Солҳои 90 – уми асри гузашта ӯ яке аз маҳбубтарин чеҳраи телевизион маҳсуб меёфт. Шаб, ки фаро мерасид, наврасон дар назди оинаи нилгун оғози барномаи «Хоби ширини хурдтаракон» - ро интизорӣ мекашиданд. Шабе, агар барнома намоиш дода намешуд, хоб аз чашми хурдтаракон мепарид. Соибсултон бо ин барнома, агарчи барои хурдсолону наврасон «хоби хуш» таманно мекард, бо «Алифбоҷон, алифбо» онҳоро ба таълиму тадрис фаро мегирифт. «Кӯдакон ва театр» бошад, завқу шавқи онҳоро нисбат ба театр бедор менамуд. Чун худ ҳунарпешаи театр буд, бо ин роҳ мехост наврасонро ба театр ҷалб намояд. Ҳар кадоме аз ин барнома бо маҳбубияти хоссаи худ дар қалби тамошобин маъво дошт.
Имрӯзҳо актрисаи маъруфи театру кино Соибсултон Алиназарова ба синни мубораки 75 қадам мениҳад. Вай аз зумраи фидоиёнест, ки солиёни зиёд барои рушди санъати тоҷик хизмат ба харљ додааст.
Кўдакї
Чун тифлаки ҳушманду зирак ҳанӯз дар 5 – солагӣ қадами нахустинашро ба мактаб гузошт. Ҳамсабақону омӯзгорон, сокинони Бартанг аз босаводии ӯ ифтихор мекарданд. Падару модар барои хушу хуррам паси сар намудани давраи бачагии фарзандашон тамоми шароитро барояш фароҳам меоварданд. Вале кӯдакиаш дар Бартанг дер давом накард. Соли 1953 ба Хоруѓ кўч бастанд. Модараш Ғарибсултон, ҳунарпеша, асосгузори рақси бадахшонӣ, дар театри вилоятї ба кор пазируфта шуд. Ӯ, ки хурд буд, модар имкони дар хона танҳо гузоштан надошт ва ҳамроҳ бо худ ба театр мебурд. Аз ҳамон замон меҳри ҳунармандӣ дар қалби ӯ ҷой гирифт. Кунун театр хонаи дувуми ӯ гардида буду дар ин даргоҳ камол меёфт ва оромии худро дар нақшофарӣ медид.
Меҳру муҳаббати беандозааш ба театрро дида, масъулони ин боргоҳ ӯро барои нақшофарӣ ба намоишҳо љалб намуданд. Аввалин нақше, ки бозид, нақши «Лолахон» буд, ки вай ба хубӣ аз иҷрояш баромад. Он вақт ҳамагӣ 7 сол дошт.
Љўёи њунар
Баробари хатми мактаби миёна ба шаҳри Душанбе роҳ пеш гирифт. Ба бахташ он замон дар назди Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ студия созмон ёфта буд. Ў њамроҳ бо Убайдулло Раҷабов, Гуландом Сафаралиева, Майсара Аминова ва дигар завќмандони театр дар ин ҷода қадам ниҳод. Баъдан роҳи театр барояш боз гардиду дар намоишҳо нақшҳои марказиро мебозид. Нақши Зубайда дар намоишномаи «Духтари кӯҳсор» - и Расул Њамзатов барои Соибсултон маҳбубият овард. Пас аз 4 соли таҳсил ӯ ба зодгоҳаш баргашт ва фаъолияташро ҳамроҳ бо модар дар театри шаҳри Хоруғ идома бахшид.
Як даъватнома тавонист, ки тақдири ин духтараки ғаввоси дунёи санъатро ба куллӣ тағйир диҳад.
- Баъди ду соли кор дар театр, рӯзе хабар расид, ки ба ман даъватнома омадааст. Чун онро хондам, фањмидам, ки барои идомаи таҳсил ба Донишкадаи театрии ба номи Анатолий Василевич Луначарскийи шањри Москва даъват шудаам. Аз хурсандӣ дар курта намеғунҷидам. Зеро на ҳар кас он вақт метавонист чунин имкониятро сазовор гардад. Аз волидон дуо гирифтаму ҳамроҳи 24 нафар ҳамватан ба шањри Москва парвоз намудем, - мегӯяд бо хушҳолӣ ў.
