипас, фарзанди нахустинам Парвина калон шуду мушкили рўзгордориам сањл гардид. Ў дар корњои хона ёрирасонам шуд. Ба ќавле «дасти ба даст» 4 фарзандро ба воя расондем.
- Субҳ нахуст корро аз чї оѓоз менамоед?
- Мисли њар бонуи тољик аз омода намудани субњона (ва њатто хўроки нисфирўзию шом ва хўришњо) ба ањли хонавода ва тамизкории њавлию хона шурўъ мегардад.
- Назари мардон ба зан-роњбар чї гуна аст?
- Љавонмардон ба занон арљ мегузоранд, зеро ҳама модар доранд…
Ќутбия Неъматулло,
ноҳияи Шаҳринав