Баробари хатми дарсҳои донишгоҳ рӯзе ба китобхона ва рӯзи дигар ба осорхона мерафту қариб аз тамоми ҷойҳои таърихии шаҳр дидан намуд. Дар ин росто, дӯстони зиёде ёфт, аз ҳар кадоми онҳо урфу одати миллиашонро меомӯхт ва анъанаҳои тоҷиконро низ ба онҳо муаррифӣ менамуд. Варо барои офаридани нақшҳо даъват менамуданд. Дар намоиши «Пири пурзањмат» наќш офариду миёни устодону донишљўён эњтироми хоссаро пайдо намуд. Бо ҳамин минвол 5 соли таҳсилро ба итмом расонд ва ба шаҳри Душанбе баргашта, фаъолияташро дар Театри давлатии ҷавонони Тољикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов идома бидод.
- Каму ғам не, 41 соли умрамро ба ин даргоњ бахшидам. Дар 163 намоиш нақш офаридам. «Фолбинии Афандӣ», «Ширин», «Афғонписар» ва «Сафар - Махсум» аз ҷумлаи беҳтарин намоишҳое буданд, ки барои иҷрои нақш дар онҳо банда шарафёб гардидаам. Барои беҳтарин нақши занона дар намоиши «Сафар - Махсум», ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор гашт, миёни 48 нафар зан сазовори мукофот шудам, - мегӯяд Соибсултон Алиназарова.
Дилбанди бачаҳо
Њамзамон бо телевизион ҳамкориашро ба роҳ монд. Барандаи барномаҳои «Алифбоҷон, алифбо» ва «Хоби ширини хурдтаракон» буду аз ҳисси зиёди дӯстдориаш нисбат ба кӯдакон ин барномаҳоро бо меҳру муҳаббати беандоза пешкаши тамошобинон мегардонд. Ҳамин тавр, 15 сол бидуни гирифтани маош дар телевизион фаъолият намуд.
- Ин барномаҳоро дӯст медоштам ва розӣ будам, чанд соле ки набошад, бе пайса ҳам онро идома диҳам. Аммо, шавҳарам, ки корманди ҳарбӣ буд, ӯро барои идомаи кор ба сарҳад фиристоданд ва маро зарур омад, то шавҳарамро ҳамроҳӣ намоям. Бо ҳамин чанд сол аз марказу аз телевизион дур мондам, - иброз медорад Соибсултон.
Қимати ҳамсоя
Дар њамсоягиямон кампире мезист, ки нобино буд. Аз ҷониби маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии ноњияи Фирдавсї барои банда, ки вакили Маљлиси вакилони халќи ноњия будам, хона доданд. Ҳамон рӯз мебоист кӯчу борамонро гирифта, ба хонаи нав мерафтем. Вале ногаҳон ҳамсояам ба гиря кардан оғоз намуду илтиҷо мекард, ки нараваму дар ҳамин ҷо бимонам. Қадру қимати ҳамсояам аз хонаи нав арзиши баланд дошт. Калиди хонаро супурдаму аз хонаи нав даст кашидам. Ва то ҳол дар њамин хонаи хурдакаки худ умр ба сар мебарам.
Шукронаи сулњу субот
Рӯзҳои ҷанги тањмилии шаҳрвандӣ дар навбати нон меистодам, занони дар навбат истода аз рўи эњтиром навбатро ба ман доданд. Силоњбадасте омада, маро аз китфам кашола карда, ба рўи асфалт партофт. Ҳамин лаҳза занон зорї намуданд, ки ин корро накунад. Зеро ин бону њар бегоњ ба фарзандони мо афсона мегўяд. Оњу нолаи занон маро аз марг наљот дод...
Њоло, агар шукрона накунем, кӯр мешавем. Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон роњеро кушод, ки Њукумати Шўравї онро номумкин мегуфт. Роњи Помирро бинед, мисли роњњои Франсия. Ман аз замин то осмон аз кору пайкори Сарвари давлат розиям. Дар хусуси шањри Душанбе гуфтаниям, ки бињиште дар рўи замин аст. Ва шањрвандони пойтахт бояд масъулияти баланди шањрдориро донанд.
Соли 2009 Њукумат унвони Њунарпешаи халќии Љумњурии Тољикистонро ба ман сазовор донистанд. Ҳамчунин, се дафъа вакили Маљлиси вакилони халќи ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе интихоб гардидаам.
Орзу
Орзу дорам, ки бори дигар бо Президенти муњтарами Тољикистон вохўрам ва дарди дили мардуми Бартангро расонам. Сокинони ин диёр хоњони онанд, ки ноњияи Бартанг барќарор шавад. Зеро мардум зери барфу тарма барои як маълумотнома 60-70 километрро тай зада, ба Рӯшон меоянд. Ва дар гумон аст, ки корашон њамон рўз ба анҷом расад.
Фарзона ВОСЕЕВА